Теҳрон мумкин аст аз “дипломатияи нарм” ба роҳбурди водорсозии “Толибон” гузар кунад
Нависанда: Андрей Серенко, таҳлилгари сиёсӣ, хабарнигори вижаи “Независимая газета”
Дар маросими ташйеъ ва хоксупории Алӣ Хоманаӣ, Афғонистонро на танҳо Толибон, балки мухолифони онҳо низ намояндагӣ карданд; аз ҷумла Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ва Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон.
Ҳукумати бозсозишудаи Ҷумҳурии Исломӣ ин паёмро ирсол кард, ки дигар Толибонро танҳо шарики сиёсии худ дар Афғонистон намедонад. Эрон қасд дорад ҳамкории худро бо сиёсатмадорони мухолифи афғон, бавижа Аҳмад Масъуд ва Муҳаммад Муҳаққиқ, густариш диҳад. Ҳадафи ин роҳбурд, ташкили як давлати эътилофӣ дар Кобул аст, ки дар он Толибон ночор шаванд қудратро бо неруҳои мухолиф тақсим кунанд.
Беш аз даҳ рӯз пеш дар Теҳрон як рӯйдоди сиёсӣ воқеан камсобиқа рух дод. Дар маросими видоъ бо раҳбари фақиди Ҷумҳурии Исломӣ, Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, ду ҳайат аз Афғонистон ҳузур доштанд. Ҳайати нахуст, ба намояндагӣ аз ҳукумати Толибон, ба раёсати Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали нахуствазири ҳукумати Кобул, ҳузур ёфт. Ҳайати дувум, ба намояндагӣ аз мухолифони Афғонистон, шомили Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ва Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, буд.
Ҳузури дувумин ҳайати Афғонистон, яъне ҳайати мухолифон, шоки бузурге барои Толибон буд; ба вижа он ки баргузоркунандагони маросими ташйеъ дар сеюми июли соли ҷорӣ, ҳамон эҳтиром ва ташрифоти расмиро, ки барои намояндагони ҳукумати Толибон дар назар гирифта буданд, барои Аҳмад Масъуд ва Муҳаммад Муҳаққиқ низ қоил шуданд.
Сиёсатмадорони мухолифи Афғонистон дар канори тобути Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ба таври ошкор ҳамчун “олитарин намояндагони муқовимати Афғонистон” муаррифӣ шуданд; шахсиятҳое, ки “ҳузури онҳо ёдоварӣ аз равобити амиқи ду миллат” (Афғонистон ва Эрон) аст.
Муҷрии эронии маросими сӯгворӣ ҳамчунин ёдовар шуд, ки “оқои Аҳмад Масъуд фарзанди қаҳрамони фақиди муқовимати мардуми Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, аст”. Ёдоварӣ мешавад, ки падари раҳбари кунунии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон на танҳо дар даҳаи 1980 мелодӣ яке аз фаъолтарин муборизон алайҳи ҳузури низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон буд, балки дар солҳои 1994 то 2001 низ аслитарин рақиб ва мухолифи Толибон ба шумор мерафт.
Ба эҳтимоли зиёд, ишора ба ин мавзӯъ, ҳамонанди ҳузури Аҳмад Масъуд дар маросими расмии давлатӣ дар пойтахти Эрон, барои масъулони Толибон хушоянд набудааст. Бо вуҷуди ин, Теҳрон огоҳона чунин иқдомеро анҷом дод. Ин иқдомро метавон паёме комилан равшан аз ҷониби Ҷумҳурии Исломӣ донист, ки нишон медиҳад дар роҳбурди Афғонистонии Эрон тағйироти асосӣ дар ҳоли рух додан аст.
Ошкор аст, ки ин тағйирот аз он рӯ рух медиҳад, ки Эрони имрӯз нисбат ба шаш моҳи пеш эътимод ба нафси бештаре дорад. Нокомии амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Теҳрон, ҳамчунин таҳти назорати амалӣ ва тақрибан комили Эрон қарор гирифтани тангаи Ҳурмуз, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Исломиро ба таври бунёдӣ тағйир додааст.
Теҳрон акнун ба яке аз муҳимтарин танзимкунандагони раванди қиматҳои ҷаҳонии нафт ва тарроҳи роҳбурди пирӯзмандонаи муқовимат дар баробари Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа табдил шудааст. Эрон рӯйкарди худро нисбат ба ҳамсоягон тағйир дода, дар муҳити атрофи худ бо фаъолияти бештар ва қотеияти бештар амал мекунад; ва Афғонистон низ аз ин қоида мустасно нест.
Теҳрон ҳамвора бо нигоҳи амалгароёна ба мунозиаҳои дохилии Афғонистон нигариста ва тарҷеҳ додааст бо пирӯзон таъомул кунад, ҳатто агар онҳо барои сиёсатмадорони эронӣ эҳсоси инзиҷори ба сахтӣ пинҳоншавандаро ба вуҷуд оварда бошанд. Дастгоҳҳои иттилоотии Эрон сохтор ва моҳияти режими кунунии Толибон дар Кобулро ба хубӣ мешиносанд; режиме, ки ба таъбири яке аз сиёсатмадорони афғон, омӯхтааст “сигори амрикоиро бо гӯгирди русӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва эронӣ равшан кунад”.
