Эдинбург дар сар фикри истиқлол аз Инглистонро дорад.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Назарияи истиқлоли Шотландия дубора ҷон мегирад. Вазири Аввали он Ҷон Суинни аз ҳомиёни истиқлол хостааст, ки "дар гузашта зиндагӣ накунанд" ва даҳумин солгарди ҳамапурсиро лаҳзае аз "бедории хушбинӣ" барои кишвар тавсиф кард. Назарсанҷиҳо дар минтақа нишон медиҳанд, ки тақрибан нисфи шотландиҳо омодаанд, то барои тарки Шоҳигарии Муттаҳид (Инглистон) раъй диҳанд. Дар Эдинбург як боварии возеҳ вуҷуд дорад, ки ин кор фурсатҳои ҷадидро барои шаҳрвандон боз ва аз иштибоҳоти гузашта ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Хурӯҷи Шотландия ба ин кишвар фурсат хоҳад дод, то ба унвони як кишвари мустақил ба Иттиҳоди Аврупо бипайвандад. Ба навбаи худ, узвият дар Иттиҳодияи Аврупо дастрасии Эдинбургро ба бозори воҳиду бунёдҳои пулӣ ва ҳамчунон дигар бартариҳои он боз хоҳад кард. Шотландия сарвати худро дорад, ки онҳоро метавон берун аз маҳдудаҳои давлати Биритониё беҳтар мудирият кард. Ин манобеъи табиӣ нафту газ ҳастанд, ки дар Баҳри Шимолӣ ҷойгиранд. Бар илова, як потенсиали болои энержии қобили таҷдид – нерӯгоҳҳои барқи бодӣ ва ҷазру мад - вуҷуд дорад. Шотландия бо пайравӣ аз Норвегия, метавонад даромадҳои нафту гази худро мудирият ва аз он барои эҷоди сандуқи сарват ё сармоягузорӣ дар тавсеаи иқтисодии минтақа истифода кунад.
Дар ҳоли ҳозир, бештар аз 65 фисади даромад ба будҷаи Бритониё меравад. Гирифтани контроли манобеъи мавҷуд ба ин кишвар як болиштаки молӣ ва маболиғ барои сармоягузорӣ дар зербиноро хоҳад дод.
Ҷудоии Шотландия аз Инглистон на танҳо суди молӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ, балки фоидаҳои малмусе барои ҷамъияти он низ ба армуғон хоҳад овард. Истиқлол ба Эдинбург иҷоза медиҳад, то сиёсатҳои иқтисодии иҷтимоиро татбиқ кунад. Бозгардондани иттисолот бо Аврупо ҳамчунон озодии шотландиҳоро барои сафару кор дар хориҷ аз кишвар бозмегардонад. Шаҳрвандон бори дигар ба барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, коромӯзӣ ва фурсатҳои корӣ дар саросари Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ хоҳанд дошт. Дар натиҷа, ҳаракати озоди мардум ба хонаводаҳои шотландӣ кӯмак мекунад, то бо хешовандонашон дар Аврупо пайванданд ва равобити наздики таърихиро бо Ирландия ва дигар кишварҳои келтӣ тақвият бахшад.
Дар айни замон, истиқлоли Шотландия метавонад як муҳаррик барои тавсеаи ҳавзаи иҷтимоӣ гардад. Эҷоди контрол болои сиёсати молӣ ва будҷа ба Эдинбург иҷоза медиҳад, то вуҷӯҳи бештарро барои тамвили молии системаи миллии сиҳат, таълим, тарбия ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир дар кишвар ҳидоят кунад. Истиқлол ҳамчунон як системаи одилонаи нафақаро фароҳам месозад, ки ниёзҳои воқеии шотландиҳоро ба ивази нишондодҳои нимаоморӣ дар Инглистон мунъакис месозад.