Хабари рӯз

Эҷоди муқоваматҳое чандгона, ба вежа дар ҳавзаи форсизабонон ба гунаи сареҳ оғози поёни ҳувияти онҳо метавонад бошад.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ

Дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон солҳост ҷанг ба як ҳирфа табдил шуда ва иддае аз ҷавонони ноогоҳ, ба шиддат фақир парвариш ёфта, дар муҳити пур аз ташаддуд ва хушунат ҳирфаи дигаре ба ҷуз аз ҷанг, вайронгарӣ ва одамкуширо балад нестанд.

 Ғарбиҳо дар 20 соли гузашта ба хубӣ медонистанд, ки мардум барои дарёфти чанд ҳазор афғонӣ ҳозиранд фарзандонашонро ба қурбонгоҳҳое бифиристанд, ки аз аҳдофи он чизе намедонистанд. Акнун дар канори Толибон*, анбӯҳ аз ҷангҷуёни нимаҳирфаии ниёзманд ба пул дар Афғонистон боқӣ мондаанд, ки барои бақояшон омодаи хидмат ба ҳар аҳримане ҳастанд.

Ҳар кас метавонад, аз ин лашкари бекор ва нодор, дар азои пардохти ҳуқуқи беҳтар истифодаи беҳина барояш кунад.

 

“Кортели афғонӣ”

Аз солҳо бад-ин сӯ ҷанг дар Афғонистон мафияӣ шуда ва ба даври меҳварҳое аз ҳероин то метамфетамин маъруф ба шиста ё кристал, аз чарсу алкогол то чӯбу ҷилғуза ва аз осор бостонӣ то сангҳои қиматӣ мечархад.

Як табақаи ҷадид ба номи ҷангсолорон дар ҷуғрофия вуҷуд дорад, ки иқтисоди сиёсии ҷурмии хешро эҷод намудааст. Толибон гурӯҳи бузург мафияӣ ё кортели аслӣ мебошад. Мафияи толибонӣ дар ду гурӯҳ бо ҳам рақиб ҳам аз назари қабилаӣ [дуронӣ ва ғилзоӣ] ва ҳам манофеъ тақсим шудааст.

Манобеъи молии толибони дуронӣ нисбат ба нерӯи ҷангии онҳо бештар аст. Толибони дуронӣ аз Ҳирот то ба Кандаҳори Бузург на танҳо бар фаровардаҳои тарёку ҳеруин тасаллут доранд, балки тавлиди мукаммали “шиша” дар манотиқи Фароҳу Нимрӯз ва Ҳилмандро низ дар контрол доранд. Толибони ғилзоӣ аз тавлиди ҳеруин дар Нангарҳори Бузург, тиҷорати чӯбу ҷилғуза, сангҳои қиматӣ ва осори бостонӣ баҳра мебаранд.

Дар байни ин ду гурӯҳи рақиб, ғилзоиҳои таҳти раҳбарии Ҳаққониҳо дар талошанд то ба тасаллут бар ҳавзаи дурониҳо фоиқ омада ва дар кулли Афғонистон ба ҳайси як кортели воҳид контрол ва раҳбарӣ кунанд. Рондани Толибони ӯзбак ва туркман аз Форёб чизи дигаре ҷуз контроли роҳи тиҷорати маводи мухаддира аз тариқи бандари Оқина тавассути Ҳаққониҳо набуд. Дар Бадахшон мафияи лоҷувард ва тилои тоҷик ба ҳамроҳи қочоқчиёни ҳероини Осиёи Миёна, сутуни фуқароти Толибони ғилзоиро ташкил медиҳад.  

 Толибони тоҷик ё ӯзбекро набояд ба ҳайси гурӯҳҳои қавмии мазҳабӣ арзёбӣ кард, балки ҳамаи онҳо бондҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва қочоқчиёни маводи мухаддиранд, ки бар меҳвари манофеъи иқтисодӣ, на қавмӣ ё динӣ бо ҳам ҳамсӯ мебошанд!

Эҷоди гурӯҳҳои бузурги низомӣ, маҳсули судҳои бузурге аст, ки аз анвоъи тиҷоратҳои мафияӣ ба даст меоваранд. Дин барои ин бондҳо абзоре аст барои таҳмиқи коргарони ҷангӣ ё сарбозони бесавод, фақир ва аҷирашон. Расвоии Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар хондани як ояти хеле омми Қуръон нишона аз дарки ин бондҳои мафияӣ аз дини ислом аст.

 

Муқовиматҳои куллигӯ

Дар сӯи дигар дар ҳавзаи ғайрипаштунҳо гурӯҳҳое зери номи “муқоваматҳо” (ба истиснои Ҷабҳаи муқовимат, ки бо вуҷуди камбудиҳо, як чизи дигар аст) алайҳи Толибон ин ҷо ва он ҷо сар бар меоваранд, ки баъзе аз онҳо умдатан дар ҳавзаи тоҷикҳо ҳастанд. Ҳеҷ як аз ин гурӯҳҳо дорои барнома ва ҳадафи равшани сиёсӣ нестанд. Ҳама дини исломро рӯкаш мекунанд ва гоҳе ҳам куллигӯӣҳо аз даруни Қонуни Асоси ҷумҳурӣ менамоянд.

 Аммо ба ҳайси як ҳаракати низомии сиёсӣ на диди равшан аз мубориза доранд ва на ҳам тарҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои оянда. Инҳо бо бастаҳои пул аз манобеъи хориҷии машкук мехоҳанд ҷуғрофиёе барояшон ба даст оваранд то дар тақсими сарват бо кортели бузурги мафияии Толибон канор оянд.

Дар Америкаи Лотин солҳост чунин таҷриба вуҷуд дорад ва дар Афғонистони пасоамрикоиҳо дар ҳоли шаклгирӣ мебошад. Муқоваматҳое, ки дар ҳавзаи тоҷикҳо дар ҳоли шаклгирӣ аст, агар аз бӯъди таҳлилӣ ба он нигариста шавад, чизе фаротар аз ҷангсолорӣ нест.

Дар ду даҳаи ахир дар ҷуғрофияи форсизабонон, пул ва мафиягарӣ ба гунаи густурда ҳоким будааст, на ҳаракат ё ҳаракатҳои ҳадафманд сиёсӣ. Бахше аз онҳо мехоҳанд ё бо Толибон ва ё бар алайҳи он дубора баргарданд.

Мардуми соддалавҳ дар шинохти ин гурӯҳҳо оҷизанд. Ҳар кас ҳозир аст то дар бадали дарёфти 100 доллар туфанг бардорад. Аммо ин, ки туфангро барои чӣ ҳадафе ба кор бояд бигирад, худаш намедонад. Гурӯҳакҳое, ки ба улгуҳо ва шабоҳатҳои террористон эълони ҳузур карда ва мекунанд, аксари онҳо ҳадафи сиёсӣ ба ҷуз иқтисодӣ надоранд.

То эҷоди сохторҳои сиёсии ҷадид роҳи дуру дароз дар пеш аст!

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!