Тақсимоти Сурия ҳанӯз то суқути режими Башшор Асад матраҳ шуда буд.
Манбаъ: Канали телеграми Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия
🔴Баъд аз фурӯпошии режими Башшор Асад, Исроил ба сурати якҷониба Созишномаи ҷудоии қувваҳо дар соли 1974-ро лағв кард ва аз хатти алфаро убур кард. Артиши Исроил (IDF) як минтақаи ҳоилро дар минтақаи баландиҳои Ҷавлон ишғол, ба умқи Сурия пешравӣ ва иртифоъоти стратегиро дар доманаҳои шарқии кӯҳи Ҳирамун тасарруф кард. IDF контроли шуморе аз шаҳрҳо, аз ҷумла Қунайтра, Алҳамидия ва Алсамдония Алғарбияро ба даст гирифтааст. Дар маҷмӯъ дар ҳудуди 500 километри мураббаъи хоки Сурия ишғол шудааст..
🔴Нерӯи ҳавоӣ ва нерӯи дарёии Исроил ҳамалотеро бар хоки Сурия анҷом доданд ва таъсисоти низомӣ, анборҳои аслиҳа ва муҳиммотро аз байн бурданд. Нахуствазир Натаняҳу гуфт, ки эъзоми нерӯҳо як иқдоми муваққатӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳдидот дар наздикии марзҳои Исроил аст. Аммо, ӯ баъдан лаффозии худро тағйир дод ва моҳияти номаълуми ҳузури низомиро дар сарзаминҳои ишғолшуда эълом кард. Вайрониҳои ношӣ аз ҳамалоти Исроил на танҳо аҳдофи низомӣ, балки зерсохтҳои ғайринизомиро низ таҳти таъсир қарор дод ва мунҷар ба тахлияи дастаҷамъии ҷамъият шуд.
🔴Исроил барои ҳифозат аз баландиҳои Ҷавлон аз ташкили як "минтақаи ҳоил" ба тӯли 15 километр хабар дод. Бар илова, як "минтақаи нуфуз"-и 60-километрӣ бо назорати давомдори Исроил дар ҳоли эҷод шудан аст. Бошандагони маҳаллӣ аз тасфияву юришҳо ба хонаҳо ва эҷоди посгоҳҳои бозрасӣ гузориш медиҳанд, ки нишондиҳандаи планҳо барои эҷоди контроли комил болои қаламрав аст.
🔴Ҳамзамон бо амалиёти низомӣ, давлати Исроил барномаҳоеро барои ду баробар кардани нуфуси баландиҳои Ҷавлон (дар ҳоли ҳозир тақрибан 25 ҳазор исроилӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд) эълом кард. Кишварҳои арабӣ ин иқдомро маҳкум карда ва онро талоше барои машрӯъият бахшидан ба ишғол хонданд. Исроил контроли манобеъи обии ин минтақаро ба шумули як захираи зерзаминии об, ки дар минтақаи кӯҳи Ҳирмун мавқеият дорад, ба даст гирифтааст. Исроил метавонад аз контроли об минҳайси як аҳром алайҳи давлати ҷадид дар Димишқ истифода кунад. Контроли манобеъи обӣ метавонад ба як василаи калидӣ барои эъмоли фишор болои кишварҳои дигари минтақа, ки ба ин манобеъ вобастаанд, табдил гардад.
🔴Стратегияи Исроил дар Сурия фаротар аз хунсо кардани мақомоти ҷадид дар Димишқ ва одисозии эҳтимолии равобит аст. Ҳатто қабл аз сарнагунии Башшор Асад, як план барои тақсими Сурия ба се ниҳоди қавмии сиёсӣ дар назар гирифта шуда буд: курдҳо дар шимолу шарқ, друзҳо дар ҷануб ва Димишқи таҳти контроли Асад, ки умуман барои Тел-Абиб мувофиқ буд. Аммо, баъд аз ба қудрат расидани гурӯҳҳои радикал, ин планҳо таъдил шуд. Раҳбарии Исроил мӯътақид аст, ки амнияти дарозмуддати ин кишвар ба тикка-тикка шудани Сурия, баҳрабардорӣ аз шикофҳои қавмӣ ва эҷоди ниҳодҳои вафодор дар хоки ин кишвар бастагӣ дорад.