Террористҳои иморат ба думболи маҳкам кардани ҷои пояшон дар шарқи Эронанд.
Нависанда: Лайло Шабоҳанг, рӯзноманигори эронӣ, хабаргузории “Садои Афғонистон”
Бино бар шунидаҳое, ки бархе муроҷиин, муртабитин ва мардум онро таъйид мекунанд, чанд рӯзе аст, ки консулгарии Афғонистон дар Машҳад, дар вазъияти одӣ ба сар намебарад. Дар ҳоле, ки гурӯҳе дар фазои маҷозӣ бо интишори бархе ахбори дурусту нодуруст, попечи муҳоҷирини афғонистонӣ дар Эрон шуда ва ба нафрату балво доман мезананд, Толибон дар идомаи футӯҳоти беназири қаблиаш, аз ҷумла тасхири бедардисари сафорати Афғонистон дар Теҳрон, машғули пешравиҳои бисёр муҳиму хомӯш барои иҷрои комили нақшаи шуми хеш аст. Аҷиб он ки ҳисобҳое, ки дар фазои маҷозӣ мураттаб алайҳи муҳоҷирин нафратпароканӣ мекунанд, то имрӯз ҳеҷ мавзеи равшане дар қиболи ин гурӯҳи террористиву рафторҳояш дар Ҷумҳурии исломии Эрон нагирифтаанд.
Дар иқдоме аҷиб чанде пеш бидуни иттилоъи кишвари мизбон, сарконсулгарии Афғонистон дар Машҳад ибтидо номае бо имзои Мулло Муттақӣ ва бо ин мазмун аз Кобул дарёфт мекунад, ки фарде ба номи Насир Аҳмад Ҳаққонӣ, ки корманди сафорати Толибон дар Теҳрон аст, ба унвони сарконсул дар Машҳад муаррифӣ шудааст. Ҷолиб он ки барои ин ҷобаҷоӣ ҳеҷ иттилоърасонӣ ва мукотибаҳое бо вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом намегирад!
Аммо онҳо ба Кобул тафҳим мекунанд, ки ҶИЭ ба унвони кишвари мизбон, ҳатман бояд дар ҷараёни ин ҷобаҷоӣ қарор гирифта, пас аз эъломи мувофиқат, мутобиқи протоколҳои мавҷуд ҷобаҷоӣ сурат пазирад. Аммо Толибон бидуни таваҷҷуҳ ба ин гӯшзад, тайи рӯзҳои ахир ҳамин Насир Аҳмад бо ду толиби дигар ба номҳои Мангалу Хаттоб ба дарби консулгарии Афғонистон дар Машҳад муроҷиа карда ва хостори таҳвили консулгарӣ мешавад.
Тайи рӯзҳои ахир Толибон мукаррар ҳайатеро ба Машҳад фиристода, хостори таҳвили консулгарӣ мешавад. Мутобиқи шунидаҳо, сарконсули феълии Афғонистон дар Машҳад, аммо бо назардошти қонун, зимни истиқбол аз онҳо, ба ин муҳоҷимон ёдоварӣ мекунад, ки ин рафторашон шабеҳи ҳамон футӯҳоташон дар ҷангҳост! Дар ҳоле, ки ниёзе ба ин рафтор нест. Вақте дарҳо мутобиқи қонун боз мешаванд, чаро мехоҳед аз панҷара ворид шавед. Бар асоси протоколҳо ва бавежа бино ба шароити пешомада барои Афғонистон, ибтидо кишвари мизбон бояд дар ҷараёни ҷобаҷоии сафирҳо ва сарконсулҳо қарор гирифта ва эъломи мувофиқат кунад, сипас ин ҷобаҷоӣ ба содагӣ сурат мепазирад.
Гурӯҳи Толибон чанд моҳ пеш бо истифода аз пӯшиши дипломатӣ дар фурудгоҳи Машҳад даст ба одамрабоӣ зад. Онҳо расман бо истифода аз мошини пулоки дипломатик ва гузарномаҳои сиёсӣ ба дунболи рабудани Қорӣ Исо Муҳаммадӣ, яке аз чеҳраҳои саршинос буданд. Оқои Муҳаммадӣ аз Машҳад бо парвози Истамбул озими Олмон буд, ки ба ӯ гуфта шуд мамнуъулхуруҷ аст. Ӯ аз парвоз ҷо монд ва дар ин замон се тан аз Толибон саъй карданд дар муҳавватаи фурудгоҳи Машҳад вайро ба зӯр ба як мошини пулоки дипломатик савор кунанд.
Ҳадаф он буд, ки бо истифода аз масуниятҳои дипломатӣ, ӯро мустақим ба марзи Дуғорун ва хоки Афғонистон расонда ва дар он ҷо тирборон кунанд. Аммо ҷамъе аз дӯстони вай ҳамзамон ба фурудгоҳ расида ва пас аз мувоҷеҳа бо ин саҳна, бо оқоёни дипломати Толибон даргир шуда ва Қорӣ Исоро аз чанги онҳо наҷот дода ва бо худ мебаранд. Чанд рӯз баъд ӯ бидуни ҳеҷ мушкиле аз Машҳад ба Истамбул парвоз кард.
