Амрико чигуна ДОИШ-у Алқоидаро дар фазои маҷозӣ омода мекунад?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Дунёи модерн ва фановариҳои дар ҳол тавсеа таҳдидоти ҷадидеро барои шаҳрвандони ҳар кишваре эҷод мекунад. Веб-сайти “Сангар” қаблан дар ин маврид қаблан навишта буд (мақолоти "Ҷанги сайберӣ": ҷабҳаи ҷадиди Амрико алайҳи амнияти ҷаҳонӣ ва “Ҷанги рақамӣ”: чӣ гуна бояд наҷот ёфт?). Ҳол идомаи ин достон.
Ба думболи ибтикори Иёлоти Муттаҳида барои эҷоду тарвиҷи тимҳои байнулмилалии вокуниши изтирории роёнаӣ (CERT ва FIRST), ки бо Агентии амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида ва Агентии таҳқиқу тавсеаи вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида муртабит ҳастанд, амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо талошҳоро бар рӯи ташкили сохторҳои ғайрирасмӣ мутамаркиз кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо артиши IT-и Украина аст.
Ин созмон дар феврали 2022 пас аз шурӯъи даргирии Русия ва Украина эъломи мавҷудият кард. Бо ин ҳол, Украина хеле зудтар шурӯъ ба омӯзиши мутахассисони худ барои анҷоми ҳамалот ба таъсисоти зерсохти иттилооти ҳаётӣ (ТИҲ) карда буд. Кишварҳое, монанди Иёлоти Муттаҳида Амрико, Канада, Литва, Эстония, Полша, Руминия, Хорватия ва Нидерланд фаъолона дар ин амр кӯмак карданд.
Аз соли 2012, системе аз сандуқҳои тахассусӣ (Nato Trust Ukraine-Сommand, Control, Communications and Computers, C4 ва дигарон) дар шаҳри Киев фаъолият мекунад, ки дар он мутахассисони кишварҳои фавқуззикр омӯзиш медиҳанд. Дар айни ҳол, иттилоот ва пуштибонии иттилоотӣ аз ҳакерҳои украиниро на танҳо созмонҳои давлатии Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони онҳо, балки ширкатҳои хусусии фановарии иттилоотӣ (IT), монанди Micro Focus (Бритониё), Recorder Future (Иёлоти Муттаҳида Амрико), Comelson Labs (Чехия) ва ғайра низ анҷом медиҳанд.
Дар натиҷа, бо ҳимояту кӯмаки Ғарб, ҳакерҳои украинӣ ба хубӣ дар истифода аз маҷмӯаи классики муҷримони сайберӣ табаҳҳур пайдо кардаанд: дефейс ё тахриби чеҳра (интишори матолибе бо моҳияти таҳрикомез ва тазъифкунандаи рӯҳия), доксинг (ҷустуҷӯ ва интишори иттилооти шахсӣ ё маҳрамона), фишинг, тавзеъи бадафзор ва ҳамалоти DDoS.
Ҳамон тур, ки дар достони созмони террористии байналамилалии Алқоида, "кӯдаке", ки аз Ғарб мутаваллид шуд, бузург шуда ва аз контроли созандагони он фирор кард. Имрӯза, нерӯҳои сайберии Украина хатари бузурге ҳам барои шаҳрвандони одӣ ва ҳам барои ТИҲ-и ҳар кишваре эҷод мекунанд. Ва агар ин маҳсул дар ибтидо барои "ҳифозат аз истиқлолият"-и давлати Украина эҷод шуд, имрӯз аҳдофи онҳо анҷоми ҳамалот ба дигар кишварҳо ва сирқати сармоя аз ширкатҳои бузургу шаҳрвандони одӣ ба манзури сарватандӯзӣ аст.
Артиш IT-и Украина муташаккил аз ҳудуд 300 ҳазор нафар бо маҳоратҳои хос аст. Теъдоди ҳамалоти сайберии ин сохтор дар соли 2023 ҳудуди 8.5 ҳазор маврид будааст. Илова бар ин, ин ҳамалот ағлаб "таҳти парчами бегона" анҷом мешавад. Дар айни ҳол, мақомоти расмии Украина ба шиддат аз фаъолиятҳои артиши IT-и Украина ҳимоят мекунанд. Бинобарин, дар январи 2023, як барномаи телефони ҳушманд барои ҳамалоти DdoS-и худкор муаррифӣ шуд. Акнун ҳар касе метавонад бидуни маҳорати хосе ба ҷинояткорони сайберӣ бипайвандад.
