Хабари рӯз

Ширкатҳои хориҷӣ корҳояшонро мутаваққиф мекунанд ва касе нест, ки ҷойи онҳоро бигирад.

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори ихтисосии “Независимая газета” (НГ)

Афзоиши баҳои нафт ва камбуди манобеи энержӣ ба равандҳои ҷаҳонии соли 2026 табдил шудаанд. Буҳронҳои низомии тӯлонӣ перомуни Эрон ва Украина, кишварҳо, аз ҷумла содиркунандагони манобеи энержиро водоштаанд сиёсати энержии худро бознигарӣ кунанд. Вазъияти пешомада бештарин осебро ба кишварҳои тавсианаёфтае ворид карда, ки ба таври суннатӣ ба воридоти фаровардаҳои нафтӣ ва газ вобастаанд. Афғонистон низ дар миёни ин кишварҳост; кишваре, ки беш аз панҷ сол аст зери ҳокимияти Толибон қарор дорад.

Намояндагони “Толибон” дар тамоми ин солҳо аз сухан гуфтан дар бораи ҷадвали Менделееви нуҳуфта дар аъмоқи замини Афғонистон хаста нашудаанд; ба ин умед, ки сармоягузорони хориҷиро барои баҳрабардорӣ аз захоири маъданӣ ва, бавежа, майдонҳои нафту газ ҷазб кунанд; майдонҳое, ки бахши умдаи онҳо дар шимоли Афғонистон қарор дорад.

Бар пояи гузоришҳои расонаҳо, эъломияҳои қасди ҳамкорӣ ва қарордодҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳое аз Чин, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қатар ва бархе кишварҳои дигар имзо шудааст; ширкатҳое, ки гӯё омода буданд пружаҳои иқтисодии ояндадореро дар сарзаминҳои “Аморати исломӣ”-и Толибон иҷро кунанд. Аммо тақрибан ҳамаи ин пружаҳо ё рӯйи коғаз монданд ё дар нимаи роҳ раҳо шуданд.

Арзёбиҳо ва натиҷагириҳои як гузориши маҳрамонаи майдонии 80-саҳифаӣ дар бораи назорат бар фаъолияти ширкатҳои паймонкор, гӯёи вазъияти бахши нафту гази Афғонистони зери ҳокимияти Толибон аст. Ин гузоришро Вазорати маодин ва петролиуми “Толибон” таҳия кардааст ва санади он дар ихтиёри “НГ” қарор дорад.

Ин гузориш ба таърихи 14 сентябри 2026 таҳия шуда ва натоиҷи бозрасии фаъолияти ширкатҳои хориҷиро ироа мекунад, ки ба унвони паймонкорони вазорати маодин ва петролиуми Толибон, дар пружаҳои калидии нафту газ дар шимоли Афғонистон кор мекарданд. Аз ҷумлаи ин пружаҳо, блоки газии Тутимайдон, ду чоҳи газ дар соҳаи Ятимтоғ, иктишофи ларзанигории дубуъдии блоки Бозоркамӣ, пружаи хатти лӯлаи гази Шибирғон–Мазори Шариф ба тӯли наздик ба 100 километр, хатти лӯлаи газ ба тӯли 6 километр дар соҳаи Қашқарӣ, соҳаи Зумурадсой, се блоки мавриди тавофуқ дар ҳавзаи нафту гази афғон–тоҷик, соҳаи Қашқарӣ ва таъсисоти муртабит бо он қарор доранд.

Чунон ки дар натиҷаи ҳисобрасӣ мушаххас шуд, паймонкорони хориҷӣ ба тааҳҳудоти худ амал ва муҳлатҳои иҷрои пружаҳои пештар мавриди тавофуқро риоят накардаанд. Барои намуна, бар пояи тафоҳумномае, ки дар 17 августи 2024 миёни Вазорати маодин ва петролиуми Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ва ширкате аз Ӯзбекистон имзо шуд, анҷоми мутолиоти заминшиносӣ, иктишофоти геофизикӣ ва, дар сурати ниёз, мутолиоти такмилӣ дар блокҳои Муҳаммадҷондагир, Аҳмадобод ва Шамар ба ин ширкат супурда шуд; блокҳое, ки бахше аз ҳавзаи нафту гази афғон–тоҷик ҳастанд.

Дар гузориш омадааст: “Иктишофи ларзанигории дубуъдӣ дар блоки Муҳаммадҷондагир аҳамияти фаннии фаровоне дорад, зеро ба шиносоии сохторҳои билқувваи нафту газдор, коҳиши хатари иктишоф ва эҷоди мабное қобили эътимод барои тасмимгирӣ дар бораи ҳаффориҳои баъдӣ кумак мекунад”.

То оғози пойизи 2026, ҳисобрасони вазорати маодин ва петролиум эълом карданд, ки пружа ҳанӯз то такмил фосилаи зиёде дорад, ҳамчунон "дар марҳалаи иҷро қарор дорад" ва "дар барномарезӣ, мудирияти корҳои майдонӣ, гузоришдиҳӣ ва таҳвили асноди калидӣ ба вазорат, костиҳои ҷиддӣ дорад”.

