Хабари рӯз

Юриш ба Эрон хатми қудрати Трампу Нетаняҳу аст.

Нависанда: Азиз Ориёнфар, сафири собиқи Афғонистон дар Қазоқистону Қирғизистон, директори Маркази мутолаоти Афғонистон дар Олмон (Франкфурт, Олмон)

Тардиде нест, ки Амрико бузургтарин қудрати ҷаҳон аст. Магар таҷриба нишон додааст, ки абарқудрати низомии билқувва илзоман билфеъл барандаи ҳар ҷанге нест. Нокомии Амрико дар ҷангҳои Ветнам, Ироқу Афғонистон ва ҳамин гуна нокомии Русия дар ҷанги Афғонистону даргир шудани он дар ҷанги Украина ошкоро нишон доданд, ки ҷанг чизе печида аст.

Дар ҳар сенарияе Амрико дар гоми нахуст бояд барои маҳори шабакаи падофанди якпорчаи ҳавоии Эрон ҳазорон мушаки пешрафтаро шиллик кунад. Ин кор бо тавваҷуҳ ба буъди масофати истиқрори новҳои амрикоӣ аз Эрон бисёр душвор аст.

Тоза Амрико ногузир аст барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи озарахшосои мутақобили Эрон бар Исроил ва пойгоҳҳои ҳавоии сӯхтрасон дар минтақа ба сайтҳои мушакии гиперсоники Эрон юриш биоварад. Бечунучаро ин кори содае нест.

Ба чанд далел: нахуст ин ки дар моҳҳои ахир Русияву Чин барои Эрон сомонаи падофанди ҳавоии якпорча сохтаанд. Тоза равшан нест, ки оё сомонаҳои С-400 ва С-500 ҳам додаанд ё на? Ин ду сомона ҳарифҳои осоне нестанд.

Мушкили дигар ин аст, ки бисёре аз сомонаҳо мутаҳаррик ҳастанд ва задани чунин аҳдофе кори содае нест. Намегузарем аз ин ки бахши бузурге аз мушакҳои Эрон дар шаҳрҳои мушакии зерзаминӣ мустақар аст ки задани онҳо кори содае нест.

Душвории дигар дар ин аст, ки Эрон мушакҳои замин ба дарёи бо бурди то 2500 километр дорад. Шумори мушакҳои дорои бурди 500-километрии он бисёр зиёд аст. Дар натиҷаи Амрико ногузир аст новгони дарёии худро дар фосилаи шашсадкилометрӣ нигаҳ дорад, ки имкони амалиёти ҳавопаймоҳои нерӯи дарёии онро бисёр маҳдуд мекунад.

Агар Амрико дар мавҷи нахусти ҳамла муваффақ ба маҳори комили Эрон нашавад, вокуниши Эрон сахту маргбор хоҳад буд ва бе чуну чаро талафотеро дар Исроил, Урдун, Арабистон, Қатар, Баҳрайн, Иморот ва... ба бор хоҳад овард.

Ба маҳзи оғози ҷанг, пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ омоҷи амалиёти заминии проксиҳои Эрон қарор хоҳад гирифт. Оғози ҷанги заминӣ миёни Ҳизбуллоҳу Исроил ҳам мунтафӣ нест.

Бо оғози ҷанг Эрон тангаи Ҳурмузро мебандад. Пурсиш ин аст, ки оё Амрико тавони гушудани онро дорад? Агар посух манфӣ бошад, шаъну иззату обрӯи нерӯи дарёии Амрико зери суол меравад. Баста шудани танга барои ҳатто як ҳафта ҳам метавонад ҷаҳонро дар буҳрони азими молӣ фурӯ бубарад.

Басанда аст чанд ҳавопаймои амрикоӣ задаву халабонони он ба дасти эрониён биафтанд. Дигар ҷанг мағлуба хоҳад шуд. Афтодани лошаҳои ҳавопаймоҳои вожгуншудаи пешрафта ба дасти эрониён шикасти бузурге барои Амрико ва пирӯзии бузурге барои Эрон хоҳад буд.

