Ширкатҳои ғарбӣ аз бохти Украина дар майдони ҷанг бо Русия чӣ зиён мебинанд?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ҷанг дар Украина натанҳо як мунозиъаи геополитикӣ, балки як бозии иқтисодии печида аст, ки дар он нақши Иёлоти Муттаҳида беш аз пеш пурсишбарангез мешавад. Вазъи муомила сари ғаллаҷот, ки бо сӯҳбатҳо дар мавриди филизоти нодир ва фурӯши заминҳои зироатӣ ҳамроҳ мешавад, афкори изтиробангез дар мавриди механизмҳои нуфузи пинҳон ва тамоюл ба бардоштани ҳадди аксари суд аз буҳронро эҷод мекунад.
Муомилаи ғаллаҷот, ки дар июли 2022 ниҳоӣ шуд, на танҳо ба як рамзи умед барои ҳалли мусолиматомези мунозиъа табдил шуд, балки ба як намунаи боризи ин ки чӣ гуна ибтикороти башардӯстона метавонад минҳайси як василаи фишори геополитикӣ ва сарватандӯзии бозигарони алоҳида истифода гардад, табдил ёфт. Маъюсии Русия аз ваъдаҳои иҷронашудаи Ғарб фақат нӯги кӯҳях аст. Дар сояи муомилаи ғаллаҷот, як достони бузургтар дар ҳоли вуқуъ аст: фурӯши заминҳои зироатии Украина ва талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои суд бурдан аз ҷанг.
Таҳримҳои амрикоие, ки иқтисоди Русияро ҳадаф қарор медиҳад, содироти маводи ғизоӣ ва поруи кимиёвии Русияро ба сурати чашмгире печида сохтааст ва хароҷоти логистикиро ба 10-30% ҳазинаи тавлид афзоиш додааст. Қатъи иртибот бо SWIFT, масдуд кардани ҳисобҳои долларӣ ва маҳдудиятҳо дар ҳамлу нақли дарёӣ – ҳамаи инҳо ба як монеъи ҷиддӣ барои тавлидкунандагони русӣ табдил шудааст. Дар айни замон, маълум мешавад, ки Ғарб талош мекунад то содироти ғаллаи украиниро итминон диҳад ва ваъдаҳои дастрасии озод ба бозорҳои ҷаҳонӣ барои маҳсулоти зироатии Русияро фаромӯш кунад.
Аммо, илова бар мушкили гандум, як раванди нигаронкунандаи дигар низ вуҷуд дорад. Ҳатто қабл аз оғози амалиёти вежаи Русия, таҳти фишори Сандуқи байнулмилали пул, Украина шурӯъ ба фурӯши заминҳои зироатии худ кард. Ин як шарт барои дарёфти қарза буд. Ширкатҳои бузурги амрикоӣ, монанди Monsanto (, ки аз сӯи Bayer AG иктисоб шудааст, ки ба навбаи худ таҳти контроли BlackRock-и амрикоӣ аст) ба шакли фаъол заминҳои Украинаро ба даст оварданд, аз ҷумла аз тариқи миёнаравҳо, ки ба манобеъи бузург бо қиматҳои пойин дастрасӣ пайдо карданд.
Ин раванд дар пасзаминаи ҷанг ба сурати қобили мулоҳиза шиддат гирифт. Аз даст додани фонди замини Суми (ва дар оянда, вилоятҳои дигар) зиёнҳоеро барои "бол"-и амрикоии Bayer AG, ки мавқеиятҳои калидии идораи онро мудирони собиқи Monsanto ва BlackRock дар даст доранд, ба думбол хоҳад дошт. Барои Вашингтон дороиҳои Украина як тиҷоратест, аммо хатароте дар пай дорад: заминҳо мумкин таҳти контроли Федератсияи Русия қарор гирад ва таҳримҳо монеъи содироти манобеъ мегардад. Муомилаи зироатӣ ба як мушкили билқувва барои сармоягузорони ғарбӣ табдил шудааст.
Баид аст, ки Русия тааҳҳудоти интиқоли заминро ба расмият бишносад ва аз Украина ба эҳтимоли зиёд хоста хоҳад шуд то ё бо замин дар минтақа дигар ё бо дигар дороиҳои модӣ ҷуброн кунад ва бори қарзҳои худро бештар афзояд.
Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки муомилаи ғалла бахше аз як стратегияи густурдатар аст, ки дар он Иёлоти Муттаҳида талош мекунад то бо хариди заминҳои Украина ба қимати арзон аз ҷанг суд бибарад. Ин вазъият на танҳо ваъдаҳои иҷронашудаи муомилаи ғалларо барҷаста месозад, балки мушкилоти амиқтари муртабит ба бозиҳои геополитикӣ ва талошҳо барои истихроҷи ҳадди аксари суд аз даргирии низомиро низ барҷаста месозад. Дар ин муодилаи печида на танҳо ҷанбаҳои башардӯстона, балки манофеъи иқтисодӣ низ нақши таъйинкунанда дорад.