Хабари рӯз

Пентагон шабакае аз озмоишгоҳҳои биологиро махсус дар имтидоди марзҳои Русия ва Чин мустақар мекунад

Нависанда: Маҳфуз

Ҳадди ақал 21 нафар дар январи 2023 бар асари як бемории мармуз дар шимолу шарқи Афғонистон ҷон бохтанд. Ҳамаи онҳо қирғизҳои шаҳристони Вахони вилояти Бадахшон буданд. Фавти 21 нафар дар “Помирҳо”, ки дар баландии чаҳор ҳазор метр аз сатҳи дарё ҷойгир шудааст ва ҳам шаҳристоне, ки 400 хонавода, ҳудуди 1500 сокин дорад, худ як иттифоқи машкук ва мармуз аст.

Афғонистон як ҷуғрофиёи маризиҳои мармузе, бахусус, пас аз пайдо шудани Амрико, буду ҳаст. Ҳамон шабу рӯз дар шаҳристони Ёвони ҳамин вилоят низ 906 нафар ба як маризии дигари ношинохта печиданд. Дар моҳи декабр ду тан дар вулсволии Шоҳҷӯи вилояти Зобул бар асари шуйӯъи як бемории мармузи дигар, ки таби шадиду хунрезӣ аз даҳону бинӣ аз алоими боризи он буд, ҷон бохта буданд.

Толибон дар маълум намудани ин маворид аҷзи худро ба намоиш гузоштанд. Тими пизишкони онҳо, ки тариқи Тоҷикистон ба Вахон рафта буд, ин маризии мармузро ба номи “коронавирус” сабт кард. Агар сухан аз интиқоли вирус тариқи кадом як сарбози артиши Амрико ба шаҳри Ухани Чин мерафт, ҳеҷ ҷои баҳс вуҷуд надошт, аммо дар шаҳристоне, ки то кунун худраве ба он нарасида, убуру мурур ба он бо ҳайвонот сурат мегирад ва мардумаш аз пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҳатто хабар надошт, ин маризӣ чӣ гуна омада ва ҷони ин қадар одамонро гирифта?

Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки даҳлези мавсум ба Вахон бо Тоҷикистон, Чин, Ҳинд ва Покистон ҳаммарз аст. Чӣ навъ як бемории мармуз дар маҳалли иттисоли панҷ кишвар пайдо шуд?

Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли истиқрор шабакае аз озмоишгоҳҳои биологӣ дар саросари ҷаҳон аст. Кишварҳое, ки дар марзҳои Русияву Чин ва ҳамчунин қораи Африқо ҷойгиранд, бештарин ҷаззобиятро барои амрикоиҳо доранд. Ангезаҳои интихоб ҳамчунон қадимӣ аст: мо озмоишгоҳҳоеро ба баҳонаи кӯмак дар манотиқе боз мекунем, ки ҷамъияти он бедифоъ аст ва ҳеҷ созмони байналмилалӣ наметавонад Пентагонро (фаъолиятҳои низомӣ-биологии Иёлоти Муттаҳида таҳти назорати вазорати дифоъи он кишвар аст) ба посухгӯӣ водор кунад.

