Cироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ва раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” масъулияти ҷобаҷоии ноқилини покистонӣ, аз ҷумла ҷангҷуёни Таҳрики Толибони Покистон (TTP) - ро дар имтидоди савоҳили канали Қӯштеппа бар ӯҳда гирифтааст.
ДАР АКС: Толибон ҳудуди 100 хонавода дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддинро аз манзилашон ронда, ба ҷои онҳо ноқилини паштуни покистониро ҷой доданд.
МАЗОРИ ШАРИФ, 10 июн - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Амрико, Покистон ва Қатар ин вазифаро ба ӯ сипурдаанд. Иёлоти Муттаҳида муддатҳост, ки барои сари Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҷоизаи 10-миллиондолларӣ таъйин кардааст.
Як манбаъ дар раҳбарии Толибон дар Балх ба вебсайти “Сангар” гуфт, замоне, ки Ҳаққонӣ ба Балх сафар кард, кормандони истихбороти Амрико, Покистон ва Қатар ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.
“Шаш қатарӣ ва се амрикоӣ ҳамроҳи ӯ буданд. Теъдоди покистониҳо панҷ-шаш нафар буд. Онҳо дар ҷаласае бо фармондеҳони “Шабакаи Ҳаққонӣ”, ки аксаран толибони ғайрипаштун - тоҷик, ӯзбек ва туркман - буданд, ҳузур доштанд”, - гуфт манбаъ.
Дар он ҷаласа, Cироҷуддин Ҳаққонӣ ҳудуди 500 миллион афғонӣ (муодили 4.3 миллион доллар)-ро байни фармондеҳони толибони шимол барои ҳимоят аз пружаи ускони ноқилини покистонӣ тавзеъ кард.
“Ҳаққонӣ илова бар пул, ба фармондеҳони ғайрипаштун низ ваъдаи 100 ҷариб (20 гектар) замин ва 10 боб хонаро додааст. Аз онҳо фақат хоста шуд, ки бо ҳар касе, ки ба проекти истиқрори ноқилҳои паштуни Покистон дар Шимол эътироз мекунад, саркӯб кунанд”, - гуфт манбаъ.
Вай мегӯяд, бархе аз фармондеҳони ғайрипаштуни Толибон дар ҳоле, ки аланан эълом намекунанд, дар миёни худ мегӯянд, ки онҳоро дар ин кор истифода ва дар ниҳоят аз саҳна ҳазф мекунанд.
“Ин метавонад як кори оперативӣ бошад, зеро мумкин аст онҳо аслан ба заминҳо ва хонаҳои ваъдашудаи худ нарасанд. Пас аз ҷобаҷоии ноқилин, аз байн бурдани фармондеҳон кори мушкиле нест”, - гуфт манбаъ.
Мавзӯъи интиқоли паштунҳои покистонӣ ба шимоли Афғонистон пас аз баёнияи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, доғ шуд, ки гуфта буд, бо Раъно Саноуллоҳ, вазири дохилаи Покистон барои интиқоли ҷангҷуёни Таҳрики Толибон Покистон ба вилоёти дурдасти Афғонистон тавофуқ шудааст, то нигарониҳои Исломобод рафъ шавад.
Агарчи сухангӯи Толибон возеҳ нагуфт, ки онҳо ба куҷо интиқол хоҳанд ёфт, аммо коршиносон ва расонаҳо шурӯъ ба таъкид карданд, ки онҳо ба шимол ва дар дараҷаи аввал ба заминҳои атрофи канали ҷадиди Қӯштеппа дар вилоёти Балх, Ҷузҷон ва Форёб мунтақил хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, сафари Cироҷуддин Ҳаққонӣ ба Балх, бар вуҷуди ин барномаи Толибон равшанӣ андохт. Ба гуфтаи манобеъи “Сангар” аз раҳбарии Толибон, қарор аст ҳудуди як миллион хонаводаи паштун, ки аксаран аз аёлати Хайбар Пухтунхвои Покистон ҳастанд, дар сарзаминҳои атрофи Қӯштеппа ҷобаҷо карда шаванд.
Дар акс: Боздиди Сироҷуддин Ҳаққонӣ аз Дашти Лайлӣ, маҳалле, ки садҳо толиби паштун аз сӯи нерӯҳои Абдурашид Дӯстум кушта ва дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн шудаанд.
Як манбаъи “Сангар” аз миёни Толибони барҷаста дар Шимол гуфт, Cироҷуддин Ҳаққонӣ фақат барои корҳои марҳалаи муқаддамотии ин проект 500 миллион доллар дарёфт кардааст ва ҳудуди 5 миллиард доллари дигар барои ҷобаҷоии ноқилҳои покистонӣ ва сохти шаҳраку русто ва зерсохтҳои кишоварзӣ ваъда дода шудааст.
“Қарор аст дар ду тарафи канал шаҳраку рустоҳое бо сабки меъмории модерн сохта шавад. Илова бар ноқилҳо, шибҳи низомиёни Таҳрики Толибони Покистон, хонаводаҳои афсарони истихборотӣ, кашфи низомӣ ва дигар идораҳои покистонӣ низ дар ин шаҳракҳо ҷобаҷо хоҳанд шуд. Онҳо ба Cироҷуддин Ҳаққонӣ барои иҷрои ин проект кӯмак хоҳанд кард”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи вай, пас аз такмили ин проект, истихбороти Покистон бо ҳамкории Амрико, Биритониё ва Қатар, ибтидо барномаҳоеро барои коркард ва интиқоли манобеъи табиии минтақа рӯи даст мегиранд, то Русия ва Чинро аз ин бозор дар минтақа ихроҷ кунанд.
