ИШОРА АЗ ИДОРА: Ин мақола намунаи боризи талоши расонаҳои амрикоӣ барои бузургнамоии Толибон ё беҳтар аст бигӯем Толибони амрикоӣ ва хурднамоии нақши Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, бузургтарин нерӯи зиддитолиб ва зиддитеррористӣ дар Афғонистон аст. Амрикоиҳо ҳанӯз бар ин боваранд, ки ба онҳо иҷозаи бозгашт ба Афғонистон дода хоҳад шуд. Ҳамон тур, ки мегӯянд, орзу кардан айб нест. Танҳо барои ошноии хонандагони "Сангар" бо "дидгоҳи амрикоӣ" мунташир мешавад.
Нависанда: Ванда Фелбоб Браун (Vanda Felbab-Brown), манбаъ: www.brookings.edu
Афғонистон дар соли 2023 бар ин асос шакл хоҳад гирифт, ки оё раҳбари Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охундзода, контроли худро бар тамоми тасмимгириҳо ҳифз кунад ё хайр. Дувумин пӯёӣ, ҳаёти терроризм ва ситезаҷӯӣ хоҳад буд. Баид аст, ки Толибон контроли беҳтаре бар Давлати исломӣ дар Хуросон (ДИХ) дошта бошанд. Аммо Ҷабҳаи муқовамати миллии заиф ва соири гурӯҳҳое, ки ба думболи эҳёи ҷумҳурии Афғонистон ҳастанд, ҳукумати Толибонро ба таври ҷиддӣ таҳдид намекунанд. Ду савол боқӣ мемонд: оё Толибон метавонад аз ихтилофҳои муҳим ҷилавгирӣ кунад? Ва оё ин ки метавонад терроризмеро, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад, маҳор кунад, бинобарин, қудратҳои хориҷӣ тамоюле ба ҳимоят аз гурӯҳҳои зидди Толибон доранд?
ТАҲАВВУЛОТИ КАЛИДИИ 2022
Дар тӯли соли гузашта, ҳукумати Толибон ба тадриҷ хашинтар ва иқтидоргаротар шуд ва аз назари ҷазмӣ шабеҳи низоми Толибони даҳаи 1990 ба назар мерасад. Ҳукумат тард шуда, Толибон бо меҳварияти паштун ба шиддат нисбат ба ҳама ашколи мухолифат саркӯбгар шуда ва ҳассосияти бештарин нишон медиҳад. Дар сатҳи миллӣ, фурсатҳои шуғлии андакеро фароҳам мекунад, чӣ расад ба нақшҳои тасмимгирӣ, барои ақаллиятҳо ва касоне, ки бо ҷумҳурии суқуткарда Афғонистон муртабит ҳастанд. Ҳуқуқи фардӣ аз байн рафтааст ва дастрасии занон ба омӯзиш, шуғл ва ҳатто ҳавзаи умумӣ барои мусофират ва муроқибатҳои пизишкӣ, вуҷуд надорад.
Идораи умумии истихбороти Толибон (GDI) , вазорати дохилаи таҳти раҳбарии Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба абзори аслии саркӯб бар алайҳи мардуми ом табдил шудаанд.
Бо такрори иштибоҳоти ҷумҳурӣ ва маъкус кардани равандҳои ғайримутамаркизи қаблии Толибон, тасмимгирии Толибон дар дастони маъдуде мутамаркиз шудааст - ин тамаркузи қудрат як даст мешиносад: амиралмуминини Толибон мулло Ҳайбатуллоҳ ва гурӯҳи ӯ мустақар дар Қандаҳор.
Ҳайбатуллоҳ бо қудрати тақрибан мутлақ, борҳо назароти соири ҷиноҳҳои Толибон, ба вежа сарони воқеъгаро ва мутамоил ба тафоҳум бо ҷомеаи байналмилалиро рад кардааст. Гуфтугӯкунандагон дар Афғонистон ба ман мегӯянд, ки ҳар чӣ Ғарб тасмимоти салби ҳуқуқи духтарон ва занонро бештар мавриди интиқод қарор дода ё хостори ҳукумати фарогир шудааст, Ҳайбатуллоҳ ва ёронаш дар Қандаҳор бештар эҳсоси ҳаққоният кардаанд. Ҳайбатуллоҳ ҳамчунин дар баробари интиқоди соири кишварҳо, созмонҳо ва ҳатто уламои аҳли гуфтугӯ низ нуфузнопазир будааст. Ӯ ривояти худ аз шариатро танҳо тафсири воқеии исломи ҳанафӣ таъриф кардааст.
