Хабари рӯз

Дидгоҳҳои матраҳшуда дар ин матлаб, бозтобдиҳандаи назари нависанда аст ва илзоман мавзеъи “Рудоба Нюз” ва “Сангар”-ро намояндагӣ намекунад.

Нависанда: Руҳуллоҳ Исломӣ

Манбаъ: “Рудоба Нюз”

Дар мавриди асл ва насаби паштунҳо аз дербоз ривоятҳо ва назарияҳои мухталифе вуҷуд доштааст. То он ҷо ки шарқшиноси маъруфи қарни нуздаҳум ва пажӯҳишгари забони пушту, Ҳенри Раверти, гуфтааст: “Дар мавриди ҳеҷ қавме ихтилофи назаре ба андозаи паштунҳо дар бораи аслу насабашон вуҷуд надорад”.

Бархе паштунҳоро бар асоси ривоятҳои суннатии худ аз Бани Исроил медонистанд ва бархе дигар онҳоро аз қибтиён (фираъвниён) мешумурданд. Иддае онҳоро бо муғулҳо махлут карда ва бархе дар радифи арманиҳо, тоторҳо, ҳептолҳо ва сакоиҳо қарор додаанд. Баъзе ҳам дар ҳамон замон онҳоро бо раҷпутҳо, бараҳманҳо, юнониҳо, туркҳо, арабҳо ва дигарон таркиб кардаанд.

Аммо роиҷтарин ва куҳантарин ривоят дар мавриди аслу насаби паштунҳо ин аст, ки онҳо аз Бани Исроил ҳастанд. Қадимитарин санади мактуб, ки ин ривоятро зикр кардааст, китоби “Ойини Акбарӣ”-и Абулфазл аст, ки дар солҳои 1597-1598 навишта шудааст. Ӯ дар ин китоб менависад: “Паштунҳо худро аз наводагони Бани Исроил медонанд” ва сипас изофа мекунад: “Паштунҳо бар ин боваранд, ки ҷадди дурашон, ки Афғон номида мешуд, се писар дошт: Сарбин, Ғарғашт ва Баттан”.

Асари дигар, “Тазкираи ал-аброр вал-ашрор” навиштаи Охунд Дарвеза аст, ки дар 1603-1613 навишта шуда ва чунин мегӯяд: “Паштунҳо аз авлоди Меҳтар Яъқуб ҳастанд, ки ба номи Исроил шинохта мешаванд. Яке аз бузургони Исроил Толут буд. Аз Толут ду писар боқӣ монд, ки яке Осаф ва дигаре Афғон буд. Қабилаи афғонон аз наводагони ҳамин Афғон аст”.

Асари севум “Торихи Хонҷаҳон ва Махзани Афғонӣ”-и Нематуллоҳ Ҳаравӣ аст, ки дар 1612-1613 навишта шуда ва хулосаи он чунин аст: “Шоҳ Толут подшоҳи Исроил буд, аммо пеш аз марги худ умури салтанатро ба Меҳтар Довуд супурд. Ӯ баъд аз салтанати 68-сола дар як ҷанг кушта шуд. Шоҳ Толут ду ҳамсар дошт ва ҳангоми марг ҳар ду ҳомила буданд. Муддате баъд ҳар ду соҳиби фарзанд шуданд. Меҳтар Довуд, ки сарпарастии ин занонро бар ӯҳда дошт, номи яке аз фарзандонро Бархия гузошт ва номи фарзанди дигарро Армия. Ҳангоме, ки фарзанди Бархия бузург шуд, номи ӯ Осаф шуд ва фарзанди Армияро Афғана ном ниҳод”.

