Хабари рӯз

Дар манотиқи Афғонистон дар наздикии марзи Ӯзбекистон ва Туркманистон, як кишвари кӯчаки эъломнашуда аз Алқоида* ва муттаҳидони террористи он солҳост, ки вуҷуд дорад.

 Нависанда: афсари собиқи амнияти миллии Афғонистон

Дар соли 2008, бо кӯмаки давлати Ҳомид Карзай ва Иёлоти Муттаҳида, аввалин пойгоҳи Алқоида дар қаламрави байни вилоятҳои умдатан ӯзбекнишини Форёб, Сарипул, Ҷузҷон ва вилояти тоҷикнишини Ғӯр эҷод шуд.

Ин минтақа шакли доираӣ дорад ва аз нигоҳи истихборотӣ бисёр нодир аст. Аз шарқ дараҳои Авқоф, Зимч, Қалъашаҳри вулусволии Кӯҳистонот (вилояти Сарипул), аз шимол вулусволиҳои Қӯштеппа ва Ҷарқудуқ (Ҷузҷон), аз ғарб вулусволиҳои Дарзобу Билчироғ (Форёб) ва аз ҷануб вулусволии Дараи Мурғоб (Ғӯр)-ро дарбар мегирад.

Мавқеияти он ба гунае аст, ки Алқоида метавонад ба тамоми Афғонистон бирасад - аз тариқи Кӯҳистонот ба Бағлон, Кундуз ва Бадахшон, аз тариқи Ҷузҷон ба Балх ва Саманагон, аз Форёб ба Бодғис ва Ҳирот, аз Ғӯр то Ҳилманд ва соири вилоёти ҷанубӣ. Аъзои он озодона дар ин масирҳо ҳаракат мекунанд.

Дар октябри 2020, Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳир Юлдош (бунёнгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*) аз Покистон тариқи Бадахшон, Кундуз ва Бағлон бо ҳудуди 200 ситезаҷуи ба шиддат мусаллаҳ вориди минтақа шуд. Дар феврал гузашта, Насриддин, набераи Усома ибни Лодан (бунёнгузор Алқоида) ва Сайфуддин, писари Сироҷуддин Ҳаққонӣ (раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, вазири дохилаи кунунии Толибон) низ аз тариқи Ҳилманд ва Ғӯр вориди минтақа шуданд ва Зубайр, бародарзодаи Усома бин Лодан аз Бодғис вориди минтақа шуд. Ҳамаи онҳо аз ин масирҳо минтақаро тарк карданд. Ин масирҳои амн барои истихбороти собиқ Афғонистон ва Америка ба хубӣ шинохташуда буд.

Ин қаламрав акнун амалан як кишвари кӯчаки мусаллаҳу тамомаёри Алқоида ва шарикони минтақаии он аст. Ҳудуди 7000 хонаводаи аъзои созмонҳои террористӣ дар он зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо ӯзбекҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳастанд. Арабҳо, покистониҳо, уйғурҳо ва атбоъи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳузур доранд.

Равобити хубе байни онҳо ва сокинони маҳаллӣ эҷод, аввал аз ҳама, равобити хонаводагӣ тақвият шудааст. Онҳо чандин мадраса, урдугоҳҳои омӯзишӣ, марокизи омӯзишӣ, бозорҳо, бемористонҳо ва масоҷид доранд. Муаллимон, имоми ҷамоати масоҷид, мураббиён, дӯкондорон, нонвоён ва дигарон низ аз ин созмонҳо меоянд. Онҳо дар амал сохторе эҷод кардаанд, ки комилан тавассути неруҳои худӣ контрол мешавад.

 Фармондеҳи онҳо Азиз Юлдош ва раҳбари сиёсии онҳо Бибӣ Мукаррама фарзандони Тоҳир Юлдош буда ва ҳаст. Азиз Юлдош дар ноябри 2020 кушта шуд. Акнун идораи "давлат" дар дасти хоҳараш аст. Умар, писари Ҷумъа Намангонӣ ва Ҳикмат, кӯчактарин писари Тоҳир Юлдош ва фарде ба номи илҳом, ки миллияташ маълум нест, аз фармондеҳони гурӯҳҳои Осиёи Миёна ҳастанд.

Дар ҳол ҳозир фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи созмонҳои террористӣ шаҳрванди Қазоқистон ба номи Абдурауф Ака аст. Шайх Қуддус, як шаҳрванди русӣ (чеченӣ) масъули неруҳои Алқоида дар вулусволиҳои Ҷузҷон ва Форёб аст.

Манобеъи молии ин гурӯҳҳо номушаххас аст, аммо гузоришҳое вуҷуд дорад, ки онҳо пулро бо ҳавола аз тариқи як ширкати сохтмонӣ дар Форёб дарёфт мекунанд.

Алқоида аз замони хурӯҷи амрикоиҳо ба силоҳҳои модерни монанди m4, m16, ва “ранҷер”-у “ҳомвей” даст ёфтааст. Онҳоро ба унвони "ғанимат" аз артиш ва пулиси собиқи Афғонистон, бештар аз ҳама дар вилоёти Форёб ва Бодғис дарёфт кардаанд. Дучарха дар гузашта василаи аслии ҳамлу нақли онҳо буд.

ДОИШ*, ки гуфта мешавад, дар шимоли Афғонистон фаъол шудааст, ба ин гурӯҳҳо ва соир гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар шимоли Афғонистон тааллуқ дорад. Ба унвони мисол, фарде, ки ба марзҳои Ӯзбекистон ҳамлаи мушакӣ анҷом дода, шомили ин гурӯҳ аст. Мушакҳои ӯ, ки аз хоки Афғонистон шиллик шуда буд ва ба ҷангалҳои шимоли Омударё исобат кард.

Махдум Олим, фармондеҳи ӯзбеки Толибон, ки дар моҳи январ тавассути Толибон боздошт ва чанд рӯз пеш озод шуд, яке аз робитайн байни Алқоида, давлатҳои собиқ ва амрикоиҳо буд. Ба эҳтимоли зиёд Толибон дубора ӯро масъули ҳамоҳангӣ бо ин гурӯҳҳо гумоштанд. Ҳамалоти ДОИШ дар шимоли Афғонистон аз замони озодсозии ӯ ташдид ёфт.

 Маршал Дӯстум борҳо аз Кобул барои сарнагунии "давлати Алқоида" дар даврони ҳукумати Карзай - Ғанӣ дархости иҷоза кард, аммо ҳамеша аз он сӯ рад шуд. Вай борҳо мавзӯъи ҳузури густурдаи террористҳои хориҷиро дар маросими расмӣ матраҳ кард, аммо бенатиҷа буд.

Неруҳои Алқоида чӣ замоне вориди бозӣ мешаванд? Он замоне, ки Толибон* бар асари даргириҳои дохилӣ ва мубориза бо ҷабҳаҳои зиддитолибонӣ заиф шуданд ва Шабакаи Ҳаққонӣ дар баробари гурӯҳи Кандаҳор қудрат ёфт, ҳама гурӯҳҳои террористӣ таҳти як фармондеҳии воҳид ва ба эҳтимоли зиёд зери парчами ДОИШ муттаҳид мешаванд.

Поёни гузориш

Ёддошти сардабир: Сангар ин гузоришҳои ҳавлнокро барои иттилоърасонӣ ба ҷавомеъи Афғонистон ва Осиёи Миёна чоп мекунад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!