Толибон чӣ гуна занони ихтитофшударо ба арабҳову покистониҳо ва чечениҳо пешкаш мекунанд?
Нависанда: Муҳаммад Усмон Наҷиб, генерали мустафъии артиши Афғонистон
Ба шумо достонеро ривоят мекунам, ки дар пайи фурӯ пошондани кишвари мо тавассути Амрикову дастнишондаҳои дохилиашон ва 95 дарсад раҳбарон, генералу фармондеҳҳони хоини артиш болои навомиси мардуми мо ва бештарин хоҳарону модарону духтаронамон омадааст.
Ин фаҷоеъ, ки тоза ифшо шудаанд, намунаҳое аз ҳазорон ҷинояти пинҳони Толибон аст, ки бар зидди мардуми мо ва навомиси миллии мо анҷом мешавад, ин гузориш сӯгмандона мерасонад, ки чизе ба номи “ғайрати афғонӣ”-и афғонони кишвари мо ё ҳамон паштунҳо вуҷуд надорад ва ҳамаашон барои толибони арабӣ, панҷобӣ, хайбарӣ, покистонӣ ва чеченӣ хадамоти ҷинсӣ ироа мекунанд, то онон бо таҷовузи гурӯҳӣ, хоҳарон ва номусҳояшонро ба маргу худкушӣ розӣ кунанд, ки насибашон намешавад.
Дар ин достони ғамангез, ки мехонед, Қорӣ Қайс ва Файзуллоҳ ном толибон ҳам худашон мутаҷовизин ба иффат ва иззати хоҳарони моанд ва ҳам нақши даллолони ироакунандаи хадамоти ҷинсӣ ба толибони ғайриафғони худро ифоъ мекунанд.
Ин достони ғамангезро бидуни дахлу тасарруф тақдими шумо мекунам аз номи нашароти рӯзномаи “8-и субҳ” ба ман расидааст:
“Бо дӯстам аз қадимҳо сӯҳбат мекунем. Аз тафреҳоти сода, вале дилхушиҳои бузург, шояд мисли рафтан ба Боғи Боло ё Боғи Бобур, ҷашни Наврӯз ё ид, нишастан пои сӯҳбатҳои бузургон ё тамошо кардани як барномаи телевизионӣ ё ҳар тафреҳе, ки дар ин шаҳр бароямон дилхушӣ меовард.
Дӯстам мегӯяд, ки вақте кӯчак будем, як барномаи телевизионӣ ба номи “Зери пӯсти шаҳр чӣ мегузарад”-ро тамошо мекардем ва бароям ҷолиб буд ва як тафреҳи солиму омӯзишӣ, аммо имрӯз ҳама шаҳр бароям ба масобаи ҳамон барнома шудааст.
Имрӯз дар Кобул мардум чӣ дарду ранҷеро мекашанд ва зери пӯсти ин кӯҳнашаҳр чӣ чизҳое мегузарад, ҷуз Худо ва касоне, ки бо он ранҷу машаққат дасту панҷа нарм мекунанд, каси дигаре намедонад. Ба фикр фурӯ меравад, гӯӣ ба гузашта рафта ва ғарқ дар тамошои он аст.
Ҳарфаш бароям ҷолиб мехӯрд ва мехоҳам аз фикр берун биёяд. Чӣ шуда, ки васати ҳар ҳарф ду чашмаш ба нокуҷо хира мемонад? Мегӯям, он замонҳо кӯчак будем ва намедонистем, аммо акнун фикр кунам медонем, ки дар як ҷумла чӣ чизҳое нуҳуфтааст.
Мегӯянд, ки таҷриба “модари илм аст”. Саре такон медиҳад ва мегӯяд: “Бале, аз вақте, ки Толибон ба Афғонистон омадаанд, ҳамеша дар байни мардум ин ҳарфҳо замзама мешавад, ки духтари фулонӣ гум шуд! Фулон духтарро Толибон ихтитоф карданд ва ё Толибон теъдоде аз занонро дастгир карданд! Ин ҳама занону духтарон, ки гум мешаванд, куҷо ҳастанд? Оё касе думболи пайдо кардани онҳо мегардад?”
Мегӯям, фикр накунам. Дар идома, воқеиятҳои ваҳшатнокеро бароям ривоят мекунад.
Мегӯяд: “Як ҳамсоя дорем, ҳам худаш ва ҳам хонумаш духтур аст. Як рӯз, ки ба дидани хонум рафтем, рангаш парида ва ҳолати парешоне дошт, кам ҳарф мезад ва дар миёни сӯҳбатҳояш ба фикр фурӯ мерафт, то ин ки пурсидем чӣ чизе шуморо ба ин ҳолат андохта? Парешонӣ!”