Пас аз Меҳтар Довуд, Меҳтар Сулаймон подшоҳи Исроил шуд. Ӯ умури ҳукуматро ба Осаф ва Афғана супурд. Фарзандони ин ду, бавижа фарзандони Афғана, ки дар Шом зиндагӣ мекарданд, зиёд шуданд. Баъд аз марги Меҳтар Сулаймон шароити Исроил бад шуд. Бухтуннаср Шомро фатҳ кард, Байт-ул-Муқаддас-ро вайрон намуд ва ду нафар аз сарони фарзандони Осаф ва Афғана, Азиз ва Дониёлро бо пайравонашон асир кард. Бухтуннаср баъдан 12 ҳазор нафари муҳими Исроилиро кушт ва боқимондаи онҳоро ба манотиқи Ғур, Ғазнӣ, Кобул, Фирӯзкӯҳ ва атрофи Қандаҳор фирорӣ дод. Фарзандони Афғана дар ин манотиқ сукунат ёфтанд.

Ҳангоме, ки Холид ибн Валид мусалмон шуд, номае ба ин мардум фиристод ва онҳоро ба Ислом даъват кард. Вақте нома ба фарзандони Афғана расид, теъдоде аз бузургон ба Мадина рафтанд. Яке аз ин бузургон Қайс ибн Афғон буд, ки силсилаи насаби ӯ ба Шоҳ Толут ва Иброҳим Халилуллоҳ мерасид. Холид онҳоро ба ҳузури Паёмбар овард.

Паёмбар аз ҳар як номашонро пурсид. Раиси Бани Афғон гуфт, ки номаш Қайс аст. Паёмбар фармуд: “Қайс номи ибрӣ аст, аз ин пас номат арабӣ ва Абдуррашид хоҳад буд”.

Абдуррашид ҳамроҳи Холид дар чандин ҷанг шуҷоъона ҷангид ва Холид гузориши шуҷоати ӯро ба Паёмбар дод. Паёмбар лақаби “Батан”-ро ба Абдуррашид дод, лақабе, ки баъдҳо “паштан” номида шуд ва ба маънои касе аст, ки ба киштӣ муттакӣ аст. Сипас Паёмбар дуо кард ва Абдуррашидро ҳамроҳи бархе саҳоба ва ансор ба Ғур фиристод то таблиғи Ислом кунанд. Абдуррашид дар соли 60 ҳиҷрӣ дар сини 78-солагӣ даргузашт ва се писар аз ӯ боқӣ монд: Сарбен, Батни ва Ғарғашт.

Бо ин ҳол, агар тамоми китобҳои ҳадиси мӯътабар монанди Саҳиҳи Бухорӣ, Саҳиҳи Муслим, Ҷомеъи Тирмизӣ, Сунани Абӯдовуд, Сунани Насоӣ, Ибн Моҷа ва ғайраро баррасӣ кунем, ҳеҷ ишорае ба чунин иддаое нашудааст. Ҳамчунин агар тамоми осори мӯътабари таърихи Исломро ҷустуҷӯ кунем, ҳеҷ намунаи мустанаде аз ин ривоят ёфт намешавад. Бинобар ин, ин сирфан як ривояти ҳадсӣ ва хаёлист, ки ҳеҷ пояи илмӣ надорад.

Бо ин ҳол, пас аз Неъматуллоҳ Ҳаравӣ, бисёре аз муаррихон ва ҳатто худи паштунҳо, аз ҷумла Афзалхон Хатак, Ҳофиз Раҳматхон, Зардархон ва Қозӣ Атоуллоҳхон, паштунҳоро Бани Исроил донистаанд, аммо шавоҳиди илмӣ ва таърихӣ вуҷуд надорад.

Дар миёни невисандагони ғарбӣ, сэр Вилиям Ҷонс (1864-1896) аввалин касе буд, ки таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин ривояти суннатӣ дошт ва навишт, ки мумкин аст паштунҳо аз насли яҳуд бошанд. Дар 1876, Ҳенри Ванситарт ба Вилиям Ҷонс номае навишт ва муҳтавои навиштаи Неъматуллоҳ Ҳаравиро бар ӯ тавзеҳ дод, ки боис шуд Ҷонс ин ривоятро тақвият кунад. Пас аз ӯ, бисёре аз ғарбиҳо талош карданд исбот кунанд афғонон аз асолат яҳудӣ ҳастанд, аз ҷумла Александр Бёрнс, Вилиям Муркрофт, Чарлз Мейсон, Ҷорҷ Роуз ва Уолтер Беллио.

