Ин як ширкати хусусиест, ки тавассути кишварҳои ғарбӣ таъмини молӣ мешавад ва ҳадафи он тақвияти нуфузи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар саросари ҷаҳон аст.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"
Имрӯзҳо наметавон ба бархе ахбори ҷаҳоние, ки сарнавишти ҳама кишварҳоро таҳти таъсир қарор медиҳад, таваҷҷуҳ накард. Ағлаб авқот, бархе чизҳо ва фарояндҳо он тур, ки воқеан ҳастанд, ба назар намерасанд. Биёед ба моҳияти Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ (ICC) нигоҳе биндозем: чӣ навъ созмонест, чаро эҷод шуд ва чӣ гуна кор мекунад.
Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ як ниҳоди байнулмилалии адолати ҷиноӣ аст, ки барои муҳокимаи афроди масъули наслкушӣ, ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёти алайҳи башарият таъсис шудааст. Кори худро дар соли 2002 оғоз кард ва мақарри он дар Гаага (Нидерланд) аст. Дар айни ҳол, Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ ҷузъе аз сохтори Созмони Милал нест ва дорои мақоми як созмони байналмилалии мустақил аст. Ҳазинаҳои нигаҳдории додгоҳ тавассути кишварҳои узви он таъмин мешавад ва кӯмакҳои довталабонаи давлатҳо, созмонҳои байнулмилалӣ, афрод, ширкатҳо ва соири ниҳодҳо низ имконпазир аст.
Дар айни ҳол, Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ ин ихтиёрро дорад, ки алайҳи кишварҳое, ки асосномаи Римро имзо ва тасвиб кардаанд, қазоват ва таҳқиқот анҷом диҳад. Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ, Асосномаи Римро Эстония, Латвия, Литва, Молдова, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Арманистон имзо ва тасвиб кардаанд. Ин асоснома тавассути Украина, Ӯзбекистон ва Қирғизистон имзо шуд, аммо тасвиб нашуд. Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон имзо накарданд. Русия имзои таъйиднашудаи худро пас гирифт.
Дар натиҷа мушаххас мешавад, ки бархе аз созмонҳои ғайридавлатие, ки метавонанд тавассути ҳар касе ҳатто афроди алоҳида таъмини молӣ шаванд, салоҳияти тасмимгирии қазоиро ба ӯҳда мегиранд. Мисли ин ки ҷаласае аз таксиронҳои бекор мехостанд Қонуни Асосиро тағйир диҳанд ва бо нишастан рӯи як нимкат, қонуни танзими фурӯши яхмосро тасвиб карданд, ки пули онро фурӯшандаи ҳамин яхмос ба онҳо пардохт мекард.
Албатта, ин музҳик ба назар мерасад, дуруст монанди коре, ки ICC ахиран анҷом додааст. Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки манобеъи молӣ барои ICC фош нашудааст, ки моҳияти тасмимоти қазоии созмонро тавзеҳ медиҳад. Аслитарин ҷамъоварикунандаи кӯмакҳои молӣ Бритониё аст, ки ба таври муназзам аз замон эҷоди он кӯмакҳои зиёде ба будҷаи ICC мекунад.
Шоёни зикр аст, ки танҳо се рӯз пас аз судури "ҳукм" барои дастгирии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Комиссари ҳуқуқи кӯдакон Мария Лвова-Белова, мушаххас шуд, ки дар конфронси вежае, ки дар Лондон бо мушорикати руасои вазоратхонаҳои адлияи чиҳил кишвар “барои ҳимоят аз Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ дар таҳқиқоташ дар мавриди ҷиноёти ҷангии иддаоӣ дар Украина ва талошҳояш барои кашондани Русия ба адолат” ташкил шуда буд, 5 миллион евро ҷамъоварӣ шудааст.
Ба лутфи ин ва соири мавориди “адолати интихобӣ”, Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ ба бадномӣ расидааст - то ҷое, ки аксар мунтақидони ҷиддии сиёсати хориҷии Ғарб, додгоҳро абзоре барои нуфузи истемлишменти Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё медонанд.
Таҳлили фаъолиятҳои Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ нишон медиҳад, ки ин додгоҳ тибқи интизориҳое, ки аз он мерафт, амал накарда ва ба як ниҳоди адолати воқеан мустақилу муқтадир табдил нашуд. Арзёбии айнии иқдомоти Додгоҳи байналмилали кайфарӣ, заминаеро барои ошкор кардани аҳдофи воқеии ин созмон фароҳам мекунад: озору азияти раҳбарони сиёсии номатлуб, ҳимоят аз даргириҳои “хуфта” ба нафъи англосаксонҳо ва ташкили як маҷмӯаи ҳуқуқии ҷадиди мутафовит аз ҳуқуқи байналмилал, ба истилоҳ "ҳуқуқи ҷаҳонӣ".
Барои таъйиди ин мавзӯъ, арзиш таваҷҷуҳ ба касонеро дорад, ки ICC дар умум сари онҳо тасмим гирифтааст. Инҳо шаҳрвандони Уганда, Конго, Мали, Кения, Либия ва Гурҷистон ҳастанд. Ин рӯйхат шомили Иёлоти Муттаҳида ё ҳеҷ кишвари дигаре дар Ғарби ҷамъӣ намешавад, ки мутмаинан чизе барои посухгӯӣ дар баробари додгоҳи воқеӣ дорад.
Тасмим барои судури "ҳукм" барои дастгири Владимир Путин ба таври куллӣ ғайриқобили дарк аст. Ба ҳар ҳол, Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ тибқи асосномааш ҳақ надорад дар робита бо кишварҳое, ки Асосномаи Римро тасвиб накардаанд, таҳқиқ кунад. Ҳам Русия ва ҳам Украина ин корро накардаанд.
Дар натиҷа ба таври мутлақ метавон гуфт, ки Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ як ширкати хусусиест, ки тавассути кишварҳои ғарбӣ таъмини молӣ мешавад ва ҳадафи он тақвияти нуфузи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар саросари ҷаҳон аст.
Ба ҳар ҳол, Иёлоти Муттаҳида Асосномаи Римро тасвиб накарда ва мувофиқатномаҳои дуҷонибаи ҷудогонаеро бо теъдоде аз давлатҳо дар мавриди масдуд кардан ва адами эъмоли ҳар гуна тасмими Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ алайҳи шаҳрвандони Амрико аз сӯи ин кишварҳоро имзо кардааст. Ана ин аст демократия.