Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар кадом вазъият қарор доранд?
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар
Дар яксолагии вогузарии қудрат ба Толибон ва шаклгирии муқовимати дувум, манобеъ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вазъияти умумиро ба шарҳи зер гузориш медиҳанд:
Дар акс: сарбози Ҷабҳаи муқовимати миллӣ
Бахши низомӣ:
1 - Вазъияти ҷабаҳоти Панҷшер ва Андароб бисёр ризоиятбахш аст. Душман тамоми тавони худро ба харч дод то сангарҳои муқовиматро тасхир кунад, аммо натиҷа нагирифт. Ҳоло нерӯҳои Толибон дар Панҷшер шабонгоҳон аз тарси ҳамалоти нерӯҳои муқовимат мавозеъи худро тарк карда ё ба масҷидҳо паноҳ мебаранд ё ба хонаҳои мардум рафта ва ба мардум илтимос мекунанд, ки шаб моро ба хонаатон паноҳ бидиҳед. Рӯҳияи душман дар ин манотиқ хеле заиф ва рӯҳияи муқовиматгарон баланд аст.
2 - Ба зудӣ ҷабаҳоти муқовимат ба бист вилояти дигари кишвар густариш хоҳад ёфт. Дар ғарб Исмоилхон, дар вилоятҳои марказӣ устод Муҳаққиқ ва дар шимолу шимолу шарқ низ фармондеҳони маҳаллии муқовимат, бо меҳварияти Самангон ва Тахор ҷабаҳоти худро эҷод мекунанд. Дар Кописо низ вазъият ризоятбахш аст ва дар Парвон низ корҳое дар ҳоли анҷом аст, то ҳастаҳои муқовимат фаъолиятҳои хешро афзоиш диҳанд.
3 - Душман дар Панҷшер ва Андароб болои тавоноии фармондеҳони ҷангии худ машкук шуда ва дар талош аст то афроди тозаворидро ба ҷанг бифиристад, ки ин худ нишондиҳандаи истисоли душман дар мувоҷиҳа бо нерӯҳое аст, ки шуҷоъона ва мамнунона аз сарзамини худ дифоъ мекунанд.
4 - Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба аслиҳа ва муҳимоти ҷадид ва соири имконоти мавриди ниёз барои пешбурди ҷанг дастрасӣ доранд ва аз ин ноҳия мушкилот ҳал шудааст.
5 - Сохтори ташаккулиёти ҷабҳа дар бахши низомӣ дуруст шуда ва ин бахши кор аз марҳалаи таъсисӣ ба марҳалаи тавсеъӣ расидааст.
Бахши сиёсӣ:
6 - Ҳафт кишвари қудратманди минтақа, ки аз муттаҳидони суннатии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ буданд, ба иҷмоъи назар дар хусуси ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ расида ва доираи ақабаи ҳимоятии берунӣ такмил шудааст.
7 - Нерӯҳои сиёсӣ ва низомии зидди Толибон, ки дар як соли гузашта ба иллати ғофилгир шудан, дучори прогандагӣ ва сардаргумӣ шуда буданд, дубора аз шоки буҳрон берун шуда ва дар масири баргашт ба Ҷабҳаи муқовимат барои ҷанг бо Толибон қарор доранд.
8 - Гомҳое дар ҷиҳати басиҷи нерӯҳои сиёсии зидди Толибон бардоштааст. Ташкилоти сиёсии ҷабҳа эҷод шуда, хутути асосии ҷабҳа тадвин шуда ва ҷазби нерӯҳои сиёсӣ оғоз шудааст.
9 - Эҷоди Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, ки муташаккил аз ҷамъи касире аз раҳбарони сиёсӣ-қавмии зидди Толибон аст, низ ҳамсӯ бо аҳдофи сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пиндошта мешавад, ки мунҷар ба эҷоди як сафи қавӣ ва воҳид алайҳи Толибон хоҳад шуд. Албатта, ки дар ин замина кори бештаре ниёз аст то сатҳи ҳамоҳангӣ афзоиш ёбад. Дар ин росто талошҳо бо ҷиддият ҷараён дорад.
Дар акс: коре, ки Толибон дар Панҷшеру Андароб мекунанд, боздошти мардуми оддӣ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст
Вазъияти душман:
11 - Ихтилофоти дарунии душман бо гузашти ҳар рӯз бештар шудааст.
