Кормандон калидҳои сафоратро ба оқои Муҳаммадсиддиқ аз кормандони маҳаллӣ, таҳвил дода ва ҳама аъзои сафорат аз дипломатҳо то кормандони маҳаллӣ намояндагии дипломатики Афғонистон дар Маскавро барои ҳамеша тарк карданд...
Нависанда: Кова Оҳангар
Гузориши вежа
аз моҷарои таҳвилдиҳии
сафорати Афғонистон
дар Маскав ба Толибон
Парчами низоми ҷумҳурӣ ҳанӯз бар фарози дарби вуруди сафорати Афғонистон дар Маскав дар эҳтизоз аст.
Талоши Толибон барои дар ихтиёр гирифтани идораи сафоратҳои Афғонистон аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ то акнун бидуни вақфа ҷараён доштааст. Бо вуҷуди ин, ки аксарият сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ аз кишвар ҳанӯз ҳам аз гурӯҳи Толибон итоат намекунанд, аммо Толибон лоақал тавонистаанд дар чанд мавриди маҳдуд муваффақиятҳое дошта бошанд. Аз ҷумла Покистон нахустин кишваре буд, ки намояндаи Толибонро дар сафорати Афғонистон дар Исломобод пазируфт, ба ҳамин тартиб Мулло Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон муваффақ шуд то дохили сохтмони сафорати Афғонистон ба Анқара биравад ва дар он ҷо ҷаласаеро, ки дар он кормандони сафорат ширкат доштанд ва чунон ки ҳувайдост, Қатар минҳайси валинеъмати Толибон сафорати Афғонистонро дарбаст дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор додааст. Ва аммо ҳеҷ кадом аз ин муваффақиятҳо ба андозаи таҳвилдиҳии сафорати Афғонистон дар Маскав барои Толибон хушоянд набудааст.
Дар Афғонистон ҳамеша ба Русия минҳайси кишваре мухолифи бунёдгароии мазҳабӣ ва терроризм дида мешавад, ки Толибон бархурдор аз ҳар ду сифат ҳастанд. Аз ҷониби дигар алоқамандии Толибон барои ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротӣ дар Осиёи Миёна, ки Русия ба он минтақа ба дидаи ҳарими амнияти миллии хеш нигоҳ мекунад, омили дигаре буд, ки фикр мешуд русҳо ҳаргиз бо гурӯҳи террористии Толибон сари созиш нахоҳанд дошт, аммо бар хилофи тамоми ин интизорот равобити Русия бо Толибон аз чанд сол бад-инсӯ гармтар ва наздиктар шуда рафт, то он ҷо, ки Толибон табдил шуданд ба як дӯст ё муттаҳиди Русия дар минтақа.
Баҳси чигунагии наздик шудани Маскав бо Толибон, ки бетардид дипломатияи Покистон дар он нақши асосӣ дошт, мавзӯест, ки “Ориё Пресс” дар ояндаи наздик ба он хоҳад пардохт.
НИШАСТИ ЧИН ВА ЭЪЛОМИЯИ ЛАВРОВ
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин эълон кард, ки Русия ҳозир аст дипломати Толибонро минҳайси намояндаи расмии Афғонистон дар Маскав бипазирад. Бо ин, ки ин хабар зиёд ҳам ғайримутараққиба (тасодуфӣ) набуд, зеро аз чанд сол бад-инсӯ Русия равобити танготанаге бо Толибон дорад, то он ҷо, ки фаъолини шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон ба Замир Кобулов, намояндаи хоси вазорати хориҷаи Русия дар умури Афғонистон лақаби “Залмай Халилзоди дуввум”-ро ба хотири ҳимоят ва пуштибониҳояш аз Толибон додаанд, аммо фикр намешуд, ки давлати Русия намояндаи Толибонро ба ҳайси дипломат дар Маскав бипазирад, зеро Толибон ҳанӯз ҳам ба асоси қавонини Русия як гурӯҳи террористӣ ва мамнуъ дар ин кишвар мебошанд.
Манбаъе дар сафорати Афғонистон дар Маскав, ки хост ҳувиятш маҳфуз бимонад, ба хабаргузории “Ориё Пресс” ҷараёни таҳвилдиҳии сафорати Афғонистон ба Толибонро чунин ривоят кард.
Акс: Мактуби тақаррури Ғарвол ба ҳайси секретари дувум дар сафорати Афғонистон дар Маскав.
