Хабари рӯз

Манобеъи мувассақ аз афзоиши нуфуз ва ҳузури ДОИШ ё ҳамон “Вилояти Хуросон” дар раҳбарии Толибон хабар медиҳанд.

Қандаҳор, 27 март - Сангар, Мирвайс Шерзай. Амрико муддаӣ аст, ки ДОИШ дар Афғонистон қавитар шудааст ва ҳадди ақал то шаш моҳи дигар ҳамалоти худро ба хориҷ аз Афғонистон густариш хоҳад дод. Аммо Толибон ин иддаоро рад ва эълом карданд, ки пас аз истиқрори муҷаддади Иморати исломӣ дар Афғонистон, ДОИШ комилан шикаст хӯрдааст.

Манбаъи мувассақ аз истихбороти Толибон дар Қандаҳор ба Сангар мегӯяд, нуфузи ДОИШ дар дохили Толибон чанд баробар шудааст ва бештари касоне, ки дар давлати Иморати Исломӣ дар маносиби олӣ ҳастанд, бо ДОИШ робита доранд.

“Бисёре аз афроди муҳимми Иморат, монанди Сироҷуддин Ҳаққонӣ, Қорӣ Фасеҳуддин, Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, Абдусалом Ҳанафӣ, Мавлавӣ Муҳаммад Қосими Холид, волии Кунар, Қорӣ Салоҳуддин Аюбӣ, Махдуми Олим, Мутеъулҳақ Холис ((писари Мавлавӣ Холис), раиси Ҳилоли Аҳмари Афғонистон - Сангар), Ҳамид Хуросонӣ... ё аз аъзои ДОИШ ҳастанд ё аз он ҳимоят мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тамомии пайравони Муфтӣ Неъматуллоҳ ба таври фаъол дар ҳукумати Толибон фаъолият мекунанд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин гурӯҳи бузург тавассути Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон раҳбарӣ мешавад, ки ҳар аз гоҳе дар мавоқеъи хатар онҳоро таҳти ҳимояти худ мегирад. Ба унвони мисол, соли гузашта замоне, ки шоеъоте мабнӣ бар хурӯҷи Салоҳуддин Айюбӣ аз сафи Толибон мунташир шуд, вайро ба унвони фармондеҳи амнияи вилояти Зобул мансуб кард. Вай ҳамчунин Махдум Олимро, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико ва ДОИШ боздошт ва сипас озод шуда буд, ба унвони фармондеҳи амнияи вилояти Ғазнӣ таъин намуд.

“Охирин иқдоми Ҳаққонӣ, интисоби Ҳамиди Хуросонӣ, толиби ҷанҷолии панҷшерӣ, ба унвони вулусволи Аҳмадободи вилояти Пактиё, хостгоҳи мардумии Ҳаққониҳо аст. Хуросонӣ мавриди ғазаби Толибони қандаҳорӣ қарор гирифта, хатари кушта шуданаш пеш омада буд”, - гуфт манбаъ.

Бино ба гузориши ӯ, ин Сироҷуддин Ҳаққонӣ буд, ки Мавлавӣ Наҷиби Роғиро, ки ба далели адами пардохти хумси тилои Роғҳои Бадахшон дар Кобул дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд ва ба унвони ҳамдасти ДОИШ шинохта шуда буд ва пас аз рӯйи кор омадани Толибон наметавонист ба ватани худ бозгардад, наҷот дод. Вай моҳҳо пас аз хонашинӣ фармондеҳи амнияи вилоят Лағмон таъйин шуд.

Ин манбаъ гуфт: “Абдусалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири Толибон, ки ҳамроҳ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҷуръати интиқод аз худи Мулло Ҳайбатуллоҳ, амирулмуъминини ин гурӯҳро дошт, таҳти пуштибонии Ҳаққонӣ аст, вагарна ҳаргиз даст ба чунин иқдоми девонавор намезад”.

Ба гуфтаи манбаъ, Абдусалом Ҳанафӣ, Қорӣ Салоҳуддин Айюбӣ ва Махдуми Олим ҳамон толибони ӯзбектаборе ҳастанд, ки бо Муфтӣ Неъматуллоҳ ё Муфтӣ Неъмат, яке аз аввалин толибони ӯзбек дар шаҳристони Дарзоби вилояти Ҷузҷон ва ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон иртибот доштанд. Муфтӣ Неъмат, ки гуфта мешуд, нафари маршал Абдурашид Дӯстум, муовини раисҷумҳур Ғанӣ аст ва аксаш дар канори ӯ мунташир шуда буд, ба дастури Туркия аз Толибон ҷудо шуд ва раҳбарии ДОИШ дар Ҷузҷонро бар ӯҳда гирифт. Вай дар 4 августи 2015 пас аз амалиёти нерӯҳои давлати Афғонистон ба ҳамроҳи беш аз 240 доишии дигар таслими мақомот ва ба Кобул мунтақил шуд. Вай пас аз муддате иқомат дар Арабистони Саудӣ ба Афғонистон бозгашт ва масъулияти раҳбарии ДОИШ дар шимоли Афғонистонро бар ӯҳда гирифт. Бар асоси иттилооти ироашуда ба “Сангар”, Муфтӣ Неъмат акнун дар вилояти Ҷузҷон аст, ки бузургтарин пойгоҳи террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Алқоида ва дигар созмонҳои террористӣ дар он қарор доранд. Ин пойгоҳ дар замони Ҳомид Карзай бо мувофиқати Амрико таъсис ёфта буд. Аммо манобеъи дигар мегӯянд, ки Муфтӣ Неъмат аз дасти Толибон ба Эрон ё Туркия паноҳ бурдааст.