“Аз ин ҷо метавон интиқоли манобеъи табиии Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Каспи ба бозорҳои бузург ва рӯ ба рушди Осиёи Ҷанубӣ ва Чинро контрол кард ва ҳамзамон барномаҳои густариши терроризму ифротгароӣ ба кишварҳои шимолиро оғоз кард. Як тими муштараки ин кишварҳо акнун дар фурудгоҳи Багром ҳузур дорад ва ба умури Эрону Осиёи Марказӣ расидагӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, қарор аст дар ин қаламрав як "давлат андар давлат" эҷод шавад, ки дар он терроризму кишти маводи мухаддир ба таври систематик рушд кунанд ва ба ҳамин далел аст, ки дар сохти канали Қӯштеппа талошу шитоби зиёде вуҷуд дорад.
“Ин қаламрави вежае хоҳад буд, ки бунёнгузорони он пули ҳангуфте аз қочоқи маводи мухаддир ва муомилоти нафту газ ба даст хоҳанд овард ва артиши қавие ҳам аз сокинони террористи онро таҳти амр хоҳанд дошт”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи вай, асноди шахсӣ - гузарнома ва шиноснома, асноди замин ва амлок, масалан, чӣ миқдор замин ва чӣ теъдод хона бояд дарёфт кунанд, барои ҳамаи ноқилҳо таҳия мешавад.
“Ҳатто аз ҳоло мушаххас аст, ки манотиқ ва шаҳракҳои ду тарафи канали Қӯштеппа чӣ гуна номгузорӣ шаванд. Ҳама номҳо ба забони пашту хоҳад буд ва номгузориҳои шимоли Афғонистон, бавежа дар манотиқи ӯзбеку туркманнишин комилан паштуниза хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамсӯҳбати “Сангар” мегӯяд, ин аҳдоф қабл аз рӯи кор омадани Толибон дар Кобул барномарезӣ шуда буд ва пас аз он тамоми нерӯҳои тундраву террористӣ аз Покистон ба Афғонистон кӯч карданд ва ҳама шиноснома ва ҳатто хонаҳоеро, ки аз фирорён ба ҷо монда буд, соҳиб шуданд.
“Террористҳои хориҷӣ, умдатан шаҳрвандони Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳамон асноди ҷаълӣ ба қитъаоти низомии наздики Амударё ҷобаҷо шуданд. Агар ба ҳар кадом аз онҳо бигӯӣ, ки хориҷӣ ҳастӣ, паспорташро ба шумо нишон дода, мегӯяд, ки аҳли Афғонистон аст. Вақте бипурсед аз куҷои Афғонистон ҳастӣ, ба шумо хоҳад гуфт, ки аҳли Ҳирот, Кунар, Пактиё ва ё... аст. Онҳо аз муддатҳо пеш дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва ҳар гӯшаи онро монанди панҷ ангушти худ баланд ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Дар айни ҳол маълум нест, ки мубтакирон ва сармоягузорони проекти интиқоли ноқилҳои паштун аз Покистон ва паштунсозии шимоли Афғонистон то чӣ ҳад метавонанд ба аҳдофи худ даст ёбанд.
Ба гуфтаи як манбаъи дигари “Сангар”, Юсуф Вафо (дар акс), волии Толибон дар Балх, дар дидори хос бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, дар мухолифат бо барномаҳои вай сӯҳбат карда ва аз вай хостааст, ки интиқоли қабила покистонии вазир ва аъзои Таҳрики Толибони Покистон ба ин кишвар Афғонистонро мутаваққиф кунад, аммо Ҳаққонӣ бо асабоният ӯро рад кард ва ин равандро суръат бахшид.
“Раҳбарони Толибон, ки ахиран дар Бадахшон кушта шуданд, бо интиқоли ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон ва хонаводаҳои онҳо ба шимол ва Бадахшон мухолиф буданд. Ин ҳамалоти террористӣ ба ҳадафи поксозии мухолифони ТТП ва мухолифони сенарияи табдили Афғонистон ба Вазиристони Шимолӣ анҷом мешавад”, - гуфт манбаъ.
Проекти ноқилин тавассути ҳукумати Амонуллоҳхон сад сол пеш оғоз шуд, ки бар асоси он, паштунҳои Ҳинд ва ҷануби Афғонистон дар сарзаминҳои тоҷик, ҳазора ва ӯзбек дар шимоли Афғонистон ускон дода шуданд. Бо вуҷуди мухолифати мардуми бумӣ, ин проект то замони ҳукуматҳои Карзай-Ғанӣ ба сурати марҳалаӣ татбиқ мешуд. Толибон, монанди гузаштагони паштуни худ, ба таври мудовим онро роҳандозӣ мекунанд, ба хусус, ки Иёлоти Муттаҳида, Қатар ва Покистон низ дар он суди худро мебинанд ва ҳатто мухолифи он нестанд, ки ин проектро ба зиммаи Сироҷуддин Ҳаққонӣ гузоранд, нафаре, ки барои сараш Амрико 10 миллион доллар ваъда додааст.