Толибон ба чӣ даст ёфтанд?
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Ҳимоят аз Фотеҳ ҳимояте “агардор” буд ва ҳаст. Бархе ҳамин ки аз бозгашти Фотеҳ ба Файзобод огоҳ шуданд, фавран ба тағйири мавқеи ҳимоятии худ пардохтанд. Гурӯҳи дигар, ки аз ибтидо бар зарурати ҳимоят накардан аз ӯ таъкид мекарданд, бо ифтихор изҳор доштанд, ки таҳлилашон дуруст будааст.
Ман таъкид мекунам, ки агар Фотеҳ ё ҳар фармондеҳи дигари Толибон дар муқобили ин гурӯҳ биистад, қобили ҳимоят аст. Ин ҳимоят бар пояи тазод ва душманӣ бо Толибон устувор аст ва як тактикаи мубориза маҳсуб мешавад. Дар ҳамаи ҷангҳо нерӯҳои даргир мекӯшанд, ки афродеро дар сафи душман ба муқобили худи душман бишӯронанд ё аз шӯриши як узви норозии душман пуштибонӣ кунанд. Дар ин ҷо шахсияти фарди норозӣ ё шӯришӣ аҳамияти асосӣ надорад; муҳим худи шӯриш ва сарпечии ӯст.
Агар аз дидгоҳи Толибон ба масъала нигоҳ кунем, Фотеҳ то имрӯз барои ин гурӯҳ мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст. Касе, ки чунин мушкилро ба вуҷуд овардааст, дар мантиқ ва қонунҳои Толибон шоистаи бахшиш нест. Бозгашти Фотеҳ ба Нусай ва изҳороти оштиҷӯёнаи ӯро бештар бояд дар чорчӯби як барномаи мусолиҳа арзёбӣ кард. Дар ҷараёни мусолиҳа ҳар ду тараф изҳороте баён мекунанд, ки хусусияти тавҷеҳкунанда ва дипломатӣ доранд. Ин талошест барои пинҳон кардани ихтилоф ва тазод, аммо худи тазодро аз байн намебарад.
Бидуни шак, Толибони паштунтабор сахт хашмгинанд ва инро метавон аз изҳороти таҳқиромези волии Толибон дар Бадахшон дарк кард. Аммо маслиҳат чунин будааст, ки феълан ба Фотеҳ коре надошта бошанд ва барои аз байн бурдани ӯ аз сабр кор бигиранд. Эҳтимолан Толибони дигари бадахшонӣ, аз ҷумла Фасиҳуддин низ дар ин масъала нақш доштаанд ва раҳбарияти Толибон муваққатан ба миёнҷигарии Толибони Бадахшон тан додааст, то онҳо нороҳат ва норозӣ нашаванд. Аммо ин ҳаргиз ба маънои бахшиши доимӣ ё нодида гирифтани хатари эҳтимолии авҷ гирифтани мухолифатҳо дар Бадахшон нест. Эҳтимол дорад, ки дар фурсати муносиб Фотеҳро аз миён бардоранд, аммо на ба унвони як фармондеҳи норозӣ.
Аз изҳороти Фотеҳ чунин бармеояд, ки ӯ ба мусолиҳа бовар кардааст ва ба истилоҳ фиреби нармрафтории шикорчиро хӯрдааст. Ин бузургтарин нуқтаи заъфи ӯст. Ҳамон нуқтаи заъфе, ки ҳамаи шӯришгарон ва саркашон дар баробари низоми паштунӣ дар тӯли таърих аз он зарба дидаанд.
Ба эҳтимоли зиёд, арзёбии Толибон чунин будааст, ки ҷанг бо Фотеҳ ба нафъи онҳо нест. Аммо, мисли ҳар ҳокимияти дигар, ин гурӯҳ низ мусолиҳаро дар пардаи сиёсӣ печонида, бо он ба гунае бархӯрд мекунад, ки миқёси расвоӣ ва нотавонии худро чандон ошкор насозад. Дар ин миён аз миёнҷиҳои маҳаллӣ истифода бурда, шиорҳои ваҳдати динӣ, бародарӣ ва амсоли инҳоро пеш кашидааст.
Аммо чунин менамояд, ки Фотеҳ ба масъала аз ҳамин зовия нигоҳ намекунад. Агар изҳороти ахири ӯ аз сидқи дил бошад, пас ӯ фиреб хӯрдааст. Эҳтимоли дигар ин аст, ки ӯ танҳо зоҳиророӣ мекунад ва ҳадафаш аз эълони вафодорӣ ором сохтани Толибон мебошад. Ин эҳтимол, ҳарчанд заиф аст, аммо набояд аз назар дур монад.
Фотеҳ бо ин мусолиҳа, ҳарчанд як рекорд гузошт ва нахустин фармондеҳи норозӣ ва шӯришии Толибон гардид, ки ин гурӯҳ бо ӯ роҳи мусолиҳаро пеш гирифт, аммо ҳамзамон то андозаи зиёде эътимоди мардум, эътимоди ҷабҳаҳои зидди Толибон ва эътимоди касонеро, ки бар ӯ ҳисоб мекушоданд, заъиф кард. Эҳтимол дорад, ки ҳадафи Толибон низ ҳамин будааст: ӯро аз мардум ва мухолифон ҷудо созанд ва баъд аз беэътибор карданаш, аз миён бардоранд. Он гоҳ ҳамагон хоҳанд гуфт, ки ӯ танҳо як шахси одӣ ва беэътибор буд.
Бо вуҷуди ин, ман ҳанӯз ҳам бовар дорам, ки Фотеҳ метавонад аҳамияти худро ҳифз кунад ва бо тадбирҳои беҳтар ҳамоно барои Толибон чолиш эҷод намояд ва дар миёни мардум ва мухолифон ҷойгоҳ ва эътибор ба даст оварад.
Аммо дар ҳар сурат, ҳимоят аз Фотеҳ машрут аст. Машрут ба ислоҳи андеша ва рафтори ӯ ва машрут ба он ки барои Толибон чолиш эҷод кунад. Дар айни ҳол, ҳар гуна қазовати қатъӣ дар бораи ӯ ҳанӯз бармаҳал аст, хоҳ ба ситоиши ӯ пардозем ва хоҳ ба накӯҳиши ӯ. Агар ӯ ин хирад ва дароятро дошта бошад, ки дар бозии ҷанг ва сулҳ Толибонро дар Бадахшон машғули худ нигоҳ дорад, ин кори камаҳамияте нахоҳад буд.
Ба ҷабҳаҳои зидди Толибон боз ҳам ҳамон сухани пешинаамро такрор мекунам: аз Фотеҳ ҳимоят кунед. Ба ӯ итминон диҳед, ки агар ҷиддан дар муқобили Толибон биистад, танҳо ва бепуштибон нахоҳад монд. Агар чунин итминон ба ӯ дода нашавад, ин нишонаи нотавонии ҷабҳаҳост. Ин нотавониро бо дашномнависӣ нисбат ба Фотеҳ наметавон тавҷеҳ кард.