Саргузашти талхи исмоилиён дар Бадахшон; аз баста шудани ҷамоатхонаҳо то фишор барои тағйири мазҳаб
Манбаъ: “Ҳашти субҳ”
Панҷ сол пас аз тасаллути Толибон, аъзои ҷомеаи исмоилӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки бо мавҷи маҳдудиятҳои мазҳабӣ, таълимӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Бар асоси бозёфтҳои ин гузориш, дастикам 10 ҷамоатхонаҳои исмоилиён дар бархе аз вулусволиҳои ин вилоят баста шудаанд, беш аз 340 кӯдаки исмоилӣ дар панҷ вулусволии Дарвозҳо ба мадрасаҳои динии Толибон фиристода шудаанд ва дастикам ҳафт мавриди тағйири мазҳаб дар миёни аъзои ин ҷомеа сабт шудааст. Сокинони исмоилии Бадахшон ҳамчунин аз фишор барои тағйири мазҳаб, таҳдидҳои амниятӣ, маҳдудияти фаъолияти фарҳангӣ ва афзоиши муҳоҷирати хонаводаҳо ба кишварҳои ҳамсоя ва Кобул сухан мегӯянд.
Фишори мазҳабӣ ва иҷтимоӣ бар исмоилиён
Панҷ сол пас аз тасаллути Толибон, аъзои ҷомеаи исмоилӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки бо маҳдудиятҳои густурдаи мазҳабӣ, таълимӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Баста шудани ҷамоатхонаҳо, фишор барои тағйири мазҳаб, маҳдудият дар омӯзишҳои динӣ ва афзоиши нигарониҳои амниятӣ аз ҷумлаи мавридҳое мебошанд, ки сокинони ин минтақа аз онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.
Шуморе аз сокинони исмоилии ин вилоят мегӯянд, ки пас аз тасаллути Толибон дар августи соли 2021, фишорҳо бар ин ҷомеа афзоиш ёфта ва озодиҳои мазҳабӣ ва фарҳангии онҳо ба таври шадид маҳдуд шудааст. Онҳо таъкид мекунанд, ки ҷомеаи исмоилӣ дар давраҳои гуногуни таърихи Афғонистон бо табъиз ва маҳрумият рӯ ба рӯ будааст, аммо вазъи кунуниро яке аз душвортарин давраҳои зиндагии худ медонанд.
Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он ки дар Бадахшон пайравони мазҳабҳои гуногун солҳо дар канори якдигар ба гунаи осоишта зиндагӣ кардаанд ва дар баъзе мавридҳо низ издивоҷҳои байниҳаммазҳабӣ сурат гирифта ва хонаводаҳои муштарак ташкил шудааст, шуморе аз муллоҳо ва аъзои Толибон дар масоҷид ва хутбаҳои минтақаҳои дурдасти ин вилоят мардумро аз барқарор кардани муносибатҳои иҷтимоӣ бо исмоилиён ва издивоҷ бо онҳо манъ мекунанд.
Ҳамчунин, бархе аз исмоилиён мегӯянд, ки Толибон ин мазҳабро ҳамсатҳ бо меъёрҳои мавриди қабули худ аз ислом намедонанд ва гоҳ-гоҳ бо татбиқи фишор ва маҳдудият, онҳоро ба қабули мазҳаби ҳанафӣ водор мекунанд.
Бар асоси гузоришҳо ва мусоҳибаҳои анҷомшуда бо шуморе аз исмоилиёни сокини нуҳ вулусволии Бадахшон ва аъзои ҷомеаи исмоилӣ, фишорҳои мазҳабӣ бар ин ҷомеа дар панҷ соли гузашта ба гунаи чашмгире афзоиш ёфтааст.
Ҷамоатхонаҳо баста шуданд; маросими мазҳабӣ мутаваққиф шуд
Ба гуфтаи ин афрод, баргузории маросими мазҳабии исмоилиён дар минтақаҳои маҳалли сукунати онҳо ба таври комил мутаваққиф шудааст ва онҳо иддао мекунанд, ки дар сурати баргузории ин маросимҳо, то 50 ҳазор афғонӣ ҷаримаи нақдӣ мешаванд. Ҳамчунин, ҷамоатхонаҳое, ки дар вулусволиҳои Зебак, Ишкошим, Шуғнон, Дарвозҳо ва Вахон нақши марказҳои ибодӣ, фарҳангӣ ва омӯзиширо иҷро мекарданд, баста шудаанд ва ба гуфтаи сокинон, Толибон иҷозаи сохтмон ё такмил ва тавсеаи ин марказҳоро низ намедиҳанд.
Сокинони минтақаҳои ёдшуда таъкид мекунанд, ки биноҳои нимакораи ҷамоатхонаҳо, ки қаблан дар ҳоли сохта шудан буданд, раҳо шуда ва тадриҷан дар ҳоли тахриб ҳастанд; вазъияте, ки ба гуфтаи онҳо, ҳувияти мазҳабӣ ва иҷтимоии ҷомеаи исмоилиро ба таври шадид таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки бисёре аз хонаводаҳо дар пайи таҳдидҳои афроди Толибон, ночор шудаанд фарзандони худро ба мадрасаҳои динии ин гурӯҳ бифиристанд.
