Хабари рӯз

Амрико чӣ гуна сарнавишти Иттиҳоди Шӯравиро такрор мекунад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар ҷараёни солҳои ҳаштоди мелодӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ба раҳбарии Михаил Горбачёв, айни шароити Амрикои имрӯзро таҷриба мекард. Горбачёв дар шароите раҳбарии Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯҳда гирифт, ки ин кишвар дар дар авҷи як ҷанги нобаробар дар арсаи мусобиқоти таслиҳотӣ, рақобатҳои идеологӣ ва ҷанги сард қарор дошт. Дунёи дуқутбии он замон шароитро тавре фароҳам сохта буд, ки Шӯравӣ бидуни мадди назар доштани тавоноии иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ, маҷбур буд паймони Варшаваро, ки шомили ақмори Шӯравӣ, кишварҳои ҷаҳони севум ва он чӣ ки имрӯз ба номи Ҷануби Ҷаҳонӣ ёд мешавад, тамвили молӣ, сиёсӣ ва ҳатто пуштибонии сиёсӣ намояд.

Ин тааҳҳуди нохоста ва дур аз воқеиятҳои айнии он замон боиси шикаста шудани камари иқтисоди Шӯравӣ шуд. Рафта-рафта шароити ногувори иқтисодӣ, ақибмонӣ дар арсаи пешрафтҳои фанноварӣ нисбат ба Ғарб ва бори сангини таҳаммули ҳазинаҳои бузурги ҷаҳони сотсиалистӣ, боиси фурӯрехти низоми дуқутбӣ шуд ва Шӯравӣ фурӯ пошид.

 Горбачёв талош кард, то бо оштӣ бо Ғарб ба раҳбарии Амрико аз фазои танишолуди ҷанги сард кам кунад ва ба шеваҳои мусолиматомез ва оҳиста аз тааҳҳудоти идеологӣ Шӯравиро берун бикашад ва маътуф ба масоили дохилӣ намояд. Ба ҳамин далел, барномаҳои реформистиро, ки дар қолаби “гласност” ва “перестройка” мегунҷид, барои тармими ваҷҳаи байналмилалӣ ва дохилии Шӯравӣ рӯи даст гирифт.

Иттифоқан, шароити имрӯзи Амрикоро, ки Трамп аз бори тааҳҳудоти фикрии дунёи либерали ғарбӣ ба раҳбарии Амрико канор мекашад, хостори таваҷҷуҳи маътуф ба масоили дохилии Амрико аст ва аз дари оштӣ ва мусолиҳа бо душманону руқабои суннатии Амрико пеш меояд. Ҳамзамон бо он барномаву шиори амали Трампу ҳамфикронаш "баргашти азамат ба Амрико" бисёр мушобеҳ ба иқдомоти ислоҳии “перестройка” ва “гласност”-и Горбачёв дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст. Зеро Трамп талош дорад, то Амрикоро аз тааҳҳудоти бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ маътуф ба расидагӣ ба мушкилоти рӯ ба таззоди ин кишвар кунад. Фазои чандқутбии сиёсӣ, мушкилоти иқтисодии ношӣ аз таваррум ва бидеҳиҳои сарсомовари давлатӣ, тақаббули ҳазинаҳои молии сангини ношӣ аз ҳимоят аз муттаҳидони Амрико дар Шарқи Осиё, Ховари Миёна, Аврупо ва Амрико, ҳама бо бардоштҳо ва барномаҳои Горбачёв ҳамсон аст. Гӯӣ "таърих такрор мешавад".

Дар он замон ки Горбачёв иқдом ба хурӯҷи нерӯҳои Артиши Сурх аз Афғонистон кард, тааҳҳудоти идеологии ношӣ аз бардоштҳои сотсиализми интернатсионалро нисбат ба муттаҳидони фикрии ин кишвар коҳиш дод ва ба навъе бо низоми идеологии дуқутбӣ видоъ кард; Паёме низ ба Ғарб ва руқабои Шӯравӣ дод, ки ҳокӣ аз адами алоқамандӣ ба ҳифзи урдугоҳи Шарқ ба раҳбарии Шӯравӣ буд.

