Терроризми фарҳангӣ ва расонаии Толибон дар чӣ зоҳир мешавад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Дида мешавад, ки расонаҳои толибонӣ зеҳнияти оммаро ҳадаф гирифтаанд. Дар ин масир аст, ки мардум дар ботлоқи ҷанги идрокӣ ва шикори авотифи инсонӣ, мондаанд ва дастбаста таслими тафаккури толибонӣ мешаванд, зеро дар ду соли гузашта, аз терроризми фарҳангӣ ва расонаӣ бар нафъи Толибон ва сафеднамоии ин гурӯҳ, истифода шуда ва ин проект ба гунаи муваффақ дар зеҳнияти мардум асар гузоштааст.
Аз сӯи дигар, дар беш аз ду соли гузашта, ки Толибон ба қудрат расидаанд, терроризм ба анвои мухталифи он дар ҷомеаи Афғонистон, рушд ёфтааст. Аз терроризми фикриву ақидатӣ, то терроризми сиёсӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва расонаӣ. Ба ин далел аст, ки гуфта мешавад, афзоиши бепешинаи шабакаҳои Ютуб, созмондиҳии ҳадафманди як ҷанги равонӣ ба манзури сафеднамоии Толибон, шикори зеҳнияти оми мардум ва талош барои толибониза сохтани фикру зеҳни мо, аз намунаҳои боризи терроризми расонаӣ аст, ки режими Толибон, бидуни истисно ва билоинқитоъ ба он мепардозад, тавзеи пул аз ҷониби истихбороти Толибон ба расонаҳои ҳамсӯ бо сиёсатҳои толибонӣ, ҳимоят аз эҷоди соири шабакаҳо, тағйир дар наҳваи нашарот ва гузиниши гардонандаҳо аз миёни ақшори ҷавони шикпӯш ва мулаббас бо либоси модерн, як созмондеҳии истихборотӣ аст
Агар хуб дақиқ шавем, мебинем, ки кӣ дар куҷо ва чӣ гуна мусоҳибашавандаро интихоб мекунад ва чӣ гуна зеҳнияти оммаро ба нафъи масири матлуби толибонӣ, савқ медиҳад? Толибе, ки то дирӯз ба воситаи филм қасоват ва бераҳмиашро барои як ҷанги ҳадафманд созмондеҳӣ мекард, имрӯз аносиреро ба ҳар тариқе ба хидмат гирифтааст, то аз худаш сафеднамоӣ кунад. Дар ин росто аст, ки бузургнамоӣ аз дастовардҳои беарзиш, монанди сохтани ҷодаҳо дар ҳоле, ки шиками мардум гурусна аст, истифодаи суъ аз эҳсосоти мардум дар қисмати фақр, набуди амният ва фуқдони адолат дар гузашта, аз тактикҳои маъмулӣ аст, ки терроризми расонаии толибонӣ ҳадаф гирифта ва мудом таъқиб мекунад
Аз ҷараёни талошӣ дар шаҳри Кобул, ки ҳадафи он маҳори чолишҳои амниятӣ бар зидди режими Толибон аст, то сохти яке ду ҷода, ки дар баробари садҳо миллион доллари додашуда барои Толибон, ҳеҷ шумурда мешавад, ҳаюлосозии зеҳнӣ мешавад, то сафеднамоӣ аз ҷараёне бикунанд, ки омили вайронии як кишвар дар се даҳаи гузашта будааст
Фазои маҷозӣ, монанди Фейсбук, шабакаи Икс (Х), Ютуб, Тик Ток ва ғайра дар хидмати манофеъи толибонӣ ба сурати хоста ва ё созмондеҳишуда қарор дорад. Маводи он аз зеҳниятҳои бехабар интихоб мешавад. Одӣ ҷилва додани вазъият, дарвоқеъ намоише аз шабаҳи тарсноки тӯфон ва фаварони хашми мардум бар зидди режими Толибон аст.
Ҳадафи ин кор, кӯр сохтани зеҳнияти мардумӣ аст, ки дар дуроҳаи интихоб миёни вазъи мавҷуд ва берунрафт аз он ба самти як масири номаълум, гир мондаанд. Барқарории султаи ироб ва ваҳшат.
Ҳама медонем, ки террори амалӣ мунфарид ё отифӣ нест, балки иқдоме аст гурӯҳӣ, созмонёфта ва ҳатто стратегияи сиёсӣ. Ба ин асос, терроризми расонаӣ дар қолаби бузурги доктринаи фарҳангии толибонӣ ба як стратегияи маҳори буҳрони эҳтимолии ношӣ аз хезишҳои мардумӣ аст. Талоше аст якҷониба, ки барои феълан асаргузор будааст, аммо агар дар қисмати табйини ин стратегия кори равшангарӣ накунем, комилан ба як зеҳнияти мусаллат мубаддал хоҳад шуд.
Проекти сафеднамоӣ аз Толибон, ҳаммонандм ҷангу куштори ин гурӯҳ дар бист соли гузашта, муваффақ амал кардааст. Пас, тафовути андаке дар миён аст: дар бист соли гузашта сарбози ин ҷанг аз қишри рустоӣ, камфаҳм ва отифӣ интихоб мешуд. Ҳол аҳолии шаҳрҳо ва тамоми мардумро дар масири созмондеҳишуда, ба як ҳадафи ҷанги равонӣ ва идрокӣ, савқ додаанд, то нишон диҳанд, ки Толибон танҳо воқеияти мавҷуд дар саҳнаи сиёсии Афғонистонанд ва кадом гузаштаву ояндае барои Афғонистон, вуҷуд надорад. Ҷанги равонӣ бо тамоми қувваташ, ҳанӯз ҳам бар зеҳнияти мардуми оми Афғонистон, ҳоким аст ва масири зеҳнӣ ва фикрии онҳоро нисбат ба қазоёи сиёсӣ ва сарнавишти ин кишвар, таъйин мекунад.