Хабари рӯз

Ним миллиард доллар ҳазина барои новгони ҳавопаймоҳое, ки ҳудуди як сол парвоз карданд; як меҳмонхонаи 85 миллиондолларии бузург, ки ҳаргиз ифтитоҳ нашуд ва эҳтиёҷ ба нигаҳдорӣ дорад; супориши юниформҳои иститори вежа барои артиши Афғонистон бо тарҳ хос, ки 28 миллион доллар ба ҳазинаҳо афзуд ва сохти як маркази дармонӣ дар дарёи Медитарона (Баҳри Миёназамин)...

Муаллиф: НИК ПАТОН ВЕЛШ (CNN)

Тарҷума: ИСНО (ЭРОН)

Ба гузориши ИСНО, ба нақл аз шабакаи хабарии СиЭнЭн (CNN), ин бахше аз феҳристи шикоёт аз "исроф, тақаллуб ва суъистифода" муқобили талошҳои бозсозии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон аст, ки беш аз 145 миллиард доллар тайи беш аз 20 сол тамом шуд ва тавассути бозраси кулли худи Иёлоти Муттаҳида дар бораи ин ҷанг таҳия шудааст. Аммо ҳисобрасии дақиқи ҷузъиёти ин ёфтаҳо, ба таври умда ба дархости вазорати умури хориҷа ва бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ, аз дастраси умум хориҷ шудааст.

Бар асоси эъломи Пентагон, маҷмӯаи ҳазинаи ин ҷанг 825 миллиард доллар шудааст, аммо ин бароварди ҳаддиақалӣ аст, чун Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба бароварде ишора дошт, ки мизони куллиро ду баробари ин маблағ ва беш аз 2 трилион доллар нишон медод. Ин оморҳо, ҳазинаҳои баландмуддат, мисли дармони кӯҳнасрбозонро ҳам дар назар гирифтаанд. Суди ин бидеҳӣ дар ҳоли ҳозир садҳо миллиард доллар аст.

Будҷаи бозсозии 145-миллиарддолларӣ фоқиди ҳар гуна назорате буд ва мӯҷиб шуд то Конгресси Амрико дар соли 2008 бозраси кулли вежа дар умури бозсозии Афғонистон мавсум ба “«Сигар»” (Sigar)-ро эҷод кунад.

Мунтақидон гуфтанд, ки “«Сигар»” гузоришҳои семоҳа мунташир мекард, ки дар он замон таваҷҷуҳи андакеро ҷалб карда буд ва мутаносиб бо ҳазинаи мавриди расидагии онҳо буд ва гоҳе Пентагон аз ироаи иттилоот ба онҳо худдорӣ мекард, бавежа, замоне, ки баҳси арзёбии амниятӣ дар миён буд.

 Як сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ба СиЭнЭн (CNN) гуфт, онҳо аз “«Сигар»” хостаанд то муваққатан ин гузоришҳоро бардорад ва ба нигарониҳои амниятӣ дар хусуси талошҳои тахлия аз Афғонистон ишора доштанд. Ба гуфтаи онҳо, “«Сигар»” ин муҷаввизро дорад, ки дар замони муносиб ин иттилоотро бозёбӣ кунад. Дар идома 10 мавриди хос, ки тай ин солҳо СиЭнЭн (CNN) гирдоварӣ кардааст, мунташир мешавад.

 

  1. ПАТУ (БОЛОПӮШ)-И ЗИМИСТОНАИ КОБУЛ

Неругоҳи барқи Тарахел дар соли 2007 ба унвони як генератори пуштибон барои пойтахти Афғонистон, дар сурати қатъи барқ аз самти Ӯзбекистон ироа шуд. Як сохтори густурда ва модерн, бар пояи турбинаҳои сӯхти дизел ва аз сӯи як ғӯли муҳандисӣ бо бренди тиҷорӣ арза шуд. Як масъала вуҷуд дошт: Афғонистон бо захираи сӯхти дизелии андак рӯбарӯ буд ва маҷбур мешуд сӯхтро бо комюн (боркаш) мунтақил кунад, чун сохти корхона барои он ҳам беш аз ҳад гаронқимат буд.

Сохти худи ин таъсисот 335 миллион доллар ҳазина дошт ва ҳазинаи солонаи сӯхти он 245 миллион доллар баровард шуда буд. Дар тозатарин арзёбии “«Сигар»” мушаххас шуд, ки ин таъсисот дар беҳтарин ҳолат аз 2.2 дарсад аз зарфияти худ истифода карда, чун давлати Афғонистон натавонист сӯхти онро таъмин кунад. ЮСАИД аз изҳори назар худдорӣ кард.

