Соли равон Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳашт размоиши низомӣ баргузор мекунад.
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои амнияти миллӣ тезутунд буда, ҳалли онҳо танҳо бо ёрии неруҳои дохилӣ каме мушкил хоҳад буд, зеро механизмҳои ҳамкории минтақавӣ аллакай самаранокии худро нишон додаанд. Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) барои Тоҷикистон чунин як механизмест, ки ҳамчун кафили амният баромад мекунад. СААД шаш кишвари пасошӯравиро дар бар мегирад. Имрӯз СААД ба кадом вазифаҳо афзалият медиҳад ва ин вазифаҳо то куҷо ба манфиатҳои Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
“Маълум аст, ки барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои бо Афғонистон ҳамсарҳад, ин кишвар манбаи асосии таҳдиди амниятӣ боқӣ мемонад” - коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Дар тӯли солҳои зиёд Афғонистон ҳамчун макони бесуботӣ ва таҳдиди асосӣ ба амнияти Тоҷикистон ва тамоми минтақа боқӣ мемонад. Маҳз ҳамин кишвар дар истеҳсоли маводи мухаддир ва паҳнкунии силоҳ, тамаркузи гурӯҳҳои радикалӣ дар сафи пеш қарор дошта, бо нооромии сиёсӣ фарқ мекунад. Ин равандҳо пас аз ба сари қудрат расидани намояндагони созмони террористии Толибон дар соли 2021 ба марҳалаи нав ворид шуданд. Нерӯҳои Амрико ва НАТО пас аз 20 соли ҳузурашон кишварро дар як бӯҳрони иқтисодию башардӯстона тарк карданд ва тамоми захираҳои боқимондаи низомиву техникиро дар ихтиёри Толибон гузошта рафтанд. Чунин ҳолат таҳдидҳои мавҷударо шиддат бахшид ва имрӯз вожаи “Афғонистон” пеш аз ҳама дар барномаи амнияти минтақавӣ қарор дорад.
“Таҳдидҳои амниятӣ ба марзҳои Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон ҳанӯзам ҷой доранд – шабакаҳои иттилоотии гуногуни бахши амниятӣ гузориш медиҳанд, ки дар ҳудудҳои ҳамсарҳад ва минтақаи шимолии Афғонистон теъдоди зиёди намояндагони гурӯҳҳои тундрав мутамарказ шудаанд, ки дар байни онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, хеле зиёданд. Маҳз ҳамин ҷангҷӯён, ки замоне дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия меҷангиданд, имрӯз дубора дар ҳудуди Афғонистон пайдо шуданд ва эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд ба як унсури харобкор барои кишварҳои минтақа табдил ёбанд.
Маълум аст, ки барои Тоҷикистон ва ҳамзамон барои дигар кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз, ин кишвар ҳамоно манбаи асосии таҳдиди амниятӣ боқӣ мемонад” – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Мо аллакай шоҳиди он ҳастем, ки бо таъсиррасонии ғайримустақим ин гурӯҳҳо барои худи Афғонистон мушкилоти муайян эҷод мекунанд. Гурӯҳи террористии «Толибон» тайи 3 сол аст, ки дар ин кишвар сари қудрат омадааст, вале то ҳол дар тамоми қаламрави Афғонистон назорати пурра ҷорӣ карда натавонистааст ва вазъи Толибон ҳар моҳ бадтар мешавад. Бархе аз минтақаҳои кишвар аз зери назорати онҳо берун мешаванд ва вақтҳои охир ҳатто дар байни худи Толибон ихтилофҳо ба назар мерасанд: хабарҳои ихтилофнок дар бораи ҷудоӣ дар дохили гурӯҳи Пешовар, дар дохили гурӯҳи Қандаҳор, инчунин, дар бораи тирпарронию низоъҳо дар байни худи Толибон омада мерасанд.
