Хабари рӯз

Заволи Толибон чӣ гуна наздик мешавад?

Нависанда: Ҳафиз Мансур, сиёсатмадор

Ихтилоф миёни ҷиноҳҳои Толибон ташдид ёфтааст ва ҳар яке дар пайи ҳазфи дигаре мебошад. Кашмакаш замоне касби шиддат кард, ки Мулло Яъқуб маҳалли будубоши Айман ал-Завоҳриро ба Амрико иттилоъ дод ва дар пайи он раҳбари Алқоида кушта шуд.

Амрико, ки бо ҷиноҳи Мулло Бародар сарусаре дорад, аз он замон ба баъд, бо амрикоиҳо ҷиноҳи Ҳаққониро бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мавриди ҳамла қарор медиҳад ва то кунун чандин ҳамла аз ин навъ сурат гирифтааст. Бар хилофи талоши ҷиноҳи Ҳаққонӣ барои ҳамла ба ҷони Мулло Яъқуб ва эъзоми афроди интиҳорӣ дар ду навбат бо муваффақият нарасид ва ҳоло ҷиноҳи Ҳаққонӣ саъй медорад, то ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дасти ҳамкорӣ дароз намояд. Паёмҳое дар ин замина фиристодааст ва барномаашон барои ин аст, то бо ҳимояти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, иқдомоти худро дар баробари ҷиноҳи Мулло Бародар ташдид намуда ва раҳбари гурӯҳи Толибонро дар ихтиёри хеш қарор диҳад.

Толибони ғайрипаштун ангезае барои ҷангидан надоранд ва кӯшиши сарони Толибон барои сарбозгирӣ аз шимоли кишвар муваффақиятомез набудааст ва он идда ҳам, ки ба сурати ҷабрӣ ба Панҷшер, Андароб ва Хӯст эъзом мегарданд, аз қабл бо фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тамос мегиранд ва сухан аз ногузириҳои худ мегӯянд. Ҷобаҷосозии паштунҳои он сӯи сарҳад дар вилояти Тахор ошкоро Толибони ғайрипаштунро бад-ин бовар сохтааст, то бо фароҳам шудани авзоъ ба сурати аланӣ дар сафи муқовимат қарор гиранд. Мизони иртиботот ба ҳадде чашмгир аст, ки чандтои ангуштшуморро агар истисно қарор диҳем, соирин пайвандашонро бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барқарор доштаанд.

Рафтори хашин ва зиддиисломии Толибон дар суфуфи худашон пурсишҳоеро барангехтааст. Дастае аз онҳо лаб ба эътироз гушуда дар мавриди сиёсатҳои идорӣ, фарҳангӣ ва таълимии Таҳрики Толибон интиқод медоранд ва аз ҳамин ҷост, ки куштори муллоҳои масоҷид зери унвонҳои гуногун шиддат гирифтааст ва ин амр шиканандагии Таҳрики Толибонро барҷаста сохтааст. Ҳайфу майли дороиҳои омма, издивоҷҳои иҷборӣ, расвоиҳои ахлоқӣ бо гузашти ҳар рӯз чеҳраи он гурӯҳро дар миёни мардум возеҳтар сохта ва фосила миёни онҳо ва мардумро бештар кардааст.

Барномаҳои тавсеавии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳоли пиёда шудан аст. Мардум ва нерӯҳои ҷангӣ фаровонанд, бояд созмондеҳӣ ва танзим гардад. Дер нахоҳад буд, ки ҷабаҳот дар шимол, марказ ва ғарби кишвар дар баробари Толибон гушуда хоҳад шуд. Шахсиятҳои номошно ва ботаҷриба дар ин амр вориди саҳна шудаанд ва мардум шоҳиди таҳаввулоти васее хоҳад буд.

Дар сатҳи берунӣ муофияти сафари сарони Толибон аз ҷониби Шӯрои амнияти Созмони Милал тамдид нашуд. Амрико ва Аврупо умедашро нисбат ба Толибон аз даст дода ва аз ҳамин рӯ буд, ки ба ҷои гуфтугӯ, ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ташдид ёфт. Баргузории иҷлоси Вена, ки дар он аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳузур меёбад, як таҳаввули мусбат дар дидгоҳи аврупоиҳо ҳисоб шуда метавонад. Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ азми худро дар муқобили гурӯҳи террористии Толибон ҷазмтар карда ва ин амр дар мизони ҳамкории он кишварҳо ба Ҷабҳаи муқовимат бозтоб ёфтааст.

Эрон, ки ҷигар зери дандон гирифтааст, косаи сабраш дар ҳоли лабрез шудан аст ва дигар ҷое барои дипломатия боқӣ намондааст. Аз ин рӯ, ба зудӣ шоҳиди тағйири полисии Эрон дар қиболи Толибон хоҳем буд.

 Он чӣ дар даруну беруни Афғонистон/Хуросон мегузарад, ҳама сухан аз заволи сареъи Толибон дорад, гурӯҳе, ки бо як муомила ба саҳна омада буд, бо муқовимати муҷоҳидмардон ва фишори ҷаҳонӣ рафтанианд. Ва ин ҳама барои муборизон дилгармкунанда ва масарратбахш аст.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!