Маҷмаъи иқтисодии Шарқ - 2025 чӣ армуғон дар пай дорад?
Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, таҳлилгар (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”
Маҷмаъи иқтисодии Шарқ - 2025 (EEF) қарор аст аз 3 то 6 сентябр дар Владивосток баргузор шавад. Мавзӯъ аслӣ: “Шарқи Дур – ҳамкорӣ дар масири сулҳу шукуфоӣ” аст. Лозим ба зикр аст, ки ин давра, даҳумин давраи ин маҷмаъ маҳсуб мешавад. Баргузоркунанда Бунёди Росконгресс аст.
Дар мавриди Бунёди Росконгресс бояд гуфт, ки ин созмон дар соли 2007 таъсис шуд то ба тавсеаи иқтисоди Русия ва тақвияти манофеъи миллии он кӯмак кунад. Бо таҳлили вазъияти феълии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Росконгресс саҳми худро дар тақвияти иқтисоди кишвар ифо мекунад. Ширкаткунандагон аз 209 кишвар ва беш аз 15 ҳазор намояндаи расонаӣ фазои корӣ ва пӯё эҷод мекунанд. Ҳамчунин беш аз 5000 коршиноси дохилӣ ва хориҷӣ дар таҳияи матолиби таҳлилӣ мушорикат доранд. Росконгресс бо 212 шарики хориҷӣ, гурӯҳҳои саноатӣ ва маҳофили молӣ, тиҷорӣ ва касбу кор аз 86 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва бо 293 созмони иҷтимоии Русия ва ниҳодҳои федералу минтақаии иҷроӣ ва қонунгузорӣ дар таомул аст. Бино бар ин, барои чунин созмоне ҳеҷ рӯйдоде “ташрифотӣ” нест.
Коршиносон ба таври куллӣ чашмандози баргузории ин рӯйдоди бузургро мусбат арзёбӣ мекунанд. “Мутаассифона, мебинем, ки дар ҷаҳони имрӯз, ҷоҳталабиҳои сиёсии беасоси бархе кишварҳои ҳамсоя, ба таомулоти тиҷорӣ ва фаъолиятҳои инсонӣ ва илмӣ осеб мезанад. Аммо Русия ҳамчунон барои ҳамкорӣ боз аст. Дар Шарқи Дур, режимҳои тарҷеҳӣ вуҷуд доранд. Сармоягузорони хориҷӣ низ ба унвони сокинони манотиқи тавсеаи пешрав ва бандари озоди Владивосток фаъол ҳастанд. Акнун дар ҳоли эҷоди як чорчӯби ҷадид ҳастем – минтақаи байналмилалии тавсеаи пешрав, ки фурсатҳои мутақобили судманд барои тақвияти иқтисоди кишварҳоямон фароҳам мекунад. Яке дигар аз масирҳои ҳамкорӣ, Масири баҳри Шимол аст, ки кӯтоҳтарин коридори ҳамлу нақл байни Аврупо ва Шарқи Дур ба шумор меравад. Ин ва дигар мавзӯъот дар Маҷмаъ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт”, – гуфт Юрий Трутнев, муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия ва намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар Минтақаи федерали Шарқи Дур.
Ба навбаи худ, Антон Кобяков, мушовири раисҷумҳури Русия ва дабири масъули Кумитаи созмондеҳии Маҷмаъи иқтисодии Шарқ - 2025 изҳор дошт: “Мавзӯъи аслии маҷмаъи оянда, арзиши гуфтугӯи байналмилалии баробар ва ҳамзистии мусоламатомезро ба унвони асоси тавсеаи пойдор мунъакис мекунад. Нақши вежаи EEF дар ҳамсӯ кардани равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ бо аҳдофи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Шарқи Дури Русия аст”.
Дар мавриди таваҷҷуҳи иқтисодии фазояндаи Русия ба Осиё, бояд гуфт, ки ин амр ношӣ аз афзоиши танишҳо (таҳримҳо ва иқдомоти сиёсӣ) аз сӯи ҷаҳони Ғарб аст. Ғарб аз ҷанги иқтисодӣ бо Русия бештар зарар кард то суд.
Худ баргузории EEF-2025 ва ҳатто густариши он нишон медиҳад, ки натоиҷи пешбинишуда аз таҳримҳо алайҳи Русия на танҳо муҳаққақ нашуда, балки хисороти чандмиллиарддолларӣ барои тарроҳони он ба ҳамроҳ доштааст. Замони он фаро расидааст, ки ҷаҳони Ғарб ба осебзоии сиёсатҳои кӯр пай бибарад, замоне, ки сиёсат иқтисодро таҳти шароити худ қарор медиҳад, дар ҳоле, ки ба назари иқтисоддонони ғарбӣ, иқтисод бояд бозтоби мутамаркизи сиёсат бошад, на билъакс.
Бешак, барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, EEF-2025 метавонад манбае изофӣ барои тавсеаи равобити молӣ ва иқтисодии байниминтқаӣ бошад. Ин амр бавежа дар шароити муқобилаи ҷаҳонии Ғарб бо Русия аҳамият дорад. Кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва манотиқи наздик ба он равобити таърихӣ ва ҳамкориҳои мустаҳкаме доранд. Ин маҷмаъ бо ҷамъоварии намояндагони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, молӣ ва сиёсӣ, худро ба унвони бистари қобили эътимод барои ҳамкории байни кишварҳо ва манотиқ муаррифи кардааст. Ин амр ба навбаи худ ба тасбити зиндагии иҷтимоӣ-сиёсии дохилӣ низ кӯмак мекунад.
Осиё низ бетафовут нест. Осиёи Марказӣ ба ин маҷмаъ алоқа нишон медиҳад. Дар қолаби бистарҳои тиҷорӣ Чин, Ҳинд, Таиланд, Миянмар ва Иттиҳодияи кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё (ASEAN) акнун дар амал ҳузур доранд. Раванди ҳамгироӣ ва тавсеа дар ин фароянд ба вузӯҳ қобили мушоҳида аст.