Як бистари дигар барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини ҳамкории устувор бо Русия
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Дар шаҳри Душанбе, 30-уми сентябри соли 2025, бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) ва молиягузории Федератсияи Русия лоиҳаи платформаи миллии рақамии "Равзанаи ягона барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ" расман оғоз гардид. Ин лоиҳа қадамҳои муҳими рақамисозиро барои тақвияти фазои сармоягузории Тоҷикистон ва соддагардонии равандҳои маъмурӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ мекунад.
Лоиҳаи мазкур дар меҳмонхонаи Hayat Ragency бо иштироки Семён Григорев - Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳра Маҳмадҷон - Сардори Раёсати сиёсати инвеститсионии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Алексей Сарвасов – мутахассиси рушди саноат дар ЮНИДО, менеҷери лоиҳаи платформаи миллии рақамии "Равзанаи ягона барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ" бо баргузории як нишасти матмуотӣ муаррифӣ шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, «Равзанаи ягона» вазифаи мутамарказкунии ҳамаи равандҳои ба соҳибкорон ва сармоягузорон нигаронидашударо иҷро намуда, имкон медиҳад, ки ҳама иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳо дар як платформаи рақамӣ зуд ва осон дарёфт ва тамдид шаванд. Ин платформа ба баланд бардоштани шаффофият, коҳиш додани хароҷоти муомилотӣ ва беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Тавре Манучеҳра Маҳмадҷон - Сардори Раёсати сиёсати инвеститсионии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нишасти матбуотӣ иброз дошт: «Таъсис додани “Равзанаи ягона” як қадами муҳим ба сӯи табдилдиҳии рақамии фазои сармоягузории кишвар мебошад. Мо итминон дорем, ки лоиҳа суръатбахшандаи рушди устувор ва ҷалби сармоя хоҳад буд. Ин платформа расмиётҳоро содатар намуда, монеаҳои маъмуриро коҳиш ва шаффофиятро баланд мебардорад».
Дар ҳамин замина иштироки Семён Григорев - Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Имрӯз мо шоҳиди як ташаббуси ҷолиб бо дурнамои муҳим ҳастем, ки ҳамкории байни Тоҷикистон, ЮНИДО ва Русияро тақвият мебахшад. Мо итминон дорем, ки ин лоиҳа барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ва пешрафти рақамисозӣ таъсири мусбат хоҳад дошт. Русия ҳамчун шарики калидӣ дар дастгирии молиявӣ ва техникии лоиҳа нақши муҳим мебозад».
Ин платформа яке аз ҷузъҳои калидӣ дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давра то соли 2030 ва барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ маҳсуб мешавад. Лоиҳа ҳамгироии вазорату идораҳои давлатӣ, рақамикунонии равандҳои корӣ ва омӯзонидани кормандонро дар бар мегирад. Муҳлати иҷрои тарҳ 48 моҳ пешбинӣ шудааст.
Алексей Сарвасов – мутахассиси рушди саноат дар ЮНИДО, менеҷери лоиҳаи платформаи миллии рақамии "Равзанаи ягона барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ" ба ин назар аст, ки «Платформаи «Равзанаи ягона» имкониятҳои нав барои суръат бахшидани равандҳои сармоягузорӣ ва беҳтар намудани муҳити тиҷоратии кишварро фароҳам меорад».
Муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар ин лоиҳа намунаи ҳамкории муваффақияти байналмилалӣ буда, барои таъмини рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ рӯи даст гирифта шудааст. Дастгирии молиявии Русия ба Тоҷикистон барои муваффақияти лоиҳа заминаи мустаҳкамеро фароҳам месозад, ки метавонад боиси тарҳрезии таҷрибаҳои ҳамкории минбаъда дар минтақа гардад.
Дастгирии молиявӣ ва техникӣ аз ҷониби Русия барои амалӣ намудани ин лоиҳа намунаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории мустаҳками байни ду кишвар ба шумор меравад. Муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар бахши рушди иқтисоди рақамӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба унвони панҷараи устувори ҳамкории дуҷониба шинохта мешаванд.
Ин платформа метавонад таҷрибаи ҳамкории минбаъдии ду кишвар ва минтақаҳои ҷаҳонро такмил диҳад ва таҷрибаи дуҷонибаеро, ки бо ҳамин лоиҳа таҳия мешавад, барои дигар давлатҳо низ манфиатовар гардонад.
Лоиҳа барои муваффақият на танҳо такмил ва соддагардонии раванди иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, балки барои эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Бо ба роҳ мондани платформаи рақамии «Равзанаи ягона», Тоҷикистон метавонад роҳи нави рушди иқтисод ва мустаҳкам намудани ҷойгоҳи худ дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пеш бигирад.
Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, осон кардани кори субъектҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ амалӣ мешавад, ки дар натиҷа рушди устувори иқтисоди миллӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва имкониятҳои нав барои соҳибкорон ва сармоягузорон фароҳам меояд. Ба андешаи директори муассисаи давлатии, Пажуҳишгоҳи илмию татқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмурод Зайниддинзода «Ин ташаббус ба азнавсозии хидматрасониҳо барои сармоягузорон, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани шаффофияти расмиётҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шудааст».
Оҷонси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) тавассути ин лоиҳа иштирок мекунад ва дастгирии техникиву машваратиро пешниҳод менамояд. ЮНИДО ҳамчун оҷонсии махсуси СММ дар соҳаи рушди устувор ва рақамисозии саноат нақши муҳим мебозад ва бо истифода аз таҷрибаҳои бисёрсола кӯшиш мекунад рушди иқтисоди кишварҳоро тезонид.
Ба иттилои Алексей Сарвасов лоиҳа инчунин ба омӯзиши кормандон ва рушди захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳ мекунад, то онҳо тавонманд шаванд бо низомҳои рақамӣ ва технологияҳои муосири иттилоот кор кунанд. Ин омил барои ҳамоҳангсозии самарабахши равандҳо ва қонеъ гардонидани талаботи соҳибкорон ва сармоягузорон муҳим аст.
Дар Тоҷикистон айни ҳол 6 минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ): «Суғд» – вилояти Суғд, шаҳри Ғафуров, «Панҷ» – вилояти Хатлон, ноҳияи Панҷ, «Ишкошим» – ВМКБ, ноҳияи Ишкошим, МОИ «Данғара» – вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, «Кӯлоб» – вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, «Ҳисор» – шаҳри Ҳисор, амал мекунанд.
Пешрафтҳои татбиқшуда нишон медиҳанд, ки «Равзанаи ягона» метавонад қадами аввалин ва устувор ба сӯи системаи мукаммали рақамии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гардад. Дар оянда, эҳтимол меравад, ки ин платформа тавсеа ёфта, ба дигар минтақаҳо низ васеъ карда шавад.
Бо ҳамин васила Тоҷикистон метавонад дар арсаи иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақш ва эътибори худро бештар баланд бардорад ва барои таҷрибаи дигар кишварҳои рушдёбанда намуна гардад.
Дар солҳои охир рақамисозии соҳаҳои гуногуни иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар тамоми ҷаҳон ба унвони омили муҳими рушди устувор ва тақвияти фазои пешрафти тиҷорат шинохта шудааст. Тоҷикистон низ бо назардошти зарурати замони муосир бо ҷиддият ба истифодаи технологияи рақамӣ барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва зидди монеаҳои маъмурӣ рӯ овардааст.