Боло рафтани баҳои нафт ҳамаи барномаҳои Амрико барои зарба задани иқтисодӣ ва молӣ бар Русияро дар чанд соли ахир хунсо месозад. Афзоиши баҳои нафту газ сад дар сад ба суди Русия хоҳад буд. Танҳо Чин, Ҳинд, Туркия ва Аврупо аз он зиёнманд хоҳанд шуд. Тоза ба суди худ Эрон ҳам ҳаст.

Бе чуну чаро Русия ҳамлаи бузургеро барои гирифтани бандари Одессаи шаҳри Харков оғоз хоҳад кард. Ниёзе ба гуфтан надорад, ки ҳазинаи ҷанги Украина ҳам ду-се бор боло хоҳад рафт, ки барои иқтисоди Аврупо камаршикан хоҳад буд.

Ҳар гоҳ талафоти инсонӣ дар Эрон боло баравад, амрикоиҳо ва аврупоиёни бошандаи кишварҳои арабии минтақаи халиҷи Форс дар маърази хатари бузурге қарор хоҳанд гирифт.

Ба худии худ, ҳамаи таъсисоти ширкатҳои амрикоӣ дар минтақа, ба вижа ғӯли азими нафтии Арамко, ҳамаи пойгоҳҳои он кишвар ҳадаф қарор хоҳад гирифт. Ба дурустӣ равшан нест, ки оё сомонаҳои падофанди амрикоӣ тавони раҳгирии рагбори мушакҳо ва паҳподҳои эрониро доранд, ё хайр?

Ҳар гуна талафот дар миёни нерӯҳои амрикоӣ мавқифи Трампро дар дохили Амрико сахт ларзон хоҳад кард. Натиҷа ин ки Амрико метавонад ҷангро оғоз ва бар Эрон заработи сахте бизанад. Аммо поён додан ба он дар дасти Амрико нахоҳад буд. Зеро саросари минтақа дар коми ҷанги густардае фурӯ хоҳад рафт. Эрон бе чуну чаро ба Ироқ ҳамлаи заминӣ хоҳад карду пойгоҳҳои Амрикоро ба муҳосира дар хоҳад овард.

Даргир шудани Трамп дар як ҷанги фарсойишии дарозмуддат бо Эрон, поёни карераи сиёсии ӯро рақам хоҳад зад. Камо ин ки Нетаняҳу низ бо мухолифати шадиди мухолифони худу мардуми Исроил рӯ ба рӯ хоҳад гардид.

Душвориҳои ҳамла ба Эрон ва маҳдудиятҳои Трамп:

Осебпазириҳои Исроил. Исроил танҳо ду нерӯгоҳи барқ дорад. Ҳар гоҳ Эрон бихоҳад, тайи 40 дақиқа ҳар дуро нобуд мекунад. Дар ин сурат Исроил бебарқ монда, ба куллӣ фалаҷ мешавад.

Агар кор ба ҷоҳои борике бирасад, Эрон метавонад корхонаҳои кимиёиву нерӯгоҳҳои барқи ҳастаии Исроилро ҳадаф қарор бидиҳад. Бо ин кор, Исроил дар маърази нобудӣ қарор мегирад. Дар натиҷа, садҳо ҳазор амрикоӣ ва инглисии бошандаи Исроил низ бо хатари ҷонӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Акнун Трамп бо кори сахте дар ҷанг бо Эрон рӯ ба рӯ аст. Туркия, Иморот, Арабистону Қатар ба Амрико иҷозаи истиқрори ҳавопаймоҳои ҷангӣ намедиҳанд. Барои задани муассири Эрон ба 500 фарванд ҳавопаймо ниёз аст. Амрико акнун танҳо 120 фарванд ҳавопаймо дар новҳои ҳавопаймобар дар дастрас дорад, ки барои ҳамла ба Эрон кофӣ нест.

Барои ҷанги дарозмуддат ба дасти кам сад фарванд танкер ниёз аст. Танҳо Урдун ва Исроил метавонанд танкерҳои амрикоиро бипазиранд. Соири кишварҳо худдорӣ кардаанд.

Дар як сухан, ба дурустӣ равшан нест Трамп дар пайи чӣ аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!