Ду ҷаласаи Чин як роҳ ба сӯи ояндаи қавитарро мушаххас мекунанд.
Нависанда: Муҳаммад Осиф Нур, бунёнгузори Анҷумани дӯстони BRI, мушовири аршади Маркази таҳқиқоти Покистон дар Донишгоҳи омӯзгории Ҳебейи Чин, бунёнгузори Иттиҳоди марокизи таҳқиқотии Чину Покистон ва ҳамкори аршади илмии Маркази мутолиоти CPEC дар Донишгоҳи Кошии Чин.
Ду ҷаласаи Чин дар як лаҳзаи ҳаётӣ баргузор мешавад ва ҷиҳати иқтисод, ҳукуматдорӣ ва мавзеъи байналмилалии онро шакл медиҳад. Ҷаласоти Маҷлиси умумичиноии намояндагони мардум ва Шӯрои машваратии сиёсии мардуми Чин як бинишро дар мавриди сиёсатҳои дар ҳоли такомули кишвар ироа мекунад. Дар замоне ки ҷаҳон адами қатъияти иқтисодӣ, стратегияҳои танзими муҷаддад ва тағйири технологиро аз сар мегузаронад, тамаркузи Чин возеҳ аст. Он дар ҳоли пешрафт ба сӯи як сохтори иқтисодӣ аст, ки тавассути худкифои технологӣ, навсозии саноатӣ ва афзоиши масрафи дохилӣ ҳидоят мешавад, дар айни ҳол суботи сиёсӣ ва амнияти миллиро тазмин мекунад. Ҷамъоварии ҳазорон намоянда дар Пекин фақат дар мавриди таъйидияҳои қонунгузорӣ нест; сухан аз тақвияти чорчӯби сиёсати Чин барои вифқ додан бо воқеиятҳои дар ҳоли тағйир аст.
Дастури кори иқтисодӣ як мавзӯъи марказӣ боқӣ мемонад. Бар хилофи солҳои гузашта, замоне ки рушд тавассути проектҳои бузурги зербиноӣ ва тавсеаи амлок ҳидоят мешавад, давлат ҳоло барои як модели ҷадиди иқтисодӣ талош мекунад. Рушди тавлиди нохолиси дохилӣ ба ҳудуди 5 фисад нишон медиҳад, ки субот дар авлавият аст, магар ин ҳамчунон як воқеият аст, ки кишвар дар ҳоли як гузариши бунёдӣ қарор дорад. Раҳбарии Чин рӯи "нерӯҳои тавлидии бо кайфияти ҷадид" таъкид мекунад, ки ҳадафи он тағйир аз муҳаррикҳои суннатии рушд ба саноеъи бо технологияи боло аст. Ин шомили сармоягузорӣ дар ҳуши маснуӣ, технологияи квантӣ ва автоматизатсия мегардад, ки итминон медиҳад, набзи иқтисодӣ муттакӣ ба равнақи сохтмонӣ ё экспансияи қарзӣ нест. Судури авроқи қарзаи хазинадории фавқулъода тӯлонимуддат ва афзоиш дар касри молӣ нишондиҳандаи тамоюли ба кор бурдани абзорҳои молӣ барои ҳифзи субот аст.
Сахтгирии танзими сектори хусусӣ сабаби тардид шуда буд, магар муаррифии Қонуни мусоидат ба иқтисоди хусусӣ як талош барои фароҳам сохтани итминон аст. Таъкид рӯи ҳимоят аз ширкатҳои хусусӣ, расидагӣ ба пардохтҳои таъхирӣ ва ироаи як муҳити тиҷории босуботтар нишондиҳандаи ислоҳи масир аст. Раҳбарӣ огоҳ аст, ки рушди иқтисодӣ бидуни сектори пурравнақи хусусӣ давом надорад ва ин иқдомот ба ҳадафи эҷоди шароит барои сармоягузорӣ ва корофринӣ дар дарозмуддат сурат гирифтааст.
Ду ҷаласаи ҷорӣ ҳамчунон як тағйир дар стратегияҳои молиро бо тамаркуз рӯи тақвияти бозорҳои сармоя, ташвиқи сармояи сабур ва густариши нақш авроқи қарзаи вежаи мақомоти маҳаллӣ нишон медиҳад. Бар хилофи солҳои гузашта, замоне ки сиёсатҳои молӣ асосан ба контроли қарзҳо ва коҳиши хатароти молӣ ҳидоят мешавад, шеваи феълӣ ба ҳидояти манобеъи молӣ ба секторҳои стратегӣ нигаронида шудааст. Афзоиши судури авроқи қарзаи хазонадории фавқулъода тӯлонимуддат ва густариши сармоягузории санъатҳои навзуҳур мунъакискунандаи талоши густурдатаре барои эҷоди як экосистеми молӣ аст, ки аз навоварии технологӣ ва тавсеаи иқтисодии пойдор ҳимоят мекунад. Чин ҳамчунон дар ҳоли анҷоми иқдомот барои амиқ сохтани ислоҳоти молии худ бо беҳбуди дастрасӣ ба қарзҳо барои ширкатҳои хусусӣ ва тиҷоратҳои кӯчак аст, бо ташхиси ин ки сиёсатҳои молии фарогир калиди таҳкими иқтисодии тӯлонимуддат хоҳад буд.
