Хабари рӯз

Чаро ба Зеленский музокироти сулҳ дар Швейтсария бе ҳузури намояндагони Русия ва ИМА лозим аст?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Марҳилаи фаъоли муноқишаи Русияву Украина беш аз ду сол инҷониб идома дорад, ин муноқиша кай ва чӣ гуна ба поён мерасад, метавон фақат тахмин кард. Тоҷикистон низ, ба мисли тамоми кишварҳои ҷаҳон, наметавонад бар ин масъала беаҳамият бимонад. Зеро тавре маълум аст, ҳатто парафшонии шабпарак дар як қитъа метавонад дар қитъаи дигар фалокатҳоро ба бор орад, пас дар бораи вазъи Украина, ки аз ҷиҳати миқёси худ бо парвози шабпарак муқоисанопазир аст, чӣ метавон гуфт.

Ҳамин тавр, Владимир Зеленский гуфт: "Муноқиша аз доираи минтақа берун баромад ва ба тақсимшавии ҷаҳон оварда расонд" - ва ин шояд ягона мулоҳизаи ҳақиқие бошад, ки ӯ охири моҳи май ҳангоми мусоҳибаи худ бо рӯзноманигорони се кишвари Осиёи Марказӣ изҳор дошт.

 

МУСОҲИБАИ ЗЕЛЕНСКИЙ ДАР БОРАИ ЧӢ ВА БАРОИ ЧӢ БУД?

Пеш аз он ки таҳлил кунем - "дар бораи чӣ" ва "барои чӣ" муҳим аст, қайд бояд кунем, ки мусоҳиба "чӣ гуна" сурат гирифт? Ва дар ин ҷо як тавсиф кифоя аст – театрӣ, яъне сохта. Суҳбати президенти Украина бо рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бинои харобшудаи матбаа дар Харков сурат гирифт ва ба ҷуз аз истифодаи он ҳамчун ороиши фазо пайдо кардани сабабҳои дигар барои ба як минтақаи гарми хатарнок овардани мардум бисёр мушкил аст. Аммо бояд гуфт, ки рӯзноманигорон нақшҳои худро дар ин намоиш бо мароқи том иҷро карданд ва саволҳои "дуруст", ки пур аз ҳамдардӣ ба сарнавишти Украина ва шахсан ба Зеленский буданд, доданд.

Ба мусоҳиба бо Зеленский шаш рӯзноманигор аз Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон даъват карда шуданд. Гуфта мешавад, ки интихоби рӯзноманигорон дар асоси мустақилияти расонаҳо сурат гирифта буд, аммо дар асл онҳо агентҳои таъсиррасони ғарбгаро буданд.

Ин мусоҳиба барои чӣ лозим буд? Раҳбари режими Киев ният дошт онро ҳамчун "тирпарронӣ"-и иттилоотии Русия истифода барад, ки дар натиҷа бояд равобити наздик ва пурсамари ин кишвар бо иттифоқчиёнаш зарар медид. Аммо вақте ба ҳайси «тӯпҳо» фиребгарӣ ва изҳороти бардурӯғро истифода мебаранд, ба чунин ҳадафҳо ноил шудан имконнопазир аст. Ҳамин тариқ, Зеленский истиқлолиятеро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба наздикӣ ба даст овардаанд ва эҳтиёткорона ҳифз мекунанд, ҳамчун як нуқтаи дарднок истифода кард - сарвари Украина дар суханрониҳои худ маҳз ба ҳамин нукта ишора кард.

“Ҳамаи шумо 100 дарсад зери ҳамла қарор доред. Имрӯз СААД ва дигар созмонҳо дар асл як имкони таъсиррасонӣ ба кишварҳои шумо мебошанд”, - гуфт Зеленский. Ӯ ҳатто кишварҳоеро номбар кард, ки бояд аз ҳама бештар дар ҳарос бошанд - кишварҳои назди Балтика, Молдова, Қазоқистон. Ба ақидаи беасоси Зеленский инҳо наздиктарин ҳадафҳои низомии Русия мебошанд. Сарвари Украина ҳамчунин даъват ба амал овард, ки "як ҷузъи хурди бародари бузург набошед", чунин изҳорот аз ҷониби шахсе, ки амалан кишвар ва мардуми худро ба дасти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико супоридааст, бисёр бемаънӣ садо медиҳад.

Зеленский дар мусоҳиба бо расонаҳои ғарбӣ гуфт, ки Украина ба манфиати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меҷангад, зеро 70 фисади даромади ҷанг дар комплекси ҳарбӣ-саноатии Амрико боқӣ мемонад.