То имрӯз аммо маълум нашудааст, ки бо нуфузи чӣ касе ӯ мамнуъулхуруҷ шуда ва Толибон чӣ гуна аз ин мавзӯъ огоҳӣ дошта ва барои рабудани ӯ барномарезӣ кардааст? Ҳамчунин касе намедонад чаро он, ба истилоҳи дипломатҳои толиб, ба хотири ин рафтори террористӣ дар хоки мо адаб нашуданд. Ҷолиб аст бидонед, ки ин рафторашон масбуқ ба собиқа ҳам будааст. Бо вуҷуди ин онҳо на танҳо аз хоки Эрон ихроҷ нашуданд, балки ҳоло мутобиқи фармони Мулло Муттақӣ ва эҳтимолан Мулло Ҳайбатулло барои ишғоли консулгарии Афғонистон дар Машҳад ҳуҷум овардаанд.
Боре бо тамоми ин авсофи Толибон бидуни таваҷҷуҳ ба содатарин протоколҳои дипломатӣ, тасаввур мекунанд, дар Машҳад низ қодиранд, шабеҳи Қандаҳор, ҳар рафторе, ки дилхоҳашон аст, анҷом диҳанд. Тибқи шунидаҳо ин афрод, ки бо номаи Мулло Муттақӣ дар даст барои тасхири консулгарӣ омада буданд, феълан дар ҳутале мустақар шудаанд. Толибон ба идороти марбутааш эълом карда; Имзои сарконсули феълӣ беэътибор аст. Будҷаи онҳо низ қатъ шуда ва ҳама мунтазир аксуламали Теҳрон ҳастанд.
Ба назар мерасад, Толибон назар ба иттифоқоти талхе, ки Эрон дар ҳафтаҳои ҷорӣ даргири он будааст, барномарезӣ карда, то дар сукут террористҳои худро дар пӯшиши дипломат ба ҶИЭ таҳмил карда ва Теҳронро дар баробари кори анҷомшуда қарор диҳад. Онҳо тасаввур мекунанд дар Теҳрон ва Машҳад ҳам фаромини Мулло Ҳайбатулло лозимулиҷрост! Ин рафторҳоро наметавон ношӣ аз ноошноии онон бо умури дипломатӣ тасаввур кард. Ҳар нодоне медонад дуздӣ дар кишвари дигар ҷурм аст! Бори ҷасорати Толибон дар иртикоби чунин ҷароиме дар ҶИЭ мураттаб афзоиш меёбад. Онҳо бе он ки кӯчактарин имтиёзе ба Теҳрон бидиҳанд, мураттаб имтиёзоти аҷибе аз Теҳрон мегиранд. Чаро? Касе намедонад.
Пайнавишти аввал:
Барои мисол, хуб аст ёдоварӣ шавад, дар пурборонтарин соли обии ним қарни ахири Афғонистон, Толибон пас аз фишорҳову ҳушдорҳо ва таҳдидҳои Эрон аз як сӯ ва низ кӯмакҳои мухталифу ҳамкорӣ ва изҳори бародариву ҷаласоти пайдарпай бо масъулини эронӣ аз сӯи дигар, боз ҳам фақат ҳудуди як савум аз ҳаққобаи қонунии Эрон аз рӯди Ҳирмандро дод. Дар ҳоле ки тайи ҳамин муддат панҷ баробар рақами ин ҳаққобаро ба гудол, кавир, шинзор ва намакзори Гудазара фиристод, аммо ба Эрон надод. Ҳамин алъон дар ҳоле, ки ду саввуми ҳаққобаи Эрон пардохт нашуда, ҷараёни об ба самти ҳомуни Собирӣ ва Эронро қатъ карда, аммо ҳамчунон дар ҳоли фиристодани об ба кавири Гудазара ҳастанд!
Пайнавишти дуввум:
Хуб аст ҳама бидонанд. Ин тими эъзомии Толибон ба Машҳад, амалан ҷосусҳои коркушта ҳастанд. Пештар яке аз онҳо ба номи Салим, ки эҳтимолан бо фишори бархе ҳалақоти эронии шефтаи Толибон дар Кобул, ба унвони дипломат пазируфта шуда буд, ба далели зарбу шатми як табааи эронӣ, ки аз хонаводаи муаззами шуҳадо низ буд ва ба шикояти вай, аз Эрон ихроҷ шуд. Пешниҳоди Салиму ҳамкоронаш ин буд, ки таҳти пӯшиши дипломать Шӯрои аҳли суннат дар консулгарӣ доир карда ва ба эҷоди танишу таҳрик дар байни бародарони аҳли суннати эронӣ, хоса дар калоншаҳри Машҳад доман зада ва барои сарбозгириву мақосиди касифи худ баҳрагирӣ кунанд. Аммо сарконсули Афғонистон, ки бозмонда аз давраи ҷумҳурият аст ва дарки аввалияе аз протоколҳои дипломатӣ дорад, ваҳшатзада ин пешниҳодро рад мекунад. Ҳоло ҳамон ҷамоат баргаштаанд!