Хабари рӯз

Бо берун омадан аз зиндони Толибон, як нафар фақат ҷисмашро берун меорад, аммо рӯҳаш он ҷо мемонад.

Нависанда: Солор Озодӣ, манбаъ: panjshirnews.com

Зиндони Толибон ҷое, ки ҳақ ва ботил аз ҳам тафкик намешавад, мақом ва каромати инсонӣ аҳамияту ҷойгоҳ надорад. Ба ҳар унвоне, ки дар утоқҳои махуф ва торики он қарор бигирӣ, зиндонбонҳо барои тахриби рӯҳия ва гирифтани эътироф аз шаллоқ, сихи доғ, шоки барқӣ, кашидани нохунҳо ва шиканҷаҳои мутааддид истифода мекунанд. Зарбаи шаллоқҳову шокҳои барқӣ ва сихи доғ онқадар ваҳшатнок аст, ки гоҳе инсонро водор ба иқрори ғайри воқеият мекунад.

Ин зиндонҳо ба ҳадде хавфнок ҳастанд, ки ҳар зиндоне аз он ҳикоятҳои дилхарошу ваҳшатнок дорад. Дар ин гузориш ҳикояти як зиндониро менависам, ки ба рағми даҳҳо навъи шиканҷа “сихи доғ”-ро низ таҷриба карда, барояш ваҳшати фаромӯшношуданӣ аст.

Сайид Аҳмад (мустаор), як тан аз бошандагони Панҷшер аст, ки панҷ моҳро дар зиндони Толибон сипарӣ карда ва аз рафторҳои ваҳшатноку ғайриинсонии ин гурӯҳ дар зиндонҳо ҳикояти дардовар ва ҷонсӯз дорад. Ӯ ҳикоятро аз инҷо оғоз мекунад:

- Пас аз фориғ шудан аз улуми исломӣ бо андаке фосила, таълимоти низомиро дар Маркази таълимии Раёсати амнияти миллӣ фаро гирифтам ва бо фароғат аз ин марказ дар яке аз қитъаоти ин раёсат ифои вазифа менамудам. Муддате аз корам дар ин идора гузашта буд, ки низоми ҷумҳурӣ суқут карду пас аз суқути низом ва ҳокимияти Толибон, дар қалъаи “Фатҳуллоҳ”-и шаҳри Кобул бо хонаводаам ба зиндагии одии худ бо эътимод ба авфи умумии Толибон идома додам, аммо бехабар аз ҳама чиз таҳти таҳдиду таъқиби Толибон қарор гирифта будам. Оҳиста-оҳиста ин таъқиб ва пайгирии Толибон ҷиддитар шуд. Толибон борҳо бо ман тамос гирифтанд ва аз боздошту зиндон ҳушдорам доданд ва аз ман мехостанд то худам ба назди онҳо биравам. Ман ҳам дар нахуст таъқиби Толибонро хеле ҷиддӣ намегирифтам, чун муртакиби ҷурме ҳам нашуда будам ва ба кадом ҷараёни мухолифи Толибон иртибот надоштам.

Хилофи тасаввури ман расо соати чору ними субҳи як рӯзи душанбе, дар моҳи июни соли 2022, Толибон ба хонаи мо ҳуҷум оварданд. Замоне, ки садои мошинҳои Толибон ба гӯшам расид, аз тирезаи хонаамон нигоҳ кардам, ки дасти кам ҳафт ранҷери Толиб соҳаро иҳота кардаанд ва ҷангҷӯёни Толибон бо силоҳҳои "Эмфор" ва Калашников, ки ангушти ҳамаашон ба моша буд, ки гӯё дар хатти муқаддами набард қарор доранд, ба чаҳор даври хона мавқеият гирифтанд.

Ин ҳолат барои хонуму кӯдаконам ваҳшатнок буд ва онҳо аз фарти тарсу ваҳми Толибон дасту поча шуда буданд, мегиристанд ва меларзиданд. Ба хонумам гуфтам: “Ту авлодҳо (фарзандон) - ро мувозиб бош ва натарсед, ман роҳи наҷотамро пайдо мекунам”. Аз як мавқеияте, ки нерӯҳои толиб он ҷоро зери пӯшиш надоштанд, фирор кардам ва Толибон дар ин навбат қодир ба боздошти ман нашуданд.

