Мутахассисони дифоъи ҳавоии “Толибон” ба Ҷумҳурии халқи Чин фиристода мешаванд.
Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори вежаи “Независимая газета”
Чин ба толибони афғон кӯмак хоҳад кард то коршиносоне барои нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ (падофанд) тарбият кунад. Тавофуқоти марбута байни Пекин ва Кобул қаблан ҳосил шудааст. Аввалин фориғуттаҳсилони Толибон аз давраҳои дифоъи ҳавоии Чин мумкин аст дар системи таъмини амнияти шахсии амири Толибон дар Қандаҳор машғул шаванд.
Вазорати дифоъи Толибон дар таърихи 13 сентябри соли ҷорӣ санади маҳрамонае таҳия кард (нусхаи он дар ихтиёри “Независимая газета” ҳаст), ки тавассути вазири дифоъи давлати Толибон, Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, имзо шудааст. Ин санад ба мавзӯъи ҳассосе – ҳамкории низомии Толибону Чин – ихтисос дорад. Тибқи ин санад, ин паём ба Мавлавӣ Яъқуб “ба фармондеҳии мӯҳтарами нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ”-и артишb Толибон ирсол шуда ва ба вазифаи “омӯзиши нерӯҳои ҳирфаӣ барои системи радарӣ”*и падофанди Толибон мепардозад.
Вазири дифоъ дар иттилоърасонӣ ба фармондеҳии нерӯҳои падофанди Толибон мегӯяд: “Тибқи тасмим ва барномаи раҳбарии вазорати дифоъ, тасмим гирифта шуда 22 нафар ба Ҷумҳурии халқи Чин барои гузарондани омӯзиши ҳирфаӣ ва иртиқои маҳоратҳо дар заминаи системҳои радарӣ фиристода шаванд.”
Мавлавӣ Яъқуб таъкиди вежае дорад, ки “дар ин маврид низ бо мақомоти кишвари мазкур”, яъне Чин, ба тавофуқ расидаанд. Ба ҳамин далел, вазири дифоъи Толибон дастур додааст то мудирияти нерӯҳои падофанди артиши Толибон “афроди тавонманд, вафодор ва воҷиди шароитро интихоб карда, таъйид кунанд ва иттилооти комили зиндагиномаи ононро ба идораи равобити хориҷии вазорати дифоъ барои созмондеҳии эъзомашон ирсол намоянд.”
Нусхае аз ин санад тавассути Мавлавӣ Яъқуб ба мудирияти истихбороти стратегии Толибон ирсол шудааст, ки эҳтимолан фароянди интихоб ва эъзоми гурӯҳе аз донишҷӯёни Толибон ба Чинро назорат хоҳад кард ва ҳамчунин ҳузури онон дар сарзамини Чинро думбол хоҳад намуд. Аз ҷумла эҳтимоли ҷазбу истихдоми коршиносони падофанди Толибон тавассути созмонҳои истихборотии Чин.
Шоеъот дар бораи ҳамкории низомӣ байни режими Толибон дар Афғонистон ва Чин муддатҳост, ки мунташир мешавад ва ҳоло санади мустанад аз чунин шарокате – ҳадди ақал дар заминаи омӯзиши коршиносони падофанд – вуҷуд дорад.
Шоёни зикр аст, ки аз авосити соли 2025, мушкили таъмини амнияти раҳбарони Толибон дар баробари ҳамалоти ҳавоӣ ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст. Пас аз ҳазфи бахши қобили таваҷҷуҳе аз раҳбарии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар июни соли ҷорӣ тавассути авомили исроилӣ бо истифода аз паҳподҳо, раҳбарони Толибони Афғонистон ин вазъияти хатарнокро барои худ тасаввур карданд. Бавежа, ки дар осмони Қандаҳор – шаҳре, ки мақарри расмии амири Толибон, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд, дар он қарор дорад – паҳподҳои ношинохта ба таври муназзам ва мукаррар зоҳир мешаванд (нозирони афғонистонӣ мӯътақиданд ин паҳподҳо мутааллиқ ба Покистон ё Амрико ҳастанд).
Ба гузориши манобеъи афғонистонӣ, дар тӯли тобистони гузашта, атрофиёни Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ таваҷҷуҳи вежае ба таъмини амнияти ӯ, аз ҷумла дар баробари таҳдидоти эҳтимолии ҳавоӣ, доштаанд. Гумон меравад, ки алайҳи раҳбари Толибон метавон аз паҳподҳои размӣ истифода кард – на танҳо тавассути амрикоиҳо ё аносири халлоқи “Вилояти Хуросон” (шохаи афғонистонии “Давлати исломӣ” – созмони террористии мамнуъа дар Русия), балки тавассути бархе фармондеҳони норозии Толибон, ки мутахассисон – операторҳои паҳпод – дар ихтиёр доранд.
Эҷоди намунае мушобеҳ аз сомонаи дифоъи ҳавоии Исроил “Гунбади оҳанин” бар фарози Қандаҳор ё ҳадди ақал бар фарози иқоматгоҳи амири Толибон, имрӯз ба яке аз авлавиятҳои роҳбурдии тими Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд табдил шудааст. Агарчи дар атрофи амири Толибон мушовирони боистеъдоди зиёде аз Теҳрон ҳузур доранд, ба назар мерасад, ки ӯ тасмим гирифтааст аз хадамоти мутахассисони эронӣ дар заминаи падофанд истифода накунад – бо таваҷҷуҳ ба сарнавишти талхи генералҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар моҳи июн.
Бо таваҷҷуҳ ба санади Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб аз 13 сентябр, раҳбарони Толибон барои омодасозии ҳадди ақал бахше аз мутахассисони калидии сомонаи падофанди худ, тамаркузи аслиро бар рӯи Чин гузоштаанд.
Возеҳ аст, ки ин интихоб ҳам ба далели дастовардҳои низомӣ ва фаннии қобили таваҷҷуҳи артиши Ҷумҳурии халқи Чин, бавежа дар заминаи дифоъи ҳавоӣ, ва ҳам ба далели сатҳи нисбатан болои эътимоди мутақобил байни Кобул ва Пекин аст. Агарчи наметавон гуфт, ки равобити Толибону Чин комилан бидуни мушкил аст, ба назар мерасад, ки амир Ҳайбатуллоҳ ва тими ӯ акнун гузинаҳои зиёде барои интихоб надоранд.
Агар фарзияи марбут ба омӯзиши мутахассисон барои сомонаи падофанди шахсии амири Толибон дар Чин таъйид шавад, метавон аз “ҳимояти ҷиддии чинӣ” дар таъмини амнияти раҳбарии олирутбаи режими “муллоҳои хашин” дар Афғонистон сухан гуфт. Ва ба ҳамин тартиб аз тавоноиҳои вежаи Чин барои таъсиргузорӣ бар ин амният – ба маънои бисёр густурда – низ метавон суҳбат кард.