Русия қасд дорад Масири дарёии шимолро ба як долони байналмилалии киштиронӣ дар тамоми тӯли сол табдил кунад
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Владимир Путин, раисиҷумҳури Федератсияи Русия, дастур додааст, ки бознигарӣ ва такмили тарҳи ҷомеи тавсеаи Қутби Шимол ва долони ҳамлу нақли Трансарктик то соли 2050 дар кӯтоҳтарин замони мумкин ба поён бирасад ва ҳадафи барқарории киштиронӣ дар тамоми тӯли солро таъйин кардааст.
Дар фосилаи моҳҳои январ то сентябри 2026, ҳудуди 31 миллион тонна коло аз тариқи Масири дарёии шимол ҳамл шудааст, ки 20 дарсад бештар аз кулли соли 2025 аст. Бар асоси пешбиниҳои ширкати давлатии “Росатом”, ин шохис то поёни соли ҷорӣ ба дастикам 40 миллион тонна хоҳад расид. Ҳадафи таъйиншуда барои соли 2030, интиқоли 110 то 150 миллион тонна коло аст.
Аз соли 2014 то 2025, ҳаҷми ҳамлу нақли коло аз тариқи Масири дарёии шимол аз 3,98 миллион тонна ба 37 миллион тонна афзоиш ёфтааст. Бо ин ҳол, таҳаввули кайфӣ дар соли 2026 рух дод; замоне ки ин масир, ки пештар умдатан шоҳроҳе русӣ барои ҳамли маводи хом буд, ба тадриҷ ба як долони транзитии байналмилалӣ табдил шуд. Шумори сафарҳои киштиҳои контейнерии чинӣ аз ҳафт сафар дар соли 2023 ба беш аз сӣ сафар дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.
Дар 15 август, нахустин сервиси ҳафтагии ҳамли контейнер аз тариқи Масири дарёии шимол, бо номи “China-Europe Arctic Express”, дар масири Нингбо – Феликстоу роҳандозӣ шуд. Муддати сафар дар ин масир ҳудуди 20 рӯз аст, дар ҳоле ки убур аз Канали Суэтс 40 рӯз тӯл мекашад. Нахустин киштӣ ба номи “Dubai Tower” дар 19 август аз бандари Чингдао ҳаракат кард, ки худравҳои барқӣ, батареяҳои литийӣ ва таҷҳизоти энержиҳои таҷдидпазирро ҳамл мекард.
Як ширкати чинии дигар, ки аз соли 2023 дар Масири дарёии шимол фаъолият дорад, дар 23 сентябр, 880 контейнер ҳомили қитъаҳои худравро ба шаҳри Архангелск расонд. Дар масири бозгашт ба Ҷумҳурии Халқии Чин, 540 контейнер ҳомили чӯб ва консентрати никел боргирӣ ва ирсол шуд.
Пас аз шарикони чинӣ, ки ҳамлу нақли дарёиро ба як хатти муназзам табдил кардаанд, Ҷумҳурии Корея низ дар ҳоли иҷрои як сафари озмоишӣ аст. Ҷомеаи тиҷории Корея ҳамчунон Қутби Шимол ва Масири дарёии шимолро ба унвони яке аз ҷиҳатгириҳои роҳбурдии оянда дар назар мегирад.
Бо ин ҳол, воқеиятҳои кунунии геополитикӣ ва таҳримӣ эҷоб мекунанд, ки барои ҳифзи гуфтугӯ дар сатҳи коршиносӣ, рӯйкарде гузинишӣ, инъитофпазир ва марҳила ба марҳила дар пеш гирифта шавад. Парк Ҷунг Ҳо, раиси Шӯрои тиҷории Корея ва Русия, бо ин суханон мавзеъи Сеул ва шароити табдили сафари озмоишӣ ба як хатти муназзами киштирониро ташреҳ кард.
Илова бар ин, давлати Федератсияи Русия ба “Росатом” маъмурият додааст, ки то поёни соли ҷорӣ, санадеро бо Ҳинд барои роҳандозии як сафари озмоишӣ дар масири Ченнай – Мурманск имзо кунад. Иҷрои ин сафар барои соли 2027 барномарезӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки “Росатом” масъули расидагӣ ба масоили марбут ба таъмин ва пуштибонии киштиронии ғайринизомӣ дар Масири дарёии шимол аст. Ин ширкат дархостҳоро дарёфт мекунад, пешбиниҳои марбут ба ҳаракати тӯдаҳои яхӣ ва нақшаҳои новбариро ба забонҳои русӣ ва англисӣ мунташир месозад. Чунин фаъолиятҳое иртиботи мустамар бо ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилалиро тазмин мекунад ва нишондиҳандаи омодагӣ ва гушудагии Русия барои баҳрабардории муштарак аз ин масир аст.Кишварҳои дигаре низ ба ин масир алоқаманд ҳастанд. Дар моҳи майи 2026, Ветнам ва Русия тарҳи ҳамкорӣ дар ҳавзаи дарёӣ то соли 2030-ро имзо карданд. Комиссияи давлатии Федератсияи Русия эҷоди як ширкати муштарак миёни “Росатом” ва “DP World” аз Имороти Муттаҳидаи Арабиро барои тавсеаи ҳамлу нақли коло аз тариқи Масири дарёии шимол таъйид кард. Ҷопон низ аз барномаҳои худ барои анҷоми сафарҳои озмоишӣ дар соли 2027 хабар додааст.