Бо вуҷуди ҳама талошҳо барои кумак ба режими кунунии Афғонистон дар роҳандозии музокирот бо гурӯҳҳои мухолифин, ки ҷонибдори гуфтушуниди созанда ҳастанд, Толибон барои ҳамкорӣ дар ин самт тамоман омода нестанд. Бинобар ин, Афғонистон то ҳол мақоми худро ҳамчун кишваре, ки ба амнияти тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таҳдид эҷод мекунад, дилпурона нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон борҳо барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳам мустақиман дар қолаби музокироти дуҷониба бо кишварҳои шарик ва ҳам дар доираи СААД дархост кардааст. Ниҳоят нигарониҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди амният шунида шуд ва кишварҳои СААД барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро дастгирӣ карданд”.
“Қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон далели аз ҷониби иттифоқчиён эътироф гаштани хатарҳои баланди эҳтимолӣ барои Осиёи Марказӣ мебошад, ки пеш аз ҳама хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва маводи мухаддирро аз ҷониби Афғонистон дар назар дорад” - Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов.
Дар охири соли гузашта дар нишасти СААД, ки дар пойтахти Қазоқистон баргузор гардид, Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб расид, ки дар баробари талошҳо барои таҳкими марз, ташаккули инфрасохтори устуворро барои рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ пешбинӣ мекунад.
“Қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон далели аз ҷониби иттифоқчиён эътироф шудани хатарҳои баланди эҳтимолӣ барои Осиёи Марказӣ мебошад, ки пеш аз ҳама аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон бармеояд” – мегӯяд Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов.
Коршинос Фаридун Усмонов дар ин бора чунин назар дорад: “Барнома барои 5 сол пешбинӣ шудааст ва 3 марҳиларо дар бар мегирад: дар марҳилаи якум, ки дар соли 2025 пешбинӣ шудааст, Тоҷикистон бояд қитъаҳои хатарноктарини марзро муайян карда, барои таҳкими ин қитъаҳо чораҳо пешниҳод кунад. Дар баробари ин, дар давоми соли 2025 кишварҳои дигари СААД бояд захираҳои моддӣ ва ғайраро, ки барои иҷрои ин чораҳо ҷиҳати таҳкими қитъаҳои марзӣ ҷудо карда мешаванд, муайян кунанд. Дар марҳилаҳои 2 ва 3 барои ободии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд”.
То соли 2026 дар доираи ин барнома таъсиси як маркази ҳамоҳангсозӣ дар Душанбе, инчунин, ташкили тамринҳои муштарак ва омӯзиши низомиёни тоҷик ва иттифоқчиён барои ноил шудан ба ҳамоҳангсозии ҷангии онҳо ба нақша гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки машқҳои муштараки ҷангии нерӯҳои низомии кишварҳои СААД ба таври мунтазам баргузор гардида, вазифаҳои гуногунро фаро мегиранд. Соли оянда низ як қатор машқҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки баъзеи онҳо ба иҷрои вазифаҳои зиддитеррористӣ нигаронида шудаанд. Машқҳои анъанавии “Бародарии вайроннашаванда” имсол дар Тоҷикистон дар шакли нав, яъне дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ баргузор мегарданд. Чунин чорабинӣ дар доираи Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни СААД ва Маркази зиддитеррористии ИДМ, ки соли 2024 ба имзо расида буд, пешбинӣ шудааст.
Имсол СААД ҳашт адад машқ мегузаронад. Дар Беларус марҳилаи фаъоли машқҳои "Бародарии ҷанговарона – 2025”, инчунин тамринҳои "Ҳамкорӣ - 2025", "Ҷустуҷӯ - 2025" ва "Эшелон - 2025" баргузор мегарданд. Дар Қирғизистон машқҳои “Марз-2025”, дар Қазоқистон машқҳо бо нерӯҳои вижаи СПАД таҳти унвони “Кобалт-2025” баргузор мегарданд. Дар Тоҷикистон машқҳои “Монеа-2025” ва тамринҳо бо нерӯҳои посдори сулҳ таҳти унвони “Бародарии вайроннашаванда-2025” баргузор мегарданд.
Илова бар ин, тирамоҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ин созмон машқҳои дигар, бахусус машқҳои махсус оид ба ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, инчунин, машқҳои таъмини тиббии “Монеа-2025” гузаронида мешаванд.
