Дар асре, ки инсон ҳар рӯз бештар бар моҳият худ пай мебарад, ниҳоде (СММ) бо чунин рӯйкарди ифротӣ тавҳин ба ҷомеа ва мардум аст.
Нависанда: сомонаи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, www.nationalresistance.org.
Ҳайати муованати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ё ЮНАМО 19 июл гузориши вазъияти ҳуқуқи башари худ тай 10 моҳи ҳокимияти Толибонро мунташир кард.
ЮНАМО гуфтааст, ки ин гузориш хулосаи ёфтаҳои ин ниҳод дар бораи куштор, шиканҷа, бадрафторӣ ва боздоштҳои худсарона ғайринизомиён ва нақзи ҳуқуқи занон ва духтарон аст.
ЮНАМО дар ин гузориш гуфтааст, ки аз миёнаи августи 2021 то миёнаи июни 2022, 700 ғайринизомӣ кушта ва як ҳазору 406 тан захмӣ шудаанд.
ЮНАМО масъулияти бештари талафоти ғайринизомиён дар ин муддатро ба дӯши шохаи Хуросони ДОЪИШ андохтааст, ки худ пурсишбарангез аст.
Ин рақам дар ҳоле мунташир мешавад, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла комиссияи ҳуқуқи башар ва Ричард Бент, гузоришгари вежаи Созмони Милал барои Афғонистон борҳо аз нишонаҳои нақзи қавонини ҳуқуқибашарӣ ва иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Панҷшер, Андароб, Тахор, Балхоб, Нангарҳор ва Кандаҳор хабар дода буданд.
Ин арқом дарвоқеъ ба масхара гирифтани мардуми бегуноҳе аст, ки зери ситами Толибон ҳар рӯз ҷон медиҳанд. Мантиқан дар манотиқи ҷангӣ бояд қурбониён бештар аз манотиқи дигар бошад. Дар манотиқе, ки Толибон муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шудаанд, ҳеҷ нишонае аз ҳузури ДОЪИШ дида намешавад.
ДОЪИШ, Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи дигар низ зери чатри Толибон фаъолият доранд ва нишонаҳо аз иртибототи ин гурӯҳҳо ҳамеша ҳувайдо будааст.
Толибон ба таърихи 28 май, се деҳқонро дар Тахор тирборон карданд, фардои ҳамон рӯз афроди ин гурӯҳ ду танро дар Ҳирот тирборон карданд ва аҷсодашонро дар чаҳорроҳӣ ба намоиш гузоштанд.
Дар ҳамон рӯз дар ду рӯйдоди ҷудогона як бузурги қавмӣ ва як тани дигар аз сӯи Толибон дар Самангон гулӯлаборон шуданд.
Дар 16 май Толибон ду танро дар рустои "Анҷуман"-и шаҳристони Карону Мунҷони Бадахшон куштанд.
Дар ҳамин рӯз Толибон як писари ҷавонро ба номи Абдуллоҳ дар Панҷшер ба гулӯла бастанд.
Як рӯзи қабл ҳам як мутанаффизи қавмӣ ба номи Ҷумъа Носирӣ дар вилояти Ғазнӣ аз сӯи Толибон кушта шуд.
Дар 15 май Толибон як танро дар вилояти Тахор тирборон карданд ва ҷасадашро пеши сагҳо андохтанд.
Дар ҳамин рӯз афроди ин гурӯҳ ду бародарро дар Панҷшер ба рагбори гулӯла бастанд ва се тани дигарро дар Деҳсалоҳи Андароб куштанд. (1)
Ин маворид сирфан дар чанд рӯзи маҳдуд рух додааст ва мавориде буда, ки ба дастраси расонаҳои мӯътабар афтодааст.
Дар ҳоле, ки мавориди дигаре низ аз қатлу куштор ба дасти Толибон вуҷуд дорад, ки расонаӣ намешавад, аз ҷумла даҳҳо тане, ки аҷсодашон дар канале дар Нангарҳор кашф шуд.
Дидабони ҳуқуқи башар бо нашри гузорише дар 7 июл гуфт, ки Толибон ин афродро ба баҳонаи “доъишӣ будан” куштаанд ва аҷсодашонро дар ин канал андохтаанд. (2)
Дар бахше аз гузориши Созмони Милал, ЮНАМО аз нақзи афви умумии Толибон ҳарф зада ва гуфтааст, ки дасти кам 160 маврид қатли мақомҳои давлатӣ ва амниятии ҳукумати пешинро сабт кардаанд, ки ба дасти Толибон кушта шудаанд.
Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле ин рақам аз куштори мақомҳои давлатӣ ба дасти Толибонро фош кардааст, ки Антонио Гутереш, дабири кулли пешини ин созмон ҳафт моҳ пеш 31 январи соли ҷорӣ чунин гуфт: аз замони рӯи кор омадани ҳукумати ҷадид дар Афғонистон, ин созмон "иддаоҳои мӯътабар" дарёфт кардааст, ки беш аз 100 тан аз аъзои собиқи давлат, нерӯҳои амниятии пешин ва афроде, ки бо нерӯҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекарданд, кушта шудаанд.
Дабири кулли Созмони Милал пас аз нашри гузорише аз расонаи Ассошийтед пресс дар бораи куштори фоҷиабори низомиёни пешини ҳукумати Афғонистон ба дасти Толибон ин рақамро баён кард.
Ин рақами эҳтимолӣ буд ва рақами воқеии куштори низомиёни пешин дар панҷ моҳи ҳукумати Толибон хеле бештар пешбинӣ мешуд, аммо акнун Созмони Милал омори 10-моҳаро 160 унвон мекунад, ки худ ошкоро “кетмони ҳақиқат”-ро нишон медиҳад.
Ню-йорк Таймз дар як гузориши таҳқиқие, ки таърихи 12 апрели соли ҷорӣ мунташир кард, аз кушта ва рабуда шудани дасти кам 500 нерӯи амниятии пешин ва мақомҳои ҳукуматӣ дар шаш моҳи тасаллути Толибон хабар дод.
Ню-йорк Таймз дар тавзеҳи равиши кори худ барои таҳияи ин гузориш, гуфта буд, ки ин гузориш бо истифода аз анвоъи равишҳои ростиозмоӣ, ба шумули анҷоми таҳқиқоти видеоӣ, тибби қонунӣ, таъйидигузоришҳои хабарии маҳаллӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва мусоҳиба бо бозмондагон ва аъзои хонаводаи қурбониён таҳия шудааст. (3)
Тибқи ин гузориш, куштори интиқомҷуёна густурда буда ва ҳама манотиқи кишварро таҳти таъсир қарор додааст; Коре, ки сабаб шудааст хонаводаҳо муталошӣ шаванд. Дар ин гузориш ваъдаҳои Толибон дар мавриди "мадоро ва миёнаравӣ" бо мухолифон, "кизб" тавсиф шуда буд.
Ҳамон гуна, ки гуфта шуд, ин гузориш дар бораи кушторҳои Толибон дар шаш моҳи нахусти таҷовузашон бар Афғонистон будааст. 500 инсон дар шаш моҳ! Пас чигуна метавон гузориши Созмони Милалро воқеӣ талаққӣ кард дар ҳоле, ки омори Созмони Милал бо маҷмӯъи омори 178 боздошти худсарона ва 23 маврид боздошти бидуни иртибот дар тӯли 10 моҳ, 361 маврид мешавад. Рақами камтар аз рақами фошшуда аз сӯи Ню-йорк Таймз дар шаш моҳ! Ҷолибтар аз ин ҳама, таваққӯъи Созмони Милал аз Толибон аст.
Ин созмон дар ин гузориш аз Толибон таваққӯъи посухгӯӣ карда ва гуфтааст, ин гурӯҳ бояд мавориди нақзи ҳуқуқибашарӣ дар Афғонистонро баррасӣ кунад.
Хости баррасии мавориди ҳуқуқибашарӣ аз як гурӯҳи террористӣ зеҳнро ба пурсиш во медорад.
Дар бахше аз ин гузориш гуфта шудааст, ки ин ниҳод 18 мавриди қатл, 54 мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ ва 113 мавриди боздошти худсаронаи аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро низ сабт кардааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки 217 мавриди муҷозоти золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиромез тавассути Толибон пас аз 15 август анҷом шудааст.
Ин бахш беш аз ҳама гузориши ЮНАМО-ро бо пурсиш рӯбарӯ мекунад.
садҳо тан рӯзона дар саросари Афғонистон ба баҳонаи иртибот бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боздошт, шиканҷа ва тирборон мешаванд.
18 мавриди қатл, ки Созмони Милал аз он ёдоварӣ карда, танҳо дар як ҳафта ва дар як ҳавза иттифоқ меафтад.
Шумори афроде, ки ба дасти Толибон ба занни иртибот бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушта шудаанд, ба беш аз 250 тан мерасад.
ЮНАМО дар бахше аз гузориш нигарониҳои худро дар бораи фаъолияти идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон иброз доштааст, аммо гуфта, ки дастуруламалҳои Толибон моҳияти "тавсиаӣ" дорад, бо ин ҳол бархе мавоқеъ аъзои Толибон мавзеъи тунд дар мавриди иҷрои ин тавсияҳо иттихоз мекунанд.