Гузориши истихборотӣ: давлати Алқоида куҷост?

Ин ҷузъиёт дар мавриди ҳузури афрод ё ҳомиёни ДОИШ дар ҳоле ба берун дарз пайдо кард, ки Майкл Курилла, фармондеҳи Сентком - фармондеҳии марказии Амрико - дар Кунгураи ин кишвар гуфт, ки ДОИШ дар Афғонистон тақвият шуда ва теъдоди ҷангҷуёни он ба 2250 нафар расидааст. Ба қавли ӯ, ҳадди ақал шаш моҳ баъд, ДОИШ ҳамалоти худро дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла алайҳи манофеъи Иёлоти Муттаҳида оғоз мекунад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар сафҳаи Твитери худ суханони вайро такзиб кард ва гуфт, ки пас аз истиқрори муҷаддади Иморати исломӣ дар Афғонистон, ДОИШ ба таври комил шикаст хӯрдааст ва иттилооти ироашуда аз сӯи мақомоти амрикоӣ сиҳат надорад.

Дар чанд моҳи гузашта, Толибон чандин узви баландпояи ДОИШ-ро аз миён бурданд. Ба гуфтаи онҳо, Зиёъуддин, шашумин саркардаи гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон, ки масъулияти қувваи қазоияро низ бар ӯҳда дошт, Мавлавӣ Муҳаммад, намояндаи дувуми ДОИШ дар Кунар, Абуумар Афридӣ, яке аз аъзои муҳимми Шӯрои ин гурӯҳ, Қорӣ Фотиҳ, раиси идораи амнияти ДОИШ ва Салмони Тоҷикӣ ба ҳамроҳи ду саркардаи муҳимми ДОИШ, ки яке аз онҳо хориҷӣ буд, дар вилоёти Кобул, Кунар ва Балх кушта шуданд.

Манбаъи “Сангар” дар шарҳи ин қисса мегӯяд, Толибон то кунун ҳатто як доъишии воқеиро накуштаанд, аммо афроди таҳти таъқиби истихбороти Покистон ва Чинро куштаанд ва барои ин хадамот доллар дарёфт кардаанд. Вай афзуд, номи аслии Салмон Сулаймон аст ва ӯ ба устод Сулаймон ё Сулаймон Ака маъруф буду ӯзбек буд, на тоҷик.

“Дигар ин ки Толибон гуфтанд, ӯ дар Мазори Шариф кушта шуд, ки дурӯғ аст. Вай моҳи феврал дар Хайрхонаи Кобул кушта шуда буд. Аммо ин мард равобити бисёр хубе бо Толибон дошт ва тавассути онҳо кушта нашуд, балки як гурӯҳи ношиноси дигар ӯро нобуд кардааст”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, номҳои аксари кушташудагони ДОИШ дар расонаҳо мунташир намешавад, аммо дар миёни онҳо покистониҳо ва уйғурҳои чинӣ низ ҳузур доранд.

“Аммо аксари онҳо зиндонёни Ҷабҳаи муқовимат ва дигар афроди бегуноҳ ҳастанд, ки барои саҳнасозии "ҷанг алайҳи ДОИШ" истифода шудаанд, то Толибон аз Иёлоти Муттаҳида пул ба даст оранд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи вай, Алқоида ва Таҳрики Толибони Покистон дӯстони мутлақи ДОИШ ҳастанд ва аз он ҳимоят мекунанд ва ДОИШ марокизу хобгоҳҳои худро дар мустаъмараи Шайх Мандаи Мӯсо дар Кветта ва Пешовар дорад, ки таҳти назорати истихборотҳои Покистон ва Амрико аст.

“Ман фикр мекунам, иддаоҳои Иёлоти Муттаҳида дуруст аст ва Толибон дурӯғ мегӯянд. Аммо пешбинии Амрико аз ҳамалоти ДОИШ ба таъсисоти Иёлоти Муттаҳида дар хориҷ аз кишвар метавонад дақиқан баракс бошад ва истихбороти он ҳақиқати онро медонад. Ин ҳамон ДОИШе ҳаст, ки Иёлоти Муттаҳида дар 10 соли ахири ҳузури худ дар Афғонистон омода кардааст”, - гуфт манбаъ.

Бар асоси ин иттилоот метавон аз зовияҳои мутафовит ба рӯйдодҳои ахири Афғонистон, аз ҷумла ихтилофоти Толибон, ҷанги пинҳони “толибони эронӣ”-и қандаҳорӣ ва Шабакаи Ҳаққонии вобастаи Покистон ва ҳомии ДОИШ нигоҳ кард. Намунаи боризи ин ҷанг, террори Мавлавӣ Довуд Музаммил, волии Балх, аз фармондаҳони бонуфузи Толибони наздик ба Эрон буд, ки тавассути интиҳории ДОИШ кушта шуд.

“Толиби эронӣ”: ҷузъиёти террори волии Толибон дар Балх - видео

Ба эҳтимоли зиёд дар арзи шаш моҳ, ки амрикоиҳо пешгӯӣ мекунанд, ҳама аъзо ва ҳомиёни ДОИШ дар давлати Толибон парчами сафедро поён ва парчами сиёҳро боло хоҳанд кард. Сипас маълум мешавад, ки онҳо ба аҳдоф ва манофеъи кӣ ҳамла хоҳанд кард - амрикоиҳо ё руқабои онҳо дар кишварҳои хориҷ аз марзҳои Афғонистон.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!