Фармони ӯ дар декабри 2022 мабнӣ бар мамнуъияти кори занон дар созмонҳои ғайридавлатӣ дар Афғонистон, бо ин баҳона, ки пӯшиши нокофӣ далели ин тасмими онҳо буда, паёмадҳои вайронгарӣ доштааст. Ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии дигар, монанди Созмони Милал, созмонҳои ғайридавлатӣ кӯмакҳои ҳаётиро ба як кишвари гурусна ироа кардаанд. Коргарони зан танҳо касоне ҳастанд, ки метавонанд ба занону ағлаби фарзандонашон дастрасӣ дошта бошанд.
Пас аз ин мамнуъият, созмонҳои ғайридавлатии бузурги байналмилалӣ ҳама амалиётҳои худро дар Афғонистон ба ҳолати таълиқ дароварданд - ҳам ба ин далел, ки зарфияти амалиётии онҳо ба шиддат бо мушкил мувоҷеҳ шуда буд ва ҳам ба ин далел, ки умедвор буданд таълиқ Толибонро маҷбур ба лағви тасмим кунад. Толибон эълом карданд, ки ин мамнуъият барои занони шоғил дар муроқибатҳои беҳдоштӣ ва омӯзишӣ эъмол намешавад ва созмонҳои ғайридавлатӣ бархе аз хадамоти худро аз сар гирифтанд.
Бо ин ҳол, вазъияти башарӣ ҳамчунон дарднок аст: пешбинӣ мешавад, ки тақрибан ниме аз ҷамъияти Афғонистон байни ноябри 2022 то марти 2023 ба шиддат дар ноамнии ғизоӣ қарор дошта бошанд ва 6 миллион нафар дар остонаи қаҳтӣ қарор дошта бошанд. Беш аз як чаҳорум аз ҷамъияти ҳудудан 40-миллионии Афғонистон бастаҳои ғизоӣ ва кӯмаки ҳазинаҳои нақдиро аз Барномаи ҷаҳонии ғизо дарёфт кардаанд.
То ҳудуде, Толибон иқтисоди Афғонистонро, ки бо таҳримҳои банкӣ, мусодираи байналмилалии дороиҳои Банки марказии Афғонистон ва поён додан ба кӯмакҳои тавсеаи Ғарб дарҳам шикастааст, ҳифз кардааст. Пули афғониро тақвият карда, таваррумро коҳиш дода, воридотро то ҳадде эҳё намуда, содиротро ду баробар сохта ва гумрукот ва молиётҳоро бисёр муваффақтар аз раҳбарони фосиди ҷумҳурии Афғонистон ҷамъоварӣ кард. Аммо ҳамон тур, ки Виляд Бурд, иқтисоддони тавсеа, ба дурустӣ баён мекунад, субот яке аз “таодули қаҳтӣ” аст.
Ташдиди саркӯби занон, ақаллиятҳо ва мунтақидони сиёсӣ асосан ҳатто кӯмакҳои башардӯстонаи зарурии Ғарбро ба хатар меандозад. Дурнамои каме вуҷуд дорад, ки талошҳои иқтисодии ояндаи Чин дар Афғонистон, ҳарчанд бисёр маҳдуд, битавонад аз даст додани кӯмакҳои Ғарбро ҷуброн кунад. Бо ин ҳол, Ҳайбатуллоҳ ва гурӯҳи ӯ дар Қандаҳор, зиндагии рӯи замин, аз ҷумла ранҷу марг тӯдаиро, сирфан гоме ба сӯи зиндагии пас аз марг таъриф мекунанд ва бидуни таваҷҷуҳ ба паёмадҳои инсонӣ ва иқтисодӣ, дар ақоиди худ эҳсоси тавҷеҳ мекунанд.
СЕНАРИЯҲОИ ТАҒЙИРИ ҚУДРАТ
Бо ин ҳол, дигар раҳбарони Толибон бар асоси ҳамон муҳосибот амал намекунанд. Онҳо мехоҳанд контроли Афғонистонро барои муддати тӯлонӣ ҳифз кунанд ва муҳосиба мекунанд, ки агар иқтисод ба куллӣ дарҳам шикаста шавад, инзивои байналмилалӣ ташдид шавад ва манобеъи хориҷӣ хушк шаванд, наметавонанд ин корро анҷом диҳанд. Ин тайфи онҳо шомили сарони Толибони мутамоил ба таомул бо ҷомеаи байналмилалӣ мешаванд - чеҳраҳои арсаи дипломатияи Толибон, монанди Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали нахуствазир, ва бархе аз фармондеҳони низомии бисёр қудратманд бо шабакаҳо ва нуфузи қавӣ, аз ҷумла Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифоъ, писари Мулло Умар, раҳбари даҳаи 1990-и Толибон ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохила мебошанд, ки ба шиддат дар тангно қарор гирифтаанд.