Шӯхӣ кардем ва гуфтем, ки шавҳари доктар дорӣ, мариз ҳам нестӣ. Шояд нагузорад мариз шавед, вале ҳамчунон хомӯшу пажмурдаҳол буд.
Баъд аз пофишории зиёд саранҷом шурӯъ кард ба гуфтани иллати ин ҳолаш. Қиссаҳое, ки инсон аз шунидани он ваҳшатзада мешавад. Бо шунидани қиссаҳояш ҳолате, ки болои доктар буд, болои ман, модарам ва хоҳари кӯчакам ҳоким шуд ва аз тарсу ваҳшату барбарияти толибонӣ, ки ҳарф аз дину диндорӣ мезананд, шука шуда будем ва то имрӯз ҳар ҷое, ки лаҳзае танҳо мешавад ё ҳарф аз мафқуд шудани духтарҳо меояд, ин фикрҳо раҳоям намекунад.
Мегӯям, мешавад бигӯӣ, доктари хонум чӣ гуфт?
Ҳамон тавре, ки ба ҷойи номаълуме хира шудааст, мегӯяд: “Гуфт, ки як рӯз шавҳарам аз шифохона дертар омад ва ҳолати парешон дошт, пайваста ҳарфҳоеро, ки қаблан аз ӯ кам шунида будам, такрор мекард. Гуфтам, чӣ гап шуда? Чаро асабонӣ ҳастӣ? Дар шифохона кадом мушкил пеш шуда ё касе чизе гуфта? Ҷавоб надод.
Ҳар лаҳза ба ин фикр мекардам, ки чӣ гап шуда бошад. Он шаб ҳарфи зиёде назад ва аз вақти маъмул каме вақттар хобид. Фардои он рӯз, ки бо шавҳарам субҳона мехӯрдам, занги дарвозаи мо ба садо даромад. Писарам омад ва гуфт: “Падар Толибон шуморо пурсон доранд. Шавҳарам аз ҷояш баланд шуд ва ба тарафи дарвоза рафт. Лаҳазоти баъд, чанд толиб дохили хона шуд ва як ренҷар (худрав) бо чанд силоҳдор пушти дарвоза истода буданд.
Баъд аз гуфтугӯҳои зиёд гуфт: “Бархез, мегӯянд, ки ба дидани маризе бояд биравем”.
Тарсидам ва ба ларза афтодам, ки моро куҷо мебаранд. Гуфтам: “Бояд шифохона бубаранд, чаро ба сӯроғи ману ту омадаанд, магар дар шаҳр кам доктар аст ва аз куҷо медонанд, ки ман доктар ҳастам ва хонаи моро аз куҷо медонад? Пушти ин кор кадом гапи дигаре набошад?”
Шавҳарам бо оромӣ гуфт: “Хайр, гапе нест, ташвиш накун, ман дар канорат ҳастам”. Бо шунидани ин суханаш як оромиши нисбӣ бар ман ҳоким шуд. Аз хона бо сад ташвиш берун шуда ва савори мутари низомӣ шудем. Замоне, ки дар мутар савор шудем, яке ба забони пашту гуфт: “Чашмони инҳоро бубандед!”
Шавҳарам тоҷик ва ман аз як хонаводаи паштуни қандаҳорӣ ҳастам ва донистам, ки инҳо аз Қандаҳор ҳастанд. Ман ҳам ба забони пашту гуфтам: “Чаро чашмони моро мебандед, магар мо ба дидани маризи шумо намеравем?” Ба тарафи ман нигоҳ кард ва ҷавобе надод.
Чашмони мо баста ба як масири номаълум бо ҳазор парешонӣ мерафтем, тақрибан 18 дақиқа кӯча ба кӯча роҳ рафтем, яъне як масири мустақим набуд. Шояд ҳам дар наздикиҳои мо ба маконе мерафтем, ба хотири ин ки надонем куҷо меравем, кӯча ба кӯча мутарро меронданд. Баъд дохили як хона шудем ва як толиб хост, ки аз шонаи ман бигирад то пиёдаам кунад. Шавҳарам бо хушунат гуфт: “Даст назан!”
Ман дақиқан намедонистам ин ҷо куҷост ва мо дар ин ҷо чӣ кор дорем, мариз куҷост ва ин ҳама аскар бо чеҳраҳои мутафовит дар ин ҷо чӣ кор мекунанд?
