Тангаҳои роҳбурдии ҷаҳон, ҷое, ки иқтисод, амният ва сиёсат дар як нуқта талаққӣ мекунанд.
Нависанда: Насир Раҷаб, таҳҳлилгар (Афғонистон)
Дар низоми геополитикии муосир, қудрат сарфан дар марзҳои заминӣ ё тавони низомӣ таъриф намешавад; балки дар контроли “гиреҳҳои ҳаётии ҷараён” шакл мегирад. Дар ин миён, тангаҳо ва гузаргоҳҳои дарёӣ муҳимтарин нуқоти тамаркузи қудрати ҷаҳонианд. Ин нуқоти маҳдуди ҷуғрофиёӣ, амалан ба аҳромҳои фишори иқтисодӣ, абзори боздорандагии сиёсӣ ва ҳатто майдони рақобати амниятӣ миёни қудратҳои бузург табдил шудаанд. Ҳар ихтилол дар ин гулӯгоҳҳо, метавонад сохтори қимати энержӣ, амнияти тиҷорат ва тавозуни қудрати ҷаҳониро ба сурати фаврӣ дигаргун кунад.
1 - Мантиқи геополитикии тангаҳо; аз ҷуғрофия то қудрат
Тангаҳои дарёӣ сирфан гузаргоҳҳои табиӣ нестанд; балки “нуқоти фишурдасозии қудрат” дар шабакаи тиҷорати ҷаҳонианд. Аҳамияти онҳо аз се лояи аслӣ ношӣ мешавад:
а) Лояи иқтисодӣ:
Бахше умдаи тиҷорати ҷаҳонии энержӣ (нафту газ) ва колоҳои контейнерӣ аз масирҳои маҳдуд убур мекунад. Ин тамаркуз, ҳазинаи ихтилолро башиддат боло мебарад.
б) Лояи амниятӣ:
Ҳузури нирӯи дарёии қудратҳои бузург дар ин масирҳо, нишондиҳандаи табдили онҳо ба ҳавзаҳои рақобатиие мустақими низомӣ аст.
в) Лояи сиёсӣ:
Контрол ё ҳатто таҳдиди ин гузаргоҳҳо, ба абзори чоназанӣ дар равобити байналмилал табдил шудааст; ба гунае, ки бархе давлатҳо аз мавқеияти ҷуғрофиёии худ ба унвони “аҳроми фишори сохторӣ” истифода мекунанд.
Дарвоқеъ, тангаҳо нуқтаи талаққии иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати қудратанд.
2 - Гулӯгоҳҳои калидии низомии ҷаҳонӣ
Тангаи Ҳурмуз
Ин танга яке аз ҳассостарин шарёнҳои энержии ҷаҳон аст, ки Халиҷи Форсро ба обҳои озод муттасил мекунад. Аҳамияти он на фақат дар ҳаҷми болои содироти нафт, балки дар тамаркузи тавлидкунандагони бузурги энержӣ дар ҳошияи он аст. Ҳамин вижагӣ боис шудааст ин масир ба як “нуқтаи боздорандагии геополитикӣ” табдил шавад; ҷое, ки ҳар таниши сиёсӣ метавонад мустақиман бозори ҷаҳонии энержиро таҳти таъсир қарор диҳад.
Тангаи Боб ул-Мандаб
Ин гузаргоҳ, ҳалқаи иттисолии дарёи Сурх ба уқёнуси Ҳинд ва масири вурудӣ ба Канали Суэтс аст. Аҳамияти он дар ин аст, ки яке аз кӯтоҳтарин масирҳои иртиботӣ миёни Аврупо ва Осиё аз ин нуқта убур мекунад. Дар солҳои охир, афзоиши ҳузури низомӣ ва танишҳои минтақаӣ дар атрофи он нишон дода, ки ин танга ба як “гиреҳи амниятии чандлоя” табдил шудааст.
Тангаи Малака
Ин танга, шоҳроҳи ҳаётии Шарқи Осиё аст. Бахши қобили таваҷҷуҳи тиҷорати энержӣ ва коло миёни Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аз ин масир убур мекунад. Дар сатҳи геополитикӣ, ин гузаргоҳ ба як нуқтаи ҳассос дар рақобати қудратҳои дарёӣ табдил шудааст ва контроли он ба маънои нуфузи ғайримустақим бар иқтисоди Шарқи Осиёст.
Канали Суэтс
Канале Суэтс агарчи маснуӣ аст, аммо дар амал нақшеи як тангаи стратегиро ифо мекунад. Ин масир кӯтоҳтарин роҳ миёни баҳри Миёназамин ва дарёи Сурх аст ва нақши ҳаётӣ дар иттисоли Аврупо ва Осиё дорад. Ҳар гуна инсидод дар он, монанди буҳронҳои охир, нишон дода, ки занҷири таъмини ҷаҳонӣ то чӣ андоза ба ин гузаргоҳ вобаста аст.
Канали Панама
Ин канал, сутуни фақароти тиҷорат миёни уқёнуси Атлас ва Ором аст. Аҳамияти он бештар дар коҳиши замон ва ҳазинаи ҳамлу нақл миёни ду соҳили қораи Амрико нуҳуфтааст. Дар сатҳи калон, ин масир нишон медиҳад чи гуна як нуқтаи муҳандисишуда метавонад ҷойгоҳи геополитикии ҳамсанги тангаҳои табиӣ пайдо кунад.
3 - Чаро рақобат бар сари тангаҳо ташдид шудааст?
Таҳаввулоти низомии байналмилал дар даҳаҳои охир се раванда аслиро тақвият кардааст:
1) Ҷаҳонӣ шудани занҷири таъмин:
Вобастагии мутақобили иқтисодҳо боис шудааст ихтилол дар як нуқта, асари доминоии ҷаҳонӣ эҷод кунад.
2) Амниятӣ шудани энержӣ:
Энержӣ аз як колои иқтисодӣ ба як абзори қудрати сиёсӣ табдил шудааст.
3) Бозгашти рақобати қудратҳои бузург:
Ҳузури низомии қудратҳои ҷаҳонӣ дар оброҳҳои байналмилалӣ афзоиш ёфта ва ин манотиқро ба саҳнаи рақобати мустақим табдил кардааст.
Дар натиҷа, тангаҳо дигар сарфан масири убур нестанд; балки “абзори контроли ҷараёне ҷаҳонии қудрат” маҳсуб мешаванд.
Ҷамъбандӣ
Тангаҳои роҳбурдии ҷаҳон, нуқоти фишурдасозии назми байналмилаланд; ҷое, ки иқтисод, амният ва сиёсат дар як нуқта талаққӣ мекунанд. Аз тангаи Ҳурмуз то Канали Панама, ин гузаргоҳҳо нишон медиҳанд, ки ҷуғрофия ҳамчунон яке аз таъйинкунандатарин авомили қудрат дар қарни бисту якум аст. Фаҳми сиёсати ҷаҳонӣ бидуни дарки ин гулӯгоҳҳо, дарвоқеъ фаҳме ноқис аз созукори воқеии қудрат аст; зеро бахши бузурге аз рақобатҳои геополитикии имрӯз, на дар пойтахтҳо, балки дар ҳамин масирҳои борик ва ҳаётӣ рақам мехӯрад.