Илова бар ин, гурӯҳҳои ҷиноии созмонёфтаи украинӣ, чашмандози бузурге барои худ дар эҷоди марокизи тамос барои сирқати пул аз ҳисобҳо диданд ва кулоҳбардорони сайбериро зери пару боли худ гирифтанд. Оғози фаъолияти шадиди гурӯҳҳои ҷиноии созмонёфта дар ин ҳавза ба авохири соли 2018 бармегардад. Ба лутфи равобити наздики фосидона, ки то ин лаҳза аз сӯи раҳбари гурӯҳи ҷинояткори созмонёфта Зураб Лекишвили ("Зӯрика") эҷод шуда буд, марокизи тамоси ин гурӯҳ мавриди бозрасии созмонҳои муҷрии қонуни Украина қарор нагирифтанд ва ин гурӯҳи ҷиноии созмонёфта пешгоми минтақа дар миёни дигар шабакаҳои марокизи тамос ё кол-сентрҳои ҷаълӣ шуд.
ТАРҲ АЗ ВЕБ-САЙТИ РАСМИИ СБЕРБАНКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Ба унвони бахше аз таҳқиқот дар мавриди фаъолияти як маркази тамос дар шаҳри Бердянск, коршиносони Сбербанки Федератсияи Русия тавонистанд серверҳои SIP-ро шиносоӣ кунанд, ки аз тариқи онҳо тамосҳои ҷаълӣ бо шаҳрвандони Русия ва соири кишварҳо барқарор мешуд. Мушаххас шуд, ки ин хадамот ба таври фаъол дар дигар марокизи тамоси фаъол дар Украина истифода мешавад.
Дар маҷмӯъ беш аз 50 сервер аз ин қабил шиносоӣ шуд. Дар ин ҷо ба бархе аз онҳо ишора мекунем:
dids.phonet-tel.com (Олмон)
spgsipt2.xyz (Олмон)
spgsip.com (Нидерланд)
sip.freevoip.org (Иёлоти Муттаҳида Амрико)
sip2.voipex.top (Олмон)
r1.phonet-tel.com (Олмон)
Теъдоди кулли тамосҳои ҷаълие, ки аз тариқи ин хадамот тайи ду соли гузашта анҷом шудааст, аз 37 миллион маврид фаротар рафтааст. Бештари тамосҳо бо афродест, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, аммо кулоҳбардорон бо сокинони кишварҳои дигар низ тамос мегиранд.
Дар натиҷаи таҷзияву таҳлили журналҳои тамос аз 14 декабри 2021, фаъолиятҳои кулоҳбардории ҳадафманд алайҳи шаҳрвандони кишварҳои мухталиф эҷод шуд. Арқоми ин мавориди ба гунаи зайл аст: Полша – 380 ҳазор тамос, Қазоқистон – 36 ҳазор, Тоҷикистон – 18 ҳазор, Гурҷистон – 8 ҳазор, Ӯзбекистон – 7.5 ҳазор тамос. Лозим ба зикр аст, ки ҳеҷ мавриди тамос бо шаҳрвандони Украина, ки он ҷо қарор доранд, сабт нашудааст.
Талошҳое барои ҳамла ба таъсисоти зерсохти иттилооти ҳаётӣ (ТИҲ)-и кишварҳои ғарбӣ низ сурат гирифтааст. Дар моҳи майи 2024, додгоҳе дар Иёлоти Муттаҳида, ҳакери украинӣ Ярослав Васинскийро ба далели иртикоби ҷароими сайберӣ ва аххозӣ аз ширкатҳо ва шаҳрвандони амрикоӣ ба 13 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кард.
Ба ҳамин минвол, нерӯҳои сайберии Украина батадриҷ аз ҳадафи аслии худ - мубориза бо Русия - дур мешаванд ва фаъолияти худро ба кишварҳои дигар ҳидоят мекунанд. Таърихи Алқоида дар ҳоли такрор аст ва он рӯз дур нест, ки Ғарби ҷамъӣ маболиғи ҳангуфте аз пули молиётдиҳандагони худро барои мубориза бо ҳакерҳои украиние, ки худ сохтаанд, харҷ кунад.