Ба як зерзаминӣ роҳнамоӣ шудем. Замоне, ки дарвоза боз шуд, ваҳшатзада шудам. Он чӣ медидам, ғайриқобили бовар буд ва худро ба оғӯши шавҳарам андохтам. Тақрибан 28 зани ҷавон дар як зерзаминӣ нигаҳдорӣ мешуданд.
Дар гӯша як хонум дароз кашида буд ва як харита серум (осмонукол) дар дасташ татбиқ шуда буд, ба сахтӣ нафас мекашид. Дар як лаҳза ба бадбахтии худ ва зан будан дар ин кишвар пай бурдам ва он замон фаҳмидам, ки чаро ин ҷо оварда шудем.
Яке аз низомиёни Толибон ба як хонум, ки фикр мекунам ҳамдасташон буд, гуфт: “Ҳамаи инҳоро муоина кунед, кадомашон ҳомила аст, кадомшон нест ва чӣ мушкил доранд. Ба тамомашон расидагӣ кунед!”
Тарсидам ва ваҳшат саропоямро гирифта буд. Гуфтам: “Ман бо як ола муоина ба ин ҳама чӣ гуна расидагӣ кунам? Гуфт: “Ташвиш накун, як утоқи муҷаҳҳаз дар манзили боло дорем”. Ба манзили боло рафтем, як утоқи муҷаҳҳаз бо тамоми имконоти тиббии пешрафта буд, ки зиёдтар ба як муоинахонаи нисоӣ ва валодӣ мемонад.
Мисли як бозии аз қабл тарҳрезишуда, чӣ касе бо сарнавишту зиндагии мо бозӣ карда буд? Чӣ касе ояндаи моро чунин торик рақам зада буд?
Фаҳмидем, ки чӣ чизе дар ҷараён аст. Ин ҷо танҳо макони барои шаҳватронӣ ё маҳор кардани нафси сарбозони Толибон набуд, балки зиёдатар ба фабрикаи тавлиди кӯдак, шояд ҳам барои аҳдофи шумашон дар оянда мемонад. Ҳеҷ чорае ҷуз кӯмак кардан надоштам. Бо хунсардӣ гуфтам, ки қарор аст чӣ касеро муоина кунам?
Яке ба номи “Қорӣ Қайс”, ки худро бошандаи Майдон Вардак муаррифӣ карда буд ва ин занонро хонумҳои шаръии муҷоҳидин медонист, дастур дод, то ба мушкилоти ҳама онҳо расидагӣ кунам ва аз он чӣ, ки дар ин ҷо мебинам, ба ҳеҷ фарде ёдоварӣ накунам, ҳатто ба аъзои фомилам, дар ғайри он сурат шавҳарамро мекушанд.
Бо тарсе, ки доштам ва ҷаҳаннаме, ки дар он ҳамнаслонамро медидам, ҳамаро қабул кардам ва чорае ҷуз ин намедидам. Ба худ талқин кардам, ки бояд вазифаи духтурии худро анҷом бидиҳам.
Аз шавҳарам, ки дар канорам буд хостам, то утоқро тарк кунад ва аз Толибон низ хостам бояд танҳо бошам ва утоқро тарк кунанд. Толибон напазируфтанд. Ман ҳам аз муоина кардан сар боз задам ва гуфтам, ки ин тур одат надорам, бояд бо мариз танҳо бошам, то битавонам дарди ӯро беҳтар ташхис бидиҳам. Ин дар мавҷудияти шумо мумкин нест.
Шавҳарам аз ҷояш баланд шуд ва ба думболи он толиб низ баланд шуд. Аммо бо нигоҳҳои тарснокаш фаҳмонд, ки пушти дар мемонад ва муроқиб аст.
Ду тан аз хонумҳоро садо заданд ва баъди чанд дақиқа ду хонум бо ҷисми берӯҳ омаданд. Дар шурӯъ як хонумеро, ки озодона рафтуомад мекард ва маълум буд ҳамдасташон аст, надидам ва ҳадс задам берун аст. Баъд ба ин хонумҳо гуфтам якеатон мариз биоваред ва дигарон ба ман кӯмак кунед, ки инҳо бояд муоина шаванд. Пазируфтанд.
Хонумҳо бо номҳои мустаоре чун Биҳишта ва Ҳаво… ҳозир шуданд. Яке аз ин бонувон аз Ғазнӣ ва аз қавми ҳазора буд ва дигаре бошандаи аслии Кобул қизилбош ва ё ҳам тоҷик буд. Бидуни ҳарфу ҳаракате омаданд ва баъди муоина рафтанд.
