Хабари рӯз

Толибон ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Ӯзбекистон аз сӯи ДОИШ – ро дар пайи як таҳқиқ тасбит карданд

МАЗОРИ ШАРИФ, 18 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Тафсилот ва мадорике, ки аз маҳалли ин ҳодиса ба даст омадааст, иддаои ДОИШ дар мавриди ҳамла ба Ӯзбекистонро собит мекунад.

Яке аз кормандони пулиси Толибон дар вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх, ки таҳқиқи ин ҳидисаро бар дӯш дорад, ба хабарнигори сомонаи Сангар гуфт, ҳамла аз як манзили зисти рустои Туқай, ки ҳамагӣ туркманнишинанд, анҷом шудааст.  

“Ин ҳавлӣ дар гузашта аз Ҳоҷӣ Ваҳҳоб, вакили парлумони қаблӣ буд, ки наздикии минтақи Сари Чоҳ аст. Соли гузашта вай ҳавлиро ба як туркман аз Ғозиёни Давлатобод фурӯхт. Тақрибан як моҳи қабл як ҷавони ӯзбек, ки ба қавле, аз Мазори Шариф будааст, омада, хонаро ба 10 ҳазор афғонӣ барои ду моҳ иҷора гирифт. Як ҷавони туркман нигаҳбонаш буд, ки мошини оби маъданиро мекашид”, - гуфт ӯ.

Ин манбаъ гуфт, ҳамин ҷавони ӯзбек як дастгоҳи монанд ба ВМ 12 – ро сохта, дар дохили ҳавлӣ айёр мекунад ва телефонро барои сабт дар тиреза баста, ҳаволии соати 8 – и субҳ аз хона мебарояд ва ғайб мезанад.

“Ин дастгоҳ монанд ба ВМ 12 ё тавре ки дар Афғонистон мегӯянд, 40 – мила буда, таври маълум то мошин набошад, ҳаракат додани он имкон надорад, аммо ин дастсохт аст. Тахмини мо ин аст, ки он тариқи телефон идора шудааст. Зоҳиран, ин фард вақте Мазори Шариф ё Пули Хумрӣ мерасад, дастгоҳро фаъол месозад ва ракетаҳо шиллик мешаванд”, - гуфт ӯ.

Иттилои аввалия дар бораи ин ҳодиса ин буд, ки соати 10 – и қабл аз зӯҳри рӯзи душанбе,18 апрел, як ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Тирмизи Ӯзбикстон аз шаҳраки бандари Ҳайратон анҷом шудааст. Бегоҳи ҳамон рӯз гуруҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бо пахши як навори видеоӣ иддао кард, ки нахустин ҳамлаи худ ба Ӯзбекистонро анҷом додааст.

Қаблан манобеъи сомонаи Сангар дар вилояти Балх хабар дода буданд, ки аз минтақаи Саричоҳи наздикии шаҳри Ҳайратон аз тӯпи БМ1 ба ҷониби Ӯзбекистон 6 ракета андохт шудааст, аммо видеои нашршуда нишон медиҳад, ки 7 ракета партоб шудааст.

 

Дастгоҳе, ки дар навори видеоии дар ихтиёри Сангар дида мешавад, бо дастгоҳи дар видеои созмони террористӣ сабтшуда мувофиқати саддарсадӣ доранд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бо нашри як акс иддао кард, ки ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар минтақаи Тирмизи ҳаммарзи Афғонистон бар сарбозони ӯзбекистонӣ ҳамла кардааст. Аммо ҳамсӯҳбати Сангар гуфт, ракетаҳо ба тарафи Ӯзбекистон асобат накардааст, зеро бино ба як фарзия, саргулӯла надоштааст, аз сӯи дигар эҳтимол дорад, ки саргулӯла дошта ва ба тарафи Туркманистон асобат карда бошад, зеро рустои Туқай бо ҳар ду кишвар ҳаммарз аст.

Қаблан дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон ҳамлаи ДОИШ-и Хуросон ба марзҳояшро рад карда, онро як “иғво” хонда, гуфт, ҳеҷ иттифоқ ва ҳеҷ гуна фаъолияти низомӣ дар марзи Ӯзбекистон ва Афғонистон мушоҳида нашуда, вазъ босубот аст.

Дар ҳамин ҳол, ин нахустин ҳамлаи мустақими ДОИШ ба Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қаламрави Афғонистон ба ҳисоб меравад, ки пас аз ҷойи по пайдо кардани ин созмони террористӣ дар ин кишвар иттифоқ меафтад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!