Хабари рӯз

Хатти лӯлаи ТАПИ, ки ба унвони хатти лӯлаи “Сулҳ” ва хатти лӯлаи “Транс-Афғон” низ шинохта мешавад, аз Туркманистон оғоз шуда, аз Афғонистон убур мекунад то вориди Покистон ва Ҳинд шавад.

Source: hydrocarbons-technology.com

 

ТАРҲИ ХАТТИ ЛӮЛАИ ГАЗИ ТУРКМАНИСТОН-АФҒОНИСТОН-ПОКИСТОН-ҲИНД (TAPI)

НАВЪИ ТАРҲ

Хатти лӯлаи гази табии байникишварӣ

ШУРӮЪИ СОХТУСОЗ

Декабри 2015

САРМОЯГУЗОРИИ ТАХМИНӢ

10 миллиард доллар

СОЛИ ЭҲТИМОЛИИ ТАКМИЛ

2021

 

Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳинд (TAPI) як хатти лӯлаи гази табиии байникишварӣ ба тӯли 1814 километр хоҳад буд, ки чаҳор кишварро дарбар мегирад.

Хатти лӯлаи ТАПИ, ки ба унвони хатти лӯлаи “Сулҳ” ва хатти лӯлаи “Транс-Афғон” низ шинохта мешавад, аз Туркманистон оғоз шуда, аз Афғонистон убур мекунад то вориди Покистон ва Ҳинд шавад.

Консорсиюме ба номи Ширкати Хатти Лӯлаи ТАПИ (TPCL) дар ноябри 2014 тавассути Туркмангаз (саҳҳоми умда бо 85% баҳра), Ширкати Афғон Газ (Afghan Gas Enterprise, 5%), Системҳои Гази Дохилидавлатӣ (Inter State Gas Systems (Покистон), 5%), ва GAIL (Ҳиндустон), 5%) барои иҷрои ин тарҳи 10-миллиарддолларӣ эҷод шуд, ки аз сӯи Туркмангаз раҳбарӣ мешавад.

Маросими санггузорӣ барои оғози сохти бахши Туркманистон-Афғонистони хатти лӯлаи гази ТАПИ дар декабри 2015 дар Марви Туркманистон дар наздикии майдони гази Ғалиқаниш баргузор шуд.

Созишномаи сармоягузорӣ барои тавсеаи тарҳи ТАПИ тавассути чаҳор кишвар дар феврали 2016 ба имзо расид.

Маросими оғози сохти бахши Афғонистон-Покистони ин хатти лӯла дар феврали 2018 баргузор шуд.

Интизор мерафт ин хатти лӯла, ки барои 30 сол кор мекунад, дар соли 2021 оғоз ба кор кунад. Зарфияташ солона 33 миллиард метр мукааб гази табиӣ аст.

 

Пасманзари тавсеаи хатти лӯлаи ТАПИ

Тарҳи пружаи ТАПИ дар ибтидо дар даҳаи 1990 барои эҷоди даромад аз захоири гази Туркманистон аз ҳисоби содироти гази табиӣ аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд тарроҳӣ шуд.

Тавофуқномаи байнидавлатӣ (IGA) дар соли 2010 тавассути сарони чаҳор кишвари узви пружа ба имзо расид.

Созишномаи чорчӯби хатти лӯлаи газ (GPFA) низ тавассути вазорати нафти чаҳор кишвар дар декабри 2010 имзо шуд.

Созишномаи фурӯши дуҷонибаи газ дар моҳи майи 2012 ба имзо расид.

Туркмангаз, Афғонгаз, Системҳои гази дохилидавлатӣ ва GAIL ба унвони саҳомдорон тавассути кишварҳои марбутаи худ барои тарвиҷу сармоягузорӣ дар пружаи хатти лӯла дар соли 2013 муаррифӣ шуданд.

 Ширкатҳои Покистон ва Ҳинд ҳар кадом 42% аз ҳаҷм кулли гази тавлидиро харидорӣ мекунанд, ки муодили тақрибан 14 миллиард метри мукааб аст. Афғонистон 16% тақрибан 5.11 миллиард метри мукааб  газ хоҳад гирифт.

Афғонистон ҳамчунин солона 400 миллион доллар ба унвони ҳазинаи транзити ин хатти лӯла дарёфт хоҳад кард.

 

Ҷузъиёти масири хатти лӯлаи ТАПИ

Хатти лӯлаи гази ТАПИ гази тавлидшуда аз майдони гази Ғалиқаниш дар Туркманистонро ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд мунтақил мекунад. Қутри он 56 инч (1 инч = 2,54 см) ва фишори корӣ тақрибан 10 000 килоппаскал хоҳад буд.