Технологияҳо дар чашмандози сиёсатҳои Чин мақоми марказӣ дорад. Муваффақияти ахири Дип Сик (DeepSeek) эътимод ба қобилиятҳои ҳуши маснуии кишварро тақвият кардааст ва ин боварро ҳам, ки истиқлоли технологӣ бо вуҷуди маҳдудиятҳои хориҷӣ қобили дастёбӣ аст. Интизор меравад, ки саноатҳои мубтанӣ бар ҳуши маснуӣ нақши бузургтареро бо корбурдҳо дар тавлид, умури молӣ ва ҳукуматдорӣ бозӣ кунанд. Ибтикори AI+, ки идғоми ҳуши маснуиро дар бахшҳои мухталиф ташвиқ мекунад, инъикоси ин талош аст.
Дар ҳоле ки дар ду ҷаласа ба ҷоҳталабиҳои иқтисодӣ ва технологии Чин таваҷҷуҳи зиёде сурат гирифтааст, баҳсҳо дар Пекин ҳамчунон ҳадафи тааҳҳуди кишвар барои бозӣ кардани як нақши фаъолтар дар шакл додани ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва механизмҳои тиҷоратиро нишон медиҳад. Талош барои танзими ҳуши маснуӣ, мушорикат фаъолтар дар музокироти Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) ва пешгомӣ дар ибтикороти сармоягузории сабз нишон медиҳад, ки Пекин худро ба унвони меъмори калидии чорчубҳои иқтисодӣ ва технологии ҷаҳонии оянда қарор медиҳад. Ҷаҳон шоҳиди Чинест, ки на танҳо пояҳои дохилии худро тақвият мекунад балки нуфузи худро дар шакл додани қавонини таомули ҷаҳонӣ ба равише, ки суботу ҳамкориро таҳким мебахшад, густариш медиҳад.
Манзараи байналмилалӣ бисёре аз баҳсҳоро шакл медиҳад. Бозгашти давлати Трамп ва рӯйкарди он ба тиҷорат лояе аз печидагиро ба стратегияи иқтисодии хориҷии Чин афзудааст. Вазъи таърифаҳои ҷадид болои колоҳои чиноӣ ғайримунтазира нест ва танаввӯъи занҷираҳои ироа, навоварии дохилӣ ва ҳамкориҳои тиҷории тақвиятшуда ба Пекин имконоти бештаре медиҳад. Таомули чин бо Ҷануби Ҷаҳонӣ, ба шумули сармоягузориҳои зербиноӣ ва тавофуқоти тиҷоратӣ, роҳҳои бадилро барои ҳамкории иқтисодӣ фароҳам сохтааст.
Сиёсатҳои иҷтимоӣ низ таҳти баррасӣ қарор дорад. Коҳиши таваллуд як мавзӯъи сохторӣ аст, ки Чин бо эҳтиёт ба он расидагӣ мекунад. Густариши амнияти иҷтимоӣ, пешрафтҳо дар тандурустӣ ва ҳимоят аз хонаводаҳо ба унвони бахше аз талоши густурдатар барои беҳбуди кайфияти зиндагӣ арзёбӣ мешавад.
Барои шариконе монанди Покистон, таҳаввулот дар ин ду ҷаласа муҳим аст. Даҳлези иқтисодии Чину Покистон ҳамчунон як сутуни марказии ҳамкории иқтисодӣ аст, магар марҳалаи баъдии он бояд бо авлавиятҳои Чин ҳамсӯ бошад. Тағйир ба самти саноатҳои технологияи боло ба ин маънӣ аст, ки ҳамкории оянда бояд рӯи тиҷорати рақамӣ, идғоми ҳуши маснуӣ ва модернсозии саноатӣ тамаркуз кунад. Фурсатҳо муҳимманд, магар онҳо ниёз ба ҳамоҳангии стратегӣ доранд. Покистон ниёз дорад то бо Чин дар мавриди гароишҳои навзҳури иқтисодӣ таомул ва итминон ҳосил кунад, ки сиёсатҳои худи он бо авлавиятҳои дар ҳоли такомули Пекин мувофиқат мекунад.