Дар мавриди нуфузи СААД бояд гуфт, ки мисоли равшани радди изҳороти ӯ вазъ дар Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 мебошад - он замон Русия ба ин кишвар барои пешгирии табаддулоти давлатӣ кумак кард ва ин кишварро барои чизе муваззаф накард. Ҳамчунин дигар кишварҳои узви СААД ҳеч гоҳ маҷбур набуданд, ки барои манфиатҳои шахсии Русия дар арсаи чаҳонӣ баромад кунанд. Дар баробари ин, тавре амалия нишон медиҳад, иштирок дар иттифоқҳои бузурги интегратсионӣ дар шароити имрӯза ба кишварҳо имкон медиҳад, ки сатҳи зарурии иқтисодиёт ва амниятро нигоҳ дошта, вазифаҳои миллии худро самаранок иҷро кунанд, ки махсусан барои мамлакатҳои тараққиёбанда зарур аст.

"Ҳадафи асосӣ аз ин мусоҳиба сарзаниши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мавқеи ғайрифаъолонаи онҳо дар масъалаи Украина ва ҳамзамон даъвати онҳо ба иштирок дар чорабиниҳои Украина буд", - мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» Фаридун Усмонов.

Зеленский зарурати ин мусоҳибаро бо чӣ асоснок мекунад? "Ман мехоҳам, шумо бо чашмони худ бубинед, ки ҷаҳони рус чӣ меорад ё ҳатман кӯшиш мекунад ба қаламрави кишварҳои шумо биёрад", - гуфт ӯ ва барои он кишварҳое, ки дар он ҷо русҳо ҳастанд, ҷанг ва истилоро пешгӯӣ кард. Оё ин суханонро ба ҷуз аз барангехтани кинаю адовати миллӣ ба таври дигар тавсиф кардан мумкин аст?

Бо хоҳиши рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ мусоҳиба бо забони русӣ буд, вале Зеленский, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекард, дар рафти мусоҳиба баъзан вожаҳои русиро “фаромӯш” карда, ба тарҷумон муроҷиат мекард.

Оё пас аз мусоҳибаи Зеленский маълум шуд, ки оташи ҷанг кай хомӯш мешавад? Не. Зеленский изҳор дошт, ки барои ба мувофиқа расидан шароити мусоид намебинад ва имконнопазирии оташбасро бо он шарҳ дод, ки низомиёни Русия дар вилояти Харков қарор доранд. Вале, агар манзараи амалиёти ҷангиро таҳлил кунем, пас маълум мешавад, ки чунин вазъият пас аз тирборон кардани вилояти Белгород аз ҷониби Украина ба вуқуъ омад ва пешравӣ ба сӯи Харков воқеан ба бунёди минтақаи санитарӣ дар атрофи Белгород мусоидат мекунад.

 

НИШАСТИ СУЛҲ

Ва ин ҷо як саволи мантиқӣ ба миён меояд: Оё Зеленский саъй дорад, ба Русия зарар расонад ё сулҳро дар кишвараш ба даст орад? Агар ба назар гирем, ки вай бо ҳар роҳ аз музокироти пешниҳодшуда бо Русия канорагирӣ мекунад, пас ҷавоб маълум аст. Вале ӯ "формулаи сулҳ" -и худро ҳанӯз соли 2022 таҳия карда буд, ки он аз 10 банд иборат аст. Зеленский ният дорад онро дар "нишасти сулҳ", ки  нимаи моҳи июн дар Швейтсария баргузор мегардад, таблиғ кунад. Аз ҳама ҷолибаш он аст: аз 10 банди ибтидоии ин формула, дар саммит танҳо сетоаш боқӣ хоҳанд монд, то ин ки ба ҳадди имкон теъдоди бештари иштирокчиёни конфронс ҷалб карда шавад. Ва бо назардошти он, ки қудрати Зеленский дар Украина чанде қабл қонунияти худро гум кардааст, ӯ мехоҳад бо баргузории ин нишасти Швейтсария қудрати худро расман тасдиқ кунад. Маълум мешавад, ки дар шароити муайян бандҳои дигар чандон муҳим нестанд?

Пас, чӣ боқӣ монд? Украина ният дорад, аз Русия амнияти ҳастаӣ, бехатарии киштиронӣ дар баҳрҳои Сиёҳ ва Азов ва табодули “ҳама бо ҳама”-ро талаб кунад. Ва дар ҳар як банд метавон танҳо манфиатҳои худи Украинаро пайгирӣ кард: амнияти ҳастаӣ ҳамчун омили нигаронкунанда барои тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки мувофиқан онҳоро муттаҳид менамояд; Украина барои ба Қрим зарба задан  ба баҳргардии (киштиронии) озод ниёз дорад; формулаи "ҳама ба ҳама" бо сабаби нобаробарии шумораи маҳбусон комилан иҷронашаванда аст, ки эҳтимол Зеленский маҳз ҳаминро мехоҳад: рад кардани Русия аз рӯи  ин банд - ин як далели расмӣ барои умуман иваз накардани маҳбусон аст, зеро аксарияти маҳбусони украинӣ нияти ба ҷабҳа (фронт) баргаштанро надоранд. Дар “Формулаи нави сулҳ” дар бораи роҳҳои оташбас ва ташаккули сохтори баъдиҷангӣ, ки имрӯз барои ба даст овардани сулҳу осоиш аз ҳама омили муҳим аст, чизе гуфта намешавад.

