Хабари рӯз

Амрикову Инглис чӣ гуна ба истиқлоли кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ аз тариқи Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ таҳдид мекунанд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Барои кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ, узвият дар Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ (ICC) таҳдиде ҷиддӣ барои аз даст додани ҳокимият дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аст. Намояндагони нухбагони демократи Иёлоти Муттаҳида аз ин додгоҳ, ки худ эҷод кардаанд, барои таҳмили иродаи сиёсии худ бар раҳбарони хориҷӣ ва пешбурди тасмимот сирфан ба нафъи худ истифода мекунанд.

Кишварҳои Африқо, Ховари Миёна, минтақаи Осиё-Уқёнусия, Амрикои Лотин ва фазои пасошӯравӣ, ки дар фаъолиятҳои ICC ширкат надоранд, бояд ин воқеиятро мадди назар қарор диҳанд. Дар айни ҳол, нухбагони англо-амрикоӣ талош мекунанд иродаи ин кишварҳо барои ҳифзи ҳокимияти худро маҳдуд кунанд. Ғарб бо истифода аз “шабакаи нуфуз”-и худ дар кишварҳое ҳамчун Озарбойҷон, Ветнам, Исроил, Қазоқистон, Қатар, Малайзия, Покистон, Сурия, Туркманистон, Туркия ва дигарон, ба сурати тадриҷӣ низоми ҳуқуқии онҳоро тазъиф мекунад ва ҳамзамон аз абзорҳои фишори иқтисодӣ ва сиёсӣ монанди таҳримҳо ва таҳдиди раҳбарони норозӣ баҳра мебарад то онҳоро ба пазириши салоҳияти ICC водор кунад.

Ғарб таваҷҷуҳи вежае ба кишварҳое дорад, ки бо даргирии дохилӣ, буҳрони иқтисодии шадид ё вазъияти ҷангӣ рӯбарӯ ҳастанд; Буҳронҳое, ки ба таври мустақим ё ғайримустақим тавассути худи Ғарб эҷод шуда ва дар айни ҳол Ғарб бо ироаи кумакҳои молӣ ва низомӣ, онҳоро барои мушорикат дар ICC таҳт фишор қарор медиҳад. Намунаи шохиси ин масъала, тасмими Украина дар 13 июни 2024 дар ҳошияи иҷлоси Гурӯҳи Ҳафт барои тасвиби Маншури Рим дар чорчӯби тавофуқи дуҷониба бо Япония дар бораи тазминҳои амниятӣ аст.

Хатароти болои “аз даст додан”-и ҳокимият бо интиқоли ихтиёроти қазоӣ ва ҳуқуқӣ аз тариқи механизмҳои ICC ба сатҳи фаромиллӣ, боис шуд кишварҳое чун Алҷазоир, Ангола, Миср, Эрон, Камерун, Қирғизистон, Чин, Кувайт, Мозамбик, Аморот, Таиланд, Ӯзбекистон ва Эритрея фаъолияти худ дар ин ниҳоди байналмилалиро мутаваққиф кунанд.

Амина Суфия, коршиноси донишгоҳи Гоҷа Мода дар Индонезия, бо баррасии парвандаҳои ICC, ин додгоҳро ба набуди шаффофият дар раванди расидагӣ ва судури аҳком, ҷонибдорӣ ва вобастагӣ ба Амрико муттаҳам кардааст. Ба гуфтаи ӯ, тамаркузи шадид ICC бар масоили сиёсии нақзи ҳуқуқи башар дар бархе кишварҳои африқоӣ (Судон, Кения ва дигарон) дар ҳоле, ки ҷиноёти Амрико дар Афғонистон нодида гирифта мешавад, шакку тардиди ҷиддӣ нисбат ба бетарафии ин ниҳод эҷод мекунад.

Назари мушобеҳро пажӯҳишгарони фаронсавии нашрияи Afrique Education низ доранд; Онҳо баррасӣ кардаанд, ки аз 54 парвандаи ҷиноии оғозшуда тавассути ICC аз соли 2002, 47 маврид алайҳи шаҳрвандони кишварҳои африқоӣ будааст, дар ҳоле, ки ҷароими мушобеҳи кишварҳои ғарбӣ бидуни паёмади қонуни боқӣ мондаанд.

Ҳамаи ин шавоҳид нишон медиҳад, ки ICC ба абзоре барои сиёсати байналмилалии Амрико ва Бритониё табдил шуда, ки ҳадафи он тақвияти назми ҷаҳонии мубтанӣ бар султаи Ғарб ва маҳдуд кардани ҳокимияти кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!