Беш аз 340 кӯдаки исмоилӣ роҳи мадрасаҳои динӣ шуданд
Бозёфтҳои ин гузориш нишон медиҳад, ки дар бархе аз минтақаҳо, ба вижа дар вулусволии Дарвоз, шуморе аз кормандони ниҳодҳои вобаста ба режими Толибон, аз ҷумла муаллимон, хонаводаҳоро ба сурати иҷборӣ муваззаф ба сабтиноми кӯдаконашон дар мадрасаҳои динӣ кардаанд.
Бар асоси бозёфтҳои ин гузориш, танҳо дар панҷ вулусволии Дарвозҳо, беш аз 340 кӯдаки исмоилӣ аз 9 то 16-сола аз деҳаҳои Обған, Парид, Рован, Орун, Садаҳа, Парких ва Зинг дар вулусволии Нусай; Ғамӣ, Оумарн ва Вуру дар вулусволии Маймай; ва Зангрия, Деҳхоҳ ва Хадра дар вулусволии Шикай, дар тӯли панҷ соли ҳокимияти Толибон дар мадрасаҳои динӣ сабтином шудаанд.
Хонаводаҳои ин кӯдакон мегӯянд, барномаҳои таълимии ин мадрасаҳои динӣ бо боварҳо ва омӯзишҳои мазҳабии исмоилиён тафовути асосӣ доранд; дар ҳоле ки ҷомеаи исмоилӣ низоми таълимии мазҳабии вижаи худро дорад, ки аз сӯи Маркази исмоилиён пуштибонӣ мешавад.
Фишор барои тағйири мазҳаб; дастикам ҳафт маврид сабт шудааст
Маълумоти бадастомада аз мусоҳибашудагон нишон медиҳад, ки дар натиҷаи фишорҳои амниятӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, мавридҳое аз тағйири мазҳаб низ дар миёни аъзои ҷомеаи исмоилӣ рух додааст. Бо ин ҳол, ба гуфтаи онҳо, шумораи дақиқи ин мавридҳо ба далели маҳдудиятҳои татбиқшуда аз сӯи Толибон, набудани имкони ҳуҷҷатгузорӣ ва тарси афрод аз фош шудани чунин рӯйдодҳо, дар дастрас нест.
Тибқи бозёфтҳои ин гузориш, дастикам ҳафт мавриди тағйири мазҳаб мустанад шудааст. Бар асоси маълумоти ҷамъоваришуда, дар ду марҳила дар вулусволии Нусайи Дарвоз, 36 нафар ба сурати гурӯҳӣ мазҳабашонро тағйир додаанд. Ҳамчунин, ду маврид, аз ҷумла як корманди маориф, дар Шива ва чаҳор мавриди дигар дар вулусволиҳои Ишкошим, Ҷурм ва Шуғнон сабт шудааст, ки дар маҷмӯъ 13 нафарро шомил мешавад. Мусоҳибашудагон мегӯянд, ин тағйирот дар фазои фишор ва таҳдид сурат гирифтааст.
Бархе аз ин хонаводаҳо мегӯянд, ки афроди амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон хонаводаҳоеро, ки ҳозир ба тағйири мазҳаб нестанд, ба пардохти ҷаримаи нақдӣ таҳдид мекунанд. Онҳо меафзоянд, ки ба далели фақр ва набудани тавоноии иқтисодӣ барои пардохти ин ҷаримаҳо, шуморе аз хонаводаҳо ночор ба пазируфтани хости ин гурӯҳ шудаанд.
Нигаронӣ аз куштор ва хушунат алайҳи исмоилиён
Яке аз масъулони бахши фарҳангии ҷомеаи исмоилӣ дар Бадахшон аз кушта шудани шуморе аз афроди фаъоли ин ҷомеа дар ин вилоят сухан мегӯяд ва нигаронии худро аз идомаи ин кушторҳо ва афзоиши мавридҳои лату кӯб алайҳи исмоилиён дар Бадахшон изҳор мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, Амирбек, яке аз раҳбарони калидии ҷомеаи исмоилӣ ва консули Оғохон, дар моҳи сентябри соли 2022 ҳамроҳ бо ду нафар аз ҳамкоронаш дар масири Дарвоз, дар пайи чаппа шудани мошинашон ҷони худро аз даст доданд. Ӯ мегӯяд, таҳқиқоти анҷомшуда нишон додааст, ки ин рӯйдод ба сурати қасдӣ рух додааст.
Ҳамчунин ӯ меафзояд, ки Исломуддин, хонандаи синфи ҳафтум дар деҳаи Дагарганд, вулусволии Вахон, Фазл-Аҳмад Пайёз, коргари ихтиёрии бахши фарҳангии Оғохон дар вулусволии Зебок, Саломат, Шоҳҳасан ва Шоҳназар дар моҳи январи соли 2026 дар маркази шаҳри Файзобод, ва Лайлимо, аз занони фаъол дар бахшҳои иқтисодӣ ва ҳамсари Салом Мафтун, овозхони маҳаллӣ, дар моҳи май дар вулусволии Шуғнон, аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки ба гуфтаи ӯ, кушта шудани онҳо ба режими Толибон нисбат дода мешавад.
