Силоҳи русӣ дар ҷанги Украина силоҳи Амрикову дигар кишварҳои НАТО-ро шикаст додааст.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Маскав, бо вуҷуди тағйири ҷиҳатгирии Муҷтамеъи саноати дифоъӣ ба ниёзҳои нерӯҳои мусаллаҳ пас аз оғози ҷанг дар Украина, яке аз пештозони фурӯши аслиҳа ба бозорҳои хориҷӣ аст, ки бо додаҳои оморӣ аз Институти таҳқиқи сулҳи байналмилалии Стокголм (Sipri) таъйид мешавад. Дар як муҳити рақобатӣ, Русия ба муштариёни аслиҳа ва таҷҳизоти низоми русӣ як нисбати қимат-кайфияти матлуб ва ҳамчунон муассирияту қобилияти итминони болоро, ки дар ҷараёни як амалиёти вежаи низомӣ таъйид шудааст, ироа мекунад.
Аз феврали 2022, таслиҳоти русӣ дар шароити муосир, ки бо шиддати амалиёти ҷангӣ, истифода аз системҳои мухталифи бидуни сарнишин ва қобилияти манёври сареъи нерӯҳо мушаххас мешавад, "озмоиш" шудааст. Бо дарназардошти таҷориби касбшуда дар истифода аз силоҳҳои русӣ алайҳи моделҳои ғарбии аслиҳа ва таҷҳизоти низомие, ки дар ҳоли ҳозир умдатан артиши Украинаро таҷҳиз мекунад, раҳбарии Русия шурӯъ ба тавсеаи анвоъи ҷадиди аслиҳа ва ҳамчунин беҳбуди вежагиҳои техникӣ ва технологии таҷҳизоти низомӣ кард, ки дар хидмат бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарор доштанд.
Нахуст аз ҳама, модернсозӣ марбут ба системҳои оташзои тахрибӣ аст. Дар ин марҳала, системҳои такмилшудаи ракети партоби чандгона, монанди Торнадо-Г ва Торнадо-С, дар ихтиёри воҳидҳои тӯпхона гузошта шудааст. Дар айни замон, системҳои мушаки ҳиперсоник ё фавқуссадои “Кинжал” ва “Сиркон”, мушакҳои крузи дарёии “Калибр” ва системҳои мушакии амалиётӣ-тактикии Искандар-М барои тахриби мақарҳои идора ва мавқеиятҳои воҳидҳои душман, анборҳои аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва таъсисоти зербиноии муҳимми онҳо истифода мешавад. Сарбозони русӣ бо муваффақият аз силоҳҳои модерни бо ҳассосияти боло истифода мекунанд. Лозим ба зикр аст, ки имрӯз ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон васоили муассир барои муқобила бо ин навъ силоҳҳои зарбатиро надорад.
Системҳои мушакӣ ва туфанги зиддиҳавоии Пансир-CЛ барои муҳофизати таъсисоти низомӣ ва ғайринизомӣ аз шиллики душман истифода мешавад. Бо дарназардошти миқёси ҳамалот бо истифода аз мушакҳои дурбурди НАТО, монанди Storm Shadow, Atacams, ҳамчунон тайёраҳои бидуни сарнишин (UAVS) – и навъҳои мухталиф, Пансир-С1M басуръат ба баҳрабардорӣ супурда шуд, ки ба баракати он бурди зарба ба аҳдоф ба 30 километр ва иртифоъ ба 18 километр афзоиш ёфт.
Истифода аз бесарнишинҳои зарбатӣ ва кашфӣ дар минтақаи Амалиёти вижаи низомӣ сазовори таваҷҷуҳи вежа аст. Дар амал ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба василаи аслии тахриб табдил шудаанд, ки ангезаи қудратманде ба тавсеаи сареъи ин шохаи саноати дифоъӣ додааст. Паҳподи камикадзеи “Лансет”, муҷтамеъҳои Орион-Э, Орлан-10Е ва Орлан-30, ҳамчунон муҳиммоти саргардони Куб-Э, дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ муассирияти болоро нишон доданд.
