Хабари рӯз

Дар бораи даргириҳои низомӣ дар марзи Афғонистону Покистон дар таърихи 26 феврали 2026

Нависанда: Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия), 27 феврали 2026

Манбаъ: Телеграм-канали Андрей Серенко

1 - Арзёбии куллии вазъият

Дар таърихи 26 феврали 2026 таниш миёни Аморати исломии Афғонистон (таҳти ҳокимияти ҷунбиши Толибон) ва Ҷумҳурии исломии Покистон ба таври ногаҳонӣ шиддат гирифт. Ҳаводиси марзии маҳдуд, ки дар соъоти аввалияи субҳ оғоз шуда буд, то шомгоҳ ба даргириҳои густардаи низомӣ бо истифода аз силоҳҳои сангин, паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) ва талош барои пешравии густардаи неруҳои Толибон ба дохили хоки Покистон табдил шуд.

Моҳияти ин даргириҳо на худҷӯш, балки барномарезишуда арзёбӣ мешавад; чунон ки истифода аз воҳидҳои муназзами артиши Афғонистон (ба вижа қули урдуи 201 “Холид бин Валид”), ҳамалоти ҳамзамон дар чандин меҳвар ва низ лаҳни сиёсии мақомоти расмии Кобул ин амрро таъйид мекунад.

2 - Сайри замонӣ ва пӯёии даргириҳо

Субҳ (марҳалаи ибтидоӣ)

Гулӯлаборони хумпораӣ аз сӯи Афғонистон ба хоки Покистон (минтақаи Нави Калӣ, вулусволии Куррам, иёлати Хайбар Пахтунхвоҳ) сабт гардид.

Ҳамзамон бо ин ҳамла, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон, бо интишори баёнияе “гуруҳи хосе дар Покистон”-ро, ки ба гуфтаи ӯ, ба дастури “қудратҳои бузург” амал мекунад, ба талош барои бесуботсозии минтақа муттаҳам кард. Ин изҳорот мабнои идеологии иқдомоти баъдиро фароҳам сохт.

Рӯз (густариши ҷуғрофиёи даргирӣ)

Даргириҳо ба вилоятҳои Хуст, Нангарҳор, Кунар, Нуристону Пактико дар Афғонистон густариш ёфт.

Гузоришҳое аз даргирӣ дар манотиқи марзӣ аз ҷумла Ҷоҷӣ Майдон (Хуст), Комдиш (Нуристон), Алишер (Хуст ) ва ҳамчунин дар хоки Покистон (Захихел, Куррам) мунташир шуд.

Толибони Афғонистон аз тасарруфи чандин посгоҳи низомии Покистон (дар Гуштӣ, Аноргӣ, Машиннав, Аранду, Анзирғар) хабар доданд. Шумори посгоҳҳои тасарруфшуда то шомгоҳ аз 3 ба 16 маврид афзоиш ёфт.

Шомгоҳ (ташдиду оғози амалиёти густарда)

Дар соати 20:00 нерӯҳои вижаи “Лашкари Холид бин Валид” расман оғози “набарди шадид дар минтақаи шарқӣ»-ро дар вокуниш ба ҳамалоти ҳавоии Покистон (тибқи гузоришҳои таъйиднашуда) ба Нангарҳор, Нуристон ва Пактико эълом карданд.

Ҳамлаи густардаи неруҳои Толибон ба хоки Покистон дар минтақаи Куррам оғоз шуд.

Воҳидҳои муназзами Толибони Афғонистон, аз ҷумла неруҳои марзбонӣ ва қули урдуҳо, вориди амал шуданд. Ҳамчунин аз эъзоми неруҳои кумакӣ ва сомонаҳои ракетӣ ба марз гузориш шудааст.

Фармондиҳии амалиёти Толибони Афғонистон бар ӯҳдаи раиси ситоди кули артиши Толибон, Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, қарор дорад, ки нишондиҳандаи болотарин сатҳи дахолати раҳбарии низомии Толибон аст.

Истифода аз паҳподҳо (аз ҷумла паҳподҳои интиҳорӣ, то 24 фарванд) ва ба коргирии, ба истилоҳ, нерӯи ҳавоии Афғонистон сабт шудааст.

Ба гуфтаи Толибон, талафоти Покистон шомили даҳҳо кушта ва асир будааст. Ҳамчунин аз тасарруфи беш аз 20 посгоҳи низомӣ, инҳидоми як пойгоҳи бузург дар Кунар (то 40 кушта) ва забти мақодири зиёди силоҳу муҳиммот хабар дода шудааст.

3 - Абъоди низомӣ

Миқёс: даргириҳои ҷабҳаӣ ба тӯли садҳо километрро дарбар гирифтааст — аз Нуристон дар шимол то Пактико дар ҷануб.

Моҳияти амалиёт: тарафи Афғонистон иқдомоти таҳоҷумии фаъол бо ҳадафи тасарруфу ҳифзи посгоҳҳо ва мавозеъи марзии Покистон анҷом медиҳад. Ба назар мерасад ҳадаф эҷоди “минтақаи ҳоил” ё ворид кардани хисороти сангину ғайриқобили қабул ба нерӯҳои покистонӣ бошад.

Абзорҳои размӣ: барои нахустин бор Толибон дар чунин сатҳе аз паҳподҳо (аз ҷумлаи паҳподҳои интиҳорӣ) истифода мекунанд, ки баёнгари иртиқои тавони фаннии артиши Толибони Афғонистон аст.

