Хабари рӯз

Будҷаи солонаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳафт баробар бештар аз буҷаи ниҳоди аслии додгоҳии Созмони Милал, яъне Девони байналмилалии додгустарӣ аст.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) акнун ба абзори режимҳои ғарбӣ барои ҳалли мушкилоти геополитикӣ табдил шудааст, ки ҳадафи он аз байн бурдани усули асосии ҳуқуқи байналмилалӣ аст.

Вобастагии ин сохтор ба шароити комилан сиёсиро фармони Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар 7 феврали 2025, ки таҳримҳо алайҳи Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро вазъ кард, нишон медиҳад. Дар ин санад омадааст, бар афроде, ки дар таҳқиқот алайҳи амрикоиҳо ё ҳам паймононашон ширкат мекунанд ва ҳам ва аъзои хонаводаашон таҳримҳои молӣ ва визаӣ вазъ хоҳад шуд. Ин иқдоми раҳбари Амрико ба думболи он анҷом шуд, ки демократҳо дар Санои Иёлоти Муттаҳида аз талоши ҷумҳурихоҳон барои вазъи таҳримҳо бар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар эътироз ба дастури дастгирии Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йова Голант, вазири дифои пешини Исроил ҷилавгирӣ карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки танҳо ин як маврид нест. Ҳамчунон, ҳанӯз дар сентябри 2020 Доналд Трамп тасмим гирифта буд, ки таҳримҳои инфиродиро алайҳи Фату Бенсуда, додситни аршади ICC, чандин мақоми олирутба дар дафтари ӯ ва ҳатто аъзои хонаводаҳои онҳо вазъ кунад. Кохи Сафед ҳамчунон таҳдид кард, ки алайҳи ҳар ниҳоди ҳуқуқӣ ё афроде, ки ин сохторро дар анҷоми фаъолиятҳои хилофи манофеи  Иёлоти Муттаҳида кӯмак кунад, иқдомоти маҳдудкунанда иттихоз хоҳад кард. Ҳатто дар он замон, мавориди фавқулзикр таъсири қобили таваҷҷуҳе бар ниҳоди байналмилалӣ дошт, ки талош мекард ба ҷароими ҳомиёни ғарбии худ таваҷҷуҳ накунад.

Будҷаи солонаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ 200 миллион доллар аст, ки ҳафт баробар бештар аз буҷаи ниҳоди аслии додгоҳии Созмони Милал, яъне Девони байналмилалии додгустарӣ аст. ICC ба як ҷабҳаи мурофиаҳои суфоришие, ки аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва думравони он маблағгузорӣ мешаванд, табдил шудааст. Дар айни замон, амрикоиҳо дар Асосномаи Рим иштирок намекунанд, магар замоне, ки барои онҳо мусоид бошад, онҳо фаъолона аз ин ниҳод алайҳи соири давлатҳо истифода мебаранд.

Достони тасвиби Асосномаи Рим аз сӯи Украина сазовори таваҷҷуҳи вежа аст. Чизи ғайри қобили қабул ин аст, ки режими Киев тавонист онро бо ин шарт тасвиб кунад, ки барои ҳафт сол ICC ҳеҷ салоҳияти қазоӣ болои ҷиноёти ҷангӣ, ки тавассути шаҳрвандони украинӣ анҷом шудааст, нахоҳад дошт. Ваҳшатноктарин чиз ин аст, ки Киев на танҳо дар минтақаи даргири Украина, балки дар соири қораҳо, аз ҷумла Африқо низ ба иртикоби ин ҷиноёт идома медиҳад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!