 

  1. ЯК НОВГОНИ НИММИЛЛИАРДДОЛЛАРӢ АЗ ҲАВОПАЙМОҲОИ ТАРОБАРӢ, КИ ЯК СОЛ ПАРВОЗ ДОШТ

Нерӯи ҳавоии навпои Афғонистон ба ҳавопаймоҳои таробарӣ (борбарӣ) ниёз дошт. Дар соли 2008 Пентагон ҳавопаймои Ҷи222, ки дар Италия тарроҳӣ шуда буд, барои нишасту бархост аз бондҳои ноҳамвор интихоб кард. Тибқи суханронии Ҷон Сопко, раиси “«Сигар»” бо истинод ба як афсари нерӯи ҳавоии Амрико, дар соли аввал ин ҳавопаймоҳо бисёр пурмашғала буданд.

Аммо онҳо пойдор набуданд. Ин ҳавопаймоҳо танҳо замоне мавриди таваҷҷуҳ «Сигар» қарор гирифтанд, ки Сопко мутаваҷҷеҳи порк будани онҳо дар фурудгоҳи Кобул шуд ва пурсид, инҳо онҷо чӣ мекунанд. Шаш сол пас аз оғози ин харид 16 ҳавопаймое, ки ба Афғонистон ирсол шуд, барои авроқ ба маблағи 40 ҳазору 257 доллар фурӯхта шуд. Ҳазинаи ин проект аммо 549 миллион доллар буд.

 

  1. МАҚАРРИ 36 МИЛЛИОНДОЛЛАРИИ ТУФАНГДОРОН ДАР БИЁБОН

 Сопко дар суханоне гуфт, ки ин маркази контролии 64-ҳазорфутии мураббаъ дар Ҳилманд ба таври хулоса нишон медиҳад, ки чӣ гуна вақте як проект шурӯъ мешавад, ағлаб наметавонад мутаваққиф шавад.

Дар соли 2010 теъдоди туфангдорони нерӯи дарёии Амрико дар Ҳилманд, ки маргбортарин бахши Афғонистон ба шумор мерафт, афзоиш ёфт. Аммо Сопко ба нақл аз фармондеҳи ин пойгоҳ ва ду генерали дигари ин нерӯҳо гуфт, ки чунин маркази фармондеҳӣ ва контролӣ на ниёз буд ва на ба суръат тамом шуд. Ин марказ ҳаргиз мавриди истифода қарор нагирифт ва таҳвили афғонҳое шуд, ки баъдан онро раҳо карданд. Ҳазинаи он 36 миллион доллар буд.

 

  1. 28 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ ТАРҲИ ИСТИТОРИ НОМУНОСИБ

Дар соли 2007 юниформҳои ҷадид барои артиши Афғонистон супориш дода шуд. Абдураҳим Вардак, вазири дифоъи вақти Афғонистон гуфт, як тарҳи иститор (комуфляж)-и хоси ҷангалӣ аз ширкати канадаии ҲиперСтилс (HyperStealth) мехоҳад. Дар маҷмӯъ 1.3 миллион адад супориш шуд, ки ҳазинаи ҳар кадом аз 43 то 80 доллар тамом шуд. Дар ибтидо ҳазинаи ҳар кадом 25 то 30 доллар баровард мешуд. Ин юниформҳо ҳаргизи мавриди истифода қарор нагирифт.

Сопко дар ҷараёни суханони худ гуфт, ки молиётдиҳандагони амрикоӣ 28 миллион доллар бештар барои хариди ин юниформ бо тарҳи хоси он пардохт карданд ва «Сигар» дар 2017 гуфт, ки интихоби як улгуи дигар метавонист дар ҳазинаҳо 72 миллион доллар сарфаҷӯӣ кунад.

 

  1. 1.5 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ РӮЗОНА БАРОИ МУБОРИЗА БО ТАВЛИДИ МУХАДДИР

Иёлоти Муттаҳида 1.5 миллион доллар дар рӯз (аз соли 2002 то 2018) ба барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир ихтисос дод. Бар асоси охирин гузориши «Сигар», тавлиди тарёк дар соли 2020 ба мизони 37 дарсад нисбат ба соли қабл афзоиш ёфт. Ин севумин бароварди боло аз замони сабти савобиқ дар соли 1994 ба шумор меравад. Дар соли 2017 мизони тавлид ба чаҳор баробар мизони тавлиди соли 2002 расид.

 

  1. 249 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ ЯК ҶОДАИ НОТАМОМ

Сохт як ҷода (роҳ)-и бузурги камарбандӣ дар атрофи Афғонистон бо кӯмаки молии чандин эҳдокунанда ва дар маҷмӯъ бо ҳазинаи чанд миллиард доллар дар тӯли ҷанг калид хӯрд.