Бо ин ҳол, Ҷон Малколм, ки пажӯҳишгари инглисӣ буд, ин назарияро рад кард ва гуфт: “Ҳеҷ катибае пайдо нашуда, ки исбот кунад паштунҳо аз насли яҳуд ҳастанд. Суннати мубҳами онҳо наметавонад ба унвони ҳақиқати собит дар назар гирифта шавад”.

Дар ниҳоят, баррасиҳои илмӣ аз охири қарни нуздаҳум то кунун нишон додааст, ки паштунҳо узви гурӯҳи бузурги ориёӣ ва ҳиндуаврупоӣ ҳастанд ва забони пашту ба гурӯҳи ориёӣ тааллуқ дорад.

Пажӯҳишгари барҷастаи олмонӣ, Бернард Дорн (1805-1881), таҳқиқоти густардае анҷом дод ва тарҷумаи китоби Неъматуллоҳ Ҳаравиро ҳамроҳи ёддоштҳои илмӣ мунташир кард ва таъкид намуд, ки ривоятҳое, ки паштунҳоро аз насли яҳуд медонанд, бидуни пояи илмӣ ва танҳо бар асоси суннат ва ҳадс аст.

Дар даврони муосир низ баррасиҳои генетикӣ ва ДНК нишон додааст, ки паштунҳо ҳеҷ иртиботи насабӣ бо Бани Исроил надоранд. Профессори бритониёӣ, Теодор Перфит, дар солҳои 2007 ва 2009 озмоишҳои генетикӣ рӯйи паштунҳо анҷом дод ва ҳеҷ иртиботе бо насли Бани Исроил пайдо накард. Пажӯҳишҳои мушобеҳ дар Ҳиндустон ва Амрико низ ин натиҷаро таъйид карданд.

Забони пашту на сомӣ аст ва на ибрӣ, балки аз шохаи ориёӣ ва ҳиндуаврупоӣ аст. Шавоҳиди таърихӣ ва бостоншиносӣ низ нишон медиҳад, ки ҳеҷ канисаи қадимӣ ва созаи яҳудӣ дар манотиқи сукуннати аввалияи паштунҳо ёфт нашудааст. Ҳеҷ ишораи торихӣ дар мутуни исломӣ ва ҳадисҳо ба иртиботи насабии паштунҳо бо Бани Исроил вуҷуд надорад.

Пашту забони бисёр қадимӣ аст ва иртибототи он бо санскрит ва забонҳои ориёии шимолӣ ва ҷанубӣ бисёр маҳкам аст. Бархе луғати мушобеҳи ибрӣ ва арабӣ, монанди “ғар”, “ғур”, “вишле” дар санскрит ва Авесто низ вуҷуд дорад, бинобар ин ташобуҳи луғат далел бар иртибот бо забони ибрӣ нест.

Дар маҷмӯъ, мутолиоти таърихӣ, забонӣ ва генетикӣ нишон медиҳад, ки паштунҳо ориёӣ ҳастанд, аз хоки аслии “Ориёна Вижа” бархостаанд ва на муҳоҷири Фаластин ва на аз насли Бани Исроил.

Иддаоҳое, ки паштунҳоро аз насли Бани Исроил медонанд, сирфан бар пояи ҳадс, ривоятҳои хаёлӣ ва афсонаӣ аст. Ҳеҷ санади мактуб, катиба ё ёфтаи илмӣ ин иддаоро таъйид намекунад.

Бинобар ин, паштунҳо ориёӣ ва бумии ин сарзамин ҳастанд ва забонашон шохае аз забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст. Ҳар гуна ривояти мухолиф, бидуни пояи илмӣ ва таърихӣ аст ва сирфан афсонаиву тахайюлӣ аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!