Аз Биҳишта, ки номи аслиаш чизи дигарест, пурсидам, чанд зан дар ин ҷост. Гуфт: “Дар шурӯъ моро, ки оварданд, шаш нафар будем. Баъдан ба теъдоди мо афзуда шуд. Як теъдодеро ҳам бурданд ва дубора наоварданд”.
Он чӣ мешунидам душвор буд ва боварам намешуд дохили ин шаҳр чунин зулме дар чунин асре рух медиҳад. Бо кунҷковӣ пурсидам: “Магар шумо хонумҳои шаръии муҷоҳидин нестед? Инҳо чунин мегӯянд!”
Хандиду гуфт: “Агар шаръӣ бошем, чаро намебаранд моро шифохонаҳои расмӣ? Мо хонуми ҳама муҷоҳидин ҳастем” ва чашмҳояш об зад.
Пурсидам, яъне чӣ?
Чизе нагуфт ва аз сукуташ, ки фаҳмидам, ҳама чиз ҷабр аст. Аз ӯ хостам, то агар касе маризие дорад, каме оҷилтар биоранд.
Ба навбат як-як меомаданд, ҳар кадомашон аз худ ҳикоят ба гуфтан доштанд ва дарде. Яке аз Ҷалолобод буд, падараш дар ҳукумати қаблӣ қозӣ буд ва Толибон ба хотири он чиро, ки рафтори мунсифонаи падараш намедонистанд, духтарашро ба зӯр оварда буданд, чун он мурда буд ва писаре ҳам надошт, то Толибон онро ба нияти интиқом ба қатл бирасонанд ва ё зиндонӣ кунанд. Биноан, хостанд аз он духтари маъсуми бегуноҳ интиқом бигиранд. Ӯ ҳанӯз бисту панҷ сол син дошт ва осори шиканҷа дар вуҷудаш ба роҳатӣ дида мешуд, бандҳои пушти дасташ доғ шуда буд, вале фаҳмида намешуд, ки доғи сигор буд ё бо сиху ё кадом роҳи дигари доғ сӯхтонда шудааст. Бандҳои дасташ мисли ин ки бо чизе сахт баста шуда бошад ва ё дар ҳангоми шиканҷаи ҷисмӣ ва ё ҳам таҷовуз ба он ҳолат расида буд, ба кабудӣ гароида буд. Замоне, ки олаи муоинаро хостам, пеши сина ва дар тахтпушташ қарор бидиҳам, доғҳои сигор ва осори шиканҷаи чӯбро дар баданаш дидам.
Ҳеҷ чизе напурсидам, чун таҳаммули шунидани ҷавобҳояшонро надоштам.
Баъд яке, ки даҳани дарвоза буд, садо зад, Дилоромро биоваред. Ба навбат ҳамаашон ба муоина оварда шуданд ва тақрибан панҷ соат масруфи муоиноташон будам.
Ғам, андӯҳ ва таҷовузҳои пайиҳам, тамоми зиндагиашонро дарбар гирифта буд. Баъзеҳояшон маргро бар ин зиндагӣ тарҷеҳ медоданд ва ҳозир ба муоина ё хӯрдани дору намешуданд ва роҳе ҳам барои поён додани зиндагиашон ё дардҳояшон надоштанд.
Яке аз он духтарон, ки худро бошандаи Кобул муаррифӣ кард, тазаррӯъ дошт: “Доктар соҳиб, чӣ меша як печкории симӣ ба ман татбиқ кунӣ, хуни худро ҳалол мекунам. Намехоҳам ин зиндагиро дошта бошам”.
Гуфтам: “Таҳаммул кун” ва надонистам дигар чӣ бигӯям.
Бо садои тақрибан баланд гиря кард ва гуфт, ки “ман ҳеҷ гуноҳе накарда будам, падарам солҳои қабл дар ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии сафорати Олмон тиккаву порча шуд, бародар надорам, чанд хоҳари кӯчак ва як модари заиф дорам. Бидуни ҳеҷ баҳонае як рӯз омаданд маро аз ҷода бардоштанд ва ба ин ҷо оварданд. Ду моҳ аст, ки дар ин ҷо ҳастам, аз модарам аҳволе надорам, нафсам танг мешавад, аз худам, аз зан буданам ва аз буданам нафрат дорам”.
Пурсидам: “Туро ба никоҳи худ дароварданд?”