Дар моҳи феврали соли 2022 Ҷамол Носир Ғарвол аз ҷониби вазорати хориҷаи Толибон ба ҳайси секретари дувуми сафорат муаррифӣ гардид. Доктор Сайид Тайиб Ҷавод, сафири Афғонистон дар Маскав бо тақаррури Ғарвол мухолифат нишон дод ва ӯро ба вазорати хориҷаи Русия ба ҳайси дипломати афғонистонӣ муаррифӣ накард, лизо вазорати хориҷаи Русия корти дипломатик ба Ғарвол содир накарда, ӯро минҳайси дипломат ба расмият нашинохт.
Аммо дар ин авохир вазорати хориҷаи Русия хилофи тамоми усули идорӣ ва дипломатик ба Ҷамол Носир Ғарвол корти дипломатик содир карда, визаи сесола ба ӯ дод. Дуруст дар ҳамин замон буд, ки фишорҳои вазорати хориҷаи Русия дар мавриди таслимдиҳии сафорати Афғонистон ба Толибон бар сафири Афғонистон афзоиш ёфт.
Замоне, ки сафири Афғонистон эҳсос мекунад, ки русҳо тамоюл ба супурдани сафорати Афғонистон ба Толибон доранд, тақозо мекунад то бо масъулини вазорати хориҷаи Русия мулоқот кунад. Ба таърихи чаҳоруми апрели 2022 сафири Афғонистон бо муовини Замир Кобулов, Алберт Павлович Хоров ва теъдоде аз аъзои тими Кобулов мулоқот мекунад. Дар ин мулоқот сафири Афғонистон ба русҳо тазаккур медиҳад, ки агар дар садади таҳвилдиҳии сафорат ба Толибон ҳастанд, сафир ҳозир аст сафоратро ба вазорати хориҷаи Русия таҳвил бидиҳад, то баъдан онҳо онро дар ихтиёри Толибон бигузоранд.
Вазорати хориҷаи Русия бо ин дархости сафири Афғонистон мувофиқат намекунад ва исрор меварзад то сафир шахсан сафоратро ба Ҷамол Носир Ғарвол, намояндаи Толибон таҳвил бидиҳад. Оқои Сайид Тайиб Ҷавод ин хости вазорати хориҷаи Русияро намепазирад ва дар баробари он муқовамат мекунад. Дар ниҳоят тасмим бар ин мешавад, ки кормандони сафорат бидуни кадом мушкил то охири моҳи апрел ба кори худ идома бидиҳанд то дар ин муддат дар мавриди сарнавишти сафорат тасмим иттихоз гардад.
Аммо як рӯз пас аз ин мулоқот яъне ба рӯзи сешанбе панҷуми апрел мактубе аз вазорати хориҷаи Русия ба сафорати Афғонистон мувосилат меварзад мабнӣ бар ин, ки сафир ва кормандони сафорат фақат то хатми ҳамон ҳафта (яъне то се рӯз дигар) бояд сафоратро таҳвили намояндаи Толибон кунанд.
Пас аз расидани мактуби вазорати хориҷаи Русия ба сафорати Афғонистон, ки шабеҳи як ултиматум буд, кормандони сафорат оғоз мекунанд ба тартиб ва танзими асноди сафорат. Пас аз ҷамъоварӣ ва тартибу танзими аснод, кормандон калидҳои сафоратро ба оқои Муҳаммадсиддиқ аз кормандони маҳаллӣ, таҳвил дода ва ҳама аъзои сафорат аз дипломатҳо то кормандони маҳаллӣ намояндагии дипломатики Афғонистон дар Маскавро барои ҳамеша тарк мекунанд.
Рӯзи шанбе нӯҳуми апрел сарпарасти тоза муаррифишудаи сафорат ҳамроҳ бо ҷамъе аз афғонистониҳои муқими Маскав, ки ҳама аз ҳаводорони Толибон ба шумор мераванд, ба сафорат меоянд, ки дар нахуст нигаҳбонони сафорат онҳоро иҷозаи дохил шудан намедиҳанд, аммо баъд аз мушоҷира ва ҷадали лафзӣ, билохира, нигаҳбонон дарвозаи сафоратро ба рӯи Ғарвол ва ҳамроҳонаш мекушоянд.
Бад-ин тартиб вазорати хориҷаи Русия бо қулдурӣ ва зӯру хилофи тамоми усул ва арзишҳои пазируфташудаи дипломатик сафорати Афғонистонро ба Толибон таҳвил медиҳад.
Манбаъ: ariapress.org