Хабари рӯз

 “САНГАР”: Том Вест, намояндаи хоси Амрико дар Афғонистон эълон кард, ки “ДОИШ-и Хуросондушмани муштараки мо ва Толибон аст”. Як рӯз пас аз ин изҳорот, 1 октябр, Маркази омӯзишии Коҷ дар минтақаи Дашти Барчии  шаҳри Афғонистон ҳамлаи интиҳорие анҷом шуд, ки дар пайи он ҳудуди 40 нафар куштаву 80 нафари дигар, аксарияти кул – духтарони донишомӯз ва ҳамагӣ ҳазора ба шаҳодат расиданд.

Миёни изҳороти Вест ва ҳодисаи хунини минтақаи ҳазоранишини Дашти Барчӣ чӣ рабтест? Толибон барои исботи дӯстӣ бо Амрико ҷуз роҳандозии террор ва интиҳори дар марокизи омӯзишӣ ва масоҷид ба номи ДОИШ боз чӣ кор метавонанд кунанд?

Намояндаи Амрико мустақим аз як созмони террористӣ, ки пуштибони даҳҳо созмони террористии дигар аст, пуштибонӣ кард. Он чӣ ки ҳеҷ шакке барояш боқӣ намонда буд ва бори дигар собит шуд.

Дар идома дар робита бо изҳороти Том Вест назари ду коршиноси аршад дар умури Афғонистон манзури хонандагон мешавад:

 

Яъқуб Ясно, устоди донишгоҳ, таҳлилгар:

Шохаи ДОИШи Хуросон кист, ки нуқтаи васл ва иштироки толиб ва ҳукумати Амрико аст?

Шохаи ДОИШи Хуросон, ҳамкорони тоҷикистонӣ, ӯзбекистонӣ ва... толиб ҳастанд, ки феълан ин гурӯҳҳо дар Афғонистон урдугоҳ доранд ва сарони онҳо дар ҳукумати Толибон мавқифи расмӣ доранд.

Чаро намояндаи Амрико барои Афғонистон аз ин гурӯҳҳо ба номи “шохаи ДОИШи Хуросон” ёд мекунад ва чаро Толибон ба номи гурӯҳи ДОИШ бар мардуми ҳазора ҳамла мекунанд?

Сухани намояндаи Амрико барои Афғонистон дуруст аст, ки шохаи номниҳоди ДОИШи Хуросон нуқтаи васли Амрико ва толиб аст. Зеро гурӯҳҳои террористии тоҷикистонӣ, ӯзбекистонӣ ва...-ро Амрико ва толиб бо ҳам ба номи ДОИШ тақвият мекунанд, то барои ноамнсозии кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақа аз онҳо истифода шавад.

Ин ки кишварҳои ҷаҳон бовар кунанд шохаи ДОИШи Хуросон вуҷуд дорад, бояд амалан харобкории ин шохаро бубинанд. Барои тасбити вуҷуди шохаи ДОИШи Хуросон, фурсати озмоиши ройгон вуҷуд дорад, ки куштори мардуми ҳазора ба номи гурӯҳи ДОИШ аст. Куштори мардуми ҳазора паёмад ва ҳазинае надорад, фақат ба арзи тасаллият поён меёбад.

Куштори ҳазора барои бозигарон, чанд ҳадаф ва василаро амалӣ мекунад:

 1 - Тибқи фармони Абдураҳмон наслкушии ҳазора идома меёбад. Ҳукуматҳои қавмӣ ба амалӣ кардани ин фармон мутааҳҳиданд ва амалӣ кардани онро ҳадафи худ медонанд.

2 - Бо куштори ҳазора ба номи ДОИШ вонамуд мешавад, ки ДОИШ вуҷуд дорад, ба толиб бояд кӯмак шавад то дар баробари ДОИШ биҷангад. Толиб бо истифода аз ин васила мехоҳад кӯмак дарёфт кунад ва машрӯъият ба даст оварад.

3 - Амрико ва толиб бо ин вонамуд, ки ДОИШ вуҷуд дорад, аз гурӯҳҳои тундрав ва террористи тоҷикистонӣ, ӯзбекистонӣ ва... дар Афғонистон ҳимоят мекунанд ва онҳоро ба номи шохаи ДОИШи Хуросон ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақа мефиристанд.

Пурсиш ин аст: агар шохаи ДОИШи Хуросон вуҷуд дорад ва душман толиб аст, чаро ба толиб ҳамла намекунад? Ҳазора чӣ нисбати бо толиб дорад, ки ДОИШ бо ҳамла бар ҳазора, душмании худро бо толиб ошкор кунад?

 

Доктор Малик Ситез, таҳлилгар:

Сӯҳбатҳои оқои Том Вест, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро дар маркази мутолиоти стратегӣ шунидам, ки мамлув аз таноқузот буд.

- Як соли ҳокимияти Толибон хатари терроризмро бештар сохтааст. Ў аз гурӯҳҳои фаъоли террорист дар Афғонистон ном гирифт.

 - Ҳуқуқи башар дар бадтарин вазъият қарор дорад. Занон дар шароити бениҳоят бад ҳастанд.

 - Вазъияти сиёсӣ дар дохили Афғонистон ба шиддат даргири ихтилофот аст.

 - Машрӯъият шакл нагирифта ва сабаби набуди машрӯъияти байналмилал ҳукумати де-факто шудааст.

- Иқтисоди мардум рӯ ба нобудист ва фақр густурда шудааст.

То ин ҷои кор, бале, олӣ аст, ҷаноби Вест. Аммо шумо дар идома гуфтед, ки:

- Амрико дар як соли гузашта 1,2 миллиард доллар ба Афғонистон фиристодааст. Яъне як ҳазору дусад миллион долларро ба кӣ фиристодед? Киҳо аз он фоида диданд? Чаро ин маблағи калон ҷилави фақрро нагирифт?

- Шумо бо хурсандӣ ва муболиға гуфтед, ки дар як соли гузашта ҳеҷ амрикоӣ тавассути ин гурӯҳҳо ба қатл нарсидааст. Хуб, посухатон равшан аст. 1,2 миллиард доллар кори худро кард. Аммо дар иваз бачаҳои моро, ки дар 20 соли ҳузури шумо дар Афғонистон ҳамкорони “стратегӣ”-атон буданд, бешумор куштаанд.

- Шумо умедвори давлати босубот ва шароити амн ҳастед, ки манофеъи Амрикоро тамсил кунад. Ин умедвории шумо бо таҷҳизоти 86 миллиард долларие, ки барои Толибон гузоштаед, бароварда мешавад. Ташвиш накунед.

 - Дар мавриди ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон ташвиши шумо беҷост. Партнер – шарики аслии шумо (Толибон) дар Қандаҳор ба вазоҳат гуфтааст, ки ҳуқуқи занонро мутобиқи доктрини Бзежински (мактаби ҷиҳодизм бо симои ҷадид) дар Афғонистон татбиқ мекунад. Ташвиш накунед, бахше аз ин имтиёз аз они шумост.

Оқои Вест, шумо сиёсатмадори ҷавон ҳастед. Аммо фикр накунед ҳама гӯсфанд ҳастанд. Мардуми Афғонистон сиёситар аз ононе ҳастанд, ки дар даҳлезҳои Вашингтон баёнияи шуморо менависанд. Андаке мантиқ ва хирад дошта бошед. Ҳаддиақаллӣ барои тавҷеҳи аъмоли бетадбиратон дар як соли ахир ва пайомадҳои ҷонкоҳи он ҳушёр бошед.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!