Ба таври хусусӣ, гуфтугӯкунандаҳои афғон ва мақомоти ғарбӣ ба ман гуфтаанд, ки ин раҳбарон ва дигар мақомоти Толибон борҳо ба думболи мутақоид кардани Ҳайбатуллоҳ барои лағви мамнуъияти таҳсили духтарону иштиғоли занон ва соири сиёсатҳои баҳсбарангез будаанд. Бо ин ҳол, инҳо пас аз матраҳ сохтани ин масоил бо Мулло Ҳайбатуллоҳ, аз доираи тасмимгирӣ ихроҷ шуданд. Агарчи Ҳайбатуллоҳ дар соли 2016 аз сӯи шӯрои Толибон ба далели заъфи эҳтимолиаш дар тасмимгирӣ интихоб шуд, аммо илова бар эътибори мазҳабӣ, бо мушти оҳанин ҳукумат кардааст. Бинобарин, часбидан ба аҳком ё лағви он, мавзӯъи як ҷанги қудрати дохилии миёни Толибон аст.
Оё тағйири қудрат дар Толибон барои маҳдуд кардан ё ҳазфи Ҳайбатуллоҳ дар соли 2023 рух медиҳад?
Созмондеҳии як кудатои дохилии ошкор бисёр пурхатар аст, - ки мусталзими эъдоми эҳтимолии созмондиҳандагони он ва иншиоби Толибон аст. Кудато мусталзими иттиҳоди амалии асосӣ байни Бародар, Сироҷ ва Яъқуб -, ки ҳеҷ кадом ба якдигар эътимод надоранд - ва ҳамкории чандин фармондеҳи низомии калидии дигари Толибон аст, ки дар ҳоли ҳозир, ин эҳтимол бисёр андак аст.
Тағйири қудрати бамаротиб камхатартар, ки зоҳиран дар ҳоли ҳозир, раҳбарони норозии Толибон ба думболи он ҳастанд, аммо дастёбӣ ба он ҳанӯз душвор аст, Шӯрои раҳбарӣ (тартиби қаблии Шӯрои раҳбарӣ)-ро эҳё мекунад, ки ба мӯҷиби он тасмимот бо иҷмоъ дар дохили шӯро гирифта мешавад ва сипас тавассути амир таъйид мешавад, яъне шахси Ҳайбатуллоҳ. Аммо худи шахси Ҳайбатуллоҳ тамоюле ба салби қудрати худ нишон намедиҳад.
Тавофуқи Иёлоти Муттаҳида барои озодии Башир Нурзай, қочоқчии саршиноси афғони маводи мухаддир ва мубодилаи ӯ бо як гаравгони амрикоӣ, имкони тағйири қудрати дохилиро афзоиш медиҳад. Башир дар ҳамон шабакаҳои қабилаии муҳимми Ҳайбатуллоҳ ва нуфуз дар даруни Толибон ҷойгоҳи бузурге дорад. Ҳимояти ӯ аз тағйир дар раҳбарӣ, машрӯъият ва сангинӣ ба чунин ҳаракате меофзояд.
Террори хориҷии Ҳайбатуллоҳ мумкин аст боиси ташдиди сиёсатҳои сифту сахт шавад, ҳатто тавассути фармондеҳони Толибон, ки амалан аз онҳо ҳимоят намекунанд, ба далели ниёзи иҷтинобнопазири онҳо ба нишон додани вафодорӣ. Террори Мулло Мансур, раҳбари собиқи Толибон тавассути Иёлоти Муттаҳида дар соли 2016 як иштибоҳи стратегӣ буд.