Ихтилофот натанҳо миёни ҷиноҳи дурониҳо (, ки аз ҳимояти Қатар ва Амрико бархӯрдоранд) ва ҷиноҳи ғилҷоиҳо (, ки аз ҳимояти Покистон бархурдоранд) афзоиш ёфта, балки дар чанд ҷиҳати дигар низ ихтилофот инкишоф ёфта, ки маҳори он имконнопазир аст. Ихтилоф миёни Толибон ва ДОИШ, миёни Толибон ва Ҳизб ал-таҳрир, миёни Толибон ва Ҷамъияти ислоҳ, миёни Толибон ва Ҳизби исломӣ, миёни Толибон ва Алқоида, миёни Толибон ва бақия гурӯҳҳои террористии таҳти пӯшиши ин гурӯҳ инкишоф кардааст.
Ҳамчунон ихтилофҳо миёни ҷараёнҳои сиёси-динии дигаре, назири салафиҳо ва сайфиҳо, ки ду ҷараёни ҳамсӯ бо Толибон буданд, низ боло гирифтааст. Дар ибтидо шуморе аз салафиҳо ва аҳли ҳадис тавассути сайфиҳо (пайравони тариқат нақшбандия, ки Сайфулраҳмон, мавсум ба Пирбола дар Покистонро пешвои тариқати худ дар замони ҳозир медонанд) ба дастури АйЭсАй шуморе аз уламои аҳли ҳадисро ба иттиҳоми ваҳҳобият мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар муқобил салафиҳо низ ба ҳамалоти интиқомҷӯёна рӯй овардаанд. Пешбинӣ мешавад, ки ин силсила аз интиқомгириҳо идома ёбад. Фаромӯш нашавад, ки уламои аҳли ҳадис аз ҳимояти Арабистон ва бархе кишварҳои дигари ҳавзаи Халиҷ бархӯрдоранд. Ин ихтилофҳо баъд аз марги Завоҳирӣ дар Кобул бештар шудааст. Ҷиноҳҳои мухталиф дар садади интиқомгирӣ аз якдигар баромадаанд.
12 – Ба расмият шинохта нашудани Толибон тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чолиши ҷиддии дигаре барои ин гурӯҳ мубаддал шудааст. Гузориш шуда, ки дар нишасти ахири Кандаҳор, якбор дигар раҳбари ин гурӯҳ ба эъмоли маҳдудиятҳо бар омӯзиш ва кори духтарону занон ва бархе аз сахтгириҳои мазҳабии дигар таъкид карда, ки ин амр боис шуда то амрикоиҳо ва бархе аз кишварҳои дигар, ки интизори тағйири Толибонро мекашиданд, аз ислоҳпазирии ин гурӯҳ маъюс шуда ва дар садади тағйири рӯйкардҳои худ дар қиболи Толибон шудаанд.
13 - Афзоиши норизоиятии умумӣ аз ҳукумати Толибон унсури барандозаи дигаре аст, ки раҳбарони ин гурӯҳро сахт ҳаросон сохтааст. Дар авоил Толибон ба мардум ваъда медоданд, ки бо таҳаммул ва тақаббул сахтгириҳои ин гурӯҳ ба мурури замон вазъияти амниятӣ ва вазъияти маишатии мардум беҳтар хоҳад шуд, аммо гузашти замон нишон дод, ки ҳам амният бадтар шуд ва ҳам мардум бештар дар қаъри фақру бадбахтӣ фурӯ рафтанд. Ин амр андак умеде, ки мардум барои беҳбуди вазъият дар зери ҳокимияти Толибон доштанд, аз байн биравад.
14 - Бино ба гузоришҳое, ки ҳанӯз ба сурати дақиқ мавриди таъйид қарор нагирифта, аммо манобеъи иттилоотӣ дар мавриди он сухан мегӯянд, амрикоиҳо ва бархе аз кишварҳои дигар аз раҳбарони Толибон хостаанд, ки ё тибқи хости онон амал карда ва тағйироти онӣ ва малмусеро дар ҳукумат эъмол кунанд ё аз қудрат каноргирӣ карда ва ба паноҳгоҳу дафотири хориҷии худ дар Покистон ва Қатар баргарданд. Толибон дар баробари ин фишорҳо ба ду даста тақсим шудаанд. Гуфта шуда, ки ҷиноҳи қатариҳо тамоюл доранд, ки дар қудрат бимонанд ва тибқи шароити Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ амал кунанд, аммо ҷиноҳи дигар таъкид дорад, ки на ҳозир ба пазириши хостҳои хориҷӣ аст ва на аз қудрат канор меравад. Ин ҷиноҳ, албатта, ба дикта ва дастури Покистон амал мекунад.