Фармондеҳӣ: амалиёт ба сурати мутамарказ аз Кобул ва тавассути олитарин сутуҳи фармондеҳии низомӣ ҳидоят мешавад, ки фарзияи иқдомоти “фармондеҳони майдонии хориҷ аз контрол”-ро рад мекунад.

4 - Заминаи сиёсӣ ва дипломатӣ

Лаҳни Кобул: Толибон худро қурбонии таҷовуз муаррифӣ мекунанд (“посух ба ҳамалоти ҳавоӣ”) ва ҳамзамон иқдоми худро “ҳамлаи пешдастона” алайҳи “марокизи шӯриш” тавҷеҳ менамоянд. Изҳороти Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар бораи вуҷуди “гуруҳи хориҷӣ” дар Покистон, ки аз хориҷ таъмини молӣ мешавад, дар ҷиҳати беэътиборсозии мутолиботи Покистон барои мубориза бо тероризм (Таҳрики Толибони Покистон – TTP) дар нигоҳи кишварҳои минтақа арзёбӣ мешавад.

Таҳдидҳои мустақим: Толибон барои нахустин бор ба таври аланӣ таҳдид ба ҳамла ба шаҳрҳои бузурги Покистон (дар сурати ҳамлаи эҳтимолӣ ба Кобулу Қандаҳор) кардаанд. Ихроҷи дипломатҳои покистонӣ аз Афғонистон зарфи 24 соат иқдоми бесобиқа буда ва амалан ба маънои қатъи равобити дипломатӣ аст.

Вокуниши Покистон: Покистон то кунун дар чорчӯби дифоӣ амал кардааст. Тамосҳои изтирории вазири умури хориҷаи Покистон бо Қатар (ва на мустақиман бо Кобул) нишондиҳандаи талош барои истифода аз миёнҷигарии тарафи солис ва набуди канали иртиботии мустақим бо раҳбарии Толибон аст. Гузоришҳо дар бора эҳтимоли ҳамалоти ҳавоӣ ба Кобулу Қандаҳор нишон медиҳад, ки Исломобод гузинаҳои посухи сахтро низ баррасӣ мекунад.

Абъоди инсонӣ: гузориш шудааст, ки нерӯҳои покистонӣ урдугоҳи паноҳҷӯёни афғон дар Турхамро ҳадаф қарор додаанд. Ин мавзӯ, сарфи назар аз амдӣ ё ғайриамдӣ будани он, эҳтимолан тавассути Кобул барои таҳрики эҳсосоти зиддипокистонӣ дар дохили Афғонистон ва тазъифи ҷойгоҳи Исломобод дар арсаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

5 – Пешбинӣ ва рискҳо

Пешбинии кӯтоҳмуддат: даргириҳои низомӣ дасти кам тайи 24 то 48 соати оянда идома хоҳад ёфт. Толибон бо бархӯрдорӣ аз ангеза ва ибтикори амал пас аз муваффақиятҳои аввалия, талош хоҳанд кард минтақаи таҳти контроли худро дар сӯи покистонии марз густариш диҳанд.

Риски ташдиди таниш: хатари анҷоми ҳамалоти ҳавоии густарда аз сӯи Покистон алайҳи хоки Афғонистон бисёр боло аст. Дар сурати вуқуъи чунин ҳамалоте, даргирӣ вориди марҳалае ҷадид хоҳад шуд, ки шомили таҳдиди гулӯлаборонҳо ва ҳамалоти ракетӣ ба шаҳрҳо аз ҳар ду тараф низ мегардад.

Пайомадҳои минтақаӣ: ин мунозиъа метавонад кули Осиёи Ҷанубиро бесубот созад. Эҳтимоли мавҷи густардаи паноҳҷӯён, фаъол шудани гуруҳҳои террористии фаромарзӣ ва ба хатар афтодани пружаҳои иқтисодӣ (бавижа Даҳлези иқтисодии Чину Покистон) вуҷуд дорад.

Таъсироти дохилӣ: барои раҳбарии Толибон ин даргирии абзорӣ барои таҳкими қудрату мунҳариф сохтани тавваҷуҳ аз мушкилоти иқтисодии дохилӣ маҳсуб мешавад. Муваффақиятҳои майдонӣ метавонад ба таври муваққат ҷойгоҳи ононро дар миёни бахши радикали ҷомеъа тақвият кунад.

6 - Ҷамъбандӣ

Таърихи 26 феврали 2026 нишондиҳандаи гузори равобити Афғонистону Покистон ба марҳалаи рӯёрӯии низомии ошкор аст.

Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон омодагӣ ва тавоноии худро барои иҷрои амалиётҳои таҳоҷумии густарда тавассути нерӯҳои муназзами артиш дар хориҷ аз марзи байналмилалии ба расмият шинохташудаи худ (“Хати Дюранд”) ба намоиш гузошт.

Вазъияти кунунӣ дар остонаи ҷанги тамомайёр қарор дорад. Ҳаллу фасли мусолиматомез дар шароити феълӣ бидуни фишори ҷиддии хориҷӣ — бавижа аз сӯи бозигароне монанди Чин, Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Қатар — баъид ба назар мерасад.

Нуқтаи калидӣ дар сайри ин даргирӣ, тасмими Покистон дар бораи бакоргирии нерӯи ҳавоии роҳбурдӣ барои анҷоми ҳамалот дар умқи хоки Афғонистон хоҳад буд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!