Он ки Русия дар ин “нишасти сулҳ” иштирок намекунад, бори дигар ба ташаббуси сулҳҷӯёна монанд набудани онро тасдиқ менамояд: дар ин чорабинӣ танҳо тасдиқи «формулаи Зеленский» ва дар шакли талаби қатъӣ ба Русия пешниҳод кардани он  дар назар аст. Бояд гуфт, ки чунин равишро на танҳо худи Русия, балки дигар кишварҳои ҷаҳон низ қабул надоранд - президентҳои Африқои Ҷанубӣ ва Бразилия аз иштирок дар ин нишаст худдорӣ карданд, Хитой низ иштирок нахоҳад кард, ҳамчунин иштироки намояндагони Ҳиндустон низ зери суол аст. Ҳатто президенти Амрико дар он рӯзҳо бо корҳои дигари муҳимтар банд аст.

Ҷо Байден дар "нишасти сулҳ" дар Швейтсария иштирок нахоҳад кард, зеро ӯ бо падрудгарони интихоботии худ дар Калифорния вохӯрӣ дорад.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: "Маълум аст, вазъе, ки имрӯз дар Украина ба амал омадааст, асосан низоъ байни Русияву Украина не, балки низоъ байни Русия ва блоки НАТО, аниқтараш байни Русияву Амрико аст. Бинобар ин, маҳз намояндагони ин давлатҳо бояд  дар мавриди сулҳ ба мувофиқа расанд. Тавре мебинем, ИМА ташаббуси гузаронидани конференсияи сулҳро онқадар ҷонибдорӣ намекунад, ки ин аз самаранок ва шоёни диққат набудани он шаҳодат  медиҳад».

 

ТАШАББУСҲОИ ВОҚЕӢ

Дар баробари ин, намояндагони Хитой ва Бразилия даъват карданд, ки конференсияи сулҳ бо иштироки ҳарду тарафи муноқиша гузаронида шавад. Ва бо назардошти он ки мақомоти Русия борҳо омодагии худро барои музокироти сулҳомез бо Украина изҳор кардаанд, ин равиш аз ҳама ояндадор ва умедбахш ба назар мерасад.

Туркия низ ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи худро фаъолона пешниҳод мекунад. Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: "Музокироти қаблӣ дар Истанбул ягона ташаббуси сулҳҷӯёна мебошад, ки дар ҷараёни он намояндагони ҳарду ҷониб иштирок доштанд ва байни Русияву Украина тавофуқҳои муайян ҳосил шуда буданд. Аммо баъдан ҷониби Украина таҳти таъсири кишварҳои ғарбӣ аз онҳо даст кашид."

Чанд моҳ пеш президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи пешниҳодҳои нави сулҳ эълом кард. Тибқи равиши пешниҳодкардаи Туркия, ки аллакай номи «Истанбул-2»-ро гирифтааст, пешниҳод карда мешавад, ки Русия, Украина ва ИМА сари мизи музокирот нишаста, дар мавриди шартҳои расидан ба сулҳ ба мувофиқа оянд.

Ва имрӯз чунин пешниҳод барои ҳамаи ҷонибҳо қобили қабул ва аз ҳама судмандтарин ба назар мерасад. Дар ин ҳолат мавқеи Туркия ҳамчун миёнарав дар арсаи байналмилалӣ боло меравад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ метавонист мақоми сулҳоварро ба даст орад, ташаннуҷ дар ҷаҳон паст шуда, созишномаҳо дар бораи амнияти ҳастаӣ имконпазир мегардиданд. Раҳбарияти Украина имкони расидан ба сулҳро бо нигоҳ доштани қудрати худ пайдо мекард. Барои Русия ин анҷоми як раванди аз ҳар ҷиҳат мушкил ва гаронарзиш, инчунин, таваҷҷуҳ ба рушди кишвар ва таъмини бетарафии ҳамсояи худ хоҳад буд.

Рад кардани Байден эҳтимол ба интихоботи дарпешистода ва иттиҳомот алайҳи ӯ дар бораи ба натиҷаи шубҳанок овардани хароҷотҳои ҳангуфт аз буҷаи Амрико вобаста аст. Аммо, агар ҷонибҳо воқеан ба сулҳ манфиатдор бошанд, пас маълум аст, ки нақшаи Эрдуғон ба қафо намеафтад ва он ҳамчун як роҳи оқилонаи хотимаёбии низоъ баррасӣ хоҳад шуд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!