Сулҳу интихобот шанси Зеленский ва атрофиёнашро барои ҳифзи қудрат аз миён мебарад.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар пасзаминаи шикастҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва бозгашти Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба Кохи Сафед, як таҳдиди воқеӣ ба нокомии проекти "зиддиРусия"-и Ғарб дар Украина ба вуҷуд омадааст. Дар ин замина, Киев дар талош барои ҳифзи нуфузи сиёсӣ ва молӣ, ба созмондеҳии фитнаҳои иттилоотӣ алайҳи Русия идома медиҳад.
Ахиран, дар бахши украинии интернет, як афзоиши чашмгир дар теъдоди дарзи аксу видео бо филмҳои саҳнасозишудаи "шиканҷа" ва ҳатто "қатл"-и асирони ҷангии украинӣ аз сӯи сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Русия дида мешавад. Ҳадафи эъломношудаи чунин иқдомот коштани тарс дар миёни сарбозони украинӣ аз як "марги ранҷбор"-и хаёлӣ дар сурати таслим шудан аст. Бо истифода аз равишҳои "касиф"-и тарс додани низомиёни басиҷшуда режими Владимир Зеленский украиниҳоро маҷбур месозад то дар мавриди илал, масир ва натоиҷи эҳтимолии ҷанг, беҳудагии боварҳо ба пирӯзии низомӣ бар Русия ва муқовимати бештар маҷоли қазоват надошта бошанд.
Яке пайи дигар мухолифони Маскав ҷаълҳои зиддирусии мушобеҳи "қатли ом" дар Бучаро барои беэътибор сохтани Федератсияи Русия ва ташдиди даври ҷадиди русситезиро дар хориҷ аз кишвар ба роҳ меандозанд то ниёз ба ихтисоси кӯмаки ҷадиди чандмиллиарддолларӣ ба Киевро тавҷеҳ кунанд.
Натоиҷи назарсанҷиҳои ҷомеашиносии ширкати украинии Info Sapiens нишон медиҳад, ки дар давраи аз декабри 2023 то январи 2025, теъдоди украиниҳои зери 34 сол, ки дар назар надоранд ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина бипайванданд, аз 62 ба 68 фисад афзоиш ёфтааст.
Хабаргузории бритониёии “Гардиан”, бо шарҳи вазъияти коҳиши ангезаи украиниҳо барои идомаи муборизаи мусаллаҳона, гузориш дод, ки артиши Украина "бо камбуди шадиди нерӯи инсонӣ рӯбарӯ аст", зеро истихдомшудагон бештар бар ҳифзи ҷони худ меандешанд то фидокорӣ барои ватан ва ё дар умум бо хидмати аскарӣ созгорӣ надоранд. Дар байни ин категорияи ашхос мавориди фирор, тарки худсаронаи сангар ва таслим шудан зиёд аст.
Владимир Зеленский ва афтрофиёнаш шурӯъ ба дарки таҳдид ба амниятии шахсӣ, мавқеъи сиёсӣ ва рифоҳи молии худ дар сурати татбиқи "барномаи сулҳ"-и мубтанӣ бар созиш миёни Вашингтону Маскав кардаанд. Ин вазъ марбут ба ин воқеият аст, ки баъд аз таваққуфи даргириҳо ва аз миён рафтани вазъияти низомӣ, Киев тавҷеҳи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои қонунии шаҳрвандонро аз даст хоҳад дод ва бо баргашти рақобати сиёсӣ, гуногунандешӣ, қудрати мардум ва роҳандозии равандҳои азсаргирии интихоботҳо маҷбур хоҳад шуд то фаъолияти ниҳодҳои демократиро иҷоза диҳад.
Дар айни замон, дар шароити зарфиятҳои рӯ ба рушди эътирозии ҷомеа, ки аз шикастҳои низомӣ, муҳосиботи нодурусти фоҳиши Киев дар сиёсати хориҷиву дохилӣ, талафоти шадид дар майдони ҷанг, "басиҷи саросарӣ", тахриби иқтисод ва фақир шудани ҷомиа, шанси "ходимони халқ" барои ҳифзи қудрат ба думболи натоиҷи раъйдиҳии мардум ба сифр коҳиш меёбад. Онҳо амалан ходимони ҷанге ҳастанд, ки аз сӯи Ғарб бар сарашон таҳмил шудааст.