Тиҷорати хонаводаи раисҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна густариш меёбад.
Нависанда: Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия
🔴 Тиҷорати хонаводагии Доналд Трамп дар бахши рӯ ба рушди амлоки ғайриманқули минтақаи Халиҷи Форс дар ҳоли густариш аст. Ӯ бо як ширкати сохтмонии саудӣ қарордоде барои иҷрои як проект ба арзиши як миллиард доллар дар бузургтарин шаҳри соҳилии подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ҷидда – имзо кардааст.
🔴 Ин проект марбут ба сохти дувумин бурҷи Созмони Трамп (Trump Organization) дар Ҷидда аст. Дар ин бурҷ дафотири идорӣ, апартаментҳои люкс ва таунҳаусҳо ҷой хоҳанд гирифт.
🔴 Ин тарҳ пас аз сафари Трамп ба Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар моҳи май шакл гирифт. Дар натиҷаи ин сафар, ширкатҳои амрикоӣ сармоягузориҳое ба арзиши трилионҳо доллар ҷазб карданд ва тавофуқҳои тиҷории мутанаввеъе – аз ҳавзаи дифоъӣ гирифта то муртабит бо ҳуши маснуӣ – ба даст оварданд.
🔴 Созмони Трамп ҳамчунин муҷаввизи истифода аз номи тиҷории худро ба ширкати Dar Global барои проектҳое дар Дубай, Уммон ва Қатар эъто карда ва аз барномаҳои оянда дар Риёз хабар додааст. Ҳамкориҳо аз майдонҳои голф ва меҳмонхонаҳои дорои бренди Трамп гирифта то осмонхарошҳоро шомил мешавад. Созмони Трамп бобати истифода аз бренди худ ва ҳамчунин мудирияти бархе аз таъсисот ҳазина дарёфт мекунад.
🔴 Дар бархе аз шаҳрҳои минтақа, аз ҷумла Риёзу Дубай, дар солҳои ахир шоҳиди афзоиши шадиди қимати амлок будаем, ки мӯҷиби ҷазби бештари сармоягузорони хориҷӣ шудааст.
🔴 Ширкати Trump Organization, ки тавассути Эрик Трамп, писари Доналд Трамп, идора мешавад, пас аз интихоботи соли гузашта фаъолияти худро дар кишварҳои Халиҷи Форс ташдид кард. Ин мавзӯъ нигарониҳоеро дар хусуси истифодаи хонаводаи раисҷумҳур аз равобити худ бо раҳбарони кишварҳои минтақа барои касб манофеъи молӣ дар ҳоле, ки ӯ дар қудрат аст, эҷод кардааст. Бо ин ҳол дороиҳои Трамп то замони тарки мақомаш дар дастони мавриди эътимод қарор дорад.
🔴 Охирин муомилаи хонаводаи Трамп дар Арабистони Саудӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки давлати ӯ талош мекунад ба яке аз аҳдофи калидии сиёсати хориҷии худ даст ёбад – қонеъ кардани подшоҳӣ барои одисозии равобити дипломатӣ бо Исроил. Арабистони Саудӣ ҷанги Исроил дар навори Ғаззаро маҳкум карда ва эълом кардааст, ки бидуни эҷоди як кишвари фаластинӣ равобити худро одӣ нахоҳад кард.