Хабари рӯз

Ба далели Русия, Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад ба Тоҷикистон дар сохти як нерӯгоҳи бузург кӯмак кунад

МАСКАВ, 11 июл – Сангар. Манбаъ: finance-world.org, нависанда: Фаррух Имомович. Ин бузургтарин тарҳи энержии Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ идома дорад ва алъон сирфан аз сӯи худи ҳукумати Тоҷикистон сохта мешавад. Зоҳиран, ин қабил изҳорот паём аз ҷараёни “Бозии бузурги ҷадид” дар майдони иқтисод медиҳад – Сангар.

Тоҷикистон эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар соли 2016 оғоз кард ва кори сохти он ба ширкати итолиёии Webuild супурда шуд. Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) ҳанӯз дар таъмини молии ин проект мушорикат накардааст, аммо сухангӯи ин банк ин ҳафта гуфт, ки комиссияи Аврупо аз онҳо хостааст то "бузургтарин сармоягузор"-и он бошанд.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон дар моҳи июн гуфт, ки интизор меравад Роғун ҳудуди ҳашт миллиард доллар ҳазина дошта бошад ва то кунун се миллиард доллар аз он харҷ шудааст.

“Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш аз энержии Русия мустақил бошанд”.

Яке аз мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, ки бо раванди гуфтугӯҳо ошиност, гуфт, ки Душанбе то кунун умдатан аз тариқи интишори авроқи қарзаи давлатӣ ва вомҳои бахши хусусӣ будҷаи сохтусозро таъмин кардааст, аммо ҳамчунин аз Иттиҳодияи Аврупо ҳимояти молӣ ва фанноварӣ барои такмили проект дархост кардааст.

Сухангӯи EIB аз изҳори назар дар мавриди андозаи сармоягузории эҳтимолӣ ва далоили таомули молӣ худдорӣ кард. Ин банк байни солҳои 2014 то 2020 ҳудуди 182 миллион евро дар Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ кардааст, дар муқоиса бо миллиардҳо сармоягузорӣ дар соири нуқоти ҷаҳон.

Яке аз мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, ки нахост номаш фош шавад, зеро ӯ муҷоз ба сӯҳбат бо расонаҳо набуд, гуфт, ки ангезаи аслӣ пушти сармоягузории барномарезишудаи Иттиҳодияи Аврупо мустақил кардани Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аз энержии Русия аст.

Ин мақом гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад Осиёи Марказӣ аз энержии Русия мустақил бошад. Хабаргузории Ройтерз хотирнишон мекунад, ки Брюссел ва муттаҳидони ғарбии он дар талош ҳастанд то Русияро ба далели таҳоҷум ин кишвар ба Украина мунзавӣ кунанд.

Неругоҳи барқи обӣ дар Роғун бо садде ба баландии 335 метр бояд мушкили камбуди давомдори барқ дар Тоҷикистонро ҳал кунад ва онро қодир ба содирот ба Узбакистон ва Қазоқистон созад.

Тоҷикистон бештарин маводи нафтиро аз Русия ва газро аз Қазоқистону Ӯзбекистон ворид мекунад, ки умдатан аз он барои таъмини манотиқи муртабит бо зерсохтҳои Русия истифода мекунанд. Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки ин сармоягузорӣ бахше аз стратегияи "дарвозаи ҷаҳонӣ"-и Аврупо хоҳад буд.

Брюссел дар моҳи декабр аз як тарҳи сармоягузории зерсохтии ҷаҳонии 300-миллиардевроӣ рӯнамоӣ кард ва онро ба унвони ҷойгузини беҳтар ва сабзтар барои тарҳи "Як камарбанд, як ҷода" – и Чин муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи ин сухангӯй, EIB дар ҳоли баррасии имкони пайвастани талошҳо бо Иттиҳодияи Аврупо аст, ки будҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба арзиши чандин миллиард евро дорад ва монанди EIB метавонад ба бозор пул ҷалб намояд.

Комиссия таъйид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо омодаи баррасии таъмини молии як нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон аст. Давлати Тоҷикистон дар ин маврид изҳори назаре накардааст. Мушаххас нест, ки тарҳи Иттиҳодияи Аврупо чӣ замоне метавонад ба сармоягузорӣ табдил шавад. Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки мумкин аст дар семоҳаи охири соли ҷорӣ тасмимоте гирифта шавад.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!