Рафта - рафта ин ислоҳот камари Шӯравиро шикаст ва ин абарқудратро дар шоки иқтисодӣ фурӯ бурд ва даврае аз беназмиву анархизми сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятиро таҷриба кард. Таҷзияи Иттиҳоди Шӯравӣ, истиқлоли кишварҳои узви паймони Варшава, ки таҳти раҳбари Маскав дар як саф бар зидди "Амрико ва либерализми ғарбӣ" қарор доштанд, давраи кӯтоҳе аз назми такқутбӣ силсиламаротибе ба раҳбарии Амрико ва тамоюл ба таслими доштаҳои модӣ ва маънавии Шӯравӣ ба Амрико аз табаоти баъдии ин тасмими иштибоҳ буд.

Ҳоло Трамп бо айни вазъият Амрикоро аз паймонҳои амниятӣ берун мекашад ва ё дар бадали ҳузур дар он аз ҳампаймонони суннатиаш талаби ҳазина мекунад, алоқамандӣ ба ҳифзи НАТО надорад ва паёмеро ба меҳвари Шарқ ношӣ аз "НАТО-и бидуни Амрико" медиҳад. Паймонҳо ва мисоқҳои байналмилалӣ, ҳамонанди тарки Паймони иқлими Париж, тарки узвияти Амрико дар Созмони ҷаҳонии сиҳат, хуруҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари Милали Муттаҳид, таълиқи фаврии тамоми кӯмакҳои молии Амрико ба муттаҳидонаш, ҳамалоти лафзии Трамп мабнӣ бар тасхири канали Панама, хариди ҷазираи Гринланд, мубаддал сохтани Канада ба аёлати панҷоҳу якуми Амрико, тағйири номи Халиҷи Мексика ба Халиҷи Амрико, эъмоли таърифаҳои сангин бар воридоти кишварҳои муттаҳид, тамаи возеҳ ба манобеи зерзаминии Украина, тафоҳум бо Русия ва тамоюл барои музокира бо Эрон, ақибгардии радикалӣ ва ғайримунтазираи Амрикоро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Муҳандисии ин сиёсати бепешина ба дӯши Трамп ва ҳалқаи ҳамфикронаш аст, ки бо диди уқдамандона, интиқодӣ ва комилан таҳаввулталаб дар талоши баргашт ба азамати Амрико ҳастанд. Яъне “гласност” ва “перестройка”-и амрикоӣ, ки манбаъи тазъифи мавқеият ва ҷойгоҳи Амрико дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Чархишҳои стратегӣ, паёмадҳои ногувори ношӣ аз ин чархиш бар рӯҳияи иттиҳоди Ғарб дар баробари меҳвари Шарқ, гузор аз иттиҳодҳои суннатӣ ва ҳаракат ба сӯи дипломатияи муомиламеҳвар, ҳама нишон аз ташобеҳ миёни сарнавишти махтуми Иттиҳоди Шӯравӣ бо Амрикои имрӯз дорад. Аммо дар баҳбуҳаи ин таҳаввулоти таърихӣ, мушкили асосӣ набуди як бадил барои қабули раҳбарии ҷаҳонӣ аст, зеро меҳвари Шарқ ҳозир ба пардохти ҳазинаҳои молии ношӣ аз қабули раҳбарии ҷаҳонӣ нест.

Ба ин ҳисоб бо тазъифи тааҳҳудоти амниятии Амрико кишварҳо мумкин аст ба самти тақвияти низомӣ, таслиҳоти ҳастаӣ ва тағйир дар эътилофҳои минтақаӣ ҳаракат кунанд. Яъне коҳиши тааҳҳудот ва ҳузури амалии Шӯравӣ дар ҷаҳон мунҷар ба шаклгирии як ҷаҳони "такқутбии силсиламаротиб" шуд, дар ҳоле ки коҳиши тааҳҳудоти Амрикои таҳти раҳбарии Трамп, аз ин ки қудрате нест, то қабули масъулият кунад, мунҷар ба падидоии ҷаҳони пасоқутбӣ хоҳад шуд.

Ба ҳар ҳол ташобуҳи фаровон миёни амалкардҳо, тарзи тафаккур ва талош барои наҷоти Шӯравӣ дар замони Горбачёв ва Амрико дар таҳти раҳбари Трамп дида мешавад. Ин таҳаввул ва талошҳои даступогири Амрикои таҳти раҳбарии Трамп мумкин натавонад дар дарозмуддат мӯҷиби ҳифзи мавҷудият шавад ва боис хоҳад шуд, то давраи гузори феълиро ба самти низоми пасоқутбӣ, зудтар аз мавъиди пешбинишуда ба таҷриба бигирем.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!