Хабари рӯз

Эрон аз сиёсати "тахосими ҷиддӣ дар Афғонистон бо Амрико" ба сиёсати "ҳамгароии шадид бо Амрико дар Афғонистон" нузул мекунад.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар китобе, ки тоза мунташир карда, ба сиёсатҳои Эрон дар қиболи Афғонистону Толибон пардохта ва ҳарфҳои хубе гуфтааст.

 Ба сурати куллӣ дидгоҳи Зариф ин аст, ки Эрон дар ҳимояташ аз Толибон иштибоҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, Эрон бо ин тасаввур аз Толибон ҳимоят кард, ки ин ҳимоят боис хоҳад шуд, ки Толибон аз Амрико фосила бигиранд. Аммо чунин нашуд ва дар ниҳоят ҷанги толибу Амрико, ба ишқи толиб ва Амрико мунтаҳӣ шуд ва сиёсати Эрон иштибоҳ собит шуд.

Ба баёни дигар, Зариф мегӯяд, ки Толибон Эронро фиреб доданд. Тавре вонамуд карданд, ки душмани Амрикоанд, дар ҳоле дар хафо дӯсти Амрико буданд. Ин воқеан заъфи бузурги шинохти Эрон аст. Чӣ гуна мумкин аст, ки Эрон ин ҳама иштибоҳи бузургро дар шинохти як гурӯҳи дастсохти Инглис муртакиб шавад? Воқеан, гичкунанда ва шармовар аст.

Тасмимгирандагон дар ҳукумати Эрон дар солҳои 2012 то 2021 Толибонро гурӯҳе фарз карда буданд, ки муташаккил аз одамҳои сода, содиқ, рустоӣ, имондор, динмадор ва муборизини воқеӣ алайҳи ишғоли кишварашон ҳастанд. Фарзи иштибоҳе, ки дар фуқдони шинохти дақиқ аз Толибон шакл гирифта буд. Толибон ҳовии ҳеҷ як аз арзишҳои ахируззикр нестанд. Ин гурӯҳ муташаккил аз қотилин, ҷуҳало, қочоқбарон, ҷавосис, муздурон ва афроди маҷҳулулҳувияте ҳаст, ки содиқпиндорӣ ва қобилиэътимодпиндорӣ, шахсият ва аҳлият қоил шудан ба онон фақат заъфи шинохти шиносандаро намоён мекунад.

Аз диди мо афғонистониҳо, ки Толибонро ба хубӣ мешиносем, иштибоҳи Эрон дар шинохти Толибон аз он ҷо ношӣ мешавад, ки Эрон унсури паштунистии Толибонро мавриди иғфол қарор дод. Ҳар кӣ ин унсурро мавриди ғафлат қарор диҳад, дар шинохти толиб иштибоҳ мекунад. Дарвоқеъ паштунизм зерсохтитарин унсури қобили шиносоии Толибон аст ва бо нигоҳ аз берун ин унсур қобили шуҳуд нест. Барои кашфи ин унсур бояд ба Толибон аз дохил нигарист. Бояд паштунизмро шинохт. Бояд паштунҳоро шинохт.

Паштунизм барномаи садсолае аст, ки ҷараёнҳои сиёсӣ ва низомии паштун онро думбол мекунанд ва ба он вафодороанд ва ҳар “изм”-и дигареро дар хидмати он қарор медиҳанд ва фидои он мекунанд. Машрутиятро фидои он карданд. Коммунизмро фидои он карданд. Исломизмро фидои он карданд ва мекунанд. Демократияро фидои он карданд. Ваҳдати миллӣ ва эътимоди миллиро ҳам фидои он карданд. Касе, ки инро надонад, наметавонад Толибонро бишносад.