Ибҳомоти ҷонишинӣ раҳбарии Толибонро низ иҳота кардааст. Мулло Бародар дорои эътибори дохилии муҳиммест, аммо фоқиди пойгоҳи қудрати низомӣ аст ва Покистон ба шиддат бо он мухолифат хоҳад кард. Алорағми норизоиятии Покистон аз нотавониву адами тамоюли Сироҷ барои маҳдуд кардани Таҳрики Толибони Покистон (TTP) аз ташдиди ҳамалоти террористӣ дар Покистон, аз ҷумла алайҳи аҳдофи иттилоотии Покистон, Сироҷ ҳамчунон сармояи аслии Покистон дар Афғонистон аст. Аммо Толибони қандаҳорӣ, аз ҷумла Яъқуб ва Бародар, ӯро ба унвони як амири ҷадид намехоҳанд. Ба қудрат расидани Яъқуб қурси сахте барои Ғарб хоҳад буд, аммо шояд осонтар аз зиндагӣ бо Ҳайбатуллоҳ бошад.
СИТЕЗАҶӮИИ ДОХИЛӢ, ТЕРРОРИЗМИ ХОРИҶӢ
Ҳамон тур, ки дар августи 2022 тавзеҳ додам, аз замони тасаллути Афғонистон тавассути Толибон, террористҳо аз саросари Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Покистон ба Афғонистон ҳуҷум овардаанд, ки зоҳиран бархе аз онҳо тавассути давлатҳои минтақа ҳимоят шудаанд; Ин мавзӯъ дар мутобиқат бо иттилооте аст, ки мақомоти ғарбӣ ба таври хусусӣ дар ихтиёри ман гузоштаанд.
Дар як намоиши хиракунанда аз қудратнамоӣ, Сироҷ ба Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари Алқоида иҷоза дод то ба як маркази амн дар Кобул - ҷое, ки дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ кушта шуд - нақли макон ва дар он зиндагӣ кунад.
Ба далели эътибори ҷиҳодӣ, бидеҳиҳои сиёсӣ ва ниёз ба ҷамъоварии кӯмакҳои молӣ дар хориҷ аз кишвар, Толибон ҳаргиз равобити худро бо соири гурӯҳҳои террористӣ қатъ накардаанд. Дар тамоми тӯли ин муддат, мавзӯъи мавриди баҳс ин буд, ки оё Толибон аз анҷоми ҳамалот дар хориҷ аз кишвар тавассути гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ҷилавгирӣ мекунад ё хайр. Ба ғайр аз Таҳрики Толибони Покистон, чунин ҳамалоте сурат нагирифтааст ва Толибон талошҳои андакеро барои ҷалби ризояти бозигарони байналмилалӣ монанди Чин бо ҷобаҷоии шибҳинизомиёни уйғур ба дур аз марзи Афғонистон ва Чин анҷом доданд.
Аммо Толибон барои маҳори корзори террор бо хосияти шаҳрӣ тавассути рақиби аслии худ, ДОИШ-и Хуросон, ба сахтӣ талош кардааст. ДОИШ-и Хуросон ба думболи шӯълавар кардани ҷанги фирқаӣ дар Афғонистон, иншиоби Толибон ва коҳиши манобеъи иқтисодии хориҷии он аст. Бад-ин тартиб, то акнун ба таъсисоти дипломатӣ ва манофеъи кишварҳои Чину Русия дар Кобул ҳамла кардааст.
Савол ин аст: агар ҳамалоти террористӣ тавассути ДОИШ-и Хуросон ё соири гурӯҳҳои муртабит бо Афғонистон дар соли 2023 дар хориҷ аз кишвар рух диҳад, оё бозигарони хориҷӣ шурӯъ ба ироаи ҳимояти модии қавӣ аз дигар бозигарони мусаллаҳи зидди Толибон хоҳанд кард?
Барҷастатарин дар миёни онҳо, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ҳамчунон заиф ва фоқиди ҳимояти қабилаӣ аст. Ҳамалоти зидди Толибони ин гурӯҳ, то кунун танҳо боиси таҳрики Толибон шудааст.
Агар ҷиноҳҳои муҳимми Толибон аз ҳам ҷудо шаванд - дар натиҷаи кудато ё ноумедӣ аз иқтисоди фурӯпошида ва коҳиши шадиди даромади гурӯҳҳои хос, ки бо иҷрои қатъии мамнуъияти маводи мухаддири амир таркиб мешавад, як чолиши воқеӣ барои қудрати Толибон падидор хоҳад шуд.
Аммо дар ҳар ҷанги дохилии таҷдидшуда, Ҷабҳаи муқовимат, шонси каме барои пирӯзӣ дорад. Дар иваз, гурӯҳҳои мухталифи Толибон ва ДОИШ-и Хуросон Афғонистонро таҷзия хоҳанд кард.