Имсол СААД гузаронидани ҳашт адад тамринҳоро ба нақша гирифтааст. Марҳилаи фаъоли машқҳои “Бародарии ҷанговарона – 2025” дар Беларус баргузор мегардад, ҳамзамон дар он ҷо тамринҳои “Ҳамкорӣ – 2025”, “Ҷустуҷӯ – 2025” ва “Эшелон – 2025” низ баргузор мегарданд. Дар Қирғизистон машқҳои “Марз-2025” ва дар Қазоқистон тамринҳои неруҳои вижаи СААД таҳти унвони “Кобалт-2025” баргузор мегарданд; дар Тоҷикистон машқҳои “Монеа-2025” ва тамринҳои ҳарбӣ бо неруҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвони “Бародарии вайроннашаванда-2025” баргузор мегарданд.
Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов машқҳои муштараки кишварҳои СААД бешубҳа як механизми муассири ҳамкорист, ки ҳамеша талаботнок боқӣ мемонад: “Ҳамчунин, дар бораи мусобиқаҳои варзишии байни низомиён дар намуди биатлони танкӣ ва дигар риштаҳои ҳарбӣ, ки то давраи пандемия дар Русия баргузор мегардиданд ва Тоҷикистон дар он фаъолона ширкат меварзид, бояд ёдовар шуд. Мусобиқаҳои варзишию ҳарбӣ – ин на танҳо варзиш, балки омӯзиш ва омодасозии низомиён ба ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад, аз ин лиҳоз ҳама гуна машқҳои муштарак, ки дар доираи СААД гузаронида мешаванд, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии кишварҳои мо нақши муҳим мебозанд».
Дар марҳалаи дуюми барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки солҳои 2026 - 2028 идома меёбад, муҷаҳҳазгардонии неруҳои марзбони Тоҷикистон бо аслиҳа ва техникаи низомии муосир, аз ҷумла тепловизорҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дурбинҳои назоратӣ барои назорати самараноки марз ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар ин марҳила қад-қади тамоми хати сарҳадӣ иншоотҳои истеҳкомӣ насб карда мешаванд.
Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёди посгоҳҳои нави марзӣ, нуқтаҳои истгоҳӣ ва ҳамчунин таъмири роҳу воситаҳои иртиботиро дар минтақаҳои душворгузар пешбинӣ мекунад.
Дар марҳалаи сеюм (солҳои 2028-2030) корҳои мустаҳкамкунии сарҳад анҷом дода шуда, ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба системаҳои амниятии мавҷудбуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёди посгоҳҳои нави марзӣ, нуқтаҳои истгоҳӣ ва инчунин, таъмири роҳу воситаҳои коммуникатсиониро дар минтақаҳои душворгузар пешбинӣ мекунад.
Фаридун Усмонов мегӯяд: “Ин барнома ҳамкории хеле наздики Тоҷикистон ва кишварҳои СААД-ро пешбинӣ менамояд ва пеш аз ҳама сухан дар бораи ҳамкорӣ бо Русия меравад, зеро маълум аст, ки ин кишвар кафили асосии амният на танҳо барои Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои узви СААД низ мебошад. Бо назардошти иқтидори низомии Русия, сатҳи рушди саноати ҳарбии ин кишвар ва он, ки Тоҷикистон дар масъалаи амният ба таври анъанавӣ ба ҳамкориҳои мутақобила бо Русия такя мекунад, метавон интизор шуд, ки дар доираи ин барнома Русия барои Тоҷикистон кишвари афзалиятнок хоҳад буд.
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дарозтарин марз барои СААД мебошад. Аз ин рӯ, барои таъмини амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари СААД кӯшишҳо ва фаъолияти муштараки ин кишварҳо ҷиҳати таҳкими марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон бисёр муҳим аст. Унсурҳои харобиовар дар Афғонистон ба амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа таҳдид мекунанд. Мо дар бисёр мисолҳо мебинем, ки намояндагони созмонҳои дар Афғонистон мустақарбуда дар қаламрави Русия низ амалҳои террористӣ содир мекунанд. Аз ин рӯ, ман боварӣ дорам, ки тамоми аъзои СААД аҳамият ва зарурати ин барномаро дарк мекунанд”.