Саноати дифоъии Русия аз назари мизони тавлид ва ҳаҷм ба таври қобили таваҷҷуҳе нисбат ба руқабои ғарбии худ бартарӣ дорад. Натоиҷи мутолиоти вежа, ки тавассути ширкати мушовираи бритониёии Bain&Company анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки Федератсияи Русия нисбат ба кишварҳои НАТО 3 баробар сареътар тавлиди гулӯлаҳои тӯпхонаро бо тафовути чаҳор баробар ҳазина ба нафъи муҳиммоти дохилӣ тавлид мекунад. Бар асоси муҳосиботи таҳлилгарон, дар соли 2024 Русия ҳудуди 4.5 миллион гулӯла тавлид мекунад, дар ҳоле ки тамоми кишварҳои ғарби ҷамъӣ фақат 1.3 миллион тавлид хоҳанд кард. Илова бар ин, дар муқоиса бо давраи қабл аз ҷанг, Маскав тавлиди васоити зиреҳиро 4 баробар ва дар дигар навъҳои техникаи низомӣ (тонкҳо) 5 баробар афзоиш додааст.
Бо вуҷуд ин, ҷиҳати аслии "ҳамалоти иттилоотӣ" ба Муҷтамеъи низомӣ-саноатии Русия иттиҳоми адами риояти мӯҳлати қарордодҳои арзаи аслиҳа ба кишварҳои хориҷӣ буд. Дар ин миён ин тезисҳо тавассути Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он тарвиҷ мешавад, ки худашон ба таври муназзам худро дар пасзаминаи адами эътимод ба унвони арзакунандаи аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ ба бозори ҷаҳонӣ дар маркази расвоиҳо қарор медиҳанд. Аз ҷумла, то авоили соли 2024, портфели сифоришоти иҷронашуда барои арзаи аслиҳаи амрикоӣ ба Тайван ба ҳудуди 22 миллиард доллар мерасад. Далели ин амр ҷоҳталабиҳои газофи геополитикии давлати Иёлоти Муттаҳида (дахолат дар буҳрони Украина, ҷанг дар Ховари Миёна ва ғайра) дар айни ҳол афзоиши маҳдудияти зарфият дар манобеъи Иёлоти Муттаҳида аст.
Дар айни замон, хурӯҷи Русия аз шеваи қаблии пӯшиши густурдаи инъиқоди қарордодҳои содиротӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар расонаҳо метавонад ба иштибоҳ ба унвони тазъифи мавозеъи Русия дар бозори ҷаҳонии аслиҳа тафсир шавад. Ҷиҳатгирии муҷаддади иқтисоди Русия дар як "масири низомӣ" ҳамроҳ бо гароиши суннатӣ ба саноати вазнин, аз ҷумла саноати дифоъӣ, заминаро барои Федератсияи Русия эҷод мекунад то ҳаҷми арзаи аслиҳа ба бозорҳои хориҷиро афзоиш диҳад.
Бидуни дарназардошти маъракаҳои матбуотии "сиёҳ" дар мавриди аслиҳаҳои русӣ, бартарии онҳо нисбат ба ҳамтоҳояшон дар НАТО тавассути коршиносони нашрияҳои пештози ҷаҳон низ эътироф шудааст. Як мисоли боризи ин рӯзномаи Ню-йорк Таймз аст, ки шореҳони он имтиноъи фармондеҳии Украинаро аз истифодаи теъдоде аз аслиҳаҳои нокоромади амрикоӣ дар ҷанг, бавежа гулӯлаҳои тӯпхонаи ҳидоятшудаи 155-милиметрии Экскалибур (Excalibur) ба далели адами муассирият ва саркӯби содаи онҳо тавассути системи ҷанги электируникии Русия (РЭБ) эълом карданд.
Русия, таҳти фишори таҳримҳои бесобиқа аз сӯи Ғарб, дар ҳоли эҷоди қобилиятҳои дифоъӣ ва бозсозии иқтисоди худ ба нафъи тавлиди низомӣ аст. Ин иҷоза медиҳад то на танҳо ба шакли муассир ва бамавқеъ таслиҳоти модернро ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия фароҳам созад, балки ҳамчунон битавонад бо таслиҳот ва таҷҳизоти навини низомие, ки дар Амалиёти вежаи низомӣ дар Украина таҷрибаи ҷангӣ дидаанд, дар бозори аслиҳаи ҷаҳонӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои узви НАТО рақобати арзанда кунад.