Чунин гуфтае аз созмоне чун Милали Муттаҳид баъид ба назар мерасад. Дар асре, ки инсон ҳар рӯз бештар бар моҳият худ пай мебарад, ниҳоде бо чунин рӯйкарди ифротӣ тавҳин ба ҷомеа ва мардум аст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки пас аз тасаллути Толибон, занон ва духтарон ба «тадриҷ» аз ҳуқуқи омӯзиш, кор ва дигар ҷанбаҳои зиндагӣ маҳрум шудаанд. Дар ҳоле, ки болофосила пас аз таҷовузи ин гурӯҳ ба кишвар, занон аз тамоми сутӯҳ ҳазф шуданд ва ин раванд аслан тадриҷӣ набудааст. Занон ва духтарон дар нахустин рӯзҳои таҷовузи Толибон аз омӯзиш комилан маҳрум шуданд ва дари идороти давлатӣ ҳам ба рӯяшон аз ҳамон рӯз то кунун баста мондааст.
Дар бахши дигаре, Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки 173 мавриди нақзи ҳуқуқибашарии рӯзноманигор ва корманди расонаҳо сабт шуда, ки 163 маврид аз он ба Толибон марбут аст. Ин созмон афзудааст, ки тай 10 моҳ шаш рӯзноманигор дар Афғонистон кушта шудаанд, ки омили панҷ мавриди он шохаи Хуросони гурӯҳи ДОЪИШ шинохта шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои Афғонистон пас аз ишғоли Толибон, аз ҳам пошид, барномаҳои гуногун таҳти хости Толибон нашр мешавад ва расонаҳо бидуни ҳамоҳангӣ бо Толибон, иҷозаи нашри ҳеҷ барнома ё ҳатто гузоришеро надоранд.
Сензура ба гунаи комил бар расонаҳои Афғонистон соя густарондааст ва саркӯб ба маънии воқеии он бар расонаҳо ва рӯзноманигорон амалӣ мешавад.
Хабарнигороне, ки фаъолиятҳои маданиро пӯшиш медиҳанд бо шиканҷа, латукӯб ва тавҳину таҳқир аз сӯи Толибон рӯбарӯ мешаванд. (3)
Толибон ба таърихи 28 марти соли ҷорӣ 3 хабарнигорро дар вилояти Кандаҳор боздошт карданд.
Ду хабарнигор низ дар ҳамин рӯз дар вилояти Ҳирот боздошт шуданд. Созмони Гузоришгарони бидуни марз ба таърихи 11 июн бо нашри як гузориш эълом кард, ки танҳо дар моҳи май, Толибон 12 хабарнигорро дар Афғонистон боздошт кардаанд.
Сивои ин маворид, бо як бор сар задан ба нашароти расонаҳои Афғонистон ва муқоисаи онон бо расонаҳои пеш аз таҷовузи ин гурӯҳ, ба ҳақиқати гузоришдиҳии Созмони Милал пай хоҳед бурд. (4)
ЮНАМО омили умдаи куштори рӯзноманигоронро гурӯҳи ДОЪИШ донистааст.
Пас аз августи соли гузашта, ДОЪИШ беш аз пеш дар кишвар реша давонид ва зери сояи Толибон ба унвони гурӯҳе бо решаҳои муштарак, манобеъи муштарак, тарзи диди муштарак ва афкору аъмоли муштарак рушд кард. Шакке нест, ки ДОЪИШ низ монанди Толибон душмани мардуми Афғонистон аст, аммо чигуна гурӯҳе, ки омили кушта шудани ҳазорон тан аз мардуми Афғонистон аст, иддао дорад, ки омили умдаи куштори рӯзноманигорон гурӯҳи террористии дигарест? Посухи ин пурсиш моро ба ҳақиқати моҷаро мерасонад, ки кетмони ҷиноёт аз сӯи Толибон аст, ҷиноёте, ки омили аслии он худи ин гурӯҳи террористӣ аст.
Дар қисмате аз гузориш, ЮНАМО аз камбуди маводи ғизоӣ, муроқибатҳои пизишкӣ ва лавозими беҳдоштӣ барои зиндониён ва таваққуфи барномаҳои омӯзиши ҳирфаӣ ёд кардааст.
Бо ин, ки дар қисматҳое аз гузориш дар бораи муҷозоти зиндониён ишораҳое шудааст, аммо дар ин қисмат бояд ба гузориши таҳқиқии “Индепенденти форсӣ” ишора кард, ки ба таърихи 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд.
Дар нахустин сатрҳои ин гузориш таҳқиқе, ки аз муҷозоти ваҳшиёнаи зиндониён аз сӯи Толибон парда бардоштааст, тазаккур дода шуда, ки дар даҳ моҳи гузашта ҳеҷ ниҳод ва созмоне ба шумули Созмони Милал муваффақ нашуда аз ин зиндонҳо дидан кунад. (5)
Дар қисмате аз гузориши “Индепенденти форсӣ” чунин омадааст: ҳеҷ созмон ва ниҳоде, аз ҷумла гузоришгари вежаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ дар 10 моҳи гузашта иҷоза надошт ба манзури назорат бар авзоъи зиндониён, аз зиндонҳои таҳти контрол Толибон боздид кунад.