Илова бар ин, гузоришҳо аз кушторҳои ғайрирасмӣ ва боздоштҳои худсарона дар шуморе аз вулусволиҳои дигари Бадахшон низ вуҷуд дорад, ки шумораи онҳо тақрибан 11 маврид арзёбӣ шудааст. Бо вуҷуди набудани омори расмӣ ва фарогир дар ин замина, ин мавридҳо нигарониҳои ҷиддиро дар бораи амнияти ҷони ва вазъи ҳуқуқи башари исмоилиён дар ин вилоят афзоиш додааст.
Китобҳо ва марказҳои фарҳангии исмоилиён зери маҳдудият
Бозёфтҳои ин гузориш нишон медиҳад, ки фаъолияти фарҳангӣ ва мазҳабии ҷомеаи исмоилӣ низ бо маҳдудиятҳои густурда рӯ ба рӯ шудааст. Гузоришҳо аз таътили дастикам 10 ҷамоатхона дар вулусволиҳои исмоилинишини вилояти Бадахшон, аз ҷумла Вахон, Шуғнон, Зебак, Ишкошим, Нусай, Шикай, Маймай ва Ямгон, ва ҳамчунин маҳдудият дар фаъолияти ниҳодҳои фарҳангии вобаста ба ин ҷомеа дар ин вулусволиҳо хабар медиҳанд.
Мусоҳибашудагон аз мусодираи марказҳои фарҳангии исмоилиён ва истифода аз ин маконҳо ба унвони меҳмонхона аз сӯи афроди Толибон сухан мегӯянд. Онҳо иддао мекунанд, ки Толибон бо ин истидлол, ки дар вулусволиҳо ва деҳот масҷидҳо вуҷуд доранд ва ниёзе ба чунин марказҳо нест, маконҳои ибодӣ ва фарҳангии исмоилиёнро тасарруф кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, бархе афрод ба далели тарс аз паёмадҳои амниятӣ, аз эътироз ё матраҳ кардани ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
Ҳамчунин, мусоҳибашудагон мегӯянд, ки ҷамъоварии китобҳо ва рамзҳои мазҳабии исмоилиён ба гунаи ғайрирасмӣ дар бисёре аз минтақаҳо сурат гирифта ва фазои фаъолияти фарҳангии ин ҷомеа ба таври шадид маҳдуд шудааст. Онҳо меафзоянд, ки мардум ба далели нигарониҳои амниятӣ, наметавонанд китобҳо, роҳнамудҳои омӯзишӣ ва дигар маводи фарҳангии марбут ба боварҳои мазҳабии худро ба сурати ошкор истифода кунанд.
Фишорҳои Толибон ва афзоиши муҳоҷирати исмоилиён
Бозёфтҳои ин гузориш нишон медиҳад, ки вазъи амниятӣ, озодиҳои мазҳабӣ, дастрасӣ ба омӯзиш ва шароити иқтисодии исмоилиёни Бадахшон ба таври шадид осеб дидааст. Бисёре аз хонаводаҳо дар пайи фишорҳои давомдор, ночор ба кишварҳои ҳамсоя монанди Тоҷикистон, Покистон ва Эрон, ва ҳамчунин ба Кобул муҳоҷират кардаанд. Ин раванди муҳоҷират паёмадҳои густурдаи иҷтимоӣ ва инсонӣ барои ҷомеаи исмоилӣ ба ҳамроҳ дошта ва боиси парокандагии хонаводаҳо ва заъиф шудани пайвандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо шудааст.
Пеш аз ин, созмони ҳуқуқи башарии Раводорӣ дар як гузориш гуфта буд, ки озор ва табъиз алайҳи ҷомеаи исмоилӣ дар Афғонистон решаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Бо ин ҳол, бозёфтҳои ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки пас аз тасаллути Толибон, ин табъизҳо ва фишорҳо шакли созмонёфтаи бештар ба худ гирифта ва ба бахшҳои гуногуни зиндагии пайравони ин ақаллияти мазҳабӣ густариш ёфтааст.
Бар асоси бозёфтҳои ин гузориш, Толибон дар чаҳор соли нахустини ҳокимияти худ, ба вижа дар бахшҳое аз вилояти Бадахшон, омӯзиши фиқҳи ҳанафиро бар кӯдакони исмоилӣ таҳмил кардаанд. Ин гузориш ҳамчунин меафзояд, ки тавассути такфири ошкор, фишорҳои созмонёфта, иръоб, таҳдид ба куштор, боздошт, шиканҷа ва дигар шеваҳои хушунатомез, шуморе аз аъзои ҷомеаи исмоилӣ барои тарки мазҳаби худ ва пазируфтани мазҳаби суннӣ таҳти фишор қарор гирифтаанд.