Тибқи гузориши «Сигар», тақрибан дар хотимаи ин проект барои сохти бахши шимолӣ ба тӯли 233 километр маблағи 249 миллион доллар таҳвили паймонкорон шуд, аммо танҳо 15 дарсади он ҷода сохта шуд. Байни марти 2017 ва сентябри 2017 ҳеҷ амалиёти сохту созе дар ин бахш сурат нагирифт ва он чӣ сохта шуда буд, дар маърази тахриб қарор гирифт. ЮСАИД дар ин робита изҳори назаре накард.

 

  1. ҲУТЕЛИ 85 МИЛЛИОНДОЛЛАРИЕ, КИ ҲАРГИЗ ИФТИТОҲ НАШУД

Барномаи сохти як ҳутел (меҳмонхона)-и бузург ва як муҷтамеъи опортумонӣ (манзилӣ) дар наздикии сафорати Амрико дар Кобул бо қарзи 85-миллиондолларии давлати Амрико тарроҳӣ шуд. «Сигар» дар соли 2016 гузориш дод, ки хабаре аз ин қарзи 85-миллиондолларӣ нест ва ин сохтимонҳо ҳаргиз такмил нашуда ва холӣ аз сакана мондаанд ва сафорати Амрико ҳам маҷбӯр аст масъулияти таъмини амнияти онҳоро, ки ҳазинаи баланде барои молиётдиҳандагони амрикоӣ дорад, бар ӯҳда бигирад.

Баррасиҳо ба ин натиҷа расид, ки паймонкор ваъдаҳои ғайривоқеӣ барои тазмини ин қарзҳо дода буд ва масъули давлати Амрико, ки бояд бар ин проект назорат мекард ва ҳамин тур ширкате, ки онҳо баъдан барои назорат бар проекти фавқ истихдом карданд, ҳаргиз аз майдони сохтусоз дидан накарда буданд.

 

  1. БУДҶАЕ, КИ БЕШТАР САРФИ ХУДАШ ШУД ТО АФҒОНИСТОН

Пентагон дар соли 2009 Гурӯҳи зирабти амалиётҳои тиҷорӣ ва субот (TFBSO)-ро роҳандозӣ кард, ки аз Ироқ то Афғонистонро шомил мешуд ва Конгресс барои ин амалиётҳо 823 миллион доллар канор гузошт. Беш аз ниме аз ин будҷа ё ба иборате 395 миллион доллар аз 675 миллион доллар барои ҳазинаҳои ғайримустақим сарф шуд ва мустақиман харҷи проектҳо дар Афғонистон нашуд.

Дар баррасии 89 қарордоди ин гурӯҳ мушаххас шуд, ки ҳафт мавриди онҳо ба арзиши 35.1 миллион доллар бо ширкатҳое будааст, ки коркунони ин гурӯҳ аз мудирони аршади он будаанд. Як баррасӣ ҳамчунин натиҷа гирифт, ки ин гурӯҳ ҳудуди 6 миллион доллар барои ҳимоят аз санъати кашмир, 43 миллион доллар барои як ҷойгоҳи гази табиии фишурда ва 150 миллион доллар дар виллаҳои бо кайфияти боло барои коркунони худ сарф кардааст.

 

  1. МАРКАЗИ ДАРМОНӢ ДАР ДАРЁ

Як гузориши 2015 дар бораи будҷаи ЮСАИД барои таъсисоти дармонӣ дар Афғонистон нишон медиҳад, ки беш аз як саввум аз 510 проекти мадди назари онҳо дар маконҳои таъйиншуда вуҷуди хориҷӣ надоштанд. Сездаҳ маврид дар Афғонистон вуҷуд надоштанд ва яке дар дарёи Медитарона сохта шуда буд. Сӣ маврид аз марокизи дармонии мавриди назар дар вилоёте ба ғайр аз он чӣ дар гузориши ЮСАИД омада, сохта шудааст. Ва дар 189 маврид ҳеҷ созаи физикӣ дар 120-метрии маҳалли таъйиншуда вуҷуд надошт. Камтар аз ниме аз ин маконҳо, ҳеҷ созаи физики дар ниммилии мухтасоти гузоришшуда, надоштанд.

 

  1. ДАСТИ КАМ 19 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БО "ИСРОФ, ТАҚАЛЛУБ ВА СӮИСТИФОДА" ҲАДАР РАФТ

Дар гузориши октябри 2020 рақами ҳайратоваре барои ин ҷанг мунташир шуд. Конгресс дар он замон барои бозсозӣ дар Афғонистон аз соли 2002 маблағи 134 миллиард доллар ихтисос дода буд. «Сигар» қодир ба баррасии 63 миллиард доллар аз он буд. Яъне тақрибан ниме аз будҷа. Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки 19 миллиард доллар ё ба иборате тақрибан як саввуми будҷа бо исроф, тақаллуб ва сӯистифода ҳадар рафт.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!