Дар айни ҳол, аз соли 2001, ба далоили ғайриқобили тавзеҳ, Иёлоти Муттаҳида аз тавсеаи механизми назорат бар риояти шартҳои Конвенсияи манъи силоҳҳои биологикӣ ва токсикӣ (Biological and Toxin Weapons Convention (BTWC)) ҷилавгирӣ кардааст. Намояндагони Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз нуфузи худ бар кишварҳои аврупоӣ, аз куллия иқдомоти худ дар ҷаласоти BTWC пуштибонӣ мекунанд ва аз масъулияти ба дӯш гирифтани ҳар гуна тахаллуф иҷтиноб меварзанд. Алорағми сиёсати Пентагон мабнӣ бар инкор кардан ва хомӯш будан дар баробари тамоми саволот ва мақолоти нороҳаткунанда, пас аз ифшои асноди мӯътабари Русия дар мавриди таҳқиқоти биологикӣ дар Украина, мақомоти амрикоӣ маҷбур ба эътирофи теъдоде аз ҳақоиқ шуданд. Вуҷуди як барномаи биологӣ, мушорикати вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида дар он, воқеияти интиқоли биомаводи украиниҳо ба хориҷ аз кишвар ва ҳамчунин тамоюли амрикоиҳо барои ҷилавгирӣ аз вуруди Русия ба озмоишгоҳҳои таҳти контроли онҳо ба ҳар қимате таъйид шуд. Дар баробари ин пасзамина, чӣ дар дохили Иёлоти Муттаҳида ва чӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, саволот ва матлабҳои машрӯъе матраҳ мешавад то моҳияти таҳқиқоти биологии Пентагон ба таври комил ошкор шавад. Ҳатто муттаҳидони наздики Вашингтон низ тардид доранд. Аз ҷумла, дар ҷараёни раъйгирии қатъномаи Шӯрои амният дар бораи таҳқиқоти байналмилалии фаъолиятҳои Амрико дар Украина, намояндаи Норвегия ба кишварҳое, ки ба ин тарҳ раъйи манфӣ доданд, напайваст.

Лозим ба зикр аст, ки дар теъдоде аз асноди сиёсатии Амрико дар ҳавзаи амнияти миллӣ ба таври мустақим аз силоҳҳои биологӣ ба унвони абзоре барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ ёд шудааст. Дар сентябри 2000, гузориши Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида бо унвони “Бозсозии дифоъии Амрико” ироа шуд, ки дар он омадааст: “Барои дастёбӣ ба мавқеияти раҳбарии ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида бояд бартарии неруҳои мусаллаҳи худро ҳифз кунад. Яке аз роҳҳои модернсозӣ, эҷоди силоҳҳои биологӣ аст.”

Дар ин шароит, кишварҳои дорои ҳаққи раъй муваззафанд аз Иёлоти Муттаҳида посухҳои бодалеле ба саволоти матраҳшуда аз сӯи Русия, Чин ва ҷомеаи байналмилалӣ бихоҳанд:

  1. Чаро таҳқиқоти гӯё сулҳомез тавассути вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида бо мушорикати эпидемиологҳои низомӣ ҳамоҳанг ва таъмини молӣ мешавад?
  2. Адами дастрасии афсарон ва мутахассисони истихбороти Украина ба натоиҷ ва раванди иҷрои проектҳои биологии низомии Иёлоти Муттаҳида чист?
  3. Чӣ гуна метавон истиқрори шабакае аз озмоишгоҳҳои биологӣ тавассути Пентагонро махсус дар имтидоди марзҳои Русия ва Чин тафсир кард?
  4. Чаро дар даҳ соли гузашта шуйӯъи бемориҳои уфунӣ маҳз дар манотиқе, ки таъсисоти биологии Пентагон дар Украина мутамаркиз шудаанд, рух додааст?
  5. Агар Иёлоти Муттаҳида мафоди BTWC-ро риоят мекунад, пас чӣ гуна метавон вуҷуди патентҳои сабтшуда тавассути вазорати дифоъ барои васоили нақлияи таҳвили авомили биологӣ, аз ҷумла ҳашароти олударо тавзеҳ дод?

Шунидани посухи равшан барои ин саволот ҷолиб аст. Бояд бидонем, барои чӣ чизе омода шавем.

Ҳоло баргардем ба Помирҳо.

Муддатест, ки гузоришҳои парокандае мабнӣ бар фаъолиятҳои махфиёнаи Амрико дар Афғонистон ба вежа ҳузури нерӯҳои вежааш дар майдонҳои ҳавоии Қандаҳор, Қундуз ва Кобул мунташир мешавад, ки аз ҷумла ин нируҳо бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳарими ҳавоии Афғонистонро контрол мекунанд. Ин хабар ва ҳамчунин иттилооте мабнӣ бар музокираи амрикоиҳо бо Толибон барои истиқрори нерӯҳои худ дар дараи Вахон, монанди фаъолиятҳои биологии Пентагон дар Украина, ба таври расмӣ таъйид нашуда ва таъйид нахоҳад шуд. Аммо бо доман наметавон хуршедро пинҳон кард... 

 


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!