Вазъият дар соҳаи Тутимайдон низ ба ҳамон андоза буҳронӣ аст. Ҳисобрасони вазорати маодин ва петролиум, бар пояи натоиҷи кори паймонкорони хориҷӣ, “хатарҳои ҷиддии фаннӣ, қарордодӣ, иқтисодӣ ва эътиборӣ барои пружа” пешбинӣ мекунанд: “Ин воқеият нигаронкунанда аст, ки соли 2025 бидуни иҷрои фаъолиятҳои калидӣ поён ёфт, барномаи кории пешниҳодӣ барои соли 2026 то кунун ба тасвиби вазорат нарасида ва ширкат дар соли ҷорӣ ҳеҷ кори амалии малмус ва қобили ростиозмоиро дар соҳа оғоз накардааст. Дар натиҷа, пружа амалан дар вазъияти таълиқ қарор гирифта ва замони қарордодӣ ва амалиётӣ, бидуни дастёбӣ ба натиҷаи фаннии қобили таваҷҷуҳ, сипарӣ мешавад”.

Дар бахши ҳаффории чоҳҳо дар соҳаи Ятимтоғ, арзёбии ҳисобрасон танҳо “омодасозии муқаддамотӣ, интиқоли маҳдуди таҷҳизот ва анҷоми бархе корҳои майдонӣ”-ро нишон дод, ки “наметавон онро такмили амалиёти фаннӣ донист”. Дар натиҷагирии ҳисобрасон омадааст: “Такмили воқеӣ танҳо дар сурати вуҷуди барномае ҷомеъ барои ҳар чоҳ, таҷҳизоти муносиб, кормандони мутахассис, маводи шимиёии лозим, системаи контроли чоҳ, барномаи эманӣ, иҷрои амалиёти фаннӣ, анҷоми озмоишҳо пас аз поёни кор ва таҳияи гузориши ниҳоӣ имконпазир аст”. Ҳеҷ яке аз ин маворид анҷом нашуда буд.

Дар санади вазорати маодин ва петролиум, ба набуди мудирияти илмӣ ва мустадалли махзан дар соҳоти истихроҷии Зумуррадсой, Қашқарӣ ва Омударё ишора шудааст: “Афзоиши истихроҷ бидуни огоҳии дақиқ аз фишори махзан, ҳаҷми гази ҳамроҳ, мизони об, дебии муҷози чоҳҳо, вазъияти парафин, кайфияти нафти хом, короии ҷудокунандаҳо ва зарфияти таъсисоти сатҳӣ, мумкин аст дар кӯтоҳмуддат зоҳиран ҳаҷми тавлидро афзоиш диҳад; аммо дар миёнмуддат метавонад ба коҳиши фишори махзан, афзоиши саҳми об дар сайёли тавлидӣ, коҳиши ҳаҷми нафти холис, осебдидагии чоҳҳо ва коҳиши зариби ниҳоии бозёфт мунҷар шавад”.

Ҳисобрасон таъкид мекунанд, ки акнун истихроҷи ҳидрокарбонҳо дар ин минтақаи роҳбурдии нафту газ дар шимоли Афғонистон, танҳо “бар пояи тасмимҳои фаврӣ ва фоқиди мустандасозии кофӣ” анҷом мешавад.

Чашмандози баҳрабардории муассир аз майдонҳои калидии нафту гази шимоли Афғонистон дар ҳоли ҳозир мубҳам аст; пеш аз ҳама, ба далели худдории амалии паймонкорони хориҷӣ аз анҷоми тааҳҳудоте, ки пазируфтаанд. Дар гузориши Вазорати маодин ва петролиуми Толибон омадааст, ки “фаъолиятҳои калидии соли 2025 (аз сӯйи шарикони хориҷӣ) такмил нашуд ва ширкат (хориҷӣ) дар соли ҷорӣ ҳеҷ кори амалӣ дар соҳа анҷом надодааст".

Афзун бар ин, паймонкори аслии хориҷӣ дар номае расмӣ ба таърихи 27 феврали 2026, ҳукумати “Толибон”-ро аз таваққуфи кор дар тамоми пружаҳои худ дар Афғонистон огоҳ кард ва “вазъияти ноамн, шароити изтирорӣ (форс-мажор) ва авомили хориҷӣ”-ро далоили ин тасмим донист.

Ҳанӯз равшан нест, ки режими Толибон чӣ гуна мехоҳад аз даст додани ин паймонкори муҳими хориҷиро ҷуброн кунад. Аморат мутахассисони худро надорад, ки битавонанд баҳрабардории ҳирфаӣ аз майдонҳои нафту гази шимоли Афғонистонро таъмин кунанд. Метавон барои ҷазби шарикони хориҷӣ талош кард, аммо ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки онон низ пас аз чанд моҳ, ҳамонанди пешиниёни худ, аз кишвар нагурезанд.

Дар ҳамин ҳол, вазъияти амниятӣ дар манотиқи шимолӣ ва шарқии кишвар ҳар рӯз барои Толибон вахимтар мешавад: неруҳои Муқовимати Афғонистон акнун бо муваффақият ба воҳидҳои “Толибон” ҳамла мекунанд ва бархе манотиқро, ки феълан кӯчаканд, ба тасарруф дармеоваранд. Комилан муҳтамал аст, ки дар баҳори 2027 фаъолияти мухолифони мусаллаҳи Толибон бештар шавад ва он гоҳ ногузир бояд барои муддате тӯлонӣ, ҳар гуна пружаи иқтисодии ҷиддӣ дар шимоли Афғонистонро ба фаромӯшӣ супурд.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!