Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли афзоиш аст. Шояд тамриноти низомие, ки рӯзи гузашта дар Иссиқкӯл бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин баргузор шуд, бахше аз барномаҳои ҷадид бошад?
Нависанда: Неъматулло Мирсаидов
Имрӯз ду паём мунташир кардам, ки аз назари мӯҳтаво ва мафҳум мутафовит ҳастанд. Дар як тафсири тааммулӣ, ибрози умедворӣ кардам, ки бо роҳандозии талошҳо метавон муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро танзим кард, ба ҳама ихтилофот поён дод ва дӯстии собиқ, равобити тиҷории миёни ду кишварро эҳё кард. Дар ин паёмҳо ман бо нигаронӣ дар мавриди чигунагии идомаи иқдомоти тарафи қирғизистонӣ, ки вазъиятро дар марз ташдид мекунад, сӯҳбат кардам.
Бар асоси гузоришҳои расида аз деҳаҳои марзии Тоҷикистон, сохторҳои мудирияти оби ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар ҳоли анҷоми иқдомоте барои контроли обрасонӣ ба манотиқи аҳолинишини Тоҷикистон воқеъ дар имтидоди канали обёрии фаромарзии Тарткӯл ҳастанд. Дарича (вентил) - ҳо бидуни ризояти тарафи тоҷикӣ ба лӯлаҳои обкашӣ васл карда мешаванд. Ин дар ҳоле аст, ки проекти сохти иншооти обёрӣ таъмини оби тамоми манотиқи аҳолинишини Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ дар имтидоди каналро фароҳам карда буд.
Сокинони маҳаллаи Қақир, ҷое, ки хоҷагии оби Қирғизистон қаблан дарича насб кардааст, намедонанд чӣ гуна барои ин мавзӯъ роҳи ҳалле пайдо кунанд. Намояндагони ҷамоат мегӯянд, дар шароити кунунӣ, ихтиёри ҳаллу фасли ҳама масоили марзӣ ба мақомоти болотар вогузар шудааст. Мардум то кунун аз эътироз худдорӣ кардаанд, зеро ҳар талоше барои ҳалли ин мавзӯъ ба танҳоӣ метавонад мунҷар ба даргирии ҷадид шавад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки канали обёрии фаромиллии Тарткӯл ва ҳамчунин бузургроҳи Ӯш-Бодканд-Исфона, ки мутааллиқ ба ҷумҳурии Қирғизистон аст, аз чанд нуқта аз хоки Тоҷикистон убур мекунанд. Аммо акнун ин манотиқ таҳти контроли артиши Қирғизистон аст.
Талоши марзбонони тоҷик дар 10 марти соли ҷорӣ барои тағйири масири хадамоти посбонӣ дар тӯли марз мунҷар ба ҳодисае шуд, ки дар он як марзбони тоҷик кушта шуд. Шаби 10 ва 11 март, марзбонони Қирғизистон маҳаллаи Қақирро ҳадафи тирборони густурда қарор доданд. Тарафайн муваффақ ба тавофуқ бар сари оташбас шуданд.
Ҳама ин иттифоқот дар ҳоле рух дод, ки дар моҳи феврал дар тамоми ҷомиаҳои марзӣ оши палав ба нишонаи оштӣ дода шуд, бузургони ду тараф аз ҷавонон ва низомён хостанд то авзоъро ташдид накунанд ва ҳама масоили навзуҳурро бо кӯмаки мулоқотҳо дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал кунанд.
Таҳлилгарони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки иқдомоти якҷонибаи ҳамсоягон барои ташдиди режими истифодаи иншооти обёрии дар хидмати ду кишвар мумкин аст боиси даргирии ҷадид шавад. Ва тамаркузи ҳаҷми зиёде аз техника ва низомиён хатар ба сулҳу субот дар марзҳоро бамаротиб афзоиш медиҳад. Ҳамчунин гузоришҳое аз бархе манобеъ ҳокӣ аз он аст, ки Қирғизистон қасд дорад посгоҳҳои бозрасии изофӣ дар ҷойҳои буриши роҳҳои мошингард эҷод кунад, ки метавонад монеае барои рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба вуҷуд орад ва эътирозотро барангезад.
Ин эҳсос вуҷуд дорад, ки артиши Қирғизистон қасд дорад даргирии навбатӣ ва задухӯрди низомиро таҳрик кунад. Шояд тамриноти низомие, ки рӯзи гузашта дар Иссиқкӯл бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин баргузор шуд, бахше аз барномаҳои ҷадид бошад? Ҳамин соли гузашта маҳз пас аз чунин тамриноти низомӣ, даргирии низомӣ дар наздикии иншооти обии “Сароб” ("Головное") эҷод шуд. Аз мардум мехоҳам, ки таслими таҳрикот (провокатсия) - и эҳтимолӣ нашаванд. Ва вақти он аст, ки артиш ба дурустӣ омода шавад. Манобеъи мо камтар аз ҷумҳурии Қирғизистон нест. Ва аз қудрати низомӣ ҳам ақиб нест. Дар сурати лузум, мардум барои тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи худ дар марз маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.