Имрӯза Толибон таркибшуда аз ҳама нерӯҳои сиёсии паштун ва дар хидмати паштунизм қарор дорад. Масалан, вақте Толибон Ҳомид Карзайро зиндону эъдом намекунад, бисёре чизҳоро дар мавриди ин гурӯҳ баён мекунад. Карзай сездаҳ сол раиси давлат буд ва фармондеҳи кулли қувое буд, ки вазифаи он толибкушӣ буд. Ҳоло, ки ӯ дар қасри худ дар Кобул зиндагӣ мекунад ва бо суфарои хориҷӣ мулоқот мекунад, нишондиҳандаи чист? Толибон ӯро афв кардаанд? Толибон шахсияте доранд, ки касеро афв кунанд? На! Толибон Карзайро ба хотире муохиза намекунанд, ки ӯ худаш ба унвони раисҷумҳури Афғонистон, агар як толибро мекушт, заминаи мусаллаҳ шудани даҳ толиби дигарро фароҳам мекард, то толиб минҳайси як неруи паштунӣ дубора эҳё шавад ва руъёи қавмии Карзайро бо хашму хушунат мутаҳаққиқ бисозад. Дар сӯи дигар, ҳузури Карзай дар Кобул нишондиҳандаи пайвандҳои мустаҳкам байни Амрикову Толибон аст. Ин нишон медиҳад, ки толибу Карзай ду марҳала аз як проекти амрикоӣ дар Афғонистонанд. Ин нишон медиҳад, ки ҳарду аз Амрико дастур мегиранд. Ин ҳамчунон нишондиҳандаи вафодории Толибон ба паштунизм аст. Хеле аз паштунҳои коммунисту ленинист низ риш гузоштаву дастор баста ва дар сафи толиб қарор гирифтаанд.

Паштунизм, яъне паштуниза кардани Афғонистон. Забони форсӣ як ҳадафи умда барои ҳазфу нобудӣ аз сӯи паштунистҳо дониста мешавад, зеро мепиндоранд, ки дар мавҷудияти форсӣ паштуниза кардани кишвар як маъмурияти душвор хоҳад буд. Эронро паштунистҳо, ба хотири ин ки ҳомии форсӣ ва форсизабонҳои Афғонистон медонанд, душмани дараҷаи яки хориҷии худ ташхис додаанд ва кинаи амиқу пинҳонӣ нисбат ба ин кишвар доранд. Ин кина дар дилу димоғи Толибон бештар аст ва дидгоҳи онон дар бораи Эронро шакл медиҳад. Ин амр боис мешавад, ки ҳар гуна равобити Толибон бо Эрон аз сатҳи тактикӣ фаротар наравад. Толибон аз Эрон ҳамчун абзор истифода карданд ва дар ниҳоят ба асли худ баргаштанд.

Аммо як нукта бояд тазаккур дода шавад, ки Эрони имрӯз набояд ба шакли дигар дар Афғонистон иштибоҳ кунад. Оқои Зариф мегӯяд, ки як иштибоҳи Эрон ин буд, ки дипломатияро дар қиболи таҳаввулоти Афғонистон фидои бозиҳои пинҳони истихборотӣ кард. Ӯ мегӯяд, ки Эрон ба ҷои иштирок дар равандҳои сиёсии Афғонистон, ки бо меҳварияти Амрико мудирият мешуд, дар ин равандҳо коршиканӣ кард ва онро таҳрим кард ва тамаркузи худро ба кӯмак ба Толибон барои шикасти Амрико маътуф кард. Дар ин баён, ин тавсия нуҳуфтааст, ки имрӯзу фардо Эрон дар қиболи Афғонистон тавре рафтор кунад, ки мисдоқи сиёсати ҳавиҷу чамоқ дониста мешавад, яъне ҳам ба мех задан ва ҳам ба наъл задан, яъне иттихози сиёсати дугона. Ин яъне, ки Эрон мисли Амрикову Русия ва Чин бо Толибон таомул кунад ва умедвор ба натоиҷи дипломатияи хеш бо ин гурӯҳ бошад ва ҳам гузинаҳои дигарро мавриди назар қарор диҳад. Сиёсате, ки акнун ба назар мерасад, Эрон онро дар ҳоли иҷро кардан аст.

Гуфтанист, ки аз ин сиёсат акнун низ Толибон истифодаи абзорӣ мекунанд. Ин сиёсат пайравӣ аз сиёсатҳои Амрико аст. Набояд Эрон аз сиёсати "тахосими ҷиддӣ дар Афғонистон бо Амрико" ба сиёсати "ҳамгароии шадид бо Амрико дар Афғонистон" нузул кунад. Эрон бояд сиёсати мутаодил ва санҷидаи худро дар қиболи Афғонистон танзим кунад. Он ин ки мардуми Афғонистону неруҳо ва гурӯҳҳои маданиву мардумиро меҳвари сиёсатҳои ҳимоятии худ қарор диҳад. Таомул бо як гурӯҳи террористии зиддимардумӣ барои кишварҳои минтақа табаоти зиёнбор дорад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!