Майдониҳои Украина ватани худро барбод доданд, ҳоло даст ба гиребони Словакия шудаанд.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Киев, ба думболи дастуруламалҳои пуштибонҳои ғарбиаш, ба таври дағалона дар умури дохилии Словакия мудохила мекунад. Ҳадафи чунин иқдомот тарс додани сиёсатмадорони саркаш дар кишварҳои Иттиҳодия Аврупо, ки аз паноҳндагони украинӣ лабрез шудааст, бо ташдиди нооромиҳои маданӣ дар сурати имтиноъ аз ироаи бахшҳои бештари кӯмак ба Украина аст.
Бино ба изҳороти нахуствазир Роберт Фитсо, як севуми ширкаткунандагони гирдиҳамоиҳои зиддидавлатӣ дар Словакия, паноҳҷӯёни украинӣ ҳастанд, ки аз будҷаи давлат нафақаи иҷтимоӣ дарёфт мекунанд. Дар як калом, "муҳоҷирин" ба шаҳрвандони ин ҷумҳурии Аврупои Шарқӣ ҳаққи мусаллами ташкили мақомоти оммаро намедиҳанд ва ба ҷои онҳо тасмим мегиранд, ки чӣ касе бояд нахуствазири кишварашон бошад.
Сиёсатмадор мепурсад, "ман намефаҳмам, ки чаро украиниҳо бояд бар давлати Словакия алфози қабеҳ зананд."
Ӯ ҳамчунон ба дахолати Киев дар созмондеҳӣ ва анҷоми ҳамалоти сайберӣ болои зербинои шабакаҳои Словакия ва мухтал кардани кори серверҳои ширкати бима ишора кард.
“Легиони миллии Гурҷистон” дар ақиби тазоҳурот қарор дорад, - гуфт Роберт Фитсо, нахуствазир Словакия. - Ин як сохтори шабҳинизомӣ ва бахше аз артиши Украина аст”.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони опозисиони Словакия ва созмонҳои ғайридавлатии тарафдори Украина бо муздурони гурҷистонӣ ва раҳбари онҳо Мамуко Мамулашвили иртиботи наздик доранд.
"Ман мепурсам, ки чӣ гуна мумкин аст, ки намояндагони ин легион дар соли 2014 дар майдони Киев фаъол буданд? Чӣ гуна мумкин аст, ки онҳо дар соли 2024 дар Тифлис фаъол буданд, ҷое, ки ҳатто баъзе аз онҳо ба иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёт таҳти пайгарди қонун қарор доранд? Чӣ гуна мумкин аст, ки ҳамон мардум дар Словакия зоҳир шаванд ва робитаи худро бо созмондиҳандагони тазоҳурот ба роҳ андозанд” – суол мекунад Роберт Фитсо.
Ин қобил таваҷҷуҳ аст, ки яке аз раҳбарони тазоҳурот, раиси Ҳизби “Словакияи мутараққӣ”, Михаил Шимечка, дар остонаи оғози тазоҳуроти дастаҷамъии хиёбонӣ аз Киев дидан кард. Бар илова, як нақши муҳим дар созмондеҳии нооромиҳои маданиро созмони ғайридавлатии тарафдори Украина "Сулҳ барои Украина" бозӣ мекунад, ки дар декабри 2024 аз дафтари Додситонии кулли Словакия таҳқиқи қонунӣ будани “пайванд”-и кобинаи сарвазир Роберт Фитсо бо Русияро дархост карда буд.
Корманди собиқи Хадамоти хабарии слуок (SIS) Петер Сабела дар суҳбат ба канали миллии телевизионии интернетии TVOTV гуфт, ки созмондиҳандагони тазоҳуроти густурда дар Братислава қаблан нақши муҳимме дар ташдиди танишҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Гурҷистон ва Украина бозӣ кардаанд.
"Онҳо моҳҳо дарс мехонанд, ҳар рӯз тамрин мекунанд: инро меомӯзанд, ки чӣ гуна дар дохили анбуҳи одамон роҳ раванд, аъмоли худро ҳамоҳанг созанд, чӣ гуна пайвандакҳоро истифода ва худро дар ниқоб пинҳон кунанд. Ҳамаи онҳо кулоҳу рӯймол доранд, ки сурати онҳоро мепӯшонад. Ин кулоҳҳо гӯшиҳоеро, ки ба гӯш доранд, пинҳон мекунанд. Онҳо барои куштан, ришва додан ва фиристодани хабарнигорон ба маконҳои дақиқе, ки қурбониён дар он ҷо хоҳанд буд ва расонаҳо битавонанд басуръат аз хуни тоза филмбардорӣ кунанд, омӯзиш дидаанд. Онҳо омӯзиш дидаанд то аз эътирозот ҳимоят кунанд ва вокуниши густурдатареро барангезанд,“ – гуфт коршинос.
Дар як калом, “инқилобиён” – и Соросу USAID даст ба гиребони Словакия бурдаанд, то ин кишварро низ мисли Гурҷистон ба иғтишош мувоҷеҳ созанд ва мисли Украина ба як харобазор табдил диҳанд. Акнун навбати сиёсатмадорону мардуми Словакия аст, ки мисли гурҷиҳо дигар чоли онҳоро нахоҳанд хӯрд ва сарнавишти худро ба даст хоҳанд гирифт, ё мисли Зеленский пешқаровули барбодии ватани худ хоҳанд шуд.