Хабари рӯз

Расонаҳо аз ҳузури даҳҳо афсару сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар ҷанги Украина хабар медиҳанд.

МАСКАВ, 13 апрел - Сангар, Толиб Алиев. Бино ба иттилои оперативие, ки аз истихбороти Русия ба расонаҳо дарз кардааст, онҳо аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба майдони ҷанги Украина андохта шудаанд.

Як канали телеграмӣ ба номи @wargonzo аз ҳузури 37 афғон дар маҳалли корхонаи маъдани куҳии “Азов Стал” (Пӯлоди Азов) –и шаҳри Мариуполи вилояти Донетски Украина хабар медиҳад, ки дар сафи нерӯҳои он кишвар бо нерӯҳои Русия меҷанганд.

Ба иддаои @wargonzo, ин мавзӯъ пас аз як радгирии радиоии чанд рӯзи пеш барои афсарони истихборотии Донбасс мушаххас шудааст.

“Дуруст як рӯз қабл, афғонҳо бо якдигар тамос гирифтанд ва аз минтақаи санъати Мариупол, ҷое, ки онҳо ҳамроҳ бо нерӯҳои “Азов” муҳосира шудаанд, хостори як даҳлези тахлия (эвакуатсия) шуданд. Ба ҳар ҳол, ин ҷангҷӯён буданд, ки музокирот дар мавриди тахлияи хориҷиҳо тавассути ҷангиёни ”Милисаи мардумӣ” – и Ҷумҳурии Донетск ва Русияро масдуд карданд”, - омадааст дар хабари @wargonzo.

“Азов Стал” як корхонаи металлургии воқеъ дар шаҳри Мариупол, соҳили дарёи Азов ва як ширкати инҳисории иддае аз маҳсулоти филизӣ дар Украина аст. Бино ба иттилои ахир, ин корхона дар пайи ҷангҳои кунунӣ осеби ҷиддӣ дидааст.

Дар робита ба ҷангиёни афғони ҳозир дар “Азов Стал” ва чигунагии пайвастани онҳо ба Нерӯҳои мусаллаҳи Украина канали телеграмии @wargonzo гуфтааст, дар мавриди он даста аз нируҳои вежа сӯҳбат мекунад, ки қаблан барои давлати тарафдори Амрикои Ғанӣ кор мекарданд.

“Пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО ва пирӯзии Толибон* онҳо ба Иёлоти Муттаҳида тахлия шуданд ва дар ширкати хусусии низомии “Академия” (дар гузашта “Блэк вотерс” (Black waters)) ба хидмат пардохтанд. Онҳо маҳз ҳамон низомиёне ҳастанд, ки ба таври фаъол дар Афғонистон аз сӯи амрикоиҳо омӯзиш ва тарбия дидаанд. Онҳо ба Мариупол омаданд то ба унвони муздур биҷанганд”, - менависад ин манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ин дуввумин мавриди алании зоҳир шудани ҷангиёни афғон дар расонаҳо ба ҳисоб меравад. Қаблан расонаи инглисии BBC бо як афғонистоние дар Украина суҳбат карда буд, ки мегуфт, аз соли 1998 ба ин сӯ дар Украина зиндагӣ мекунад ва бо русҳо меҷангад, зеро онҳо рӯзгори ӯро дар Афғонистон низ табоҳ карда буданд ва ҳоло ин ҷо низ табоҳ мекунанд.

Аммо рӯи синаи ӯ нишонии нерӯҳои командуи вазорати дифоъи Афғонистон (он гуна, ки дар акси аввалӣ мебинед) дар замони ҳукуматҳои рӯ ба Амрикои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ дида мешавад, ки иддаои зиндагии ӯ аз соли 1998 ба ин сӯ дар Украинаро таҳти суол қарор медиҳад.

Дар оғози даргириҳо як хонандаи Сангар акси ахирро фиристода, ин иддаоро карда буд, ки ин нафар низ аз нерӯҳои собиқи командуи Афғонистон аст ва ҳоло дар Легиони хориҷии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина меҷангад.

Ҳамзамон расонаҳои ҷаҳонӣ аз ҳузури садҳо шаҳрванди хориҷӣ дар ҷангҳои Украина хабар медиҳанд, ки аз саросари ҷаҳон ҷамъ омада, шомили Легиони хориҷии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина шудаанд.

Дар гузашта ин ҳарфҳо низ рӯи сафаҳоти расонаҳо афтода буданд, ки маршал Абдурашид Дӯстум бо тақозои Туркия иқдом ба эъзоми нерӯҳояш ба Украинаро кардааст. Аммо Ҳошим Раис, аз наздиконаш, ки гуфта мешуд, барои иҷрои ин маъмурият ба Эрон омада буд, аз сӯи истихбороти Ҷумҳурии исломӣ боздошт ва зиндонӣ шуд ва то ба ҳол сарнавишташ номаълум аст.

Бино ба гузоришҳое, ки аз қабл дар ихтиёри Сангар қарор доштанд, дар Қатар гӯё як ҳайати украинӣ бо Толибон низ вориди музокирот шуда, аз онҳо хоста буд, ки ба Украина бар ивази 500 миллион доллар 5 ҳазор нерӯ эъзом кунанд. Бино ба бархе додаҳо, ба ҳар ҷангии толиб рӯзона аз 3 то 5 ҳазор ҳаққулзаҳма ваъда шуда буд. Аммо ин пружа пас аз сафари як “ҳайати иқтисодӣ” – и Русия ба Кобул барҳам хӯрдааст.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!