"Иморати ҷаҳаннам": достони зиндонҳои занонаи Толибон

Хуб, пас аз чанд рӯзи фирор, дубора омадам хона. Тасмим гирифтам хонаро табдил кунам, то аз шарри ин гурӯҳ наҷот ёбам. Билохира пас аз чанд рӯз ҷойи иқоматамро иваз кардам. Пас аз се моҳ Толибон бори дигар суроғаи хонаи манро пайдо карданд ва дар як амалиёти низомиашон соати дуи рӯз манро аз соҳаи Қалъаи "Фатҳуллоҳ" боздошт намуданд. Замоне, ки тавассути онҳо боздошт шудам, билофосила мавриди латукӯб қарор гирифтам. То интиқол ба Раёсати истихбороти Кобул даҳҳо дашноми номусӣ ва мушту лагад ва қундоқи Калашинковро нисорам карданд.

Замоне, ки ба Раёсати истихбороти Кобул расидам, аз соати дуву ними рӯз то нимаҳои шаб мавриди шиканҷа қарор гирифтам; Манро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва доштани 40 мил силоҳ боздошт карда буданд. Ин дар ҳолест, ки ман на ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кардаам ва на аз силоҳ хабар доштам. Бинобар ин эътирофу иқрор кардани хилофи воқеият бароям сахт буд. Бо шиканҷаҳои пайиҳам ва фишори рӯҳию равонӣ аз ман чизе ба даст наёварданд ва чанд лаҳза вақфа гирифтанд. Бори дигар баданамро бо об тар карданд ва се нафар толиб бо шаллоқҳо, ки аз резин бофт хӯрда буд, бераҳмона бар баданам мекӯбиданд. Ҳар қадар шаллоқ заданд, шоки барқӣ доданд ва бо мушту лагад кӯбиданд, иқрор накардам.

Билохира бар асари лату кӯби шадидашон беҳуш шудам, пас аз муддате ба ҳуш омадам, ки баданам пур аз хун аст ва дар як утоқи тангу торик қарор дорам.

Субҳ бори дигар ду нафар толиб ба суроғам омаданд. Ҳарчанд монанди мурғи бисмил дар хун шино мекардам, вале бо чунин ҳол ба самти таҳқиқгоҳ (шиканҷагоҳ)- ашон бурданд. Бо он ки ман тавони сухан гуфтан ва роҳ рафтанро надоштам, боз ҳам шиканҷа мешудам ва бо шаллоқ бераҳмона бар баданам мекӯбиданд. Ду нафар он қадар кебал (кабел) бар баданам кӯбиданд, ки бори дигар беҳуш шудам ва аз пойҳоям гирифта, аз утоқи таҳқиқу шиканҷа берунам кашиданд.

Ин ҳама сахтиҳои тоқатфарсоро таҳаммул кардам ва иқрор накардам, чун ончи, ки бар ман иддао шуда буд, дуруст набуд ва бо сарсахтии ман барошуфта шуданд ва бори дигар манро бурданд ба ҳамон утоқи торик ва ду толиб зери шаллоқ қарор доданд, ки эҳсос мекардам баданам банд - банд аз ҳам ҷудо шудааст. Бо шаллоқ қаноат накарданд ҳар қадар мезаданд ба ҳамон андоза эҳсосотӣ мешуданд ва ваҳшитар амал мекарданд.

Шаллоқҳоро гузоштанд, яке онҳо ба дигараш ба пашту гуфт: “За сих ла газ сара ровра” ва сих (арматура)-ро бо як баллони газ дохили утоқ оварданд. Сихро рӯйи газ сурх мекарданд ва  бар баданам фурӯ мебурданд. Гӯшт ва пӯстам чунин ба ҳам ме‎часпид гӯё, ки филизро ба ҳам “ҷӯшкорӣ” мекунанд. Дар чанд рӯзи нахуст ба шиддат зери шиканҷаи ваҳшиёна будам.

Муддати як моҳ пайваста зери шиканҷа қарор доштам, аммо пас аз як моҳ дигар шиканҷа нашудам. Интиқол ёфтам ба утоқи дигар зиндониҳо, ки дар он ҷо бештар бачаҳои Андароб ва Панҷшер зиндонӣ буданд ва ҳар кадомашон аз шиканҷаву ҷиноят, ки аз сарашон гузашта буд, ҳикоятҳои мутафовит доштанд.

Ман муддати 5 моҳ бегуноҳ ва бидуни анҷоми кадом ҷурме дар қайди Толибон мондам. Рӯзона даҳҳо нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимат ва доштани силоҳу баҳонаҳои мухталиф меоварданд, ки ҳама ба сурати умумӣ шиканҷа мешуданд, ҳатто бархеи онҳо зери шиканҷаву шокиҳои барқӣ ҷон медоданд.

Ман пас аз 5 моҳ бо замонати мӯътабар аз зиндони Толибон озод шудам, вале то кунун аз лиҳози рӯҳӣ дар зиндон ҳастам ва эҳсоси оромиши равонӣ ва ҷисмиамро аз даст додаам.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!