Ин хатти лӯла аз минтақаи Марви Туркманистон шурӯъ ва масофати 214 километрро то Афғонистон тай мекунад. Бахши Афғонистон дар имтидоди шоҳроҳи Қандаҳор ва Ҳарот ба тӯли 774 километр хоҳад гузашт. Тӯли хат дар Покистон 826 километр - тариқи шаҳрҳои Кветта ва Мӯлтон аст ва дар ниҳоят ба Фозилка дар марзи Ҳинду Покистон дар вилояти Панҷоби Ҳинд хатм хоҳад шуд.

Ин хатти лӯла дар ибтидо 27 миллиард метр мукааб гази табиӣ дар солро интиқол медиҳад, ки пас аз як сол баҳрабардорӣ ба 33 миллиард метри мукааб афзоиш меёбад.

 

Сохтмон

Хатти лӯлаи ТАПИ дар ду давра дар ҳоли сохт аст. Як хатти лӯлаи ҷараёни озод бо зарфияти таҳвили тақрибан 11 миллиард метр мукааб дар сол дар навбати аввал бо ду истгоҳи компрессор дар Туркманистон тавсеа хоҳад ёфт.

Давраи дувум шаш истгоҳи компрессорро дар манотиқи Афғонистон ва Покистон изофа хоҳад кард то зарфияти таҳвилро ба ҳудуди 33 миллиард метри мукааб дар сол афзоиш диҳад.

 

Таъмини газ аз хатти лӯлаи гази ТАПИ

Майдони гази Ғалиқаниш гази хатти лӯла дар Туркманистонро таъмин хоҳад кард. Ба таври куллӣ, ин хатти лӯла рӯзона 90 миллион метри мукааб стандарт гази табиӣ (MMSCM) арза мекунад. Афғонистон 500 миллион мукааб дар рӯз ва Покистону Ҳинд ҳар кадом 1325 миллион мукааб газ харидорӣ хоҳанд кард.

 

Таъмини молӣ

Пружаи TAPI тавассути Бонки рушди осиёӣ (ADB) таъмин мешавад, ки ҳамчунин ба унвони мушовири тарокуниш (трансаксия) барои тавсеа амал мекунад. Туркманистон дар декабри 2016 қарзи 700-миллиондолларӣ аз Бонки тавсеаи исломӣ барои таъмини молии ин пружа гирифт. Се кишвари боқимонда сармоягузории аввалияи 200-миллиондоллариро дар пружаи ТАПИ анҷом додаанд.

 

Паймонкорон дахил

Penspen, як ширкати мустақар дар Бритониё, барои анҷоми мутолиоти имконсанҷии фаннӣ барои пружаи TAPI созишнома баст.

Penspen бо Royal HaskoninGDHV барои анҷоми мутолиоти мухталиф дар робита бо муаллифаҳои ҳифозат аз муҳити зист ва иҷтимоии ин тарҳ созишномаи фаръӣ ба имзо расонд.

ILF Consulting Engineers созишномае барои анҷоми мутолиоти муҳандисӣ ва тарроҳи (FEED) барои хатти лӯла дарёфт кард. Ширкати Глобал Пайп (Global Pipe Company), як ширкати муштараки Саудӣ-Олмон, созишномае ба арзиши 40 миллион доллар барои тавсеаи хатти лӯлаи гази ТАПИ дарёфт намуд.

Маҳдудаи созишнома ҳамчунин шомили ироаи хадамоти назорати фаннӣ барои бахши Афғонистон-Покистон аз шабакаи хатти лӯла буд.

Portland, Allen & Overy ва Gas Strategies дигар мушовирони ҳуқуқӣ ва фаннии ин пружа ҳастанд.

 

Фоидаҳои ТАПИ

Интизор меравад ин хатти лӯла сатҳи тиҷорат ва ҳамкориро дар саросари минтақа ба таври бесобиқа таъмин кунад ва дар айни ҳол сулҳу амнияти қаламрави миёни чаҳор кишварро фароҳам созад.

Интизор меравад беш аз 1.5 миллиард нафар дар Афғонистон, Покистон ва Ҳинд аз амнияти энержии баландмуддати ироашуда тавассути ин пружа баҳраманд шаванд.

Илова бар ин, интизор меравад, ки ин пружа даромади Туркманистонро аз тариқи фурӯши газ афзоиш диҳад.

Афғонистон ва Покистон низ аз тариқи ҳазинаҳои транзит аз фоида бархӯрдор хоҳанд шуд.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!