Хабари рӯз

Чаро дин ва тааллуқоти қавмӣ дигар ҳимояти сиёсии Толибонро тазмин намекунанд?

Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон

Толибон аз оғоз ду сангар ва ду паноҳгоҳ барои худ сохта буданд: дин ва қавм.

Сангари нахуст, яъне шиори динӣ ва иддаои ҳукумат бар мабнои шариат, солҳо муҳимтарин пуштвонаи Толибон буд. Онон ҳар мухолифати сиёсиро бо қироати динии худ посух медоданд. Ин сангар пас аз расидани Толибон ба қудрат, ба тадриҷ тарк бардошт ва акнун аз даруни ҳамон ҳавзаҳои динӣ садое баланд шудааст, ки Толибон солҳо машрӯъияти худро аз он мегирифтанд.

Изҳороти ахири Муфтӣ Абдурраҳим, раиси Ҷомеатуррашиди Карочӣ, аз ҳамин манзар аҳамият дорад. Вақте як олим ва мударриси шинохташуда дар ҳавзаи Девбандӣ, Толибонро «хавориҷ» мехонад ва машрӯъияти динии ононро ба чолиш мекашад, мавзӯъ дигар сирфан ихтилофи сиёсӣ миёни Покистон ва Толибон нест; ҳадаф ҳамон сангари динии Толибон аст.

Дар канори он, иддаоҳое, ки дар бораи дарёфти кӯмак аз Ҳинд ва истифода аз фанноварии низомии Исроил матраҳ шудаанд, низ Толибонро бо пурсишҳои душворе рӯбарӯ мекунад; зеро ҳукумате, ки худро намояндаи як қироати холис ва мустақил аз Ислом муаррифӣ мекунад, ногузир бояд дар бораи муносибот ва манобеъи ҳимояти хориҷии худ посухи рӯшан бидиҳад.

Толибон паноҳгоҳи дигаре низ доранд: қавм.

Толибон дар солҳои ахир беш аз пеш кӯшидаанд худро пушти унвони қавм пинҳон кунанд ва аз эҳсосоти қавмӣ барои ҳифзи мавқеияти сиёсии худ баҳра бигиранд. Аммо ин паноҳгоҳ низ дигар он истеҳкоми гузаштаро надорад.

Имрӯз бахше аз паштунҳои огоҳ ба ин натиҷа расидаанд, ки дифоъ аз Толибон ба номи қавм, дар ниҳоят метавонад ҳазинае таърихӣ бар дӯши худи ин қавм бигузорад.

Дар чунин шароите, зуҳури садои тоза аз даруни ҷомеаи паштун аҳамият пайдо мекунад. Гулбиддин Ҳикматёр, аз чеҳраҳои шинохташуда, пурҳошия ва таъсиргузори даврони ҷиҳод ва сиёсати Афғонистон, пас аз солҳо робитаи пурпечухам бо Толибон, акнун бо адабиёте сареҳтар дар баробари онон мавзеъ мегирад ва бар вогузории қудрат ба мардум, намояндагии сиёсӣ ва тағйири сохтори сиёсӣ таъкид мекунад.

Аҳамияти ин мавзеъ дар ин аст, ки паноҳгоҳи қавмии Толибон низ вориди марҳалаи ҷадид шудааст. Дар ин миён, агар оқои Ҳикматёр бихоҳад нақши фаъолтаре дар сиёсати Афғонистон ифо кунад, таҷрибаи тӯлонии ӯ дар басиҷи сиёсӣ ва созмондиҳии иҷтимоӣ метавонад ба ӯ имкон диҳад бахше аз ҷомеаро, ки Толибон солҳо муддаии намояндагии он будаанд, дубора мухотаб қарор диҳад.

Аммо оё ин бор паноҳгоҳи қавмии Толибон низ монанди паноҳгоҳи динии онон, зарфияти худро аз даст хоҳад дод? Толибон бештар аз ин наметавонанд пушти девори дин ва қавм пинҳон бимонанд.

Агар оқои Ҳикматёр ин бор бихоҳад ба майдони сиёсат баргардад, озмуни аслии ӯ низ ҳамин хоҳад буд: оё метавонад аз таҷриба ва иштибоҳоти гузашта убур кунад ва бо як рӯйкарди сиёсии тоза, фарогир ва қобили қабул вориди майдон шавад?

Зеро Афғонистон ба тағйири қавоиди бозии сиёсӣ ниёз дорад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!