Ин тафовут моро бештар ба таноқуз дар гузориши Созмони Милал ва гузоришҳои мустанади дигар наздик мекунад.
Нусхае аз гузориши воқеии Созмони Милал, ки нашр нашуд дар моҳи июли имсол, расонаи “Форин полиси” ба нусхае аз гузориши Созмони Милал даст ёфт, ки нишон медод "сӯистифода аз занону кӯдакон, хафа кардани расонаҳо, ҳадаф қарор додани фаъолони ҷомеаи маданӣ, таътили созмонҳои ҳуқуқибашарӣ ва ҷойгӯзини омӯзиши умумӣ бо талқиноти мазҳабӣ аз сӯи Толибон шадидан ҷараён доштааст."
“Форин полиси” дар ин гузориш гуфта буд, ки ин нусха аз гузориши ЮНАМО ҷузъиёти нақз ва суистифодаҳои "фоҳиш" аз сӯи гурӯҳи Толибонро таъйид мекунад.
Дар гузориши “Форин полиси”, ки ба қалам "Лен Авдонал" навишта шуда буд, тазаккур рафта буд, ки гузориши ЮНАМО ошкор месозад таомули наздик ба як соли Созмони Милал бо Толибон тафовути чандон дар бетаваҷҷӯҳии ин гурӯҳ ба ҳуқуқи аввалияи башар, аз ҷумла ҳуқуқи дастрасӣ ба ғизо ва омӯзиш эҷод накардааст. (6)
Дар ин гузориш Лен Авдонал мавориди дигареро низ фош карда буд. Ин рӯзноманигори австралияӣ, ки дар байни солҳои 2009 то 2017 раиси дафтари хабаргузории Фаронса ва Асошиейтед Пресс дар Афғонистон буд, чанде пеш дар Афғонистони таҳти контроли Толибон боздошт шуд.
Ӯ рӯзи чаҳоршанбе, 29 саратон дар мақолае навишт: "Афғонистон тӯъмаи террористҳое шудааст, ки натавонистаанд ва наметавонанд аз нерӯи ҷангӣ ба як сохтори масъулиятпазир тағйир кунанд."
Авдонал идома дода, ки дар Кобул бо чеҳраи воқеии Толибон ошно шуд: хашин, мутакаббир ва фоқиди инсоният. Ба гуфтаи ӯ, тарс аз чеҳраи мардуми шаҳр пайдост, мардуме, ки кор, пул ва умеде ба оянда надоранд.
Ҳамчунон ӯ бо нашри твите навишт, ки аз сӯи "истихбороти Толибон" боздошт шуда буд ва "зери фишор маҷбур шуда бобати навиштани се ё чаҳор гузориши қаблии худ твити маъзаратхоҳӣ кунад." (7)
Ин нависандаи “Форин Полиси” тавзеҳ додааст, ки истихбороти Толибон ӯро таҳдид карда буд, ки аз ҳисоби твитераш матни узрхоҳӣ нашр кунад, дар ғайри он зиндонӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, Толибон матнеро, ки ӯ таҳти фишор навишта буд, бознависӣ ва нашр карданд ва ҳамзамон аз вай видеое сабт кардаанд, ки ӯ дар он эътироф карда, ки таҳти фишор набудааст.
Ӯ мегӯяд, баъд аз раҳоӣ аз қайди Толибон, аз онон хост, ки иҷоза диҳад ба Панҷшер биравад, аммо Толибон дархостшро рад карданд.
Он чӣ пурсишбарангез аст, рӯйкарди Толибон бо ин хабарнигори аршади “Форин Полиси” нест, тафовути нусхаи фошшуда аз гузориши Созмони Милал дар “Форин Полиси” бо гузориши ахири ҳуқуқи башари ин созмон аст.
Ҳамон гуна, ки аз ибтидо ёдовар шудем, гузориши созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди вазъияти Афғонистони зери султаи Толибон бо гузориши ЮНАМО тафовут бисёр зиёд дорад.
Созмонҳои ҷаҳонӣ бояд барои иртибот ва кӯмак бо мардум сиёсатҳоеро дар пеш гиранд, аммо ин сиёсатҳо набояд ба қимати кетмони ҳақиқат ва табрааи як гурӯҳи террористӣ тамом шавад.
МАНОБЕЪ:
(1) рӯзномаҳои "8 субҳ" ва "Иттилооти рӯз"
(2) Дидабони ҷаҳонии ҳуқуқи башар
(3) Ню-йорк Таймз
(4) Созмони хабарнигорони бидуни марз
(5) Индепенденти форсӣ
(6) Форин полиси
(7) Форин полиси