Гуфт: “Никоҳи чӣ, аслан на муллое дидам ва на никоҳе. Шоми рӯзи аввал маро оварданд дар як утоқи танҳоӣ, ҳар тарафи утоқро ҷустуҷӯ мекардам, то чоқу ва ё як василае пайдо карда худкушӣ кунам. Чун медонистам чӣ балое болоям қарор аст биёяд, вале наёфтам. Ҳарчи ба Худо тазаррӯъ ва зорӣ кардам, касе набуд садоямро бишинавад.
Утоқ дар манзили таҳтонӣ буд, танҳо роҳи хурӯҷӣ дарвозаи утоқ буд, ки он ҳам аз берун баста шуда буд, соатҳо танҳо дар утоқ будам, то ин ки як толиб омад ва ман бо тани ларзон зорӣ мекардам, ки ман ҳеҷ гуноҳе надорам, на бо ҷумҳурият будам ва на ҳам бо иморат, як инсони оҷиз ҳастам ва танҳо мехоҳам зиндагӣ кунам. Аслан ба ҳарфҳои ман гӯш надод.
Ба манзили болоӣ бурда шудам, як утоқ дар манзили аввал буд, дар утоқ дастшуӣ ва ҳаммом буд. Ман, ки чандин соат дар банд будам, дар ҳамон шурӯъ, ки аз сарак бардоштанд, ҳолати хубе надоштам, дасту рӯи худро шустам ва дар орзуи ин будам, ки шояд раҳоям кунанд. Байни умеду ноумедӣ зиндагӣ мекардам. Баъд аз чандин соат як толиб бо мӯҳои баланд дохили утоқ шуд ва аз ман чизҳое пурсон кард, аммо ҳеҷ кадомаш ба ман рабт надошт.
Баъд берун баромад ва чанд дақиқа баъд бо об, мева ва кейк (қандина) дохили утоқ шуд. Ба ман пеш кард то бихӯрам. Ман, ки намедонистам гурусна будам ё на, аслан дилам намешуд, аммо аз тарс пазируфтам, вале нахӯрдам.
Як қурбонӣ ривоят кард: Шахсе, ки дар дарвоза аз шумо пазироӣ кард номаш Файзулло аст. Ӯ ҳамон касест, ки рӯзи аввал бо ман мулоқот кард. Ин шахс аз ҷиҳод, фавоиди аҳодис ва ҳар он чӣ, ки ба худашон муфид буд, бароям гуфт. Дар ахир аз ҷория ва ҷиҳодунникоҳ баҳс кард. Бародар гуфта, тазаррӯъ кардам, зорӣ кардам, ки модарам мунтазирам аст, раҳо кунед биравам, ман ҳеҷкорае нестам ҷуз як шаҳрванди одӣ, аслан таъсире надошт. Ба ман пешниҳод дод, ки дар сурати ҳамбистарӣ бо ӯ маро раҳо мекунад. Феълан ҷуз чанд нафари маъдуд каси дигаре нест. Ман напазируфтам ва шурӯъ ба гиряву зорӣ кардам. Аммо ҳеҷ таъсире надошт. Охир бароям гуфт, ки агар ин корро қабул накунӣ, шояд ҳолатҳои бадтар аз ин болоят биёяд.
Дар рӯзи аввал Файзулло бидуни ризояти ман болоям таҷовуз кард. Дар ҳамон рӯз чанд толиби дигар низ омаданд. Тақрибан аз ду моҳ зиёдатар ин ҷо ҳастам. То кунун беш аз сад толиб бар ман ва дигар занону духтарон таҷовуз кардаанд. Аксариятшон араб, покистонӣ ва чеченӣ ҳастанд. Як замоне аз “ғайрати афғонӣ”, номусу виқор ҳарф мезаданд, аммо имрӯз ғайрату номусашонро ба аҷнабиҳо лайлом мекунанд ва зери пояшон меандозанд”.
Бо хондани ин сугнома, мӯ дар бадани инсон рост мешавад ва аз худ мепурсад, ки чӣ бар сари ин миллати ранҷдидаи мо омаду чаро омад ва тавассути чӣ касоне омад? Куҷост виҷдонҳои ононе, ки дар бист мутари зиреҳ пай дар пай шаҳрҳо ва ҷодаро банд меандохтанд ва ғайрати дифоъ аз номусҳояшонро ҳам надоштанд. Карзай, Ғанӣ ва Абдуллоҳ, ки номус надоранд ва аҷирҳои истихдомшудаанд. Агар фардо лашкаре аз кӯдакони беному нишони падар дар кишваре ба дунё биёянд ва ҳар кадоме сад падар дошта бошанд ва калон шаванд, фикр намекунед, ки фоҷиаи садри ислом дар кишвари мо ҳам такрор мешавад?
Ҳайҳот ба шумо беғайратҳо!