Теҳрон беш аз чаҳор сол роҳбурди гуфтугӯ, иқноъ ва ҳамкории нарм бо Толибонро пайгирӣ кард, ба ин умед, ки ба тадриҷ битавонад ин режимро “бозтарбият” кунад ва онро ба пазируфтани ташкили як давлати эътилофии фарогир бо иштироки неруҳои сиёсии ғайритолибон ва ғайрипаштун мутақоид созад. Эрониҳо наметавонистанд қотеъонатар амал кунанд, зеро бим доштанд, ки ҳамзамон бо интизор барои таҷовузи эҳтимолии Амрико ва Исроил, “ҷабҳаи Афғонистон” низ алайҳи онҳо кушода шавад.
Акнун шароит тағйир кардааст ва Теҳрон метавонад гузар аз сиёсати “дипломатияи нарм” дар қиболи Толибон ба роҳбурди ташвиқи ҳамроҳ бо водорсозиро оғоз кунад. Ҳузури Аҳмад Масъуд ва Муҳаммад Муҳаққиқ дар маросими расмии ёдбуди давлатии сеюми июл, тарҷеҳоти сиёсии нави Эронро дар раванди сиёсии Афғонистон ба намоиш гузошт.
Ошкор аст, ки Теҳрон ба оғози музокирот дар бораи ташкили давлати эътилофии нави Кобул алоқаманд аст ва дастикам Аҳмад Масъуд ва Муҳаммад Муҳаққиқро аз ҷумлаи иштироккунандагони ин раванд медонад. Бар асоси иттилооти мавҷуд, ройзаниҳо дар бораи оғози чунин музокирот дар хоки Эрон ҳамакнун дар ҷараён аст.
Агар Толибон ба ҳар далеле ҳамчунон бар мавзеъҳои худ пофишорӣ кунанд, Теҳрон ин имконро барои худ ҳифз хоҳад кард, ки ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи Афғонистон, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъудро оғоз кунад; неруҳое, ки бо ҳамлаҳои мунтазами худ алайҳи Толибон дар вилоятҳои гуногуни шимоли Афғонистон, ҳамвора ҳузур ва тавоноии худро ёдоварӣ мекунанд.
Ҷолиб он ки яке аз охирин амалиёти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳаштуми июли соли ҷорӣ дар Бадахшон анҷом шуд. Дар он ҷо неруҳои вобаста ба Аҳмад Масъуд бо муваффақият Толибони паштунро, ки барои иҷрои маъмурияти танбеҳӣ алайҳи фармондеҳи маҳаллии тоҷик Ҷумъа Фотеҳ эъзом шуда буданд, ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Ин амалиёт нишон медиҳад, ки дар рӯзҳои сеюм ва чаҳоруми июл дар Теҳрон, дидори созандае миёни Аҳмад Масъуд ва Абдулғанӣ Бародар анҷом нашуд. Аммо ин ба он маъно нест, ки чунин дидоре дар ояндаи наздик баргузор нахоҳад шуд.
Иқдоми сиёсии Эрон дар даъвати раҳбарони мухолифони зидди Толибони Афғонистон барои ҳузур дар маросими расмии ёдбуди давлатӣ дар Теҳрон, барои кишварҳои минтақа низ ғайричашмдошт буд; ба вижа барои он даста аз бозигароне, ки ҳамчунон бар ҳифзи инҳисори қудрати Толибон дар Афғонистон такя кардаанд. Ин бозигарон хатари онро доранд, ки аз оғози таҳаввулоти эҳтимолӣ дар сиёсати Афғонистон ақиб бимонанд; таҳаввулоте, ки имрӯз ҳамсоягони покистонии Кобул бо ҳимояти дӯстони амрикоӣ ва бритониёии худ дар талош барои шакл додан ба он ҳастанд.
Тағйири роҳбурди Эрон дар қиболи Афғонистон, вокунише ба таҳаррукот ва дасисаҳои Покистон аст; иқдомоте, ки шонси қобили таваҷҷуҳе барои муваффақият доранд. Эрониҳо, барои он ки аз ибтикорҳои роҳбурдии Исломобод ақиб намонанд, ошкоро дар пайи пешниҳоди ибтикорҳои худ ҳастанд ва аз ин тариқ аз манофеи худ дар марзҳои шарқии кишвар дифоъ мекунанд. Ин ки Пекин, Маскав ва пойтахтҳои Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ то чӣ андоза сареъ ва муассир амал хоҳанд кард, ҳанӯз равшан нест.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои мухолифи Афғонистон пас аз ҳузури Аҳмад Масъуд ва Муҳаммад Муҳаққиқ дар Теҳрон, даҳ рӯз пеш, бо хушбинии рӯзафзуне рӯ ба рӯ шудаанд. Ин рӯҳияи ҷамъии мухолифони афғон, ба беҳтарин шакл аз ҷониби сухангӯёни ҷунбиши сиёсии “Раванди Сабзи Афғонистон” баён шуд; ҷунбише, ки раҳбарии онро Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини Созмони истихбороти Афғонистон ва муовини аввали пешини раёсати Ҷумҳурии Афғонистон, бар уҳда дорад.
“Раванди Сабзи Афғонистон” ба таври ошкор аз давлати Ҷумҳурии Исломӣ қадрдонӣ кард ва таъкид намуд, ки даъвати ду раҳбари неруҳои мухолифи Толибон, ба сурати рамзӣ ин паёмро ба Толибон мунтақил кард, ки онҳо танҳо бахше аз ҷомеаи чандмиллиятӣ ва чандфарҳангии Афғонистон ҳастанд ва наметавонанд муддаии намояндагии ҳамагонӣ ва фарогир аз тамоми мардуми Афғонистон бошанд.